Дарси якум. Фалсафаи маргу зиндагӣ. Асолати ҳар як фарҳангро метавон дар асоси огоҳӣ ва муносибати он фарҳанг дар баробари Марг муайян намуд. Дар фарҳанги юнонӣ дар мисоли фалсафаҳои Ҳераклит, Парменид ва ниҳоят Афлотун масъалаи марг масъалаи бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Дар фарҳанги эронӣ низ масъалаи марг аз аввалин падидаҳои маърифатгардида мебошад, ки намунаи онро мо дар устураи Ҷамшед ва устураи аввалин ҷуфти инсон мушоҳида менамоем. Дар қадимтарин таълимоти эронӣ маънии инсон бо мирандагӣ як чиз дониста мешуд ва аввалин ҷуфти инсонҳои Машӣ ва Машиёна дар воқеъ, Муртӣ ва Муртия будаанд. Агар марг ва нестӣ вуҷуд надошта бошад, масъалаи ҳастӣ, зиндагӣ ва фалсафаронӣ кардан низ ба вуҷуд намеомад. Дар фалсафаи аврупоӣ ин масъала ҳамчун метапарадигма ва ё метапроблема ҳамеша мавриди андешидан ва шиносоӣ қарор дошт. Масалан, Ж.П. Сартр тасаввуроти анъанавӣ дар мавриди он ки нестӣ, ки як намуди марг мебошад, дар канораҳои олами ҳастӣ қарор дорадро инкор намуда, чунин назар пешниҳод намуд, ки нестӣ на дар канораҳои ҳастӣ, балки дар маркази ҳастӣ қарор дорад ва маҳз он суол аз ҳастиро ба миён мегузорад. Албатта, ҳадафи Сартр ин нестӣ ва ё марг ҳамчун огоҳӣ дар бораи нестӣ ва ё огоҳӣ дар бораи марг мебошад. Аммо дар фарҳанги мо як навъ гурез ва ба фаромӯшӣ супоридани масъалаи бунёдӣ ва дар ҳадди олии худ як навъ шикоят аз марг ба мушоҳида мерасад. Масалан, он шикоят ва ғаму андуҳе, ки дар оҳангҳои жанрҳои Фалак ва Шашмақом мерасанд, дар ҳақиқат, ин шикоят аз бераҳмии марг ва фанопазирии ҳаёт мебошад. Шикоят аз фалак ва ё шикоят аз замон тафсири дигаре ба ҷуз аз шикоят аз маргро надорад. Аммо ба тариқи огоҳона ҳеҷ як аз файласуфони мо дар мавриди ин масъала садое баланд накардааст, ба ҷуз аз Устод Комил Бекзода. Ӯ тавонист дар як муҳити тангу тори идеологӣ чунин як масъалаи бунёдии фалсафаи ҷаҳониро кашф ва ҳамчун як лоиҳаи ҳаётӣ дар тамоми фаъолияти эҷодии худ сари ин масъала фалсафаронӣ намояд. Аз устураи Ҷамшед ва амали мумиёкунӣ дар фарҳанги мисриҳои бостонӣ сар карда, то ба равишҳои илмҳои Генетика, Физиология ва дигар илмҳои ҳаётшиносии муосир мавриди омӯзиш ва таҳқиқи устод қарор гирифтаанд, ки дар ҳамаи асарҳои Устод мо метавонем аз самараи талошҳои ӯ огоҳ гардем. Бо эҷодкории шахсӣ ва заковати фитрӣ, шояд огоҳона ва ё ноогоҳона устод тавонист, ки фалсафаи моро ҳамболи фалсафаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин бунёдитарин огоҳии фарҳанги миллиро бедор созад.
