JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 02 Октябри 2023 04:29

Пажуҳишгари номӣ ва театршиносии миллӣ

Муаллиф: Нодир НУРОВ

(чанд андешаи муқаддимотӣ дар ҳошияи солгарди театршиноси муосири миллӣ устод Низом Нурҷонов)

   Маълум аст, ки ҳунар як навъ ҷаҳоннигарӣ ва ҷаҳонфаҳмии насли башар аст ва тавассути он ихтирооту кашфиёти зиёде дар ҷаҳон иттифоқ меафтад. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон таъкид месозанд, ки  шаклҳо ва сабкҳои ҳунарӣ таҷаллии як ҷаҳоннигарӣ ҳастанд ва аз ин ҷо пай бурдан мумкин аст, ки ҳунар, дар ҳар шаклу сабке баёнгари вазъи дарунӣ, ботинӣ, фикрӣ ва дар маҷмӯъ, маънавию равонии ҷомеаи зинда буда, қабл аз ҳама, ҳадафи шахсиятофарӣ ва инсонсозиро пайгирӣ мекунад (ниг.: Ҳаузер, Арнолд. Фалсафаи таърихи ҳунар. Тарҷумаи Муҳаммадтақии Фаромарзӣ. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Нигоҳ, 1363. –С.8). Ба ин маънӣ ҳунарманд бо офаридан, сохтан, эҷод ва бунёд кардан сари кор мегирад ва аз ин зовия ба кор мепардозад (ниг.: Нуров Н. Рисолати театри ватанӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ. //Адабиёт ва санъат №22 (1782) 28 майи соли 2015. –С.6). Аз тарафи дигар, ҳар кӣ завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ дорад, усулан ҳунарманд ва муҳимтар аз ин, офаранда буда метавонад. Ҳамин ҷост, ки қавли Карл Маркс ба сифати шинохти завқияти бадеӣ ва ташхиси ҳақиқати ҳунарӣ рӯ мезанад: “Агар мехоҳед аз ҳунар  кайфияту лаззат бибаред, пас бояд фарде таҳсилкарда ва босавод бошед” (ниг.: Миров, Мирзоватан. Равшангари дилҳо (маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе: “Адиб”, 2017. С.122).

  Ҳамин тариқ, дар масири ҳунар ва ҳунарварӣ театр ба сифати муҳимтарин ва муассиртарини ҳунарҳо ҷойгоҳи махсус касб намуда, бо меҳвари организми зинда -- шуур ва тафаккури тамошобин ва дар маҷмуъ, ҷомеа  иртибот гирифта, ҳунари зиндаву таҳаввулёбанда шинохта мешавад (см.: Бояджиев Г. От Софокла до Брехта за сорок театральных вечеров. -Москва: Просвещение, 1988. -С.6). Ҳатто дар замони ҷангу хунрезӣ ва нобасоминиҳои сиёсию иҷтимоӣ дастгоҳи театрӣ (театральная машина) бо қудрати фикрию эҷодӣ гардиш мекунад ва сатҳи завқӣ-салиқаии инсонҳоро боло мебарад (см.: Бушеева С. Итальянский современный театр. –Ленинград: Искусство, 1983. –С.5) ва роҳро барои сохтани ҷомеаи бозу саводнок ҳамвор месозад.

  Албатта, театр вобаста ба вуҷуди этносу қавмият вежагии миллӣ низ касб мекунад ва барои бароварда сохтани ниёзҳои маънавию мадании ҷомеа хидмат менамояд. Зиёда аз ин, тайи солҳои тулонӣ вуҷуду ҳузури театрҳои касбӣ дар фазои маънавӣ-мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани сатҳи маърифатии ҷомеа гардидааст. Ин аст, ки дар заминаи театрҳои касбии русӣ соли 1929 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин театри касбии миллӣ – Театри давлатии академӣ-драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  таъсис ёфт. Дар заминаи театри номбурда, дар қаламрави ҷумҳурӣ тайи солҳои баъдӣ Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (1935), Театри давлатии драмаи русии Тоҷикистон ба номи В.В. Маяковский (1937), Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (соли 1971), Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Ленинобод (соли 1932), Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” (1990) ва амсоли инҳо таъсис ёфта, аз ин тариқ фазо ва муҳити театрӣ ба вуҷуд оварда шуд. Раҳбарият ва персонали ҳунарии театрҳои касбии ҷумҳурӣ, ки ҳунармандони ҳирфаиро атрофи худ ҷамъ карда буданд, дар заминаи асарҳои классикони ҷаҳонӣ ва русу тоҷик намоишномаҳо ба саҳна гузошта, ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи тамошобинон тадбирҳои судманд андешиданд.

  Аз сӯйи дигар, аз замони таъсисёбӣ ва ташаккули тадриҷии ҳунари театрӣ дар ҷумҳурӣ масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи театри касбии миллӣ миёни доираҳои илмӣ ва мадании кишвар авлавият касб кард. Дар ин замина, саҳми ҳунарманд ва санъатшиноси маъруфи тоҷик, устод Низом Нурҷонов хеле бузург аст.

  Нурҷонов аз зумраи насли аввали пажуҳишгарони санъати театрии ватанӣ маҳсуб шуда, дар муаррифии симоҳои тобноки ҳунари ҳирфаии бозигарӣ (актёрӣ), бозтоби таърихи суннату ойину ҳунарҳои аҷдодӣ, шинохту ташхиси мушкилоти соҳавӣ ва рафъи буҳронҳои мавҷудаи ҳунарӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст.  Вай аз ҷумлаи донишмандону санъатшиносони маъруфи миллиест, ки таҷрибаи ҳунарӣ-ҳирфаии театриро дар марокизи илмӣ-ҳунарии шуравӣ андӯхта, бар мабнои донишу биниши касбӣ дар арсаи таҳқиқи театри миллӣ қадамҳои устувор бардошт. Мавсуф айёми сахти туфулию наврасию ҷавониро пушти сар карда, бо заҳмату талошҳои шахсӣ ба мартабаи баланди илмӣ ва маданӣ расидааст. Ӯ 18 декабри соли 1923 дар шаҳри Бухоро дар хонаводаи фарҳангӣ ба дунё омада, айёми наврасиашро ин ҷо гузаронда, соли 1931 бо хонаводаашон ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) кучиданд. Дар давраи ҷавониаш Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ оғоз ёфта, баробари ҳазорон ҷавони дигар ба хидмати нимзомӣ сафарбар шуд. Соли 1945 дар Конфронси Ялта (Қрим, ки маҳз дар ҳамин конфронс натиҷаи ниҳоии роҳбарони кишварҳои иттиҳод оид ба сарнагунии Олмони нозӣ натиҷагирӣ шуд) яке аз сарбозони муҳофиз буд. Баъди ҷанг ба Тоҷикистон баргашта, соли 1947 факултаи санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кард. Аз соли 1948 ба гирдоварии маводи марбут ба расму оинҳои мардумӣ машғул гардида, соли 1949 дар шуъбаи аспирантура (бахши Ленинград)-и Академияи илмҳои ИҶШС таҳсил карда, баъдан дар вазифаҳои ходими илмӣ (1952–58) ва мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш (1958–87) фаъолият кардааст. Бо мусоидат ва ибтикори ӯ дар соли 1958 дар Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон шуъбаи таърихи санъат таъсис ёфт ва нахустин мудири шуъба ҳам худи Низом Нурҷонов таъйин шуд. Нурҷонов ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шуда, аз соли 1953 дар Институтти давлатии педагогии Душанбе, Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва аз соли 1967 дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) ба тадрис машғул шудааст.

  Муҳаққиқ Низом Нурҷонов беш аз 70 сол ба гирдоварӣ, таҳқиқ, омӯзиш ва пажуҳиши фарҳанги суннати ҳунарӣ, намоишӣ, мусиқӣ, рақсӣ, театрӣ машғул буд. Ба ин тартиб, фаъолияти эҷодии Н. Нурҷонов аз соли 1947 оғоз ёфтааст. Аввалин асари илмии Нурҷонов рисолаи номзадиаш маҳсуб меёбад, ки муқарризон-оппонентон донишмандони бузурги вақти шуравӣ -- узви вобастаи Академияи илмҳои ИҶШС профессор Е. Е. Бертелс ва номзади илмҳои филологӣ А. З. Розенфелд буданд. Аз соли 1948 бо мардумшиносони рус М. С. Андреев, А. К. Писарчик, Н. А. Кисляков ошно ва бо машварати онон ба гирдоварию пажӯҳиши маводи марбут ба расму ойинҳои мардумӣ машғул мешавад. Зимнан, Низом Нурҷонов аз машҳуртарин пажуҳишгарони театр ва рақси тоҷик буд ва тайи умри худ драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

  Бояд тазаккур дод, ки устод масоили театри ватанӣ ва ҳавзаҳои ҳунарии миллӣ-мардумиро ба сифати мавзуи меҳварии таҳқиқӣ ҳанӯз аз солҳои панҷоҳуми садаи бист пайгирӣ карда, соли 1951 дар мавзуи “Решаҳои театри мардумии тоҷикон: дар асоси маводи вилояти Кӯлоб” рисолаи номзадӣ (см.: Нурджанов Н. Истоки народного театра у таджиков: По материалам Кулябской области // Автореф. дисс. на соиск. ученой степени канд. истор. наук. - М.,1951. - 17 с.) ва соли 1968 дар доираи мавзуи “Таърихи театри шӯравии тоҷик (солҳои 1917–1941)” рисолаи докторӣ (см.: Нурджанов Н. История таджикского советского театра (1917- 1941). - Душанбе.: Дониш, 1967. - 470 с.) дифоъ кардааст. Доираи омӯзишу таҳқиқи устод Нурҷонов васеъ аст. Ӯ сари масъалаҳои умдаи санъати тоҷик, аз ҷумла: мардумшиносӣ (этнография); театри суннатии мардумӣ ва шӯравӣ; таърихи театру рақси тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он таҳқиқоти муфассал анҷом додааст. Низом Нурҷонов минҳайси шишркаткунанда ва роҳбари экспедитсияҳои этнографии Тоҷикистон (Кӯлоб, 1948; Ғарм, 1952–54; Зарафшони Боло, 1957–60; Бухоро, 1958–61; Помири Ғарбӣ, 1959–71; Ленинобод, 1961–65, ҳоло вилояти Суғд), инчунин деҳоти гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ дар рушди илми этнографияи миллӣ низ саҳми муносиб гузоштааст.

  Ҳосили заҳматҳои илмӣ-эҷодии устод Нурҷонов дар самти ҳунарҳои мардумӣ, суннатҳои ҳунарии аҷдодӣ ва муҳимтар аз ҳама, театршиносии миллӣ дар дуҷилдаҳои “Таърихи театри тоҷик” ва “Театри суннатии тоҷик”, панҷилдаи “Санъати мусиқии Помир”, “Мактаби актёрии тоҷик”, “Дар олами балет”, “Мавригӣ, “Олами беканори рақси тоҷик” инсиҷом ёфтаанд. Ҳамчунин, устод дар бораи зиндагию эҷодиёти 11 ҳунарпешаи маъруфи театру кинои тоҷик китобҳои алоҳида навиштааст. Муаллифи беш аз 900 таълифоти илмӣ (мақола, рисола, китоб ва амсоли инҳо) мебошад, ки барои шиносоии бахшҳои гуногуни фарҳанги ҳунарии касбӣ ва суннатии тоҷикон, мушкилоти театр ва роҳҳои тақвият бахшидани драматругияи тоҷик аҳаммияти муҳим доранд.

  Ногуфта намонад, ки кулли бобҳои театри тоҷик дар 6-ҷилдаи “Таърихи театри шуравӣ” (1960, Маскав) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Устод солҳои охири умр ба навиштани таърихи Театри Лоҳутӣ дар қолиби монографияи махсуси “Нахустин театри касбии тоҷикӣ” пардохта буд. Гузашта аз ин, Низом Нурҷонов мақоми устодии чандин санъатшиносони тоҷикро доштанд. Номбурда дар бисёр конфронсу ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Маскав, Ашқобод, Самарқанд ва амсоли инҳо ширкат варзида, сари масоили санъати тоҷик гузоришҳои ҷолиби илмӣ ироа кардааст. Дар ин миён, устод барои “Энсиклопедияи советии тоҷик” (8 ҷилд), “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” (3 ҷилд), “Таджикская ССР” ва соири донишномаҳо доир ба театр, мусиқӣ, балет мақолаҳои зиёд навиштааст.

  Азбаски устод Нурҷонов умре аз боду ҳавои театри касбии миллӣ нафас кашидааст, бештар сари масоил, мушкилот ва муаммоҳои театри миллӣ ва ҳунармандони ҳирфаӣ тамаркуз намуда, бар асоси донишу таҷрибаҳои илмию эҷодӣ мақола ва матолиби зиёди таҳлилӣ ва илмӣ-ихтисосӣ таълиф намуда, дар матбуоти пурнуфузи вақти шуравӣ ба табъ расонидааст. Аз ҷумла, матолиби илмӣ-ихтисосии устод дар маҷаллаҳои маъруфи “Театр”, “Современное драматургия”-и Руссия ва дигар кишварҳои муштаракулманофеъ ба дасти чоп расидаанд. Аз соли 1961 устод узви Итифоқи нависандагони ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 1976 узвияти Иттифоқи арбобони театрии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардидааст. Дар баробари нишону ордену мукофотҳои замони шуравӣ, устод Нурҷонов бо мукофотҳои соҳавии Нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1998) ва унвони Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1974) сарфароз гардидааст.

  Устод Нурҷонов дар самти омӯзишу таҳқиқи ойину суннатҳои мардумӣ, этнографияи миллӣ ва театри ватанӣ умрфарсоӣ кардааст ва барои китоби “Олами беканори рақси тоҷик” Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро сазовор гардида, барои дуҷилдаи “Театри суннатии тоҷикон” соҳиби Ҷоизаи байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон “Китоби сол” (2004) шудааст. Хулоса, Нурҷонов дар рушди илми санъатиносии ватанӣ, аз ҷумла мардумшиносӣ ва санъати театру рақси тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Барои намуна, чанд асари бунёдии устод роҷеъ ба мардумшиносию санъатшиносӣ, махсусан ҳунари театрию рақси тоҷикӣ (бо шумули: Нурджанов Н. Таджикский театр. -Душанбе, 1968; Нурҷонов Н. Дар олами балет. -Душанбе, 1975; Нуқрҷонов Н. Аслӣ Бурҳонов. -Душанбе, 1982; Нурджанов Н. Гармония музыки. -Душанбе, 1983; Нурҷонов Н. Малика Собирова. -Душанбе, 2001; Нурджанов Н. Театральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов (Х1Х-ХХ вв.). -Душанбе, 2001; Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. -Душанбе, 2002; Нурҷонов Н. Олами беканори рақси тоҷик. -Душанбе, 2004; Нурҷонов Н. Муҳаммадҷон Қосимов. -Душанбе, 2007) кофист, ки номи ӯ дар феҳристи бузургтарин ва номовартарин шахсиятҳои илмӣ ва мадании миллию фаромиллӣ қарор бигирад.   

  Як ҷанбаи муҳимми таҳқиқу пажуҳиши Низом Нурҷонов шинохти симоҳои миллии театри ҳирфаӣ, вежагиҳои ҳунарии бозигарони бумӣ ва зиёда аз ин, муаррифии шоистаи боистаи ҳунармандони ҳирфаии театри миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, устод дар бозкушоии симоҳои барҷастаи ҳирфаӣ ва муаррифии чеҳраҳои маъруфи театри миллӣ Аслӣ Бурҳонов (ниг.: Нурҷонов Н. Аслӣ Бурҳонов. -Душанбе: Ирфон, 1982. -192 с.), Муҳаммадҷон Қосимов (ниг.: Нурҷонов Н. Муҳаммадҷон Қосимов. – Сталинобод, 1960. -119 с.; Нурҷонов Н. Муҳаммадҷон Қосимов. - Душанбе: Ирфон, 2007. - 255 с.), Маҳмудҷон Воҳидов (ниг.: Нурҷонов Н. Маҳмудҷон Воҳидов. - Душанбе: Маориф ва фарханг, 2009. - 384 с.), София Тӯйбоева (ниг.: Нурҷонов Н. Софияхон Тӯйбоева. - Душанбе: Адабиёти бачагона ва фарханг, 2013. - 316 с.), балеринаи фақид Малика Собирова (см.:   Нурджанов Н. Малика Сабирова. – М.: Искусство, 2001.- 304 с.), Фаррух Қосимов (ниг.: Нурҷонов Н. Фаррух Қосимов. - Душанбе: Деваштич, 2008. - 241 с.), Ҳиҷиқул Раҳматуллоев (ниг.: Нурҷонов Н. Ҳоҷиқул Раҳматуллоев. - Душанбе: Эчод, 2005. - 215 с.), Ҳошим Гадоев (см.: Нурджанов Н. Хошим Гадоев. - Душанбе: Ирфон, 2007. - 244 с.) ва дигарон саҳми сазовор гузоштааст.

  Дигар ин ки устод Нурҷонов ба сифати пажуҳишгар ва коршиноси дақиқназари миллӣ ҳамеша атрофи масъалаҳои миубрами театри миллӣ, аз ҷумла мудирияти дурусти соҳаи театрӣ, дарки мушкилоти соҳавӣ, боло бурдани сатҳи намоишномаҳои театрӣ, мазмуну муҳтавои драмтургияи ватанӣ, шиносоӣ ва ҳалли муаммоҳои санъати театрӣ ва амсоли инҳо андеша мекард ва диду бардоштҳояшро аз тариқи мақолаву матолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба ҷомеаи маданӣ манзур менамуд. Аз ин гузашта, Нурҷонов аснои омӯзишу таҳқиқ дуруст дарёфта буд, ки халқи тоҷик ҳам монанди пешрафтарин миллиятҳои ҷаҳонӣ аз қадимтарин замонҳо ба ҳунарҳои намоишӣ, ки якеаш ҳамин ҳунари мумасилӣ-актёрӣ аст,  мароқи калон зоҳир карда, дар ин замина талошҳои зиёде ба харҷ додааст. Ба ин маънӣ, устод Нурҷонов ишора мефармоянд, ки дар муҳити қадимаи фарҳанги ориёӣ низ унсурҳои театрӣ, ки дар амалҳои театронидашудаи баъзе осори ҳунари наққошӣ дар қаламрави Ирон, Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ дарёфт шудаанд (ниг.: Нурҷонов Низом. Мактаби актёрии тоҷик. –Душанбе, 2011. -С.12), марҳила ба марҳила ташаккул ёфта, ба як низоми ибтидоии муайяни ҳунарӣ бадал шуда, падидаҳои рӯзгори куҳанро дар мувоҷеҳа бо мушкилоти замон ба риштаи тасвир кашидаанд. Ба намоиш гузоштан ва аз тариқи гӯшзад кардани масоили мубрами рӯзгори инсонӣ ҳалли мушкилоти доғу рӯзмарра рисолати театрро таъйин намудааст. Аз ин ҷост, ки маорифпарвари маъруфи рус В. Г. Белинский  таъкид карда буд: “Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост” (ниг.: Абдураҳмонов А., Абдулқайсов Ш. Театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе: Истеъдод, 2012. –С.3). Ин нуктаро устод Нурҷонов дар назария ва амалияи кори ҳирфаии худ ба дурустӣ анҷом дод ва дар зиндагии шахсӣ ва инфиродиаш собит кард, ки як инсони эҷодӣ чӣ гуна метавонад муваффақона назария ва амалияро ба ҳам биомезад.

  Устод новобаста ба беморию солмандӣ дар шабакаҳои телерадиоӣ фаъол буд ва бо шӯру шавҳи ихтисосӣ ва эҷодӣ солҳои дароз барномаи вежаеро дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Баҳористон” гардон мекард. Тавассути ин барнома, ки ҳафтае як маротиба пахш мегардид, Нурҷонов насли наврасу ҷавони ҷомеаро ба мушаххасоту вежагиҳои ҳунари ҳирфаии миллӣ, дастовардҳои театри ҷаҳонӣ ва намоишномаҳои бузурги театрӣ ошно месохт. Аҷиб ин буд, ки устод новобаста ба солмандӣ аснои бурдани барномаҳои телевизионӣ хеле роҳату зебо бо забони тоҷикӣ суҳбат мекард ва бинандагони хурдсоли ватаниро бо масъалаҳои мубраму муҳими соҳавӣ шинос намуда, ба ин восита завқи бадеӣ-эстетикии онҳоро боло мебардошт. Қувва ва неруи кофии устод Нурҷонов баёнгари он буд, ки ӯ аз уҳдаи омӯзишу таҳқиқ ва дар айни замон матбуотию расонаӣ кардани мушкилоту муаммоҳои рӯзи театри ватанӣ бахубӣ мебарояд ва ҳамеша дар сафи пеши таҳлилгарону мунаққидони ҳирфаии соҳаи театри миллӣ қарор гирифтааст. Устод то вопасин нафасҳо сари масоил ва мушкилоти соҳаи театри миллӣ ва мушаххасоти эҷодии ҳунармандони ҳирфаӣ меандешид ва ҳосили бардошту аандешаҳояшро дар қолиби матолиби ҷудогонаи хаттӣ ва шифоҳӣ нашру пахш мекард. Риштаи умри устод Нурҷонов 18 марти 2017 канда шуд, аммо кору пайкори неку омӯзандаи ӯ дар дили ҳазорон тоҷику тоҷикистонӣ ва дӯстдорону алоқамандони театри миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боқӣ хоҳад монд.

  Осори илмӣ-таҳқиқие, ки устод Нурҷонов дар заминаи шинохту муаррифии театри ватанӣ ва бозтоби мушкилоту муаммоҳои соҳавӣ ба мерос гузоштааст (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба муҳимтарин осор: Нурджанов Н. Истоки народного театра у таджиков: По материалам Кулябской области // Автореф. дисс. на соиск. ученой степени канд. истор. наук. - М.,1951. - 17 с.; Нурҷонов Н. Муҳаммадҷон Қосимов. – Сталинобод, 1960. - 119 с.; Нурҷонов Н. Театри ба номи Лоҳутӣ. - Душанбе, 1964. - 59 с.; Нурджанов Н. История таджикского советского театра (1917- 1941). - Душанбе.: Дониш, 1967. - 470 с.; Нурҷонов Н. Дар олами балет. - Душанбе: Ирфон, 1975. - 61 с.; Нурҷонов Н. Аслӣ Бурҳонов. - Душанбе: Ирфон, 1982. - 192 с.; Нурҷонов Н. Рангомезиҳои саҳна. - Душанбе: Ирфон, 1983. - 207 с.; Нурджанов Н. История таджикского советского театра (1941-1957). – Душанбе: Дониш, 1990.- 404 с.; Нурджанов Н. Малика Сабирова. – М.: Искусство, 2001.- 304 с.; Нурджанов Н. Театральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов ( Х1Х- ХХ вв). - Душанбе: Матбуот, 2001.- 292 с.; Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. - Душанбе: Мир путешествий, 2002.- Т.1.- 372 с.; Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. - Душанбе: Мир путешествий, 2002.- Т.2.- 330 с.; Нурҷонов Н. Олами беканори рақси тоҷик: Очерки таърихӣ-назарӣ. - Душанбе, 2004. - 340 с.; Нурҷонов Н. Ҳоҷиқул Раҳматуллоев. -Душанбе: Эчод, 2005. - 215 с.; Нурҷонов Н. Муҳаммадҷон  Қосимов. - Душанбе: Ирфон, 2007. - 255 с.; Нурджанов Н. Хошим Гадоев. - Душанбе: Ирфон, 2007. - 244 с.; Нурджанов Н. Очерки истории Таджикского драматургического театра 1968 - 1978 гг. - Душанбе: Дониш, 2008. - 150 с.; Нурҷонов Н. Гулчеҳра Бақоева. - Душанбе: Ирфон, 2009. - 94 с.; Нурҷонов Н. Фаррух Қосимов. - Душанбе: Деваштич, 2008. - 241 с.; Нурҷонов Н. Маҳмудҷон Воҳидов. - Душанбе: Маориф ва фарханг, 2009. - 384 с.; Нурджанов Н. Опера и балет Таджикистана . - Душанбе, 2010. - 427 с.; Нурҷонов Н. Мактаби актёрии тоҷик. - Душанбе, 2013. - 495 с.; Нурҷонов Н. Софияхон Тӯйбоева. - Душанбе: Адабиёти бачагона ва фарханг, 2013. - 316 с.) барои доираи васеи муҳаққиқону донишмандону хонандагону алоқамандони фарҳангу ҳунари бумӣ пешбинӣ шуда, ҳамагӣ дар шинохту муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ, ойину суннатҳои аҷдодӣ ва симоҳои маъруфи театру синамо ва рақси ватанӣ нақши калидӣ доранд. Аз тариқи омӯзиши пайвастаи мероси илмӣ-таҳқиқии Нурҷонов насли нави ҳунармандону пажуҳишгарони миллӣ тарбия ёфта, ба мушкилоту масъалаҳои мубрами соҳавӣ ошно гардида, бархурди тахассусиро меомӯзанд ва донишу биниши ҳирфаии худро боло мебаранд.

Ёди чунин пажуҳишгарону муҳаққиқони саршиноси миллӣ бахайр ва хотираи некашон гиромӣ бод!

Нодир НУРОВ

докторант (Phd)-и

ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Хондан 1494 маротиба