JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 29 Октябри 2023 07:50

Куруши Ҳахоманишӣ - симои ифтихорофарини миллӣ (чанд андеша дар ҳошияи Рӯзи ҷаҳонии Куруши Бузург)  

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Ҳамасола  доираҳои сиёсӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ 29 октябрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Куруши Бузург таҷлил мекунанд ва дар ин рӯз, ки акнун дар муҳитҳои мадании мо ҳам марсум шудааст, чорабиниҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ- фароғатӣ доир мегарданд. Дар Тоҷикистони азиз бо ибтикори раҳбарияти олии кишвар Боғи фарҳангӣ-фароғатии вежае ба исми Куруши Бузург ихтисос ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи фароғатгоҳ пайкараи бошукӯҳи ин шоҳаншоҳи маъруфи таърихӣ қомат афрӯхтааст, ки ин иқдом аз маҳбубияти миллати тоҷик ба чеҳраҳои мондагори сиёсию давлатӣ ва ҳамчунин симоҳои матраҳи фарҳанги бузурги аҷдодӣ дарак медиҳад. Дар зимн, 13-14 октябри соли ҷорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури доираҳои илмию фарҳангии ватанию хориҷӣ Ҳамоиши байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” баргузор гардида, шомгоҳи рӯзи 14 октябр маросими пардабардорӣ аз тандиси Устувона-Маншури Куруши Бузург бо шукуҳу шаҳомати хосса доир шуд. Мутаассифона, нафарони хеле кам дар ин чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ширкат варзиданд, ҳол он ки теъдоди хеле зиёди мардумро дар ин гуна маҳофил интизор будем. Шояд табақоти маданӣ-маърифатии ҷомеа аз чунин чорабиниҳо огоҳ набуданд. Ин аст, ки дар рекламаи чунин чорабиниҳо андак фориғболӣ ҳам кардем. Бо вуҷуд, баргузор кардани ин гуна чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ки бо номи бузургони сиёсату давлатдорӣ ва фалсафаву фарҳангсолорӣ алоқаманданд, пеш аз ҳама, маънои эҳтиром ба мероси бузурги фарҳангӣ ва миллати куҳанбунёди тоҷикро далолат мекунад.

  Мусаллам аст, ки Куруши Бузург дар таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании форсу тоҷик мақом ва ҷойгоҳи арҷманде дорад ва ба сифати қофиласолори сиёсат ва давлатдории миллӣ муаррифӣ шудааст.  Муҳимтар аз ҳама, хонадони Ҳахоманишӣ дар таърихи сиёсӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ақвоми ориёӣ ҷойгоҳи вежа дорад. Ин сулола бо номи Куруш пайванди зотӣ, мазмунӣ ва мундариҷавӣ дорад. Бо таваҷҷуҳ ба Рӯзи ҷаҳонии Куруш ва хадамоти бузурги сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию мадании ӯ, тасмим гирифтем, чанд нуктаи иҷмолӣ ироа намоем:

Якум. Куруши Бузург минҳайси фарҳехтатарин чеҳраи сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, қабл аз ҳама, дар шаклгирии давлатдории миллӣ ва ҳамагир шудани сиёсати фарҳангӣ нақши калидӣ доштааст.  Афзун бар ин, аз ӯ то имрӯз ба унвони шахсияти матраҳ ва бузурги сиёсию давлатӣ тавсифу тамҷид кардаанд. Ба ин маънӣ Курушро “марде бузург ва нобиғае сутург” (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1368. С. 250),  “муассиси  силсилаи  шоҳони бузург” (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1365. С. 408), “падари меҳрубони мардум”, “баландназару муаддаб” (ниг.: Ҳеродот. Таворих. Теҳрон (бидуни соли нашр). С. 81), “ҳабиб ва расули барҳақи Худо” (ниг.: Маҳдӣ Муҳаммад Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ. -Теҳрон, 1379. С.92)  номидаанд. Маҳз ба шарофати ташаббусоту ибтикороти сиёсию мадании Куруш илму фарҳанги иронитаборон ба ҷуғрофиё ва қаламравҳои гуногуни ҷаҳонӣ интиқол ёфта, байни ақвоми мухталиф равобити сиёсию фарҳангӣ таҳкиму густариш пайдо кардааст (ниг.: Ҳақиқат Абдуррафеъ. Таърихи улум ва фалсафаи эронӣ. Теҳрон, 1372. С. 79).