Дарси дувум. Барқарор сохтани пуле байни фалсафаи тоҷик ва фалсафаи аврупоӣ. Фалсафаи мо ҳеҷ вақт чун як дарахти озод рушд накардааст. Он ҳамеша ё дар сояи дин қарор дошт ва ё сояи идеология. Инсони мо қурбонии ду уқда: уқдаи динӣ ва уқдаи идеологӣ буд ва дар ҷанги уқдаҳо ба фикрам уқдаи дидӣ дар вуҷуди мо дигарбора пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар замони шуравӣ дар мактабҳои олии мо фалсафаи юнонӣ ва ё фалсафаи классикии немис омӯхта мешуд, лекин бисёр обшуста ва рангпарида, зеро дар қолаби идеология ҷой шуда буд, ки зебоии табиии онро аз байн мебурд. Фалсафаи муосири Аврупо бошад, ҳамчун фалсафаи буржуазӣ мавриди инкор қарор мегирифт. Нахустин маротиба маҳз устод Бекзода фалсафа, адабиёт, равоншиносӣ ва ҳунари муосири аврупоиро ба хонандаи тоҷик муаррифӣ намуданд. Мо шоҳиди бевосита ҳастем, ки дар аввали солҳои навадум Устод дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Ф. Нитше, М. Ҳайдеггер, К. Ясперс, А. Камю, Ж. П. Сартр, Симона де Бовуар, Б. Рассел ва даҳҳо нафари дигар, бидуни қолабгароиҳои идеологӣ сухан мекарданд ва беҳтарин огоҳиро ба ҷавонони тоҷик мерасониданд. Масалан, мо нахустин маротиба аз устод шунида будем, ки Нитше се таълимоти асосӣ дорад, ки онҳо Абаринсон, Бозгашти ҷовидона ва Иродаи Қудрат мебошанд. Ё ин ки мактаби муосири фалсафие чун вуҷудгароӣ, феноменология, герменевтика вуҷуд доранд, ё худ ду асари бузурги фалсафаи асри бистум “Ҳастӣ ва замон”-и М. Ҳайдеггер ва “Ҳастӣ ва нестӣ”-и Ж. П. Сартр мебошанд. Ҳамин гуна ба шарофати устод мо бо шахсиятҳои асосии равоншиносии муосир З. Фрейд, К.Юнг, Адлер ва ё Э. Фромм ошно гардидем. Ҳеҷ як номе, ки дар ин ҷо зикр намудаем, тасодуфӣ набуда, балки доир ба ҳар кадоми он Устод чандин гузориш ва маъруза кардаанд ва ё бо ҳидояти ӯ мо баъзе аз китобҳои онҳоро пайдо намуда мутолеа намудаем (масалан, Дюрант ва асарҳои ӯ).
Вақте ки фалсафаи як миллат таъсирпазир нест, ин худ далели заифии онро дорад. Фарҳанги заиф ҳозир ба доду ситад нест ва аз он канорагирӣ мекунад. Бекзода бо огоҳие, ки ба ҷавонони ин миллат бахшид, тани танҳо аз маҳдудаҳои идеологии рӯзгори худ фаротар пой ниҳод, бо ин амали худ ба фалсафаи замони худ тавоноӣ бахшид ва нишон дод, ки дар он ҳанӯз асолати тавоноӣ вуҷуд дорад.
Дарси севум. “Худшиносии миллӣ”-и ростин. Ҳамон андоза, ки Устод барои шиносонидани фалсафа ва илми аврупоӣ ва ҷаҳонӣ барои хонандаи тоҷик заҳмат кашидаанд, ҳамон андоза ва шояд бештар аз он дар мавриди фарҳанги миллӣ ҷаҳд кардаанд. Ин фаъолияти Устод маҳз дар ҳамон рӯзгоре сурат мегирифт, ки Тоҷикистонро мавҷи ҳаракати озодандешӣ ва рӯшангарии начандон ростин фаро гирифта буд. Дар он солҳо бо зеҳниятҳои уқдагин ва холӣ озодандешони эҳсосотии мо кӯшиш менамуданд, ки дар як он ҳамаро зеру забар ва ба “мадинаи мунаввара” бирасанд. Таҷрибаи миллатҳои пешрафта нишон додааст, ки бидуни додани огоҳии зарурӣ ба мардум, интизори ҳар гуна таҳаввул, инкишоф ва ояндаи дурахшон номумкин аст. Ягона нафаре, ки дар он солҳо ба додани огоҳӣ ба мардум машғул буд, ин Устод Бекзода буданд. Аз Ҷамшед ва Зардушт сар карда то ба Монию Маздак, Фирдавсию Ҳофиз, Ибни Ровандию Ҳаллоҷ ва Иқболу Содиқ Ҳидоят аз беҳтарин осори онҳоро таҳия ва нозукиҳои андешаи онҳоро таҳқиқ менамуданд. Беҳтарин асарҳо ва таҳияҳои Аҳмади Касравӣ, Алии Даштӣ, Носируддини Соҳибуззамонӣ, Ҳошим Разӣ, Меҳрдоди Меҳрин, Аббоси Зарёб, Манучеҳри Ҷамолӣ ва даҳҳо дигар донишмандони ҳамзабонро муаррифӣ ва ба хонандаи тоҷик пешкаш намудаанд.
Дарси чаҳорум. Мутолеаи бардавом ва рушди огоҳӣ. Хушбахтии мо шарқиҳо дар он аст, ки мо аз бадбахтии худ огоҳ нестем (А. Бадавӣ). Ин ҷо мақсад аз бадбахтӣ ҳамон ноогоҳии мост. Новобаста аз ифтихороте, ки дорем ва дар ҳақиқат ҳам онҳо як маънии зиндагии мо ҳастанд, аммо ҳақиқати талхи мо он аст, ки фарҳанги мо як фарҳанги адами огоҳӣ аст. Ҳадафи ман минтақаи Осиёи Миёна, Афғонистон ва шояд Покистон низ бошад. Дар ин минтақаи ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ мутолеа онгуна, ки бояд умуман вуҷуд надорад. Агар равшантар бигӯем адабиёти зарурӣ барои мутолеа вуҷуд надорад, дар авҷи худ дар тули асрҳо танҳо баъзе тафсирҳо ва шарҳҳои ҳошиявӣ вуҷуд доштанду бас, ки аксаран ё доир ба фиқҳ ва ё доир ба ҳадис буданд. Дар ин сарзамини паҳновар на доир ба таърих китобе тарҷума ва ё нашр шудааст ва на доир ба равоншиносӣ, на доир ба ба фалсафа ва на доир ба физикаю математика ва ҳамин тавр илмҳои дигар. Ҳоло низ вазъи мо дар ҳамин сатҳ аст. Вақте ки мутолеа нест, огоҳӣ нест, зеҳниятҳо холӣ ҳастанд, наметавон пешрафт, инкишоф, дигаргунӣ ва саодати иҷтимоиро бо роҳи муъҷиза имконпазир донист.
Волтер миллатҳои дунёро ба ду гуруҳ: миллатҳои китобхон ва миллатҳое, ки китоб намехонанд тақсим менамояд ва миллати маҳрум аз китобхонӣ, ё ноогоҳро беарзиш меҳисобад.
Дар тули ҳаёти беш аз нимасраи худ ман ҳанӯз ба ғайр аз устод Бекзода нафари дигареро намешиносам, ки ин андоза мутолеаи зиёд дошта бошад. Ҳам дар соҳаи фалсафа, адабиёт, ҳунар ва илми ҷаҳонӣ ва ҳам миллию ватанӣ Устод муҳимтарин ва беҳтарин асарҳоро мутолеа кардаанд. Бешак дар мутолеа устод Уқёнуси Оромро мемонанд ва дар ин муносибат ман устодро танҳо бо Волтер ва Нитше қобили муқоиса медонам. Мутолеаи зиёд инсон ва миллатро дигаргун месозад, ба мисли гузариши тағироти миқдорӣ ба сифатӣ, мегуфтанд устод. Ман бо бисёр донишмандон муносибат дорам ва бо чашми ибрат мушоҳида менамоям ва дармеёбам, ки аксарият ҳатто ними мутолеаи Устодро надоранд, шояд чунин шахсҳо вуҷуд доранд, аммо ман ҳанӯз дучор нашудаам.
