Якум. Ростӣ, замони ошноии аввалияамро бо доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дақиқан дар ёд надорам. Агар ба бойгонӣ-архиви зеҳну хотираам такя намуда, нахустин шиносоиро бо устод Музаффарӣ як навъ замонбандӣ кунам, дақиқияти замонӣ тақрибан ба нимаи дувуми солҳои навадуми садаи бист (дақиқтараш, соли 1998) рост меояд. Дар он айём, ки марҳилаи аввалини баъдиҷангӣ – замони баркарории сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ҷомеа, ғолибан дар пайи сару сомон додани зиндагии хонаводагӣ ва маишӣ буд ва ба чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва маҳфилу нишастҳои илмию адабӣ қариб ки майл надошт. Аз як тараф, вазъи руҳиву равонии ҷомеаи вақтро фаҳмидан мумкин буд. Марҳилаи тозаи иқдомоти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти тақвият бахшидани раванди ободкориву умури умронӣ, навсозӣ ва таҷдиди инфрасохтори сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-маданӣ ҳадафмандона шуруъ шуда буд. Дар баробари ин, дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, камбуди ғизоӣ, нокифоятии буҷавӣ, мушкилоти молиявӣ, нобоварӣ миёни ақшори иҷтимоӣ, фаъолияти номуназзами муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷумлаи мушкилоту муаммоҳое буданд, ки сатҳи маданӣ-маърифатии мардумро пойин мебурданд. Аммо дар замони пасоҷангӣ нафароне буданд, ки новобаста аз шароити номуқсоиди иҷтимоию иқтисодӣ нишасту маҳфилҳои илмию адабӣ доир намуда, дар ин роҳ як навъ азхудгузаштагӣ зоҳир мекарданд. Ба ин тартиб, иддае аз рӯшангарону зиёиёни миллии вақт силсилаи мушкилоти фикрӣ, ноҷуриҳои равонӣ, яъсу навмедиҳои мардумӣ, марказгурезии табақаҳои маданӣ ва саҳлангорию бетаваҷҷуҳӣ ба умури илмию маданиро, ки рӯйиҳамрафта бофтҳои иҷтимоиро сусту заиф мекард, сарф назар намуда, роҳро барои эътидоли авзои сиёсию мафкуравӣ ва таҳаввулоти зеҳнию фарҳангӣ ҳамвор сохтанд.
Дувум. Мусалламан, дар он марҳилаи ҳассос (солҳои навадуми асри бист), ки ҳанӯз қисмати зиёди мардум ва ҳатто қисмати бузурге аз интеллигенсияи ватанӣ дар фикри бароварда сохтани ниёзҳои аввалияи моддӣ-маишӣ буданд, мо тавассути раиси маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” устод Комил Бекзода бо файласуф ва инсоншиноси муосири миллӣ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ шинос шудем. Ба ин тартиб, баҳори соли 1998, дар яке аз маҳфилҳои “Ҷаҳони андеша” устод Музаффарӣ, ки дар Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (имрӯза Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) фаъолият мекард ва маҳфил ҳам дар утоқи шуъбаи таърихи фалсафаи Пажуҳишгоҳи фалсафа ҷараён мегирифт, доир ба мақом ва ҷойгоҳи инсон дар низоми зиндагӣ гузориши ҷолиби илмӣ ироа дод. Зимни матраҳ намудани масоили фалсафӣ устод Музаффарӣ хеле роҳат бо забону истилоҳоти фалсафӣ атрофи қонунмандии илмӣ, бархӯрди мантиқӣ бо ҳаводиси таърихӣ, тарзи шаклгирии шуури ҷамъиятӣ, фаҳмиши фалсафии фазову замон ва амсоли инҳо суҳбат кард. Ҳарчанд ки суҳбати фалсафии устод Музаффарӣ зиёд тул накашид, аммо хеле фарогир намуд. Дар доираи як суҳбати тақрибан сидақиқаӣ устод Музаффарӣ дар шакли муъҷазу мухтасар маҷмуа-комплекси масъалаҳои фалсафиро бо шарҳу тафсири илмӣ барои мо ҳозирини маҳфил, ба истилоҳ, ҳадя кард. Дар ҷараёни маҳфил, ки устод