11 ноябрро мо, ҳамкорону дӯстони Исомиддин Шарифзода дар доираи маҳдуд ҳамасола чун Рӯзи рӯшангарию фарзонагӣ таҷлил мекунем. Ин навъ санасозӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.