JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 08 Ноябри 2023 03:06

Бар алайҳи ҷабркориҳо, ту Меҳри миллатӣ!

Муаллиф:

(паёмномаи ҷашнӣ ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириёни гиромӣ)

   8 ноябр дӯсту ҳамепешаи меҳанпарасту фарзонаи миллӣ Меҳр Собириён зодрӯз дорад. Меҳр аз ҷумлаи нафарони саршиноси миллист, ки бо вежагиҳои мутафовите назири мавқеъгирии миллӣ, биниши фалсафӣ, сахткӯшии доимӣ ва дидгоҳи илмӣ миёни дӯстону ҳамназарони мо соҳибэҳтиром гардидааст. Илова бар ин, дар ҳама диду боздидҳо, мулоқоту вохуриҳо, нишасту маҳфилҳо, баҳсу мунозираҳо ва муколимаву гуфтугӯҳо вежагию мушаххасоти ҳувиятию шахсиятии Меҳр Собириён, ки дар натиҷаи  заҳмату талошҳо, ковишу ҷустуҷӯҳо ва мушоҳидаву мутолеоти бардавоми ӯ шакл гирифтаанд, буруз мекунанд ва ҳайсияти илмию эҷодӣ ва миллии ӯро ба намоиш мегузоранд.  

    Ҳарчанд ки Меҳр Собириён ба лиҳози ҳирфаӣ иқтисодшинос аст ва сари масоилу мушкилоти иқтисоди миллӣ, оморгирӣ, бахши молиявӣ, муҳити сармоягузорӣ ва амсоли инҳо таҳқиқу пажуҳиш анҷом медиҳад, ба мавзуъ ва муаммоҳои равонӣ, ҳувиятӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ ва миллӣ зиёд таваҷҷуҳ мекунад ва куллияи масоил ва мушкилотро дар доираи мантиқи илмӣ ва биниши фалсафӣ таҳлилу баррасӣ менамояд. Ин аст, ки ангуштшумор нафаронеро аз зумраи иқтисодшиносони ватанӣ метавон номбар кард, ки монанди Меҳр дар заминаи масоили бунёдӣ ва решаӣ мутолеоти ҷиддии фалсафӣ ва илмӣ дошта бошад.

  Аз сӯйи дигар, Меҳр соли 2018 таҷрибаи забонӣ, такмили донишҳои иқтисодӣ ва оморгирии иҷтимоию тахассусиро дар бузургтарин марокизи Ҳиндустон гузашта, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо донишмандони саршинос, менеҷмент-коршиносони иқтисоди минтақавию ҷаҳонӣ дар иртиботи доимӣ буда, таҷрибаи пешқадами иқтисоди минтақавию ҷаҳониро ҳамвора тарғибу ташвиқ мекунад. Таҷрибаи забондонӣ, дар сатҳи зарурӣ донистани забони англисӣ ва дар ин замина омӯхтану мутолеаи манобеи дасти аввали ихтисосӣ ва адабиёти илмии ҷаҳонӣ ба Меҳр Собириён имкон фароҳам овардааст, ки мақолоту матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар самти решашиносии мушкилоти иқтисодӣ ва авомили рушди иқтисоди ватанӣ таълиф намояд. Дар ин замина Меҳр мақолаи муфассали илмии донишманд ва иқтисодшиноси маъруфи Ҷопонӣ Кеничи Оҳноро аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кард (барои иттилооти бештар муроҷеа шавад ба: Оҳно, Кеничи. Режими рушд ва тавсеаи сиёсӣ дар Осиёи Шарқӣ (тарҷума ва таҳияи Меҳр Собириён). //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (24), 2021. –С.233-265). Ба ин маъно, Меҳр таҷрибаи илмию фаннии кишварҳои пешрафта ва мутамаддини ҷаҳониро дар риштаи иқтисод ва муҳити сармоягузории миллию фаромиллӣ андӯхта, дар заминаи мушкилот ва ислоҳоти иқтисоди ватанӣ пажуҳишҳои илмӣ ва ихтисосӣ анҷом медиҳад. Мавсуф натиҷаву ҳосили бардоштҳои илмӣ-пажуҳишиашро дар қолиби маҷмуаи ҷудогона таҳти унвони “Ду роҳкори рушди миллӣ” мунсаҷим карда, ба чоп расонд, ки аз лиҳози мундариҷавӣ, манобеи омӯзишӣ, ҷобаҷогузории мавзуӣ, бархурди таҳлилӣ-интиқодӣ, сатҳи таҳқиқӣ ва бандубасти илмӣ хеле ҷолиб мебошад (таваҷҷуҳ шавад ба монографияи: Собириён, Меҳр. Ду роҳкори рушди миллӣ (Маҷмуаи мақолаҳо). –Душанбе: Дониш, 2022. -294 саҳ.).

