JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 20 Феврали 2024 06:32

Туро шаъну шукӯҳи ин Ватан, оре, ҳадаф бошад!

Муаллиф:

 (Паёми шодбошӣ ба ифтихори мелоди адабиётшинос, андешаманд, равшанфикри миллӣ ва меҳанпарасти воқеӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода)

   Имрӯз – 20 феврал, дар арафаи ҷашни Артиши миллӣ адабиётшинос, андешаманд, равшанфикри миллӣ ва меҳанпарасти воқеӣ устод  Ҷамолиддин Саидзода зодрӯз доранд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.

 Устод Ҷамолиддин Саидзода дар баробари таҳқиқу пажӯҳиш ба тадрису таълими насли наврасу ҷавон машғул шуда, тайи умри азиз шогирдони зиёдеро дар рӯҳияи меҳанпарастию миллатдӯстӣ ва озодандешию хирадбоварӣ тарбият намудааст. Ба сухани дигар, устод он чи ки тайи имтидоду фосилаи замонӣ аз тариқи мутолеаи бардавоми мероси гаронмояи миллию башарӣ шинохта ва маърифат кардааст, ба шогирдону ихлосмандони адабиёту фарҳанги миллӣ бедареғ ҳадя намуда, бад-ин васила ҷаҳони фаҳмишу биниши насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикро рангину мутанаввеъ сохтааст.

 Нуктаи меҳварии омӯзишу пажӯҳиш, таълиму тадрис, муколимаву гуфтугӯ ва таблиғу ташвиқи устод Ҷамолиддин Саидзода бедории фикрӣ ва тақвияти руҳияву ҳувияти миллӣ мебошад, ки дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан арзёбӣ мегардад. Бо итминон метавон арз дошт, ки устод Ҷамолиддин Саидзода сермутолеатарин, фаъолтарин ва сермаҳсултарин шахсияти миллӣ дар муҳити муосири ватанӣ ба шумор меравад.

 Кулли  осори адабӣ ва таҳқиқии устод Ҷамолиддин Саидзода даври масоили калидии меҳанпарастӣ, мардумсолорӣ, озодманишӣ, адабпарварӣ ва ҳувиятсозии миллӣ чарх мезананд. Аз ҳама муҳим, устод умре дар заминаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва моҳияти ҳувиятии ин асари безаволи миллӣ пажӯҳиш карда, ҳосили мутолеоту баррасиҳояшро дар чандин маҷмуаҳо ва монографияҳои алоҳида ба нашр расонидааст. Вай ҳамеша дар ҳама нутқу гуфтугӯҳо ва гузоришу суханрониҳояш бар мабнои таъкиду паёмҳои Фирдавсӣ, ки дар “Шоҳнома” инсиҷом ёфтаанд, бар он ишора мекунад, ки дар шароити тезу тунд шудани бархурдҳои тамаддунӣ, буҳронҳои фикрию ахлоқӣ ва танишҳои ақидатӣ ҳувияти миллиро метавон аз тариқи пахшу нашри осоре шоҳномагуна таҳкиму тақвият бахшид. Бо таваҷҷуҳ ба ин, устод Саидзода ду соли қабл китоби муфассалеро таҳти унвони “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” (муфассал нигаред: Саидзода Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. -574 саҳ.) ба чоп расондааст, ки дар 3 муҷаллад ё китоб – Китоби якум “Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист?” (ниг.: Саидзода Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.4-99), китоби дувум “Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома” ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ” (ниг.: Саидзода Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.101-298), китоби севум “Фирдавсӣ – шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ” (ниг.: Саидзода Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.299-570) гирдоварӣ шудааст. Иқдомоте, ки устод Саидзода дар заминаи шоҳномашиносӣ ва фирдавсипажӯҳӣ пеш гирифтааст, ба шахсияти матраҳи миллӣ ва билохира фидоӣ будани ӯ далолат мекунад.

  Устод Саидзода тайи фаъолияти педагогӣ, адабӣ, илмӣ, пажуҳишӣ, эҷодӣ ва маданӣ як аслу ҳадаф – боло бурдани сатҳи худогоҳию хештаншиносию шуури сиёсӣ ва аз ин тариқ тағйир додани зеҳниёти насли ҷомеа дар заминаи сохтусози ҳувияти рақобатпазири миллиро дунбол карда, то имрӯз дар ин ҷодаи мушкилписанди рӯзгор бардамона гом бармедорад. Устод то он дараҷа пуркору сертараддуду пурэжнержӣ аст, ки ҳамарӯза аз тариқи барномаҳои телерадиоӣ ва матбуоти даврии ватанӣ сари мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ки бо ин ва ё он васила ба ҳувияту бедории миллӣ иртибот доранд, тамаркуз намуда, дар таблиғу муаррифии фарҳанги аҷдодӣ ва давлатдории дунявӣ саҳми шоиста мегузорад. Аз тарафи дигар, масъулину дастандаркорони барномаҳои телерадиоию матбуотӣ аз ҳайсияту шахсияти адабию мадании Саидзода хуб огоҳ буда, дидгоҳу мавқеияти миллиашро зиёд меписанданд, бинобар ин, ғолибан ӯро ба муколимаю мусоҳибаҳо ва суҳбату гуфтугӯҳои ихтисосӣ даъват мекунанд. Дар зимн, суҳбату гуфтугӯҳои телерадиоии устодро мардуми шарифи Тоҷикистон зиёд меписанданд ва эҳтиромаш мекунанд. Ин аст, ки устод дар доираҳои мардумӣ ҳам аз эҳтирому эътибори баланд бархурдор аст.

   Воқеан, устод аз зумраи чеҳраҳои камназири миллатанд, ки ҳасту будашро ба хотири расидан ба аҳдофи миллӣ сарф кардаву мекунад. Мо дар симои устод Ҷамолиддин Саидзода андешаманди ватанӣ, меҳанпарасти воқеӣ ва равшангари миллиро мебинем, ки ба вазъи сиҳатӣ ва мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири таҳкими раванди огоҳӣ, бедорӣ, миллатсозӣ, дунёмадорӣ ва давлатсолории миллӣ устуворона қадам бармедорад. Маҳз аз тавонмандиҳои фикрию эҷодӣ ва илмию ихтисосии чунин  равшангарон ҷомеаи тоҷик  ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихорофаринии миллӣ дар минтақа мегардад.

   Аз фурсат истифода бурда, зодрӯзи ин марди шарифи миллӣ -- устод Ҷамолиддин Саидзодаро шодбош гуфта, барояш саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, болидарӯҳӣ, ҷуръату ҷасорати мудавоми илмию эҷодӣ ва иҷтимоию маданиро таманно мекунем.  

        Зодрӯз муборак ва хуҷаста, устоди фарзона Ҷамолиддин Саидзода!

 

 Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 20 феврали 2024

 

Хондан 2057 маротиба