Музаффарӣ ба унвони гузоришгари асосӣ матолиби илмиро бидуни таоруфу такаллуфу фазлфурӯшию зиёдагӯйӣ ба таври табиӣ матраҳ мекард, чанд маротиба тариқи пурсишу посух бо устод бархӯрд намудем. Ва тибқи одоти маъмулӣ, ки дар ҳафзаҳои илмию фарҳангии ватанӣ то имрӯз мутадовил аст, фикр кардем, устод аз тарзу шеваи суолгузориҳои мо як навъ нороҳат шудааст. Вале замони посухгӯйӣ ба пурсишоти мо дар ваҷоҳати Музаффарӣ на танҳо камтарин хастагию норизоиятиро эҳсос накардем, балки, баръакс, хушҳолию қаноатмандӣ дар рафти посухгӯйии устод ба мушоҳида расид. Ман, ки ҳанӯз ба меъёрҳои гузориши илмӣ ва забону услуби баёни масъалаҳои фалсафӣ шиносу мусаллат набудам, аз тариқи суҳбати ихтисосии устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ бо мушаххасоти баҳси мантиқии мавзӯӣ ошно шудам ва минбаъд мекӯшидам, ки фурсати муносиб пайдо карда, аз гузоришу суҳбатҳои ихтисосии мавсуф баҳраҳо бардорам. Дар зимн, дар доираи маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод Комил Бекзода, ки гоҳ-гоҳе устод Музаффарӣ ҳам ба сифати меҳмон ширкат меварзид, бо файласуф ифтихори ошноӣ пайдо намудам ва, хушбахтона, ошноӣ то ба имрӯз идома дорад.
Севум. Тайи ошноӣ бо устод Музаффарӣ паҳлуҳои гуногуни шахсият ва ҳайсияти илмӣ, эҷодӣ, ихтисосӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва мадании ӯро барои худ кашф кардам. Дар ҳама ҳолат, новобаста аз вазъияту шароити бавуҷудомада, устод бо мусоҳибону муоширон хеле нарм муносибат мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, нармиши муносиботию муколимотӣ махсусияти мунҳасир ба фарди Музаффарӣ мебошад. Муҳимтар аз ҳама ҳама, устод Музаффарӣ аз ҷумлаи нодир файласуфонест, ки баҳс кардан бо ӯ дар кулли масоил ва мушкилот хеле роҳату осон аст. Бо доштани донишу таҷрибаи бузурги илмию фалсафӣ устод Музаффарӣ ба содагӣ бо ҳар нафаре, новобаста ба мақому манзалати иҷтимоию илмию маданӣ атрофи масоили гуногун суҳбат мекунад, назаротро нақд менамояд ва дар навбати худ, шароити фикрии интиқоди худро барои кулли мусоҳибон фароҳам меоварад. Дар ҳалқаҳои илмӣ ва ниҳодҳои пажӯҳишию донишгоҳии ватанӣ кам касеро метавон пайдо кард, ки мунтақиди боинсоф ва дар айни замон, интиқодпазири мунсиф бошад. Аммо устод Музаффарӣ, дар ҳақиқат, муҳаққиқи мунсиф ва наққоди беғараз аст. Ба мунтақидони андешаву афкори худ эҳтиром қоил мешавад ва дар доираи қавонини илмӣ баҳси ихтисосӣ намуда, нақдро минҳайси меъёру милоки илму фалсафа таблиғу ташвиқ мекунад.
Чаҳорум. Албатта, дар ташаккули шахсияти илмӣ ва таҳаввулоти фикрию эҷодии устод Музаффарӣ нақши мактаби фалсафии Маскав ва таъсири доираҳои илмии Русияи шӯравӣ ва пасошӯравӣ мушоҳида мешавад. Аммо муҳити иҷтимоию маърифатии музофотӣ, фазои таҳсилотӣ-донишгоҳии Тоҷикистони замони шӯравӣ ва ошноиву ҳамнишинӣ бо чеҳраҳои саршиноси илму фалсафаи миллӣ дар шаклгирии тафаккури фалсафию илмии устод Музаффарӣ муассир будааст. Ихтисоси бунёдӣ-базавии Музаффариро филологияи рус ташкил медиҳад ва устод дар заминаи омӯзиши ҷиддии мероси шоирону нависандагони маъруфи рус, ки дар баробари адиб будан, ғолибан унвон-титули мутафаккирию файласуфӣ низ доштанд, ба фалсафа роҳ меёбад ва ҷустуҷӯву кандуковҳо дар марзи модари илмҳо (манзур фалсафа аст) сарнавишти минбаъдаи устодро рақам мезананд.