   Дар баробари пажуҳишҳои иқтисодӣ, Меҳр Собириён сари масъалаҳои ҷиддии ҳувиятӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, тамаддунӣ ва геополитикӣ тамаркуз карда, дар матбуоти даврӣ матолиби хуби таҳлилӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор медиҳад ва бо ин навъ ибтикорот рисолати илмию ихтисосӣ ва миллию иҷтимоии хешро самимона иҷро менамояд (барои намуна, ба чанд матлаби Меҳр, ки дар ин авохир аз тариқи матбуоти даврӣ интишор гардидаанд, таваҷҷуҳ мекунем: Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 1). //ИмрӯзNews, №147 (2146), 03.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 2). // ИмрӯзNews, №148 (2147), 04.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 3). // ИмрӯзNews, №149 (2148), 07.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 4). //ИмрӯзNews, №150 (2149), 08.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №1 (19), 2020. –С.159-170; Собириён Меҳр. Геополитика ва манофеи геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (20), 2020. –С.141-157; Собириён Меҳр. Сарнавишти ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №4 (22), 2020. –С.115-125; Собириён Меҳр. Ҳувияти миллӣ ҳамчун унсури аслии неруи рақобатпазирӣ ва муқовимати миллӣ алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №3 (25), 2021. –С.54-59; Собириён Меҳр. Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ барои кишварҳои рӯ ба рушд. // Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №3 (25), 2021. –С.189-199; Собириён Меҳр. Осиёи Шарқӣ: мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №4 (26), 2021. –С.53-66).

  Мунтаҳо, Меҳр Собириён аз тариқи ташаббус ва ибтикороти илмию эҷодӣ дар ростои рӯшангарӣ, танвиру бедории фикрӣ қадамҳои устувор гузошта, дар ин ҷодаи мушкилписанди рӯзгору зиндагӣ бардамона гом бармедорад. Аз инҷост, ки Меҳр ва Меҳр барин шахсиятҳои миллӣ ифтихори миллатанд. Аз фурсати мусоид истифода бурда, рӯзи мавлуди иқтисодшинос ва равшанфикри миллӣ Меҳр Собириёнро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Дар воқеъ:

                                 Меҳри мо, симову чеҳри миллатӣ,

                                 Бар алайҳи ҷабркориҳо ту Меҳри миллатӣ! 

 

              Зодрӯз фархундаву хуҷаста бод, Меҳр Собириёни гиромӣ!

 

 

   Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

      8 ноябри соли 2023

 

 Митро Худойи миллати хуршедмаҳзар аст

(мувашшаҳе дар ҳошияи зодрӯзи рӯшанфикри миллӣ Меҳр Собириён)

 

Митро Худойи миллати хуршедмаҳзар аст,

Елиммадори меҳру мунавварпаямбар аст.

Ҳамзоди оташ асту зи оташ шавад бурун,

Рӯ сӯйи созу сӯз чу мурғи Самандар аст.

 

Сидқу сафову аҳду вафо гар саросар аст,

Ойини Меҳр динкадаи додгустар аст.

Боҳи биҳишти адн бисозад дар ин замин,

Инсон агарки асли вуҷуди тавонгар аст.

Рози набуду буд дар ин корзор чист?

Ин марзу бум рози набарди ду гавҳар аст.

Ё бандагист маслаки мо, ё ки ҳуррият?!

Нозим яқин, ки Меҳр худ озодипарвар аст!

      Нозим Нурзода

 

7 ноябри соли 2019, панҷшанбе, соати 11:40

 

Хондан 1291 маротиба