JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 03 Ноябри 2023 08:40

Бузургонро бузургон зинда медоранд

Муаллиф: Хубон НАЗИРӢ

  Асари «Чеҳраҳои мондагор» дар асоси осори илмӣ, таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, арзиши волою беандозаи илмӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ дорад. Аҳамияти беназири китоби фавқ аз он иборат аст, ки ин асар бо забони ноби тоҷикӣ таълиф гардида, барои аҳли илму адаб, дӯстдорони илму фарҳанг ва адабу ҳунари гузаштагонамон пажӯҳиши арзишманд ба ҳисоб рафта, барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, ифтихор аз меҳану меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва шинохти бузургони миллат воситаи муҳимми тарбия ба шумор меравад. Зеро «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун «Намунаи адабиёти тоҷик»-и аллома Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров дар садсолаи гузашта як асари комили пажӯҳишӣ дар асри навин буда, ҷавонону наврасон ва умуман, доираи васеи хонандагонро ба омӯзиши мероси пурғановати ниёкон раҳнамун месозад ва дар тарғиби илму фарҳанги миллати тоҷик нақши бағоят бузург дорад.

  Пешвои муззами миллат дар сарсухани китоби хеш ба хонандаи гиромӣ муроҷиат намуда, баён менамоянд, ки «Омӯхтани рӯйдодҳои таърихию фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем. Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким бахшиданд». Бинобар ин, аз мутолиаи китоби «Чеҳраҳои мондагор» ҳар як шахс метавонад доир ба рӯзгору осори шахсиятҳои шинохтаи таърихию фарҳангии халқи тоҷик маълумотҳои пурқиматро дастрас намояд ва дараҷаи худшиносию худогоҳии хешро баланд бардорад. Тавре аз каломи болоӣ бармеояд ва аз унвони китоби мазкур ҳам бармалост, Сарвари давлат дар ин китоб ба таърих ва симоҳои барҷастаи миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари хеш рӯ оварда, ба насли ҷавон зарурати донистани гузаштаи худ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги худро талқин менамоянд. Тавъам ба ин, аз ҷониби худи муаллифи жарфнигар зикр мегардад, ки мутолиаи асари «Чеҳраҳои мондагор» барои дар қалби ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ мусоидат намуда, ба онҳо ифтихор аз таърихи пуршарафи гузаштагонро меомӯзонад. Яъне, «шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст», менависанд Пешои маҳубуби миллат.

  Асари «Чеҳраҳои мондагор» дар асоси пажӯҳишҳои арзишманд таълиф гардида, доир ба саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик маълумотҳо медиҳад. Дар натиҷаи мутолиаи асари мазкур ҳар як шахс бо рӯзгор ва осори шахсиятҳои номдори соҳаи илму адаб ва таърихию сиёсии миллати шарифи тоҷик шинос шуда, барои худ маълумотҳои арзишмандеро дастрас менамояд. Зеро ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои неки ҷовидонаи миллат як рукни басо муҳимми Истиқлоли давлатӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин маъност, ки Пешвои маҳбуби миллат даврони соҳибистиқлолиро марҳилаи бисёр меҳимме ҷиҳати шинохти миллату меҳан арзёбӣ намуда, омӯзиши осору афкори ашхоси барҷастаи ниёконро василаи бузурги рушду ташаккули шахсият меҳисобанд: «Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувийяти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шавем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳарчи бештар насли имрӯзаро огаҳ намоем»

Бо назардошти ин нукта, дар асари «Чеҳраҳои мондагор» аз ҷумла, дар бораи бунёдгузори давлатдории мутамаддин – Куруши Кабир ва корномаҳои ӯ, далелҳои аҷиб оварда шудааст, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик ба шумор меравад. Ҳамчунин оид ба зиндагии парчамбардарони фарҳанги миллати тоҷик, ба монанди Спитамен, Зардушт, Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, инчунин доир ба ҳаёту фаъолияти намояндагони илму адаби классика ва муосир – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолудддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Нақибхон Туғрал, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур маълумотҳо гирд оварда шудаанд, ки аз таърихи пурифтихори халқамон шаҳодат медиҳад.

Муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далери миллати хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хосса ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад. Китоб армуғони маънавии Пешвои миллат бахшида ба 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг – такягоҳи устувори миллат, беандоза аст. Пешои миллат воқеаҳои таърихиро барои имрӯзиён дарси ибрат ва ҳаёт медонанд ва асари «Чеҳраҳои мондагор» беҳтарин намунаи осори таърихӣ, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст, ки дар зоти худ беҳамтост.

Фарзандони фарзонаи миллат, чун Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Аббос Алиев ва баъдтар, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Султон Умаров як зумра адибону олимон ва озодандешону равшанфикрони тоҷик дар роҳи бедорӣ, худшиносию худогоҳии миллати тоҷик саҳми беандоза гузоштаанд. Махсусан, зиндагиномаи аллома Садриддин Айнӣ ва қаҳрамониҳои ӯ барои ҳифзи забону адабиёти тоҷик барои ҳар як фарди худогоҳ мактаби бузург арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айниро «муҷассамаи бузурги фазилату хирад, адабу шуҷоат, илму дониш ва фарҳангу маърифат» номидаанд. Бино ба зикри Пешвои миллат устод Садриддин Айнӣ аз шахсиятҳои миллатсоз буда, дар раҳоии миллат аз вартаи нестӣ нақши бузурге гузоштааст. Бесабаб нест, ки ба ин фарзанди фарзонаи миллат аввалин унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» муносиб дониста шуд. Тавре дар асари «Чеҳраҳои мондагор» зикр мегардад, нахустин хизмати шоистаи Садриддин Айнӣ аз ин иборат аст, ки ӯ бар зидди душманони халқ – онҳое, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёт ва илму фарҳанги тоҷикро инкор мекарданд, дар солҳои бистуми асри гузашта дар саҳифаҳои матбуот, бахусус дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» бо далелҳои қатъӣ баромад намуда, доир ба таъриху тамаддун, забону адабиёти тоҷик, мероси бойи фарҳангӣ мақолаҳо нашр намуда, халқи тоҷикро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ даъват намудааст. Дар бораи шахсият ва фаъолияти эҷодию сиёсии устод Турсунзода бошад, Пешвои миллат менависанд, ки «ҳар қадар, ки шоири миллӣ бошад, ба ҳамон андоза тарғибгари дӯстии халқхои дунё аст. Ин фазилат на танҳо дар фаровонии мавзуъҳои байналмилалӣ дар эҷодиёти ӯ, балки дар фикру андешаҳои умумибашарии шоир зуҳур мекунад». Осори адабии таърихноманависи бузурги тоҷик устод Улуғзода дар масири худогоҳию худшиносии ҷавонону наврасон бо баҳои баланд – «мутолиа ва омӯзиши осори пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтиооми таъриз ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад» арзёбӣ мегардад.

Пешвои маҳбуби миллат дар «Чеҳраҳои мондагор» пайроҳаи пуршебу фарози Садриддин Айниро дар роҳи худшиносии миллӣ, бедории халқи тоҷик тасвир намуда, ҳар як фарди тоҷикро ба омӯзиши ҳаёту зиндагонии бузургонамон даъват менамоянд. «Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид». Дар ҳақиқат, устоди бузург Садриддин Айнӣ баҳри ҳифзи забони тоҷикӣ, шинохти миллати тоҷик ҷонбозиҳо кардааст. Яке аз корномаҳои бузургу ҷовидонаи устод, ин асари арзишмандаш «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки дар замони худ нақши шиносномаи халқи тоҷикро ба ҷо оварда, беасосии даъвоҳои душманони халқи тоҷикро фош ва инкор намуд.

Нахустин чеҳраи мондагори таърихӣ дар ин китоби Сарвари давлат муаллифи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар – Куруши II ё Куруши Бузург аст, ки дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад. Дар заминаи сарчашмаҳои муътамади таърихию археологӣ, маълумотномаҳои катибаҳо муаллифи китоб собит месозад, ки Куруш маҳз тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку усул ва тартиби ҷадиди идоракунии давлат, адолатҷӯӣ, ободкорӣ маъруфият дорад. Ва тақдири давлати муосири тоҷикон ба тақдири давлатдории Куруш шабоҳат дода шудааст.

Ҳамин тавр, омӯзиши асари «Чеҳраҳои мондагор» на танҳо барои шиносоӣ бо таърихи пурифтихори халқамон, ҳаёту фаъолияти шахсони шинохтаи таърихӣ имкон медиҳад, балки барои густариши ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як шахси худогоҳ мусоидат менамояд.

 

Хубон НАЗИРӢ,

рӯзноманигор

Бознашр аз «Баҳори Аҷам», №30-31 (651), 2.11.2023. - С.5

Хондан 1332 маротиба