Дуюм. Яке аз масоили муҳим дар ҳамаи низомҳои пешрафтаи сиёсию давлатӣ тарбияти табақоти гуногуни инсонӣ маҳсуб мешавад ва ин масъала ҳамеша дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор мегирад. Дар замони Куруши Бузург таваҷҷуҳ ба таълиму тарбияти насл яке аз мушаххасоти давлатӣ ва сиёсати маданӣ ба шумор мерафтааст. Ба ин маъно, муҳаққиқи эронӣ Алӣ Сомӣ таъкид мекунад, ки Модҳо, Порсҳо ва Ҳахоманишиҳо дорои сифоти ахлоқӣ, малакоти фозила ва тарбияти саҳеҳ буда, қишру табақоти гуногуни иҷтимоӣ, бахусус ҷавонон ба самти парваришу тарбият ҷалб мешуданд (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368. С. 260). Тибқи маълумоти муҳаққиқон, зиндагӣ дар Эрони Ҳахоманишӣ бештар рўйи равиши тарбиятӣ устувор будааст. Навниҳолон ва навҷавононро аз рўзи нахустини зиндагӣ ба корҳои барои ҷомеаашон зарур одат мекунонданд. Барномарезиҳои тарбиятӣ, ки бар мабнои мушаххасоти бунёдии  “пуркорӣ, бурдборӣ, солимӣ ва озодагӣ” устувор будаанд (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368. С. 260), дар партави меҳр, хирад, ростгўйӣ ва адаолатпешагӣ роҳандозӣ  мешуданд.

Севум. Шогирди Афлотун Ксенофонт барои навиштани рисолае дар ахлоқи ҳакимона аз зиндагии Куруш истифода бурда, мушаххасоти сиёсӣ, раҳбарӣ, тарбиятӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии Куруши Кабирро  мавриди таҳлил ва тавсиф қарор медиҳад. Китоби ў бо номи “Серупади” (Киропедия-Тарбияти Куруш)» ё “Курушнома машҳур аст ва дар он Ксенофонт аз пружаҳои тарбиятию маърифатии замон ёдовар мешавад, ки бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи Куруш роҳандозӣ гардида, ҷомеаи вақтро ба сӯйи рушду тараққӣ савқ додаанд (ниг.: Ксенофонт. Курушнома. Теҳрон, 1350. С.4-5). “Курушнома-и   Ксенофонт намунае аз андарзномаҳои бостонӣ аст, ки илму фарҳанги қадимаи Эронро дар худ мунъакис карда (ниг.: Дяконов А. Таърихи Мод. Теҳрон, 1345. С. 40), нақши Куруши Бузургро ҳамчун бавуҷудорандаи муҳиту фазои мусоиди сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию маданӣ бузург ҷилва медиҳад. Ҳамчунин, падари таърих  Ҳеродот ба илму фарҳанг пайванд будани мардумро дар аҳди Ҳахоманишҳо хотирнишон сохта, дар рўҳияи хирадварзӣ, инсонсолорӣ ва ростгўйӣ тарбия намудани ҷавонони эрониро аз асолатҳои ин хонадони таърихӣ донистааст (ниг.: Ҳеродот. Таворих. Теҳрон (бидуни соли нашр). С. 99-101).

