JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 30 Майи 2023 12:27

Соҳиби мероси асил

Муаллиф: Гулнозахон Абдулоева

  Санаи 25 феврали соли 2023 дар толори намоишгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон конфронси илмӣ – амалӣ зери унвони “Ҳунарҳои мардумӣ - оинаи таърих” баргузор шуд, ки он ба 65 – солагии фаъолияти педагогии рассоми маъруф, педагог ва филантроп, дотсенти кафедраи рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ Барим Нематуллаев бахшида шудааст.

 Дар доираи конфронс, ки дар он омӯзгорони институт ва шогирдони устод дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Б.Нематуллаев баромад карданд, намоишгоҳи калон ва хеле бойи маҳсулоти сершумори ҳунарҳои мардумӣ -(ашёи рӯзгор, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои қадимаи миллӣ, намунаҳои кандакориҳои ҳунармандони халқӣ) баргузор гардид. Ҷолиби зикр аст, ки дар ин маводи нодири ҳунарҳои мардумиро солҳои гуногун Б.Нематуллаев ҳангоми сафарҳои хидмативу эҷодӣ ба водиҳои Бадахшон (деҳаи Бартанг) ҷамъоварӣ кардааст. Чи тавре ки медонем, шурои ҷамоати Бартанг  дар ҳайати ноҳияи Рушони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад[1].

  Толори намоишгоҳ  бо иддаи хеле сершумори намунаҳои  ҳунарҳои  мардумии   тоҷикон оро дода шуда буд. Ба гуфтаи Б.Нематуллаев, ҳамаи ин ашёи рӯзгорро ин ё он ҳунарманд замоне бо дасти худ сохтааст, масалан,  вақте ки на чароғ ва на дигар намуди дастгоҳҳои равшанидиҳанда вуҷуд надоштанд, мардум бо сад роҳ ва истифода аз истеъдоду имкониятҳои зеҳнии худ (масалан бо истифода аз равғани бодоми талх) асбобҳои гуногуни равшанидиҳанда бунёд мекарданд. Бартанг – деҳаи хеле зебо ва хушманзари Бадахшон ба шумор меравад ва  дар миёни кӯҳҳои баланди Тиёншон ҷойгир аст, ки аз замонҳои хеле қадим дар ин мавзеъ мардуми ҳунарманд ва бо завқи баланд зисту зиндагонӣ менамуданд. Масалан, сокинони бартанг шохаи дароз (шпажка – чуб барои сихкабоб) мегирифтанд ва бодоми талхро аз он мегузарониданд ва оташ мезаданд ва бо ҳамин роҳ ба сокинон ҳам  гармӣ ва ҳам нур медод.

  Онҳо инчунин бо истифода аз усулҳои  алоҳида истеҳсоли зарфҳои гуногунро ихтироъ карданд – яке барои нигоҳ доштани хӯрокҳои гарм, дигаре  барои ҷурғот ва шир (Расми.1). Олоти дигар барои нигаҳдории меваи хушк, ё худ барои бофтани пашм (Расм.2), - ё худ сохтани кӯзаҳо барои омода намудани шарбатҳои мевагӣ (Расм.3) ва сабади ашёи арӯсӣ (Расм.5) тайёр карда мешаванд.

 Мо медонем, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум оид ба пайдо намудани роҳҳои безарар гардонидани асбобу ашёи рӯзғор чора меҷустанд ва бо ҳамин минвол покизагиро риоя менамуданд. Баъдтар мардум ба услуби кандакори дар рӯйи зарфҳои чӯбӣ шурӯъ карданд, ғайр аз ин ҳатто аз санг омода намудани зарфҳои хоҷагиро ҷорӣ намуданд(Расм.4).

  Маълум аст, ки дар баландиҳои кӯҳҳо одамон дар шароити зимистони хеле сард зиндагӣ мекарданд, шояд барои ҳамин ҳам маҳз зарфҳои чӯбӣ, ки хислати муддати дароз нигоҳ доштани ғизоро соҳиб буданд, зиёдтар омода карда мешуданд.  Масалан, якчанд намуди зарфҳоро мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳо таърихи зиёда аз  200 сол доранд.

