JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 04 Октябри 2023 09:28

Хотироти Парвона Баҳор дар бораи падараш Маликушшуаро Баҳор ва бузургони дараҷаи аввали адаби Эрон

Муаллиф: Сируси АЛИНАЖОД

  Матлабе, ки пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад, навиштаи рӯзноманигори маъруфи Эрон Сируси Алинажод аст, ки 12 январи соли 2004 дар роёнаи радиои БиБиСи (ВВС) зери унвони “Ба баҳонаи интишори китоби “Мурғи саҳар”, зиндагии риққатбори устодони дараҷаи аввали адабиёт” мунташир шудааст. Ин мақола аслан тақризи Сируси Алинажод аст, ба китоби ёддоштҳои Парвона Баҳор, духтари Маликушшуаро Баҳор дар бораи рӯзҳои вопасини зиндагии падараш, ки онро соли 1382 (2004 м) интишороти  “Шаҳоб” дар 284 с. ба чоп расонидааст. Муқарризи китоб зимни баррасии асар дар бораи зиндагии бетакаллуф ва то ҳадде қашоқонаи чеҳраҳои саршиноси илму адаби солҳои 30-80 қарни ХХ Эрон, аз ҷумлаи М.Баҳор, Алӣ Акбари Деҳхудо, аллома Қазвинӣ, Оштиёнӣ, Фарзон, Фурӯзонфар, Аҳмад Алии Раҷоии Бухороӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ маълумоти ҷолибе ироа доштааст. Аз он ҷо, ки ин номҳо ва таҳқиқоту навиштаи ин чеҳраҳои мондагори илму адаби Эрон барои ҳаводорон ва муҳаққиқони таърихи адабиёти классикиамон ошност, бо андаке ихтисор ва тавзеҳоти лозим ба алифбои имрӯзи тоҷикӣ баргардон гардид, то дастраси ҳаводорони адабиёт гардад.     

  Хотироти Парвона Баҳор, духтари Маликушшуаро, тозатарин навиштаест, ки бар меҳвари зиндагии охирин бузургсулолаи шеъри классики Эрон мечархад. Ҳарчанд нимаи дувуми китоб на ба зиндагии шоир ки, ба зиндагии шахси нависанда мепардозад, аммо ҷавҳари китоби “Мурғи саҳар” дар воқеъ, ҳамон зиндагии Маликушшуаро Баҳор аст. Ва аҳамияти китоб низ дар ҳамон аст.

Дар бораи Баҳор, аз замони даргузашташ дар соли 1330 (1951м-О.Х.) то кунун бисёр навиштаанд. Навиштаҳои наздиконаш ҳам дар ин замина кам нест, аммо ҳар кас метавонад дидаҳо ва таҷрубаҳои худро ривоят кунад. Хотироти Парвона Баҳор низ, ки дар солҳои охири умри шоир, муънису парастори ӯ буда, аз ин ҳайс натанҳо хонданист, балки санади муътабар ба шумор меояд. Ба вижа, он ки дар ин ҷо робитаи духтару падар низ ба зебоӣ кор меафзояд ва хонандаро даргири мабоҳиси отифӣ мекунад.

Бо вуҷуд ин, хотироти Парвона Баҳор ҷуз дар яке ду фасл ё ба ҷуз дар бархе маворид китоби пурмоя нест [...]. Дар айни ҳол, дар матраҳ кардани бархе нукоти зиндагии Баҳор муваффақ аст ва метавонад хонандаро бо зиндагии яке аз бузургони адаби муосир дар авохири умр ва низ хонаводаи ӯ ошно кунад. Тавсифи ӯ аз ҷузъиёти хонаи падарӣ, аз утоқҳо то боғи хона ва диққате, ки дар васфи ҳоли модар ва равобити отифии нуҳуфта дар даруни хона ба даст медиҳад ё тасвире, ки дар фасли “Бозгашти падар ба Эрон” (М.Баҳор якуним сол барои табобати бемории сил дар Суис (Шведсария) буд – О.Х.) ва фасли баъд аз он дар бораи фақри хонаводаи Баҳор дар солҳои охири умри шоир тарсим мекунад, аз ин даст аст. Ба ҳар сурат, қисмати дувуми китоб, ки дар он нависанда ба зиндагиномаи худ дар Амрико мепардозад, шояд аз он рӯ, ки барои худи вай малмустар буда, навиштаи беҳтаре аз кор дар омадааст.