         Чаҳорум. Дар Эронзамин бузургтарин шоҳе, ки мақоми баланди сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ доштааст, Куруши Бузург будааст. Ин мақомро, пеш аз ҳама, ба ў шахсияти муқавои сиёсию фарҳангиаш ато намудааст. Ҳатто душманонаш  ба ў эҳтиром доштанд ва аз нармӣ, инсондўстӣ ва гузашти ў ёд кардаанд (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1365.  С. 408).  Сахтгирӣ дар баробари душмани бедодгар ва нармӣ дар баробарӣ мардуми сарзаминҳои ишғолгардида аз вежагиҳои ҳувиятӣ ва давлатмадории Куруш будаанд. Ба доди мардуми мазлум расидан ва дар ҳоли дармондагӣ дасти бечорагону мазлумонро гирифтан аз фазилатҳои сиёсӣ ва ахлоқии Куруш маҳсуб мешудаст. Аз адолат ва ҷасорати Куруш, бавежа  аҳли яҳуд бахубӣ  ёд кардаанд. Дар ин замина, муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки дар соли 587 пеш аз милод тавассути Бахтуннаср -- подшоҳи Бобил тасарруфи Уршалим ва вайронии маъбади Сулаймон, ҳамчунин куч додани дастаҷамъии яҳудиён ба Бобил оғоз шуда, ин раванд то соли 539 пеш аз милод идома ёфтааст. Дар ин сол (соли 539) императории Бобил ба дасти порсиён мунқариз шуд ва Куруш – подшоҳи Ҳахоманишӣ фармони озодии ҳама ақвоми асир, минҷумла асирони яҳудӣ ва бозгашти ононро ба кишварҳояшон содир кард ва аз ин таърих сарзамини Фаластин, ки ҷузви императории Бобил буд, ба сурати яке аз қаламравҳои шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ даромад. Қавми яҳуд тайи 200 соле, ки сарзамини Исроил таҳти ҳукумати мустақими Ирон қарор дошт, ошноии бештаре бо бовару эътиқодоти зардуштӣ пайдо кард ва бад-ин тариқ маҷмўаи эътиқодоти зардуштӣ дар китоби Таврот инъикос ёфт (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. С.51). Дар бобҳои гуногуни Узро ва Ашъиёи китоби муқаддаси яҳудӣ -- Таврот (Аҳди атиқ) дар бораи фармони Куруш мабнӣ бар озодии яҳудиён ишораҳое дар даст аст, аз ҷумла тазаккур ёфтааст: “Худованд рўҳи Куруш подшоҳи Порсро барангехт, то дар тамомии мамолики худ фармоне содир кунад ва бинависад. Куруш подшоҳи Форс чунин мефармояд, ки Яҳва – Худои осмон маро чунин фармудааст, ки хонае дар Уршалим, ки дар Яҳудо аст, бино намоям. Пас, ҳамагӣ бархоста ва равон шуданд, то хонаи Худовандро бино намоянд. Ва Куруши подшоҳ зуруфи хонаи Худовандро, ки Набукаднаср (Бахтуннаср) онҳоро аз Уршалим оварда буд ва дар хонаи худ гузошта буд, берун овард ва ба раиси яҳудиён супурд” (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. С.51-52). Ин аст, ки Куруш ҳамчун сиёсатмадор ва давлатдори донову оқил ва боадолату додвар миёни ақвоми мухталиф аз эҳтиром ва манзалати баланд бархӯрдор буд.