 

   Дар баробари ин, мардум барои истироҳат ва фароғат низ асбобу ашё омода менамуданд ва медонистанд, ки чи тавр худро шод кунанд, з-ин сабаб ҳамеша дар хонаҳо муҳити хеле озода ва бароҳат ҳукмфармо буд. Инчунин, бори аввал аз як теъдод химчаҳо ҷоруби махсус тайёр мекарданд, ки онро (Расм.6), онҳо танҳо барои тоза намудани ҷойҳои ҷамъшавии нонреза ва орд истифода мекарданд. Баъдтар бо пайдо шудани имкониятҳои моддӣ (коркарди чарм ва ғ) мардум ба истеҳсоли пойафзол шурӯъ карданд (расм.7), ҳамчунин бо истифода аз пӯсти буз ва дигар ҳайвоноти майда намудҳои гуногуни  борхалтаҳои пӯстӣ тайёр мекарданд (Расм.8). Намунаҳои маҳсулоти чармӣ:

 

Хонаҳои мардуми Бадахшонро бидуни созҳои мусиқӣ тасаввур намудан мумкин нест. Сокинони деҳот ҳамеша дастаҷамъона машғули иҷрои ин ё он намудҳои сурудхонӣ мешуданд. Ҳамин тавр, ба воситаи хурсандӣ сурудхонӣ, рақс ва навохтани асбобҳои мусиқӣ шабҳои дарози зимистонро бадал мекарданд. Дар барномаи фарҳангии конфронс ҳамчунин номераҳои шавқовари ҳунарӣ пешниҳод гариданд, ки якеи онҳо рақс бо ғижак буд.

Рақс бо ғижак

 Одатан рақс бо ғиччак таҳти навозиши  гурӯҳ мутрибон ва ҳаракатҳои махсуси раққос, ки ғиччак дар даст дорад, сурат мегирифт. Ғиччак сози мусиқии тордор аст, ки онро бо камонча менавозанд. (Расм.9). Рақс бо ғиччак намуди рақси яккаи мардона буда,  маъмулан дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машҳур аст. Ин намуд рақс хоси мардуми Бадахшон буда,  таҳти навозиши ғиччак, даф, ё  гурӯҳи мутрибон ва ҳофизон иҷро мегардад (Расм.10).

Дар ин ҳолат иҷрокунанда ғиччакро бо дасти чап ва камончаро бо дасти рост гирифта, зери риояи зарби мусиқӣ чархзанон мерақсад. Сараввал  раққос дар саҳна рӯ ба рӯи навозандагон  қарор дорад, ӯ  ғиччакро боло набардошта бо ҳамин услуб давр мезанад ва  қоматашро андаке хам карда менавозад ва месарояд. Баъзан ӯ ба ҷониби мардум ҳозир буда рӯ гардонда,  ба арғушт меравад, ё  ба зону мешинад ва навохтанашро идома медиҳад.

Дар охир раққос сурудхониро ба анҷом расонида зимнан суръати мусиқӣ  ва рақсро тадриҷан тез мекунад ва ниҳоят ба ҳозирин таъзим намуда бо ҳамин ҳунарнамоиашро хотима мебахшад.[2]

              

  Дар намоиши осори фарҳангӣ, ки онҳоро тайи солҳаи дароз Б.Нематуллоев гирдоварӣ намуда буд, як адад аспак барои иҷрои рақсҳои машҳури Бадахшон  низ мавҷуд аст. Онро замоне Б.Нематуллоев аз ҳунармандони халқӣ харидорӣ намуда буд ва ҳоло барои намоиш гузоштааст. Чи тавре ки маълум аст, Рақси аспак дар бадахшон хеле машҳур аст.

 Рақси асп

Рақси театрикунонида шуда бо номи “аспакбозӣ” доимо дар рӯзҳои ҷашнҳои мардумӣ (соли нав, маросими оилавӣ ва тӯйҳо) иҷро мешуд. Дар замони муосир низ намоишҳои бахшида ба идҳои расмии давлатӣ ва консертҳо, рӯзҳои баргузории интихоботи вакилони мардумӣ аспакбозӣ баргузор мегардад. Рақси аспакбозӣ одатан зери садои  оҳанги “Рапо” ё дигар оҳанги рақсӣ иҷро карда мешавад. Дар айёми тӯйҳои оилавӣ рақс метавонад на танҳо бо бозӣ, балки бо суруди дойристон низ ҳамроҳ карда шавад.

