Мусалламан, рӯшангарӣ (просветительство), ки бедории фикрии башарро рақам зада, ҷомеаи инсониро ба сатҳи баланди таҳаввулоту пешравию тараққиёт расонидааст, аз зеҳни пурсишгари инсон буруз кардааст. Бинобар ин, пурсишгарӣ (шакку тардидварзӣ ва нигоҳи интиқодӣ ба масоилу мушкилоти мавҷуда) ба сифати масъулияти фардию ҷамъӣ оғози кори рӯшангарӣ будааст ва ҳар кӣ ба арсаи рӯшангарӣ по мегузорад, дар ибтидо масъулият ва рисолати пурсишгариро иҷро менамояд. Бад-ин тартиб, фарди пурсишгар дар натиҷаи таккон додани зеҳн ва ба истилоҳ, даргир сохтани тафаккур мароҳили фикриро тай намуда, тадриҷан ковишу ҷустуҷӯҳо ва суолу пурсишҳоро зиёдтар намуда, сатҳи маърифатию ҳунари ковишгариаш зина ба зина…