Панҷум. Барои пайдо кардани сабабу иллатҳои тағйироти сарнавиштӣ ва табдилоти касбӣ-ҳирфаӣ сафаҳоти зиндагиномаи Музаффариро як кам варақгардон мекунем. Устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, нахуст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи Дарвоз ба ҳайси омӯзгори фанни забону адабиёти рус фаъолият менамояд (1970-1973). Баъдан ба пойтахт омада, давоми солҳои 1974-1977 омӯзгори кафедраи забони русии ДДТ ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) будааст. Сарнавишти минбаъдаи устод ба илм тавъам мегардад: соли 1977 унвонҷӯи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас унвонҷӯи Институти фалсафаи Академияи илмҳои ИҶШС (1977-1979), аспиранти Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ ИҶШС (1979-1982) буда, дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ (1982-1983), ходими илмӣ (1983-1985) ва ходими калони илмӣ (1985-1990)-и Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1990-2001 дар симати муовини директори Институти фалсафа оид ба илм ва ҳамзамон дар вазифаи мудири шуъбаи онтология ва гносеологияи Институти фалсафаи Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Солҳои 2001-2008 сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи имлҳо (2008-2019) буда, аз соли 2009 то имрӯз вазифаи директори Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Музаффарӣ соҳиби дараҷаи илмии доктори имлҳои фалсафа (2000), унвони илмии профессор (2003) ва узви вобастаи АМИТ (2017) дар самти антропология мебошад. Аз сафаҳоти зиндагиномаи устод бармеояд, ки табдилоти сарнавиштӣ ва тағйироти сифатии касбӣ-ҳирфавии ӯ бидуни талошу заҳматҳои шахсӣ-инфиродӣ ба вуҷуд наомадаанд ва мушаххасоти ахлоқию ҳувиятие назири масъулиятписандӣ, сахткӯшӣ, талошгарӣ, азхудгузарӣ, худсозӣ, ташаббусоту ибтикороти илмию эҷодӣ дар шаклгирии шахсият ва фарохию густурдагии ҷаҳоншиносию дидгоҳи мустақили устод корсоз будаанд. Дигар ин ки устод ҳангоми таҳсилоти аспирантурӣ ва таҷрибаандӯзии илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (1979-1982) бо муҳаққиқони маъруфу матраҳи русу шӯравӣ ошно мегардад. Дар ин давра тавассути ошноӣ бо осори илмӣ-таҳқиқии муҳаққиқону файласуфони маъруфи Институти фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ О.В. Трахтенберг, В.В. Соколов, А.Н. Чанишев, Ф. X. Кессиди, Д.В. Джохадзе, М.Ф. Овсянников, Т.И. Ойзерман, Б.Э. Биховский, А.В. Гулига, Богомолов, Нарский, Ю.К. Мелвил, Н.В. Мотрошилова, В.Н. Кузнецов, В.М. Богуславский, X. Н. Момджян, Б.В. Мееровский, А.Л. Субботин, Г.Г. Майоров, П.П. Гайденко, А.Ф. Зотов, Э.Ю. Соловев, М.А. Киссел, Л.Н. Митрохин, С.Ф. Одуев, Г.М. Тавризян, Н.С. Юлина, Т.А. Кузмина, И.С. Вдовина, А.М. Руткевич, С.Н. Григорян, М.Т. Степанянс, А.В. Сагадеев, А.Д. Литман, В.С. Костюченко, Ю.М. Павлов, В.Г. Буров, Е.А. Фролова, М.Л. Титаренко, Ю.Б. Козловский, О.В. Мезенцева, Н.И. Лапин, А.Д. Косичев, Л.Н. Суворов, М.Н. Гретский ва дигарон аз таърих ва назариёти фалсафаи минтақавию ҷаҳонӣ ва дар маҷмуъ, донишҳои фалсафии Ғарбу Шарқ огоҳ мешавад ва сатҳи завқу салиқаи илмӣ-фалсафии худро боло мебарад. То имрӯз устод Музаффарӣ бо муҳаққиқону файласуфони русу минтақа робита дошта, миёни доираҳои илмӣ ва фалсафии ватанию хориҷӣ соҳибнуфуз аст.