Маъмулан, пеш аз оғози рақс, иҷрокунанда нахуст хӯсаи аспро омода карда, ба он савор мешавад. Асп аз сару гардан, танаи бо матоъ пушидашуда иборат аст. Сари аспро аз чуби дарахти зардолу сохта, ба он чашмони шишагиро илова мекунанд ва бо ранги қаҳваранг оро медиҳанд.

 Яке аз чунин намунаҳои аспакро, ки  бодиққат ва меҳрубонона омода карда шудааст, одатан онро эҳтиёткорона  дар халтаи махсус нигоҳ медоштанд, ки минбаъд низ ба якчанд наслҳои раққосон хизмат кунад. Муҳаққиқон Н.Нурҷонов ва Ф. Кароматов нақл намудаанд, ки онҳо соли 1959 дар деҳаи Барушони ноҳияи Рушон ин рақсро дар иҷрои Заурбек Азаматов (соли таваллудаш 1906) дида ба навор гирифтаанд.[4] Онҳо илова намудаанд, ки ин аспак тақрибан садсола будааст, омодакунандаи он Абдулло аз деҳаи Дерзуди ҳамон ноҳия мебошад, пас аз вафоташ аспак ба фарзандону наздиконаш  - Ширинбек Бахтибеков, писараш Абдулло ва сипас ба Азаматов мерос мондааст.

Нақл мекунанд, ки  ҳар қадаре ки асп серранга ва  зеботар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст, аз ин рӯ баъзе раққосон гардани аспро бо матои сурх ё рӯймоли абрешими сурх ё камарбанди кабуд мепӯшонанд, ки як гӯшаи онро аз байни гӯшҳо берун мубароранд. Раққос худро низ оро медиҳад ва куртаву поҷомаи сафед, нимтанаи сиеҳ мепӯшад, дар сараш саллаи зебо мебандад. Аснои иҷрои рақси аспакбозӣ як нафари  дигар, ки номаш  мирохур аст иштирок мекунад, ки дар танаш либоси оддиву ҷома мебошад (Расм.11).

Дар аснои иҷрои рақс аспакбоз бо ҳаракатҳои гуногшун “аспи шӯху бозингар”-ро тасвир мекунад (Расм.12). Асп дар ин ҳолат гӯё  аз лаҷом канда мекунад, меафтад ва боз ба рақс идома медиҳад. Мирохур ин лаҳза бо як қабза бедаи ҷав аз паси ӯ меравад, ӯро даъват мекунад, ки ба аспхона баргардад, аммо ӯ ба соҳибаш итоат намекунад ва бо ӯ шӯхиву бозӣ мекунад. Асп чунон бозингар мешавад, ки мирохурро бо пой мезанад, ва бо дандонҳояш газиданӣ мешавад. Мирохур рӯймолро гирифта мехоҳад аспро навозиш кунад, баданашро бо шона  қашшов кунад, баъдан гӯё ӯро латукӯб карданӣ мешавад, аммо ҷуръат намекунад.

 Дар аснои тамошои ин саҳнаҳо ҳозирин ба ваҷд омада аз самими қалб механданд. Дар ҳолати иҷрои рақси мазҳакавӣ рақсҳои тоза ва пантомимикӣ, эпизодҳои бозӣ омехта карда мешаванд[5] .

                                    

  Ин ҳама маводе, ки аз ҷониби Б.Негматуллоев  ҷамъоварӣ шудааст,  ба мо маълумот  медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳатто дар замонҳои душвори ҳаёти иҷтимоӣ (дар қадим набудани барқ ё худ шароити мусоиди зиндагӣ), бо ҳар намуд роҳу восита тавонистанд чунин омилҳои ташкили лаҳзаи фараҳбашро бунёд созанд. Ин барои таърих ва фарҳанги муосири мо дар кишвар аҳамияти хеле калон дорад.

  Ифтитоҳи тантанавии намоишгоҳ соати 14:00 дар толори Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оғоз ёфт.Ба ин чорабинӣ кормандони санъат, рассомон, омӯзгорони коллеҷи санъат, намояндагони васоити ахбори омма ва инчунин меҳмонони хориҷӣ даъват карда шуда буданд.

  Ҷолиби диққат аст, ки дар ин ҷо ҳамзамон  як барномаи калони консертӣ бо иштироки мусиқачиёни халқӣ аз Бартанг, яке аз дуртарин ва аҷибтарин дараҳои Бадахшони Кӯҳӣ, пешниҳод карда шуд. Онҳо ба ҳозиринс намунаҳои беҳтарини оҳангҳои халқӣ ва санъати рақсии кӯҳистонро пешниҳод карданд.

  Баъдан дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва педагогии Б.Нематуллаев олимон ва мутахассисони соҳаи фарҳангшиносӣ - Л. Додхудоева доктори илмҳои таърих, Абдулло Рахнамо, файласуф ва сиесатшинос, Франсис Ришар профессор Аз Фаронса (Лувр),  рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзали Шарипов ва дигарон суханронӣ  карданд.

  Масалан, Л.Додхудоева доктори илмҳои таърихӣ, мунаққиди санъат, мудири бахши этнология ва антропологияи Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи  А. Дониши Академияи илмҳо Нематуллаевро табрик гуфта, ҳамзамон маҷмуаи маводҳои ҷамъоваришударо ситоиш кард ва таъкид намуд, ки  дар воқеъ чунин коллексияи бой  дар ягон осорхонаи кишвари мо вуҷуд надорад.

  Дар конфронс суханронии духтари рассом Нигора Негматуллаева низ  хеле хотирмон буд, зеро ки ӯ дар бораи хислатҳои аҷиби инсонии  падараш ҳамчун инсон ва эҷодкор нақлҳои аҷоиб овард. Аз ҷумла, вай як рӯйдоди хеле таъсирбахшро аз айёми кӯдакии худ овард. Боре ҳангоми омодагии оилаашон ба арчаи солинавӣ Нигора барои иҷрои нақши Барфак  либоси зебои хуби сафед тайер кард, аммо танҳо як рӯз пеш аз ид маълум шуд, ки пойафзолаш сурхчаранг будааст, з-ин сабаб Нигора хеле ғамгин гардид. Худи ҳамон шаб падараш  меҳрубонона ба ӯ гуфт, ки хавотир нашавад ва худаш шабона пойафзоли сурхи духтарашро бо истифода аз ранги обӣ сафедранг кард ва бо ҳамин субҳ ҳамаро ба ҳайрат овард. Рӯзи дигар Нигора бо хушнудӣ ба таҷлили иди арча рафта дар он нақши Барфакро иҷро кард ва хеле хушбахт буд. Ин лаҳзаи хотирмон аз он дарак медиҳад, ки Б.Нематуллаев падари хеле меҳрубон, ҳунарманди ҷуянда мебошад, ки метавонад аз ҳама гуна вазъият эҷодкорона барояд ва ҳамеша ба кӯдакон кӯмак кунад.

  Конфронси илмӣ-амалӣ ва намоиши намунаҳои хеле нодири ҳунарҳои мардумӣ, ки Б.Нематуллоев онҳоро ҷамъоварӣ намудааст, ба ҳозирин, хусусан ба меҳмонони хориҷӣ писанд омаданд. Махсусан олоти хеле қадима – созҳои мусиқӣ, ашёи рӯзгор, либосҳои қадимӣ, зарфҳои хоҷагӣ, асбоби шикор ва ғ. дарвоқеъ хазинаи нодири фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Дар маҷмуъ метавон хулоса баровард, ки Барим Нематуллоев на танҳо ҳунарманди асил, устоди ғамхор, балки ҳамчун бунёдгари осорхонаи хеле нодир маҳсуб ёфта дар кори ҳифзи мероси асили миллӣ хизмати беандоза бузургро иҷро кардааст.

                                                           

Гулнозахон Абдулоева,

фарҳангшинос, ходими хурди илмии шуъбаи санъатшиносии АМИТ

 

[1] Бартанг (деҳа) Википедиа (wikipedia.org)

[2] Дар ин хусус ниг.: Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. / Мураттиб: Д.Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – 280 с.

[3] Расмҳо аз китоби: Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон, иктибос оварда шудаанд (Г.А.)

[4] Китоби «Мусиқии санъатшиносии Памир» - қисми 2, Ф.Кароматов., Н.Нурджанов., саҳ. 34

[5] Гирифта шуд аз китоби «Мусиқии санъатшиносии Памир» - қисми 2, Ф.Кароматов., Н.Нурджанов., Душанбе – 2010 г., саҳ. 34-35.

[6] Расмҳо аз китоби: Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон, иктибос оварда шудаанд (Г.А.)

Хондан 1864 маротиба