Дар фасли “Бозгашти падар ба Эрон” Парвона аз солҳое мегӯяд, ки Баҳор пас аз муддатҳои беморӣ, дучори фақр шуда ва ҳамсари ӯ ногузир тамоми ашёъи қиматӣ ва арзишманди хонаро, ки ё аз хонаи падарӣ ба унвони ҷаҳизия ба хонаи Баҳор оварда буда ва ё гирдовардаи худи Баҳор аст, ба фурӯш мерасонад ва танҳо ҳамон ҳаёт (ҳавлӣ – О.Х.) ва хонае мемонад, ки Баҳор дар он зиндагӣ мекард.

Шоир ба ночор, духтарашро назди раиси Бонки миллӣ мефиристад, то дар изоъи (ивази – О.Х.) гарав гузоштани хона, даҳ ҳазор тумон қарз кунад. Раиси бонк мувофиқат намекунад. Шарҳе, ки Парвона Баҳор аз моҷаро, яъне аз душворӣ ва сангинии рафтан назди раиси бонк барои вом, маъюс шуданаш ва баргаштан аз утоқи ӯ, вуруд ба хиёбони Фирдавсӣ ва дидани муҷассамаи Фирдавсӣ дар он ҳол ба даст медиҳад, дили сангро об мекунад. Тасаввури он ки марде ба бузургии Баҳор, дармондаи даҳ ҳазор тумон шавад ва ночор духтарашро назди раиси бонке бифиристаду посухи манфӣ бигирад, на танҳо дарднок нест, нишонгари вазъи нобасомони кишварест, ки мо ҳама ба шаҳрвандии он ифтихор мекунем. Вақте сарнавишти устоди барҷастае чун Баҳор чунин аст, пайдост, ки донишкадаҳои адабиёти мо дигар нахоҳад тавонист соҳиби устодони дараҷаи аввале чун ӯ шаванд.

Парвона Баҳор саъй мекунад, пас аз берун омадан аз Бонки миллӣ бо рӯй овардан ба майдони Фирдавсиву муҷассамаи сарояндаи “Шоҳнома”, хатти фақреро, ки аз рӯзгорони дур насиби шоирони шарифи Эрон буда, тарсим кунад. Албатта, ӯ дар ин кор муҳиқ (ҳақ ба ҷониб – О.Х.) аст, аммо воқеъ ин аст, ки байни замонаи мо ва замонаи Фирдавсӣ ҳазор сол фосилаи таърихӣ вуҷуд дорад. Ва имрӯз чун ба шароити таърихии замони Фирдавсӣ бингарем, он норавоиҳо шояд қобили фаҳм шавад. Чизе, ки қобили фаҳм нест, ин аст, ки мо ҳазор сол баъд, рафторе мушобеҳ бо шуарову удабову бузургони худ мекунем. Ин фақр, ки Парвона Баҳор бад-он ишора мекунад, мухтаси (хоси – О.Х.) Баҳор набудааст. Тақрибан тамоми бузургони адабу фарҳанги мо дар панҷоҳ соли ахир дучори чунин сарнавиште будаанд. Барои рӯшантар шудани моҷаро беҳтар аст, ёде аз устод Аҳмад Алӣ Раҷоии Бухороӣ, аз устодони қадри аввали Донишгоҳи Фирдавсӣ (дар Машҳад – О.Х.) ва Донишгоҳи Теҳрон бикунем.

Дар нимаи даҳаи панҷоҳ (солҳои 70 қарни ХХ – О.Х.) дар мусоҳибае аз ӯ пурсидам: иллати сайри нузулии (пастравии – О.Х.) маълумоти адабӣ ва адами алоқаи (набудани шавқи – О.Х.) ҷавонон ба риштаи адабиёт чист? Посухи ӯ, ки ба шарҳу тафсил баён шуд, дарднок буд:

“Иллати сайри нузулии маълумоти адабӣ ва адми алоқаи ҷавонон чанд чиз аст. Дар дараҷаи аввал, оянданигарист, ки ҳар башари хирадманде бояд дошта бошад. Касе ки адабиёт мехонад, агар қарор бошад, устод шавад, ояндаи худро дар симои устодони бузурги адаби имрӯз [он рӯз] мебинад”.

