JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 24 Январи 2025 06:05

Асли ту ватандорӣ, расми ту сазоворӣ! (Паёмномаи ҷашнӣ ба ифтихори зодрӯзи Назрӣ Асадзода)

Муаллиф:

Ба неруи хирад бар рағми зиллат

Даво бахшоӣ дарду захму иллат.

Ба миллат ончунон пайванд гаштӣ,

Ки мелоди ту шуд мелоди миллат!

 

        Дӯсту бародари гиромӣ, Назрӣ Асадзода,

      Аз бозе ки ба марҳилаи огоҳӣ ва шинохт аз тариқи мушоҳидоту мутолеот расидед, дар самти бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, муъзалоти равонию ҳувиятии ҷомеа ва бозсозии тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзида, то имрӯз дар ин пайроҳаи мушкилписанди зиндагӣ бардамона гом бармедоред. Шахсияти миллӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи суннату фарҳанги шарқӣ-аҷдодӣ ва илму дониши ғарбӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеоти бардавом, мушоҳидоту таҷриботи фаровон ва дидору мулоқот бо чеҳраҳои миллии хушном Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони сиёсӣ минҳайси як шахсияти матраҳи миллӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

       Фаъолият ва шуғли ҳамешагии Шумо мутолеот, ковиш ва ҷустор дар заминаи равон ва ҳувияти миллист ва бар мабнои донишу биниши илмӣ ба кашфу дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ мепардозед. Ҳар фарде, ки дидгоҳи миллӣ ва биниши фалсафӣ дорад, новобаста аз ҷойгоҳ ва мақоми иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ мавриди эҳтиром ва писанди Шумо қарор мегирад. Бавежа, ҷавононе, ки ғуруру ҳамияти миллӣ ва эҳтирому ифтихори самимӣ ба арзишҳои дерпойи марзбумию аҷдодӣ доранд (ва, мутаассифона, ин гуна ҷавонон дар ҷомеаи имрӯзи мо ангуштшуморанд), аз мадди назари Шумо дур намемонанд ва ҳатман ки ба масири рушду тавсеаи миллию меҳанӣ ҷалб карда мешаванд. Афзун бар ин, ҳар замоне ки бо нафаре дорои андеша ва дидгоҳи миллию фалсафӣ бармехуреду ба истилоҳ, сари як пиёла чой, дар атрофи масоили гуногун суҳбат меороед, мисли ин ки бозёфту кашфиёте карда бошед, ҳафтаҳою моҳҳоро бо хушнудию болидахотирӣ сипарӣ мекунед. Ба ростӣ, эй кош, соири андешамандону зиёиёни миллию ватанӣ  мушаххасоти ҳувиятию ахлоқӣ ва шахсии мунҳасир ба фарди Шуморо медоштанд.

      Ташаббусот ва ибтикороти Шумо дар самти таҳкиму тақвият бахшидани раванди ҳувиятсозии миллӣ ҳадафмандона давом доранд. Ин аст, ки Шумо дар феҳристи шахсиятҳои нодири миллӣ қарор доред ва вуҷуду ҳузуратон дар фазою муҳитҳои иҷтимоию илмӣ ва фарҳангии тоҷикӣ боиси ифтихор аст. Мунтаҳо, асли ту ватандорӣ, расми ту сазоворист.

       Воқеан, Шумо ифтихори мо -- ёру дӯстон ва ифтихори миллату меҳан ҳастед. Ватан ва миллат бо вуҷуду ҳузури Шумо барин шахсиятҳои матраҳи миллӣ ва маданӣ ифтихор мекунад. Бо истифода аз фурсати муносиб 50-умин солгарди умратонро самимона шодбош гуфта, дар пораи манзуми зайл, ки дар қолиби мувашшаҳ рехта шудааст, таманниёти худро изҳор медорем:

 

Номусро чу мартабаи Ориё кунӣ,

Аз тоҷики асил дили Осиё кунӣ.

Зар гарчи рамзи қудрати арзу самои мост,

Розе аҷаб, зи хокзамин кимиё кунӣ.

Ин нуктаест асл, ки пеши тамоми халқ

Имрӯз қарзи тоҷикиятро адо кунӣ.

 

Аз шуҳрату шаҳомати Миллат садо кунӣ,

Сар  бар раҳи саодати Меҳан фидо кунӣ.

Асрори заъфу зиллати ин миллати куҳан

Дониста, растахезу қиёмат бапо кунӣ.

Зоидаи фазилату табъи садоқатӣ,

Ойинаи хирад бикушоӣ, сафо кунӣ.

Дар гирудори худшавӣ, ай Назрии азиз 

Аз қайдубанди бехудӣ тоҷик раҳо кунӣ!

 

            Бо эҳтиром,

           аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

           ш. Душанбе, 24 январи соли 2025

 

 

Туӣ парвардаву ҳамзоди Меҳан!

(Ба ифтихори мелоди шахсияти матраҳи миллӣ Назрӣ Асадзодаи гиромӣ)

Туӣ аз саршинос афроди Меҳан,

Ки бошӣ дар ғаму дар ёди Меҳан.

Ба рағми заъфнолӣ мефизоӣ

Тавону қудрати эҷоди Меҳан.

Ба рӯзи сахти бедодӣ ҳамеша

Расӣ бар доду бар фарёди Меҳан.

Хушо, то бар само сар барфарозӣ

Зи бахту қисмати озоди Меҳан.

Ҳамоно мояи фахру ғурурат

Канору гӯшаи ободи Меҳан.

Ба рӯзи ҷашну хушҳолӣ сараввал

Шитобӣ бар муборакбоди Меҳан.

Чу аз хоку гили Меҳан бизодӣ,

Туӣ парвардаву ҳамзоди Меҳан.

Ватандоро, чунон меҳанпарастӣ,

Ки мелоди ту шуд мелоди Меҳан!

 

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

24 январи соли 2024,

чоршанбе, соати 10:27

Хондан 52 маротиба