JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Имрӯз (25.01.2023) қалби яке аз олимони шинохта адабиётшинос ва эроншинос, доктори илмҳои филология, узви вобастаи АМИТва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз тапидан боз монд. Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” аз марги нобаҳангоми шарқшинос, эроншинос, адабиётшинос ва матншиноси муосири миллӣ Устод Мирзо Муллоаҳмад сахт андӯҳгин гардида ба хешу ақрабо, ёрону дӯстон, ҳамкорону ҳампешагон ва кулли ақоламандону ихлосмандони шахсияти марҳум таслият арз медорад. Зиндагиномаи Устод: Мирзо Муллоаҳмад, соли таваллудаш 1948, миллаташ тоҷик аз соли 1969 то имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Дар ин муддат ӯ дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурд ва калони илмӣ,…
(Паёми табрикӣ ба муносибати зодрӯзи дӯст ва бародари хирадманду хирадсолор, донишманди фарзонаву фарҳехта ва шахсияти миллатдӯсту меҳанпараст Назрӣ Асадзода) Дӯсти хирадманду хирадсолор, бародари азизу гиромиқадр, марди ростқавлу поквиҷдон ва шахсияти соҳибназару андешаманд, Устод Назрӣ Асадзода,
Дар бораи фаъолияти олими муътабар Суҳроб Шарипов бисёр навиштаанд. Зеро номбурда дар дилхоҳ мақоме, ки фаъолият дошт, худро шахси ботаҳаммулу кордон, далеру нотарс нишон дода буд. Ӯ баробари ба омӯхтани таърихи гузаштаи халқи худ машғул будан, роҳу равиши фаъолиятро бо назардош­ти пешрафти ҷомеа ҷустуҷӯ мекард. Сохти нави ҷамъиятӣ ва воқеияти солҳои 90-уми асри ХХ нишон дод, ки кишварамон вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маҷрои нав дошта бошад ва тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он таҳия шавад.
19 январи соли 2023 аз даргузашти муҳаққиқ ва сиёсатмадори тоҷик шодравон Суҳроб Ибронович Шарипов 8 сипарӣ мегардад. Бо вуҷуди умри кӯтоҳи пурфайзи худ доктори илмҳои сиёсӣ Суҳроб Шарипов дар рушди афкори фалсафӣ-иҷтимоӣ дар фазои илмиии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, мероси илмии ӯ барои рушди минбаъдаи илмҳои ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафа заминаи бунёдӣ маҳсуб меёбад. Суҳроб Шарипов яке аз аввалин муҳаққиқоне дар Тоҷикистон аст,ки ба масъалаҳои мубрами фалсафаи сиёсӣ машғул гардида, монография ва мақолҳои илмӣ эҷод намудааст.