JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 04 Феврали 2024 05:41

Номовари Ватан (Шодбоши ба ифтихори мелоди донишманди ҷавон ва ояндадори миллӣ Номвари Қурбон)

Муаллиф:

 Номвари гиромӣ,

   Шумо аз ҷумлаи нодиртарин ҷавонони миллат маҳсуб мешавед, ки бо неру ва қудрати баланди фикрию эҷодӣ дар  хидмати илму фарҳанги кишвар камари ҳиммат барбастаед. Новобаста аз синни ҷавонӣ миёни доираҳои илмию фаннӣ, ҳавзаҳои мадани ва муҳити иҷтимоии ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидаед. Бо такия ба илму дониши зинда ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ китобу мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр карда, аз ин тариқ дар рушди илми ватанӣ саҳми муносиб гузоштаед.

  Серҳаракатӣ ва тавонмандии Шуморо мушоҳида карда, гоҳу ногоҳ мутааҷҷибона худ ба худ суол мегузорем, ки Номвари Қурбон ин ҳама энержиро дар ин синни ҷавонӣ аз куҷо дармеёбад, ки дар ҳама кор дастболост ва ба ҳама умур сари вақт расидагӣ мекунад? Розу сирри ҳама ташаббусоту ибтикороти Номвар дар шахсият ва ҳайсияти худи ӯ ниҳон аст: ҳамеша сари кор аст; ҳангоми қадамзанӣ ҳам дар ҳоли  тамрини фикрию эҷодӣ қарор мегирад; тамрини ҷисмонию равониро дар рӯзгори шахсӣ ва ихтисосӣ тавъам кардааст; аз мушкилоти рӯзафзуни рӯзгор сари мӯйе тарс надорад; дар таълифи мақолаву матолиби илмию ихтисосӣ ва фарҳангию маданӣ маҳорати фавқулода дорад; дилхоҳ матолибро равшану зебо менависад ва фасеҳу равон баён медорад; дар донистани илмҳои табиию риёзӣ ва мундариҷоти илмҳои фалсафӣ моҳир аст; бар мабнои ҷаҳонбинии фалсафӣ ва мавқеияти илмӣ сухан мегӯяд ва мақола менависад; мавқеъгириҳои илмии ӯ боиси ҷойгоҳ ва мақоми шоиста пайдо карданаш миёни олимони ҷавони минтақа гардидааст; новобаста ба синни ҷавонӣ ва таҷрибаи илмӣ то имрӯз дар садҳо конфронсу ҳамоишҳои илмии хориҷӣ ширкат варзида, тавассути гузоришоти илмӣ аз илми ватанӣ намояндагӣ кардааст; узви чандин маҳфил ва нишастҳои илмию фарҳангии минтақавӣ мебошад ва ба василаи ширкат ва суханрониҳо сатҳи дониш ва биниши худро боло мебардорад; барои пойдории низоми дунявӣ ва дифоъ аз ҷомеаи секулорӣ ҳамеша талош меварзад; дар роҳи мубориза бо хурофоту таассуб дар ҳар шакле устувор аст; бо мавқеъгирию изҳориназарҳои ҷолиби матбуотию телерадио ва расонаӣ миёни ҷомеаи расонаии ватанӣ соҳибобрӯ мебошад; масъулияти тартибу танзим, чопу нашр ва фароҳамсозии маводи чандин маҷаллаи ихтисосиро бар уҳда дорад; ҷавони зиндадил ва оянданигар аст, рӯшангарӣ ва хираддовариро ба унвони меъёри зиндагии хусусӣ ва ҷамъӣ талаққӣ мекунад... Хулоса, Номвар номовар ва номвари миллати мост ва мутмаинем, ки ин ҷавони бо донишҳои муосири фалсафию  илмӣ мусаллаҳу мусаллати тоҷик дар ҷомеаи илмию мадании миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоистаю боистаи хешро пайдо менамояд. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи илмию мадании мо ба ин навъ шахсиятҳои ҷавону пурэнержии миллӣ сахт ниёз дорад.

 Номвари гиромӣ, аз фурсати муносиб истифода намуда, зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, маданӣ, ташкилӣ ва илмию эҷодиатон муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем ва ду мувашшаҳи мухтасарро чун ҳадяи дӯстона тақдиматон медорем:

 

            Номовариву номварӣ пешаи туст,

            Оромиши мардумӣ сарандешаи туст.            

            Мавқеи сукути гургу рӯбоҳу шағол

            В-аз тарси паланги хуфта дар бешаи туст.

            Аз реша хирадбоварӣ, ай марди ҷавон

            Рӯшангарӣ дар реша – патакрешаи туст!

 

            Номи ту садри маҳфили номоварони мост,

            Ойинаи муҳаббати меҳрофарони мост.           

            Марзи Ватан, салобати дарёву сахраҳо

            Вобастаи шаҳомати ҳадду карони мост.

            Асрори коиноту Раҳи Каҳкашони даҳр

            Рози давоми зиндагии ҷовидони мост!

 

           

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе,

4 феврали соли 2024

 

Хондан 1417 маротиба