Илова бар ин, бар мабнои омӯзишу таҳқиқи таърихи фалсафаи Ҳинд устод Музаффарӣ ҳанӯз солҳои ҳаштодуми садаи бист бо афкору таълимоти файласуфону мутафаккирону орифони асримиёнагиву муосири ҳиндӣ, минҷумла Ади Шанкара (788-820), Бҳагван Шри Раҷниш Ошо (1931-1990), Сатя Саи Бобо (1926-2011) шинос шуда, ҷиҳати мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор гирифтани шахсияту таълимоти андешамандони ҳиндӣ дар муҳитҳои академию донишгоҳии ватанӣ иқдом кардааст. Зимнан, омӯзиши пайвастаи фалсафаи ведоӣ, тамриноти фикрию ҷисмонии усулу мабонии таълимоти мутафаккирони саршиноси ҳиндӣ дар сиҳатии зеҳнию бадании устод Музаффарӣ нақш доштааст ва ин ки то имрӯз устод дар ҳолати хуби фикрӣ-интеллектӣ ва ҷисмӣ-физиологӣ қарор дошта, бардаму ҷавон менамояд, самараи тамриноти мудавоми зеҳнию ҷисмонии инфиродӣ мебошад.
Шашум. Устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ибтидои солҳои дуҳазорум дар доираи ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷриботи фалсафӣ ба ИМА сафар карда, муддати зиёдтар аз шаш моҳ дар донишгоҳҳои маъруфи амрикоӣ ба тадрису пажӯҳиш машғул мешавад. Тадриси фанҳои фалсафӣ дар бонуфузтарин донишгоҳҳои амрикоӣ, омӯзиши сабку усулҳои таълиму тадриси фанҳои фалсафӣ, баҳсу мунозираҳо бо муҳаққиқону устодони донишгоҳҳо, мулоқоту ошноӣ бо чеҳраҳои саршиноси фалсафаи хориҷӣ ва билохира таҷрибаи илмӣ-академии ғарбӣ дар такмили дониш ва вусъати биниши илмии устод Музаффарӣ мусоидат мекунанд.
Ҳафтум. Тавре ки аз собиқи илмию мудириятии устод Музаффарӣ маълум мегардад, ӯ тайи ёздаҳ сол вазифаи муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-2001)-ро иҷро кардааст. Устод Музаффарӣ замони раҳбарӣ ба сифати мудир-менеҷери муваффақ дар таҳия ва мураттаб кардани асноду ҳуҷҷатҳои расмӣ саҳми муносиб гузоштааст. Махсусан, ибтикороти Музаффарӣ дар самти дуруст таҳия кардани асноди идорӣ, муросилоти идорию байниидорӣ, пешниҳоди тақризу ташхисоти илмии ба дохилу хориҷ ирсолгардида, мудирияти дурусти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои фалсафӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои фалсафӣ ва таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ сазовори таҳсину офаринанд.
Ҳаштум. Нуктаи дигар ин аст, ки устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ илми атропология (инсоншиносӣ)-ро ба унвони илми мустақил ба ҳавза ва муҳитҳои академӣ ва донишгоҳии миллӣ ворид кард. Ба ин маънӣ, устодро, бемуҳобо, метавон асосгузори илми антропология ва ягона мутахассиси ҳирфаӣ дар ҷумҳурӣ номиду муаррифӣ кард. Устод аз ҷумлаи файласуфони ҳирфаиест, ки омӯзиши антропологияро муштарак бо илмҳои фалсафӣ, тиббӣ ва табиӣ-риёзӣ талқин карда, ҷойгоҳи илми мазкурро дар таснифот-классификатсияи илмҳо мушаххас кардааст (муфассалтар таваҷҷуҳ шавад ба: Музаффари М. Системная антропология. Книга в трех частях. Часть 1. -Душанбе, “Дониш”, 2021. -218 с.). Ин нукоти меҳварӣ дар таълифоти илмӣ, дастуру китобҳои дарсӣ ва маводи илмӣ-методии ӯ (аз ҷумла: Музаффари М. Человеческая индивидуальность. –Душанбе, 1994. -114 с.; Музаффари М. Человек как предмет познания. –Душанбе, 1991. -150 с.; Музаффари М. Введение в антропологию. –Душанбе, 1997. -130 с.; Музаффарӣ М. Антропологияи ориёӣ. –Душанбе, 2006. -124 с.; Музаффари М. Антропология (учебное пособие для медицинских и педагогических вузов). –Душанбе, 2008. -310 с.; Музаффари М. Сакральные места Таджикистана (в соавторстве). В 3-х томах. –Душанбе, 2010.; Музаффарӣ М (дар ҳаммуалифӣ бо Ш. Абдуллоев ва Ғ. Мирзоев). Таърихи дин. Китоби дарсӣ барои синфи 9. –Душанбе: “Маориф”, 2015. -176 саҳ.; Музаффари М. Системная антропология. Книга в трех частях. Часть 1. -Душанбе, “Дониш”, 2021. -218 с.) равшан инъикос ёфтааст.