Дарси панҷум. Дорои ҳолати табиӣ будан. Дар ҷомеаҳои сарбаста инсонҳо ҳеҷ вақт ҳолати табиӣ надоштанд ва надоранд. Ҳар таълимоти динӣ ва ё идеологие, ки худро муҳимтар аз зиндагӣ нишон медиҳад, пайравони худро ба ҳазору як уқда (комплекс) гирифтор месозад. Ин хоси мо шарқиҳо мебошад. Нафароне, ки ба маҳфили “Ҷаҳони андеша” меомаданд, на ҳамеша худро озод эҳсос мекарданд, баъзеҳо шарми беш аз ҳад доштанд, баъзеҳо бисёр ҷиддӣ буданд, баъзеҳо меҳаросиданд, баъзеҳо дигаронро таҳаммул карда наметавонистанд ва мисли ин. Устод ҳамеша осмонро нишон медоданд ва мегуфтанд, ки мисли осмон озод ва табиӣ бошед. Худ ҳар андоза, ки зарур буд, назари дигаронро ботаҳаммул гӯш мекард ва назари худро низ баён менамуд. Ҳар кас ҳаққи ақидаи худро доштан ва бо он зиндагӣ карданро дорад, мегуфтанд Устод ва ҳеҷ вақт ҳеҷ ақидаеро бар касе таҳмил намекарданд. Ҳолатҳои ғайритабиӣ баъзан ба иштирокчиён имкон намедод, ки ақидаи худро баён созанд ва Устод дар ин мавридҳо байти Мавлоноро меоварданд, ки:
Ҳеҷ тартибеву одобе маҷӯ,
Ҳар чи мехоҳад дили тангат, бигӯ.
Дарси шашум. Суҳбатороӣ ва хушҳолӣ. Устод ҳамеша таъкид менамуданд, ки фарҳанги мо ин фарҳанги зиндагӣ, хурсандӣ ва боландагист. Зардуштро мисол меоварданд, ки ҳангоми тавлид дар лабонаш ханда буд ва табассуми ӯро нишонаи пайғамбарӣ дониста буданд. Бо як нигоҳ вазъи ҳаргуна инсон ва ҳаргуна шароитро дарк менамуданд. Дар ҳалқаи инсонҳои фозил, ҳунарманд, донишвар худро то бениҳоят шево ва болида эҳсос мекарданд. То андозае лутф, хушсуханӣ ва зарофат менамуданд, ки кас мехост соатҳо маъракаро тарк накунад. Дар маъракаҳо беҳтарин лутфҳоро мекарданд, ки ба ҳама писанд меомад ва ҳама болида мегардиданд. Бо муъҷазбаёнӣ ва шеваи суханроние, ки доштанд, дар ҷамъомадҳо ва маҳфилҳо аксари таваҷҷуҳро ба худ ҷалб менамуданд.
Дарси ҳафтум. Зиндагии бофазилат. Бо амали худ Устод исбот намудаанд, ки инсон метавонад ҳамеша бо фазилат зиндагӣ намояд. Новобаста аз он ки то чӣ андоза разилат вуҷуд дорад, чи қадар мусибатҳоро бар сари як инсон меоваранд, чи қадар маҳрумиятҳо ва бадбахтиҳоро аз берун бар ӯ таҳмил намекунанд, аммо инсон метавонад бо нури хирад, ирода ва муҳаббат ба зиндагӣ озода ва вораста боқӣ бимонад. Боз ҳам бо сари боло дар баробари ҳар як мусибату бадӣ табассум намояд ва пирӯз ояд.