Панҷум.  Дар зимн, шоҳони ҳакиму донишманд дар фарҳанги миллӣ пеш аз Куруши Кабир дар шакли устуравӣ вуҷуд доштанд  ва бо омадани ин шаҳриёри ҳушманд илму маорифи миллӣ аз афсона ба ҳақиқат бадал шуда, раванди тарбиятии  ҷомеаи аҳди Ҳахоманишӣ таҳкиму тақвият ёфт. Ба ин маънӣ,  аҳди Ҳахоманишиён, хосса замони салтанати  Куруши Кабир беҳтарин давраи инкишофи давлатдории миллӣ ва густариши сиёсати маданӣ ба шумор меравад. Куруш ҳатто дар ҳар минтақае, ки таҳти тасарруф ва пуштибонӣ қарор медод (аз ҷумла Бобил), дар баробари ба вуҷуд овардани фазои сулҳу оромиш, барномаҳои парваришӣ, тарбиятӣ ва маданӣ роҳандозӣ менамуд, то ин ки мардум аз саводу маърифат бебаҳра намонанд. Ба ин тартиб, асос ва мабонии демократия ва мардумсолориро Куруши Бузург нахуст заминагузорӣ кард ва ба наслҳои баъдӣ мунтақил кард. Махсусан, интишори Маншури ҳуқуқи башари Куруш ду ҳазору панҷсад сол пеш навишта шуд ва то 63 соли пеш (то соли 1948 – марҳилаи поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум)  танҳо Маншури ҳуқуқи башар дар ҷаҳон буд. Соли 1971 мақомоти марбутаи СММ Маншур-Декларатсияи Курушро ба унвони санади калидии низоми мардумсолорӣ ба тамоми забонҳои расмии дунё тарҷима ва паҳн менамояд. Гузашта аз ин, раисҷумҳури севуми Амрико Томас Ҷеферсон пешзаминаи Конститутсия ва Қонуни асосии Амрикоро дар асоси меъёрҳои сиёсию ахлоқии Маншури Курушӣ таҳия мекунад. Муҳимтар аз ин, дар номае, ки ба наберагонаш вогузоштаст, Томас Ҷеферсон васият мекунад, ки наберагонаш забону адабиёти юнонию лотиниро аз худ намуда, нахуст китоби “Курушнома”-и Ксенофонро омӯзанд. Таваҷҷуҳ ба “Курушнома”-и Ксенофонт, ки аз аслу меъёрҳои сиёсӣ, шахсиятӣ, ҳувиятӣ ва тарбиятии Куруши Кабир дарак медиҳад, ба он маъно будаст, ки насли ояндаи амрикоиҳо принсип ва мабонии демокросӣ ва мардумсолориро бояд аз реша шиносанд. Ин аст, ки иронитаборон таҳти раҳбарии оқилона ва хирадмандонаи Куруш ҳазорсолаҳо пеш системаи хирадгаройи мардумсолорро поярезӣ карданд, роҳу равиши зиндагии иҷтимоии мутамаддин, намунаи инсони такомулёфтаро арза намуданд ва дақиқан, ду ҳазору панҷсад соли пеш ҳуқуқи табиии инсон ва таҳаммули дигарандеширо ба ҷомеаи башарӣ ҳадя доданд (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.21).  

Шашум. Таъмини зиндагии осоишта ва шоиста дар раъси сиёсатгузориҳои Куруши Кабир қарор доштааст ва Маншури ӯ бар мабнои ғояҳои башарӣ ва меъёрҳои низоми мардумсолорӣ таҳия гардидааст. Куруш вазъи  тасаллути Бобилро тасвир намуда, дар банди 24-и Маншур мефармояд: “Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобил шуд. Нагзоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд”. Дар банди 26 аз ибтикороти созандаи худ таъкид мекунад: “Ман бардадориро барандохтам. Ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши Худойи худ озод бошанд ва ононро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеч кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад” (ниг.: Толеъ, Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Лангруд: Самарқанд, 1382. С.317). Дар банди 32  Куруш аз озодии виҷдон, ки шарти асосии низоми демокросӣ ва мардумсолорӣ маҳсуб мешавад, сухан ба миён меоварад. Ӯ аз таъмини озодиҳои инсонӣ ва виҷдонӣ дар қаламрави таҳти тасарруф қарордодааш сухан ба миён оварда, минҷумла мефармояд:  “Фармон додам, ҳамаи ниёишгоҳҳоеро, ки баста шуда буданд, бикшоянд. Ҳамаи худоёни ин ниёишгоҳҳоро ба ҷоҳҳои худ бозгардондам”.  Ба ин тартиб, дар банди 36-и Устувона-Маншур (Декларатсия)-и худ Куруш рисолати сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданиашро ин тавр ҷамъбаст мекунад: “Бегумон, дар рӯзҳои созандагӣ, ҳамагӣ мардуми Бобил подшоҳро гиромӣ доштанд ва ман барои ҳамаи мардум, ҷомеае ором омода сохтам ва сулҳу оромишро ба тамомии мардум арзонӣ доштам(ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Лангруд: Самарқанд, 1382. С.318).