Нуҳум. Воқеан, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ба унвони чеҳраи матраҳ ва шинохтаи фалсафаи миллӣ миёни доираҳои илмӣ ва академии ватанию минтақавӣ соҳибэҳтиром аст. Солҳо боз ӯро минҳайси инсоншинос (антрополог) ва файласуфи миллӣ дар сатҳи минтақа ва берун аз он мешиносанд, эҳтиром мекунанд, меписанданд, нигоштаҳояшро муруру мутолеа мекунанд, диду назароташро баррасӣ менамоянд, дар доираҳои илмию фаннӣ бо матолиби илмӣ-ихтисосии устод бархӯрди илмӣ сурат мегирад, атрофи мӯшикофиҳои устод дар заминаи фалсафаи назарӣ ва амалӣ баҳсҳо ороста мешаванд. Аҳли таҳқиқ ва зиёиёни ватанӣ назарияпардозиҳои Музаффариро дар робита бо масъалаҳои мубрами фалсафӣ ва инсоншиносӣ дар маҳфилу нишастҳои тахассусӣ ва конфронсу ҳамоишҳои илмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ зиёд шунидаанд. Устод дар шарҳу тафсири масоили марбут ба таърихи фалсафа, онтологияву гносеология, фалсафаи иҷтимоӣ, антропология, фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ, диншиносӣ, равоншиносӣ маҳорати фавқулода дорад. Инчунин, аз тариқи матбуоти даврӣ ва барномаҳои махсуси телерадиоӣ пайваста пахшу нашр гардидани гузоришу суҳбатҳои ҷолибу муассири илмӣ-фалсафии устод Музаффарӣ гувоҳи чеҳраи шинохта ва файласуфи матраҳи миллӣ будани ӯст.
Даҳум ва ниҳоят. Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҷашни мелоди устод Музаффариро шодбош гуфта, барояш тандурустӣ, болидахотирӣ, хуштабъӣ, муваффақияту комёбии эҷодӣ, тақвияти фикрӣ ва кулли хубиҳои рӯзгорро таманно мекунем. Умед дорем, ки устод солҳои тулонӣ дар майдони илму фалсафаи миллӣ ҷавлон намуда, бо пажуҳишҳои нави илмӣ-фалсафӣ ва назарияпардозиҳои ҷадиди антропологӣ уфуқҳои тозаеро дар илми академии ватанӣ хоҳанд кушод. Дар анҷом пораи манзумеро ба муносибати ҷашни мелоди устод Музаффарӣ арз медорем.
Талош андар раҳи илми Ватан касби камоли туст
(манзумаи ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни мелоди устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)
Барои чун туйе ҳафтоду ҳашти умр соле нест,
Барои чун туйе ҳар ҷисму ҷонеро заволе нест,
Туро аз ҳеҷ кас дар дил ғубореву малоле нест,
Миёни мо ҳама чун ту шарифу хушхисоле нест,
Туро, оре, мисоле нест!
Ба ҳам ҷамъ оваридӣ кулли донишҳои инсонӣ,
Улуми Ҳинду Чину Руму ҳам Эрону Юнонӣ,
Ҳазорон шохаи илм -- аз заминӣ то ба кайҳонӣ,
Ҳама дар қолиби таснифае медорӣ арзонӣ
Ба ҳар фарде ба осонӣ!
Накуӣ, хайрхоҳӣ маслаку расму риволи туст,
Шукӯҳи одамӣ ойинаи ҳусну ҷамоли туст,
Хушо, бо дӯстон будан, ки беҳин вазъу ҳоли туст,
Талош андар раҳи илми Ватан касби камоли туст
Ҳамеша иштиғоли туст!
Туйӣ андар пайи омӯзиши аслу асоси мо,
Тавони пайкару бас ибтикороти ҳавоси мо,
Ба ҷо меоварӣ бо нармӣ ҳар як илтимоси мо,
Муборак ҷашни мелоди ту, эй инсоншиноси мо,
Пазир арзи сипоси мо!
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон