Романи “Ҳайҷо”-и устод Урун Кӯҳзод аз нигоштаҳои нависандагони дигар, ки ба масъалаҳои ҳассосиятҳои замонӣ ва тасвири ҳаводиси таърихӣ ихтисос ёфтаанд, ба лиҳози решашиносии мушкилоти фикрӣ, вусъати эҷодӣ, талоши бозшиносии хислату харктери миллӣ, арзёбии мунсифонаи мушкилоти ҳувиятӣ ва баррасии уқдаҳои зеҳнию равонӣ мутафовит ва ҷолиб аст. Аз тарафи дигар, Урун Кӯҳзод як навъ мушикофона ва ақлбоварона ба таърихи миллӣ ва мушкилоти ҳувиятӣ бархурд мекунад ва сари хислати миллӣ тамаркуз менамояд, ки ин гуна тамаркуз ва таваҷҷуҳи махсусро ба масоили ҳассосу ҳувиятӣ дар осори дигар адибон кам мушоҳида мекунем. Романи “Ҳайҷо”-ро метавон асари ҷолиби бадеӣ, илмӣ-таҳқиқӣ, таърихӣ ва публитсистӣ номид ва муаллифи асар устод Урун Кӯҳзод дар ҳамаи ишора ва нукоту баррасиҳояш мушкилоти замонро мунсифона мадди назар қарор дода, барои исботи иддаоҳояш аз манобеи таърихӣ хуб истифода бурдааст. Аз ҳама муҳим, нависанда каму костиҳои фикрӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва мадании моро, ки дар маҷмуъ, характери миллиро шакл дода, боиси шикастҳои пайдарпайи тоҷик дар тули таърих гардидаанд, мувофиқи табъу завқу салиқа ва дидгоҳу биниши таҳлилӣ-интиқодиаш матраҳ мекунад ва сифатан тағйир додани зеҳну характери миллатро ба унвони талаботи меъёрӣ ва воқеияти зиндагӣ ба миён мегузорад. Ба ин маънӣ, романи “Ҳайҷо”-и устод Кӯҳзод дар фазои соҳибистиқлолии мо аз ҷумлаи нахустин асарҳои ҷомеъест, ки масъалаи калидии характери миллӣ ва тағйиру дигар кардани онро минҳайси мушкили меҳварӣ ба миён мегузорад ва сарчашмаи тамоми мушкилоту уқдаҳои миллию мардумиро, ки боиси озору шикастҳои ҳамешагии миллат шудаанд, ба заъфи характери миллӣ иртибот медиҳад. Воқеан, силсилаи мушкилоти рӯзафзуни мо бештар ба характер ва кайфияти ҳувияти мо бастагӣ доранд ва то зеҳну хислатро сифатан тағйир надиҳем ва камукостиҳои фикрӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва амсоли инҳоро решашиносӣ накунем, наметавонем ҳамчун миллати муваффақу сарбаланд арзи вуҷуд намоем. Устод Кӯҳзод ба мавзуи характери миллӣ ва ба истилоҳ, хислатпажӯҳӣ на танҳо дар романи “Ҳайҷо”, балки дар ҳикоёту қиссаву роману матолиби публитсистиаш ҳам таваҷҷуҳ мекунад. Масалан, устод Кӯҳзод дар маҷмуаи ахиран чопшудааш “Бурротар зи теғ” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.), ки 14 асари нависандаро фаро мегирад, бахусус, дар ҳикояҳои “Достони муаллим” (С.12-27), “Қатли китобҳо” (С.27-48), “Ҳикоёт аз таърихи адабиёт” (С.49-59), “Пули ларзон” (С.61-78), “Хомтамаъ” (С.79-82), “Ҳосили умр” (С.83-88), “Гудоз” (С.88-103), “Бурротар зи теғ” (С.103-111), повести “Гардани ғам бишканед” (С.111-152), романи кӯтоҳи “Дар ҳасрати кори ҳалол” (С.153-203) ва се мақола-матлаби публитсистии “Садриддин Айнӣ” (С.204-215), “Ваҳдати сиёсат ва адабиёт” (С.215-222), “Фарҳанги ватандорӣ” (С.222-238) мавзуи характери миллӣ ва ислоҳи камбуду навоқиси руҳию равонии миллатро, ки асрҳо боиси шикасту забунии мардум гардидаанд, пажӯҳишу бозрасӣ мекунад ва бар мабнои донишу таҷрибаву мушоҳидаҳои шахсӣ сабабу иллатҳои пойин рафтани зеҳниёту ҳувияти миллиро ҷустуҷӯ ва роҳҳал пешниҳод менамояд. Махсусан, аз забони қаҳрамонони ҳикояву асарҳояш мекӯшад, ки иллати зуҳури разоили ахлоқию буҳрони ҳувиятиро, ки миллатро тайи таърихи тӯлонӣ ба нокомию бедавлатиҳо, шикасту сархамиҳо, хорию забуниҳо ва бегонапарастию беҳувиятиҳо мувоҷеҳ кардаанд, бозгӯ сохта, роҳро барои ҳалли мушкилоти фикрию равонию зеҳнӣ ҳамвор намояд. Ба ин тартиб, иқдому ташаббусоти нависанда дар самти бедории фикрӣ ва кӯшиши ислоҳи вазъи рӯҳию равонии ҷомеа на танҳо дар романи “Ҳайҷо” ва маҷмуаҳои дигари ӯ, балки дар матолиби публитсистии вай, минҷумла мақолаҳои “Садриддин Айнӣ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.204-215), “Ваҳдати сиёсат ва адабиёт” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.215-222) ва “Фарҳанги ватандорӣ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.222-238) низ равшану возеҳ ба назар мерасанд. Устод Кӯҳзод чун табиби ҳозиқи руҳшинос дар асарҳояш мушкилоти фикрӣ, ҳувиятӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва мадании тоҷикро як навъ ташхис ва ба истилоҳ, диагностика карда, барои шинохти силсилаи мушкилоту муаммоҳои рӯзгори миллат, ҳамзамон пайдо кардани роҳҳалҳои муассир аз забони қаҳрамононаш пурсишу посухоти ҷолиб манзур намуда, зеҳни хонандаро фаъол сохтааст. Тасаввур кунед, ки агар соири нависандагону адибони муосири ватанӣ дар пайравии устод Кӯҳзод сари масоили ҷиддии ҳувиятӣ ва ба истилоҳ, доғи рӯзгори мо тамаркуз мекарданд, бетарафию фориғболию фурсатталабиро канор зада, дар роҳи ташхиси мушкилоти ҳувиятӣ ва уқдаҳои фикрӣ дастҷамъона ҷаҳду талош меварзиданд, фарҳанги миллӣ гул мекард ва сатҳи худкифоии фикрӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ боло мерафт. Мунтаҳо, имрӯз адабиёти миллӣ ба шахсиятҳои миллии пурҷасорате назири устод Кӯҳзод ниёз дорад ва бовар дорем, ки насли миёнсолу ҷавони адибони миллӣ ибтикороти устодро дар заминаи баррасии мушкилоти зеҳнию равонӣ ҳадафмандона идома бахшида, дар роҳи раҳойии миллат аз фақри фикрӣ, буҳронҳои ҳувиятӣ ва хурофоту таассуби динию дунявӣ қадамҳои устувор бармедоранд. Воқеан, вуҷуду ҳузури устод Урун Кӯҳзод дар фазои адабиёту фарҳанги миллӣ ва муҳити мадании ватанӣ боиси ифтихор аст. Зодрӯз фархундаву хуҷаста бод, устоди гиромӣ!
Маҳфили “Ҷаҳони андеша”
шаҳри Душанбе,