JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Дӯсту ҳамрафиқи азизу гиромӣ, Ҳар сол рӯзи мелоди Шумо мо-дӯстону ҳампешагон ва ҳамрафиқону ҳамшарикон зиёд майна об мекунем, ки чанд ҷумлаи шоистае рӯйи саҳафоти сомонаӣ ва фейсбукӣ бикорем, то ифодагару арзандаи ҳайсияту шахсиятатон бошад. Мутаассифона, шахсияти Шумо ончунон ҷаззоб ва ба истилоҳ, харизматик аст, ки тасвир ва наққошии он мушкил мебошад ва ноилоҷ таманниёти ҷамъиро ба як қолиб дароварда, дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр менамоем, ба умеди ин ки писанди ҳамандешону озодагон омада бошад. Ҳоло ки дар ҷараёни ҷашни сисолагиатон қарор дорем, албатта, ҳиссиёту ҳаёҷонотамон низ хеле зиёд аст. Ба ҳар сурат, мекӯшем…
Ман, Мирзодавлат Нидозода сокини Ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷам. 18 феврали соли 1971 дар деҳаи Турдишайхи Ҷамоати деҳоти Сармантой (ҳозира Ҷамоати деҳоти Озодагон) дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадаам. Факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси муаррих ва муаллими таърих хатм кардаам. Солҳои дароз дар мактабҳои миёнаи умумии №4, 2, Литсейи давлатӣ ва Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ аз фанни таърих дарс додаам. Феълан омӯзгори фанни таърихи Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ мебошам. Ба воситаи дӯстам Нозим Нурзода бо донишмандону муҳаққиқону зиёиёни саршиноси миллию ватанӣ бо шумули устод Комил Бекзода, равоншод Мирзо Боқӣ, Меҳр Собириён, Нуриддин Шаҳобиддин,…
Душанбе, 12 Августи 2024 09:56

Баҳорат, устодо, бехазон бодо!

Муаллиф:
(мулоҳизоте дар ҳошияи 80-солагии омӯзгори варзида ва шахсияти баруманди ноҳияи Панҷ устод Шукруллоҳи Файзӣ) Офарин ва сад офарин ба касе, ки омӯзгориро пеша карда, як умри азизи хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони ҷомеа менамояд ва бидуни камтарин подошу таваққуъе дар масири хидмат ба миллат бурдборонаву сабурона, вале ҳадафмандона гом бармедорад. Махсусан, дар шароити бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ, ҳассосиёти имрӯзӣ, печишҳои мафкуравию ҳувиятӣ, пойин рафтани сатҳи донишу биниши фардию ҷамъӣ, тасаллути ҷаҳолату хурофоти мазҳабӣ ва билохира ташаннуҷи буҳронҳои ахлоқию фикрӣ ба кори самараноки омӯзгор сахт ниёз пайдо мешавад. Тасаввур кунед, агар дар ин ҳолату вазъи…
Яке аз физикҳои маъруфи ҷаҳон ва асосгузорони самти ҷадиди физика - механикаи квантӣ физик-назариётчии австриягӣ Эрвин Шрёдингер (1887-1961) мебошад. Ӯ барои дастовардҳои назарраси илмиаш соли 1933 Ҷоизаи байналхалқии нобелиро дар соҳаи физика ба даст овард. Шрёдингер муаллифи муодилаи асосии механикаи квантии ғайрирелятивӣ мебошад, ки ин муодила имрӯз бо номи муодилаи Шрёдингер машҳур аст. Асли баромад, айёми кӯдакӣ. Вена яке аз шаҳрҳои мутамаддини Аврупои Марказӣ буда, дар он ашхоси маъруфе, аз ҷумла физикадони номвар Эрвин Шрёдингер ба дунё омадаанд. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ на танҳо дар доираҳои илмӣ, балки дар аксар доираи ҷамъияти имрӯза ҷолибияти зиёд…