Устод Аҳмад Алӣ Раҷоии Бухороӣ мегуфт: “Бо камоли таассуф зиндагии устодони бузурги адаби форсӣ, ки аз қазои рӯзгор дар ин қарн чанд тан аз номдортаринашон зуҳур карданд, умедбахш нест. Ҳеҷ як аз онон “на ба андозаи як муқотеъакор (паймонкор, пудратчӣ-О.Х.), на ба андозаи як пизишк, на ба андозаи як муҳандис, ҳатто ба андозаи як баққоли сари гузар ҳам аз рифоҳ бархурдор набуданд”

Барои исботи сухани худ чанд мисол аз бузургони муосири адаби форсӣ овард, ки аввалини онҳо Баҳор буд ва баъд аллома Қазвинӣ, Деҳхудо, Фарзон, Фурӯзонфар, Баҳманёр, Иқболи Оштиёнӣ ва.... ва гуфт: “Дареғ аст, ки арз кунам, ки ҳеҷ кадом аз инҳо на шодком буданд, на нек саранҷом”.

Дар бораи Баҳор зимни баршумурдани малакоти ӯ, ки ҳам забонҳои паҳлавӣ ва арабӣ медонист ва ҳам рӯҳи баланду даруни муштаиле (барафрӯхтае – О.Х.) дошт ва ҳам чанд давра намояндаи Маҷлис ва як бор вазири фарҳанг шуда буд, мегуфт, чунин шахсияте ба иллати ростиву покӣ, вақте даргузашт, дар маҷлиси сано (сенат – О.Х.) тарҳе ба тасвиб расонданд, ки моҳе ҳазор тумон ба хонаводаи ӯ бидиҳанд, ки барои имрори маош дармонда набошанд. “Вақте оқибати маликушшуарои мамлакат ин бошад, кадом ҷавон ҳозир аст ба дунболи адаб биравад, чаро биравад?”

Парвона Баҳор дар ин бора менависад: “Баъд аз марги падарам, вазъи молии модарам рӯз ба рӯз бадтар мешуд. Падарам ҳеҷ гоҳ устоди (профессори – О.Х.) расмии Донишгоҳ нашуда буд. Ба ҳамин иллат ҳам ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақапулӣ – О.Х.) надошт. Модарам ночор китобхонаи падарамро фурӯхт. Китобҳои хаттиро китобхонаи Маҷлис харид, китобҳои дигарро ҳам як китобфурӯш ибтиёъ (харидорӣ – О.Х.) кард”

Аммо пули китобҳо ҳам чизе набуд, ки бо он чархи зиндагӣ бигардад. Пас аз муддате ночор аз давлат тақозои кӯмак карданд ва лоиҳае танзим шуду ба Маҷлис рафт ва бо моҳе ҳазорупонсад тумон мувофиқат шуд ва лоиҳа ба сано рафт. “Худо медонад, чӣ сару садое дар мавриди ин лоиҳа дар Маҷлиси сано даргирифт. Ҷамол Имомӣ ва Алӣ Даштӣ аз ҳар иттиҳоме ба падар ва хонаводаи мо фурӯгузор накарданд”.

Бо ҳазору понсад тумон албатта, намешуд он хонаеро, ки пурҷамъият буд, идора кард. Хонаводаи Баҳор ночор шуд, хонаи Маликушшуароро бифурӯшад. Ва афсӯси Парвона Баҳор ин аст, ки “чӣ мешуд, агар давлат он боғу хона ва китобҳои Баҳорро мехарид ва онро ба музей бадал мекард. Боғаш порке мешуд ва хонааш музей ва китобхонааш, китобхонаи умумӣ”

Масъала танҳо ин нест, ки Баҳор чунин саргаштагӣ дошт, масъала ин аст, ки ғолиби бузургони муосири адаби форсӣ чунин сарнавиште доштаанд. Устод Раҷоӣ дар бораи аллома Қазвинӣ мегуфт, ки бо маблағи ночизи авқофи “ТИП” (Бунёди хайрияи шарқшиноси маъруф Эдвард Браун – О.Х.) дар Урупо ба исрат (тангдастӣ – О.Х.) мезист. Вақте ба Эрон омад, ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ӯ нашуд ва агар “ёрмандии марди дигаре набуд, ки ду утоқ аз болохонаи манзилашро холӣ кард ва ба Қазвинӣ дод”. Ӯ ҷо ва пуле барои иқомат дар Теҳрон надошт. Вақте ҳам мурд китобҳояшро Донишгоҳи Теҳрон харид, то хонаводааш бо он пул ба зиндагӣ идома диҳанд. “Ин мероси устоде буд, ки лақаби “аллома” дошт”.