Ҳафтум. Куруш ба унвони шоҳи доно ва зирак хуб дарк мекард, ки тарбияту парвариш ҷараёни инсонсозист ва ҳар давлат бо роҳандозӣ намудани барномаҳои сиёсию мафкуравӣ ва тарбиятӣ ҷомеаи босаводу мутамаддин сохта метавонад.  Ислоҳоти сиёсию мадании Куруш, ки дар Маншур ва ибтикороти ӯ мунсаҷим шудаанд, ба хотири эҷоди як ҳукумати неруманду фарогири миллию фарҳангӣ  сурат гирифтанд. Махсусан, тарбияти сиёсию мафкуравӣ ва ахлоқию маданӣ раванди декмокросӣ ва мардумсолориро таҳкиму тақвият мебахшад ва роҳро барои таҳаввулу тараққӣ ҳамвор месозад. Беҳуда нест, ки яке аз мутафаккирони бузурги асри бист Бетран Рассел  эътиқодманди ислоҳоти бунёдӣ ва асосии иҷтимоӣ буд ва омӯзишу парвариш, яъне маорифро ба унвони роҳкори ҷиддӣ дар заминаи “инсонсозӣ” ва пешрафту тараққӣ медонист. Вай андеҳашояшро дар ин маврид дар китоби “Омӯзишу парвариш ва назми иҷтимоӣ” баён доштааст (ниг.: Шаш инсони мубориз. Сатр, Рассел, Маркс, Волтер, Ленин, Ганди. Гирдоваранда ва мутарҷим: доктор Аҳмади Иронӣ. Чопи севум. Лос- Анҷелес: Нашри Корун, 1375. С.21 Манбаи электронӣ: www. KetabFarsi. com). Бо таваҷҷуҳ ба ин, Куруши Бузург, воқеан, симо ва чеҳраи истисноии сиёсӣ, давлатӣ ва маданӣ будааст ва аз ӯ ифтихор бояд кард. Дигар ин ки миллати мо аз мактабҳои бузурги парваришию тарбиятӣ, минҷумла суннати давлатдорию мардумсолории Куруши Бузург сабақ гирифтааст ва бар асоси анъанаву ойинҳои бостонии давлатмадорӣ ва ҳавзаҳои фикрии мудерну имрӯзӣ метавон як барнома-пружаи хуби тарбиятӣ дуруст кард ва бад-ин минвол дар ҷараёни давлатдории миллӣ ва густариши сиёсати маданӣ саҳми муносиб гузошт.

Ҳаштум. Воқеан, Куруш ва фарҳанги Курушӣ манбаи ифтихорофаринии миллист ва махсусан, дар шароити имрӯзаи бархурдҳои сиёсию мафкуравию тамаддунӣ истифода аз ном, кору пайкор ва барнома-пружаи сиёсӣ-мадании ин сиёсатмадори истисноии давлатмадории аҷдодӣ ба манфиати мост. Дар дунё миллиятҳои зиёдеро метавон ном бурд, ки аз ҳеҷ таърих, шахсият ва ному насаб месозанд, афроди беному гумноми худро дар қолиби барномарезиҳои сиёсӣ-мафкуравӣ чеҳрасозӣ мекунанд, аммо мо, мутаассифона, дар самти шинохт, муаррифӣ, чеҳрасозӣ ва ифтихорофаринӣ, ки аз ҷумлаи мушаххасоти политтехнологияи муосир маҳсуб мешаванд, саҳлангорӣ менамоем ва ба ин тартиб, аз корвони сиёсию мафкуравию маданӣ ақиб мемонем. Бо таваҷҷуҳ ба ин, таҷлили ҷашну рӯзҳои шахсиятҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Куруши Бузург бо ҳузури фаъоли ҷомеаи маданӣ ва доираҳои илмию фаннӣ амру муқтазиёти замонист.

Рӯзи ҷаҳонии Куруши Бузург муборак!

        Нозим Нурзода

        пажуҳишгар

 

Хондан 1298 маротиба