JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чун сухан аз зиндагиномаи ду нафар аз чеҳраҳои дурахшони илмию фарҳангии муосири тоҷик меравад, муносиб аст дар пайравӣ аз суннати юнониён (Плутарх) назари иҷмолие ба фаъолияти онҳо аз тариқи муқоиса дошта бошем, ҳарчанд ки ҳар кадоме аз ин шахсиятхои мумтоз дар ҷодаи илму фаласафаи тоҷик нақши ғайри қобили муқоиса доранд. Зеро ҳарчанд ҳар ду донишманди варзида ва муҳаққиқи нуктасанҷанд, аммо ҳар кадоме дар ҷодаҳои мухталифи фаласафаю ирфон фаъолияти пурсамари илмӣ доштаанд. Ин ду шахсияти мумтоз, ки дар доирахои илмии кишвар ва хориҷ аз он ба унвони донишамандони варзида ва муҳақкиқони жарфандеш шинохта шудаанд, яке Суннатулло…
(муқаддимае дар ҳошияи 70-солагии инсони шариф Муллоназари Холназар) Дар хусуси ватандорони сидқӣ ва меҳанпарастони воқеӣ, ки тафаккуру биниши миллӣ-давлатӣ доранд, зиёд навиштаанд, аммо, мутаассифона, теъдоди ин қабил ангуштшуморанд. Мунтаҳо, вуҷуду ҳузури ин гуна ашхос, ки на танҳо дар гуфтору шиор, балки дар амалу кирдор садоқату вафодорӣ ба ватанро нишон медиҳанд, боиси ифтихори ҳамватанон будаву ҳаст. Мусалламан, ҳар гоҳ ки дар мавриди ватанпарастии забонию шиорӣ ва меҳандӯстии сидқию қалбӣ сухан ба миён меояд, ба таври худогоҳу нохудогоҳ байти калидии ғазали машҳури устод Лоҳутӣ “Ё ҳар ду” ба унвони далелу мадраки асосӣ пеши назар рӯ мезанад:
Душанбе, 14 Октябри 2024 07:23

Инсони маданӣ ва рисолати инсонӣ

Муаллиф:
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи иқтисодшиноси миллӣ Нуралӣ Собирзода) Мусалламан, тасаллут дар илми иқтисод ва равандҳои иқтисодӣ, ки аз ҷумлаи қисматҳои муҳимми зиндагию рӯзгори инсонист, кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, омӯзишу таҳқиқи ҷиддии иқтисоди миллию ҷаҳонӣ ва ташхиси мушкилоту муаммоҳои соҳавӣ, ки ба болоравии сатҳи зиндагии фардию ҷамъӣ оварда мерасонад, рисолати касбӣ-ҳирфавии иқтисодшиносони банангу баҷуръату боғурури миллию ватанӣ маҳсуб мешавад. Яке аз нафарони сазоворе, ки дар самти омӯзишу таҳқиқи мушаххасоти иқтисоди миллӣ ва равандҳои иқтисодӣ саҳми муносиб гузоштааст, доктори илми иқтисод, профессор Нуралӣ Собирзода мебошад.
 Матлаби мазкур, ки аз хилоли хотироти мост. Он чанд соли қабл, дақиқтараш соли 2017 навишта шудааст. Баъди навиштан ба Сайиднуриддин манзураш кардам ва иҷозати чопашро хостам. Хонд, як хандиду бо ваҷоҳати ба хъд хос гуфт, ки чопаш накунам. Мутаассифона, мо ҳам пофишории Сайиднуриддинро мадди назар гирифта, чопаш накардем. Ҳамин тариқ, Сайиднуриддин ҳам аз дунё даргузашт ва бо гузаштаи чанд сол матлабро бидуни таҳрир барои пахшу нашр манзур намудем. Ба ин маъно, он чи ки дар қолиби як матлаби хотиротӣ пешкаш мегардад, навиштаи соли 2017 аст.