Деҳхудо, ки муддатҳо раиси Донишкадаи ҳуқуқ буд, чиҳлу панҷ сол аз умрашро сарфи бузургтарин Доиратулмаорифи форсӣ кард, бе он ки ҳаққи таълиф бигирад. Дар ҳоле, ки агар дар изоъи ҳар фиш (барга, карточка – О.Х.) ду-се тумон ба ӯ медоданд, милёнҳо сарват дошт. Ӯ шикваи худро аз фақр бо ин байт, ки дар девори утоқаш насб карда буд, нишон медод:

Андар ҳама деҳ ҷӯйи на моро,

Мо лофзанон, ки Деҳхудоем.

Тоза, дар авохири умри Деҳхудо бо пешниҳоди Тақизода хонаи қадимӣ хариданд ва дар ихтиёри ӯ гузоштанд, ки фишҳои худро дар он бигзорад. Хонае, ки ба қавли устод Раҷоӣ “ҳеҷ банное (бинокоре – О.Х.) туш (дохилаш – О.Х.) наменишаст”.

Сайид Муҳаммади Фарзон дар нимаи даҳаи чиҳил аз Донишкадаи илоҳиёт бо 980 тумон ҳуқуқ бознишаста шуд ва “ҳеҷ кас аз умнои (мӯътамидони – О.Х.) давлат ва аркони мамлакат аз худаш напурсид, ки ин нобиғаи аср дар сари пирӣ чӣ тавр метавонад бо 980 тумон зиндагӣ кунад, вақте кирояи манзил се ҳазор тумон аст”. Ин ки Раҷоӣ мегӯяд “ҳеҷ кас аз умнои давлат ва...” барои ин аст, ки дар ҳамон замон, ки вай ин суханонро мегуфт, Асадуллоҳи Аълам, ки дар Бирҷанд шогирди Фарзон буд, вазири дарбори шоҳаншоҳӣ буд.

Аббос Иқболи Оштиёнӣ, ки осораш машҳур аст ва тамоми умри худро сарфи таълифу таҳқиқ кард, дар фақру фоқа зист, вақте дар Рим даргузашт, ҷанозааш ду рӯз бар замин монд, чун пуле барои ҳамл кардани ӯ вуҷуд надошт. Иқбол замоне ба вазорат даъват шуда буд, вале напазируфта буд ва гуфта буд: “Ҳар инояте дастгоҳи мамлакат ба ман дорад, дар ҳамин мақоми устодӣ бикунад, то ҳам ман ба коре, ки дар бораи он таҳқиқ кардаам, бирасам ва ҳам шогирдон маҳрум намонанд”. Устод Раҷоӣ тавзеҳ медод “аммо дар мамлакати мо пулу рифоҳ бо унвони вазорату аз ин қабил бастагӣ дорад ва мисоли он аст, ки одамиён то устоданд на мӯҳтоҷи рифҳанд ва на дар ин олам зист мекунанд”

Фурӯзонфар ба қавли устод Раҷоӣ, лахте осудатар зист, аммо ба қимати пазириши мақоми сенаторӣ, ки ба мутаваққиф кардани корҳои таҳқиқии ӯ, чун шарҳи “Маснавӣ” мунҷар шуд. Бисёре метавонистанд дар ин кишвар сенатор шаванд, дар ҳоле, ки фақат як нафар буд, ки метавонист “Маснавӣ”-ро шарҳ кунад, ки саранҷом нотамом монд.

Зиндагии дигар бузургони муосири адаби форсиро, ки нигоҳ кунем, ба ҳамин натоиҷ мерасем. Хонларӣ бо ҳама бузургӣ авохири умр дар узлат мезист, ки аз фақр бадтар буд.

Масъала ин аст, ки ҳанӯз зиндагии бузургони адаби форсӣ дар мадори зиндагии Фирдавсӣ мечархад. Мо кай бояд ин норавоиҳоро чора кунем?

Таҳияи

Олимҷон  Хоҷамуродов

Хондан 1440 маротиба