JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Феврали 2025 07:16

Аз реша хирадбоварӣ, ай марди ҷавон! (Паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи дӯсти донишманд ва ҷавони андешаманди миллӣ Номвар Қурбони гиромӣ)  

Муаллиф:

 

Дӯсти ҷавон ва донишманди гиромӣ Номвари Қурбон,

         Имрӯз – 4 феврал Шумо ба синни 35 қадам ниҳодед. Дар ин муддат аз тариқи талошҳои шабонарӯзӣ, пеш аз ҳама, худро аз нав сохтед ва тавассути ибтикороти созанда ва ташаббусоти арзанда дар хидмати халқу Ватан камари ҳиммат барбастаед. Мунтаҳо, Шумо дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва худогоҳии миллӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед. Серҳаракатӣ ва тавонмандии Шуморо мушоҳида карда, гоҳу ногоҳ мутааҷҷибона худ ба худ суол мегузорем, ки Номвари Қурбон ин ҳама энержиро дар ин синни ҷавонӣ аз куҷо дармеёбад, ки дар ҳама кор дастболост ва ба ҳама умур сари вақт расидагӣ мекунад?

      Розу сирри ҳама ташаббусоту ибтикороти Шумо-Номвари гиромӣ дар шахсият ва ҳайсияти худатон нуҳуфта аст. Ба мушаххасоти ҳувиятию эҷодиатон иҷмолан таваҷҷуҳ мекунем: ҳамеша сари кор қарор доред; ҳангоми қадамзанӣ ҳам дар ҳоли  тамрини фикрию эҷодӣ ҳастед; тамрини ҷисмонию равониро дар рӯзгори шахсӣ ва ихтисосӣ тавъам кардаед; аз мушкилоти рӯзафзуни рӯзгор сари мӯйе тарс надоред; дар таълифи мақолаву матолиби илмию ихтисосӣ ва фарҳангию маданӣ маҳорати фавқулода доред; дилхоҳ матолибро равшану зебо менависед ва фасеҳу равон баён медоред; дар донистани илмҳои табиию риёзӣ ва мундариҷоти илмҳои фалсафӣ моҳиред; бар мабнои ҷаҳонбинӣ ва мавқеияти илмӣ сухан мегӯед ва мақола менависед; мавқеъгириҳои илмиатон боиси ҷойгоҳ ва мақоми шоиста пайдо кардани Шумо миёни олимони ҷавони минтақа гардидааст; новобаста ба синни ҷавонӣ ва таҷрибаи илмӣ то имрӯз дар садҳо конфронсу ҳамоишҳои илмии дохилию хориҷӣ ширкат варзида, тавассути гузоришоти илмӣ аз илми ватанӣ намояндагӣ кардаед; узви чандин маҳфил ва нишастҳои илмию фарҳангии минтақавӣ мебошед ва ба василаи ширкат ва суханрониҳо сатҳи дониш ва биниши худро боло мебардоред; барои пойдории низоми дунявӣ ва дифоъ аз ҷомеаи секулорӣ ҳамеша талош меварзед; дар роҳи мубориза бо хурофоту таассуб дар ҳар шакле устуворед; бо мавқеъгирию изҳориназарҳои ҷолиби матбуотию телерадио ва расонаӣ миёни ҷомеаи расонаии ватанӣ соҳибобрӯ мебошед; масъулияти тартибу танзим, чопу нашр ва фароҳамсозии маводи чандин маҷаллаи ихтисосиро бар уҳда доред; ҷавони зиндадил ва оянданигаред, рӯшангарӣ ва хираддовариро ба унвони меъёри зиндагии хусусӣ ва ҷамъӣ талаққӣ мекунед...

         Хулоса, Шумо ба исматон сазоворед. Воқеан, номвар ва  номовари миллати моед ва мутмаинем, ки дар ҷомеаи илмию мадании миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоистаю боистаи хешро пайдо менамоед. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи илмию мадании мо ба ин навъ шахсиятҳои ҷавону пурэнержии миллӣ сахт ниёз дорад.

       Номвари гиромӣ, аз фурсати муносиб истифода намуда, 35-умин солгарди умратонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, маданӣ, ташкилӣ ва илмию эҷодиатон муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем ва ду мувашшаҳи мухтасарро чун ҳадяи дӯстона тақдиматон медорем:

 

            Номовариву номварӣ пешаи туст,

            Оромиши мардумӣ сарандешаи туст.           

            Мавқеи сукути гургу рӯбоҳу шағол

            В-аз тарси паланги хуфта дар бешаи туст.

            Аз реша хирадбоварӣ, ай марди ҷавон

            Рӯшангарӣ дар реша – патакрешаи туст!

 

            Номи ту садри маҳфили номоварони мост,

             Ойинаи муҳаббати меҳрофарони мост.           

             Марзи Ватан, салобати дарёву сахраҳо

           Вобастаи шаҳомати ҳадду карони мост.

            Асрори коиноту Раҳи Каҳкашони даҳр

            Рози давоми зиндагии ҷовидони мост!

 

           

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе,

4 феврали соли 2025

Хондан 68 маротиба