JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 11 Ноябри 2024 04:15

Дар масири бедорию рӯшангарӣ

Муаллиф:
(Паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин Шарифзода) Ҳамасола 11 ноябр мо, дӯстону ҳампешагон дар доираи маҳдуд ҷашни мелоди Исомиддин Шарифзодаро ҳамчун Рӯзи рӯшангарию фарзонагӣ таҷлил мекунем. Ин навъ ҷашнсозию рӯзгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва дақиқан, ҳамин рӯшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқовимату мубориза мекунанд. Дар феҳристи рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ номи дӯсти донишманди мо Исомиддин…
Ноябр, воқеан, моҳи мелоди як зумра фарҳехтагони миллӣ бо шумули устод Бозор Собир (20 ноябр), профессор Саъдулло Раҳим (8 ноябр), файласуф Ҳафиз Холиқзода (10 ноябр), инсоншинос Исомиддин Шарифзода (11 ноябр) ва дигарон аст. Мутаассифона, шоири шаҳири миллӣ устод Бозор Собир (1938-2018) ва фарҳангшиносу киношиноси маъруфи ватанӣ профессор Саъдулло Раҳим (1951-2024) миёни мо нестанд ва ба абадият пайвастанд. Ёдашон бахайр ва хотираи некашон гиромӣ бод! Бо истифода аз фурсат тамоми фарҳехтагону зиёиёне, ки дар ин моҳ зодрӯз доранд, самимона шодбош мегӯем. Дар зимн, дар қатори зиёиёну донишмандони саршиноси миллӣ, ки ноябрмоҳ ҷашни мелод доранд, Меҳр Собириёни…
Чун сухан аз зиндагиномаи ду нафар аз чеҳраҳои дурахшони илмию фарҳангии муосири тоҷик меравад, муносиб аст дар пайравӣ аз суннати юнониён (Плутарх) назари иҷмолие ба фаъолияти онҳо аз тариқи муқоиса дошта бошем, ҳарчанд ки ҳар кадоме аз ин шахсиятхои мумтоз дар ҷодаи илму фаласафаи тоҷик нақши ғайри қобили муқоиса доранд. Зеро ҳарчанд ҳар ду донишманди варзида ва муҳаққиқи нуктасанҷанд, аммо ҳар кадоме дар ҷодаҳои мухталифи фаласафаю ирфон фаъолияти пурсамари илмӣ доштаанд. Ин ду шахсияти мумтоз, ки дар доирахои илмии кишвар ва хориҷ аз он ба унвони донишамандони варзида ва муҳақкиқони жарфандеш шинохта шудаанд, яке Суннатулло…
(муқаддимае дар ҳошияи 70-солагии инсони шариф Муллоназари Холназар) Дар хусуси ватандорони сидқӣ ва меҳанпарастони воқеӣ, ки тафаккуру биниши миллӣ-давлатӣ доранд, зиёд навиштаанд, аммо, мутаассифона, теъдоди ин қабил ангуштшуморанд. Мунтаҳо, вуҷуду ҳузури ин гуна ашхос, ки на танҳо дар гуфтору шиор, балки дар амалу кирдор садоқату вафодорӣ ба ватанро нишон медиҳанд, боиси ифтихори ҳамватанон будаву ҳаст. Мусалламан, ҳар гоҳ ки дар мавриди ватанпарастии забонию шиорӣ ва меҳандӯстии сидқию қалбӣ сухан ба миён меояд, ба таври худогоҳу нохудогоҳ байти калидии ғазали машҳури устод Лоҳутӣ “Ё ҳар ду” ба унвони далелу мадраки асосӣ пеши назар рӯ мезанад: