(шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи Бозор Ибодӣ) Дӯсту ҳамандеши гиромӣ Бозор Ибодӣ, Дар давоми чанд соле, ки бо Шумо ҳамкорию ҳамшарикӣ дорем, симо ва чеҳраи иҷтимоӣ, ихтисосӣ, фаннӣ, илмӣ, эҷодӣ ва миллиатонро ба қадри кофӣ шинохтаем. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ ончунон фаъолед, ки кас ангушти ҳайрат мегазад. Гоҳо дар набуди Шумо миёни худ баҳс мекунем ва, ростӣ, рашкамон ҳам меояд, ки ҳамкори азизи мо ин қадар имкон, ин қадар энержӣ ва ин қадар вақту замонро аз куҷо пайдо мекунад, ки дар як они воҳид сарриштаи ҳар кореро…