Дарси ҳаштум. Муҳаббат ба зиндагӣ. Як мушоҳида. Устод дар бораи зиндагии шахсии файласуфони зиёде нақлҳои ҷолибе кардаанд ва як қисми ин файласуфон зиндагии шахсияшонро танҳо паси сар кардаанд. Ман ҳамчун ҷавон ҳамеша бар ҳамин нукта таваҷҷуҳи махсуси ботинӣ нишон медодам ва ҳамеша интизор доштам, ки Устод ин нуктаро ҳамчун як фазилати махсус таъкид менамоянд. Аммо боре ҳам зиндагии танҳои файласуфонро ҳамчун як идеал ва ё фазилат нишон надодаанд, баръакс ҳамеша зиндагии пур аз гармония ва муҳаббати хонаводагиро ситудаанд. Дар ин ҷо ман ба худ натиҷагирӣ намудам, ки Устод воқеан ҳам файласуфи зиндагӣ ҳам дар назария ва ҳам дар амалия ҳастанд. Ҳамеша таъкид менамуданд, ки: Аввал зиндагӣ ва пасон диду дунё. Ҳамчунин шеъри машҳуре доранд бо номи “Зиндагӣ болотар аз болостӣ”.
Дарси нуҳум. Новобаста аз ҳамаи шевогӣ, латофат, зарофат, боландагиҳои самимӣ ва табиӣ, бепарвогиҳои фиребанда Устод як инсони ниҳоят ҷасур, устувор, боғурури ба худ хос, боҳадаф, дақиқкор, бозавқу салиқаи махсус ва дигар хислатҳои ба ин монанд ҳастанд. Калимаи “културний”-ро бисёр истифода менамоянд ва ин ҳама дар салиқаи либоспӯшӣ, интихоби дӯстон, интихоби китобҳои писандида, шеваи хондани китод, ки аз шиносоӣ бо мундариҷа оғоз менамуданд ва ҷолибтарин параграфҳоро аввал меохонанд, ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми хондан ҳеҷ вақт бо авторучка дар китоб ишора намекарданд, бо қалами сиёҳи баланд ҳам не. Ниҳоят нозукона чизҳои писандидаашонро ишора менамуданд.
Дарси даҳум. Муҳаббат ба худ ва худкифоӣ. Бо рафтори худ Устод нишон медоданд, ки инсон бояд худро дӯст дорад ва ба худ эҳтиром гузорад. Иззати нафси худро нигаҳ дорад ва мақоми худро шиносад. Аз ҷумла, ҳамеша рӯзи таваллуди худро бо дӯстон ҷашн мегирифтанд ва боре нақл карда буданд, ки як нависандаи аврупоӣ дар танҳои худ рӯзи таваллудашро ҷашн мегирад ва барои худ табрикнома менависад. Эҳтироми хоса ба худ боис гардида буд, ки Устод то ҳадди даркорӣ худкифо буданд. Ҳеҷ ниёзе ба мадҳу ситоиши дуруғини дигарон надоштанд ва ба ҷуз аз дӯстон ва наздикон ба хотири руҳбаландсозӣ, ҳар каси носазоворро низ таърифу тавсиф наменамуданд. Бо ҳақиқати худ ва неку бади худ зиндагӣ менамоянд. Худ як марказ, як ҳақиқат ва як тарафу як ҷаҳон ҳастанд, ки дорои як назари нек ва хайрхоҳона нисбат ба ҷаҳон ва инсонҳоро доро мебошанд.
Дарси ёздаҳум. Аз дарси ёздаҳум то бистумро насиб бошад дар ҷашни 90- солагии Устод пешниҳод менамоям.
Воқеан, дар симои Устод мо нафареро мебинем, ки вуҷудан ба хирад ва маънӣ табдил ёфтааст. Як энсиклопедияи фалсафӣ ва ҳунарии зинда. Дар вуҷуди худ ҳам хиради ғарбӣ ва ҳам шарқиро таҷассум намудааст. Барои миллати мо бузургтарин хидмати ноаёни фарҳангии худро анҷом додааст ва ин қарзи мо шоҳидони зинда аст, ки як шамма аз корномаҳои ӯро дар ин ҷо баён намоем.
80 соли саршор аз ҳикмат, хирад, фазилат ва эҷоду эъҷоз муборак бошад!
Нуриддин Шаҳобиддинов
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон