JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 23 Феврали 2024 11:40

Бонуи миллати мо, Гурдофариди мойӣ! (Паёми мелодӣ)

Муаллиф:

  Имрӯз аз беҳтарин рӯзҳост, зеро дар ин рӯзи фархунда яке аз беҳтарин бонувони миллати тоҷик чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, ки ҳамвора дар дили саршор аз меҳри хеш ишқу дарди миллатро доштаву дорад. Ӯ ҳамон фариштаи Оҳуроӣ ва пайки покиву нузҳату зебоӣ дар олам аст, ки қаблан мавсуф ба Онаҳито будааст ва феълан исми ӯ  Раҳимаи Аъзам аст.  Ин фариштаи зебо кунун ба он хотир зуҳур карда, ки муаррифу мубаллиғ ва ҳомии арзишҳои миллати тоҷик бошад, мубаллиғу ҳомии миллате, ки тамаддуни башарӣ зодаи зеҳни ҷӯёву пӯёи ӯст.

  Наметавон дар як рӯз иттифоқ афтодани зодрӯзи ин бонуи миллатро бо ҷашни Артиши миллӣ амре тасодуф донист. Раҳимаи Аъзам бо кору пайкори рӯзмарраи хеш тимсоли Гурдофарид аст, ҳамон Гурдофариде, ки барои наҷоти Суҳроби миллат ба қимати ҷон дар суроғи нӯшдорӯст. Ҳаққо, ки:

Донам яқин, ки бахту рӯзи саиди мойӣ,

Бонуи миллати мо, Гурдофариди мойӣ!    

  Орзуи мо ҳамеша сарсабзии туст, эй фариштаи зебоӣ ва эй пайки Оҳуроӣ!  Тани ту солиму зеҳни ту ҷӯёву пӯё бод!  Бароят он чизеро хоҳонем, ки барозанда ва шоистаи туст! Туро дилест ба бузургии дарёҳо ва  рӯҳест  ба вусъати осмонҳо! Аз ин рӯ, орзуманди онем, ки бузургии ту ҳамеша дар фузун бод! Бигзор, чашми бад аз гули рӯят дур бошад ва чеҳраи зебоят чун маҳтоб ҳамеша ғарқи нур бошад.

Эй он ки рӯи туст чу маҳтоб ғарқи нур,

Чашми бад аз вуҷуди накӯи ту бод дур!

  Ба поси он заҳматҳо ва фидокориҳои бедареғат дар роҳи миллат, ба поси он  ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки ба танҳоӣ бар дӯш кашидаву ишқи бузургеро дар дили худ парвардаӣ, таманнои онро мекунем, ки чун равзаҳои биҳиштосои Ватан ҳамеша шукуфову сарсабз бимонӣ! Ба қавли Лоиқ:

Ту гули  шукуфтарӯӣ, ҳама гулфишон бимонӣ,
Ту   баҳори   бехазонӣ,  ҳама  бехазон  бимонӣ,
Ҳама дам кунам дуоят ки чунин ҷавон бимонӣ!

 

Зодрӯз ва ҳар рӯзи зиндагиат фархунда бод, хоҳари гиромӣ Раҳимаи Аъзам.

Бо камоли эҳтиром ва самимияти тамом

як гурӯҳ аз дӯстону хотирхоҳони Шумо.

23.02.2024

Хондан 2193 маротиба