JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 28 Феврали 2024 08:54

Насли содиқи Ватан!

Муаллиф:

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи рӯзноманигор, тарҷумон ва рӯшангари ҷавони тоҷик Абдуҷалили Амон)

       Абдуҷалили гиромӣ,

      Қатъи назар аз он ки дар авҷи синни ҷавонӣ қарор дорӣ ва насли хунгарми ҷавон дар ин фосилаи замонӣ, одатан ба хиёлпардозию саргармиҳо ва барномарезиҳои рифоҳӣ андармон аст, шумо умури рӯшангариро дунбол карда, дар доираи имконот ба тарҷимаву таҳияи насри илмию фаннӣ ва бадеӣ машғул шуда, бо ташаббусу ибтикороти вежаи эҷодӣ аллакай миёни ҳавзаҳои фикрӣ ва ҷомеаи маданӣ ошно гардидаед.

      Ростӣ, ошноии мо бо шахси шумо собиқаи тӯлонӣ надорад, аммо дар ин муддатзамони кӯтоҳ бо ақлу фаросати шахсӣ, ҷаҳду талоши фардӣ, адабдӯстӣ, завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ, ҷаҳоншиносӣ, биниши миллӣ, меҳанпарастӣ ва ҳиммату мардонагӣ дар ҷомеаи мо мақому ҷойгоҳ пайдо кардаед, ки боиси хушнудию сарфарозии мост. Махсусан, дар шароите ки насли ҷавон, ғолибан дар бунбасти фикрию ҳувиятӣ қарор дошта, аксаран дунболи манофеи шахсию гурӯҳӣ мегарданд, шумо бо ибтикороти фардӣ нишон додед, ки воқеан, як фарду марди баномусу боғуруру ватандӯсту донишмадоред.

      Чун аз завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ бархурдор будед, пас аз хатми риштаи рӯзноманигории ДМТ ба омӯзишу таҳқиқи насри тасаннуни муосир пардохта, тозакориҳои ҳунарии яке аз чеҳраҳои матраҳи насри муосири тоҷик устоди фақид Муҳаммадзамони Солеҳро ковишу мушахас намуда, дар қолиби рисолаи илмӣ-ихтисосии “Тамоюлҳои тозаи ҳунарӣ дар насри муосири тоҷик (дар мисоли эҷодиёти Муҳаммадзамони Солеҳ)” манзури аҳли илму эҷод намуда, дар муҳити илмии ватанӣ ҳамчун адабиётшиноси ҷавон аз худ дарак додед. Ҳамчунин, дар ростои шинохту муаррифии нависандаи фақид устод Муҳамадзамони Солеҳ ва мероси мондагори ӯ маҷмуаеро таҳти унвони “Тулуъе баъд аз ғуруб” ва осори нашрнашудаи адибро бо номи “Малкушон” мунташир намудед, ки хидмати арзандаест барои дӯстдорону ихлосмандони насри муосири тоҷик.

      Барои тавсеаи донишу биниш ба муруру мутолеаи осори гаронмояи адаби ғарбӣ пардохтед ва дар ин самт ҳам муваффақ шудаед. Аз ҳама муҳим, шумо хуб дарёфтаед, ки аз тариқи тарҷима, таҳия ва пахшу нашри осори адабӣ-бадеӣ ва насри фалсафию фаннии ғарбӣ насли имрӯзро метавон дуруст тарбия кард ва ҷаҳоншиносии ҷавононро сифатан тағйир дод. Ба хотири татбиқи барномаи нави тарбияти илмӣ ва миллӣ самти тарҷима ва таҳияи мероси мутафаккирони маъруфу таъсиргузори ғарбиро интихоб намуда, дар ин самт бурдборона заҳмат мекашед. Бо мақсади тақвияти кори тарҷима ва нашру пахши адабиёти ғарбӣ ибтикороти ҷиддие рӯйи даст гирифта, инак, чанд муддат аст, ки масъулияти раҳбарии “Маркази бунгоҳи тарҷума ва таҳияи адабиёти ҷаҳон”-ро ба зимма дошта, дар муддатзамони кӯтоҳе китобҳои “Чунин гуфт Зартушт”-и Ф. Нитше, “Буфи кӯр”-и Содиқ Ҳидоят, “Ба кӯдаке, ки ҳаргиз зода нашуд”-и О. Фаллачи, “Ин низ бигзарад”-и Ошо ва “Камбағалон”-и Толстойро ба нашр расонида, дастраси хонандагон гардонидаед. Ибтикороти омӯзандаи Шумо дар ин замина ҳамчунон идома доранд.

       Абдуҷалили Амон, бо истифода аз фурсати муносиб зодрӯзатонро шодбош гуфта, бароятон сиҳҳатӣ, тандурустӣ ва табъи саршори эҷодӣ таманно мекунем. Дар воқеъ, Шумо ифтихори мо ҳастед.

         Ҷашни мелод хуҷаста ва фархунда бод!

    

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2024

 

 

Хондан 2201 маротиба