JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 10 Майи 2023 15:59

Донишманди фозил ва мубаллиғи маъруфи фарҳангу тамаддуни тоҷик

Муаллиф: Мухбирҷон КЕНҶАЕВ

    “Инсони бузург шахси боэътимоди рӯҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки он чӣ зарур ва саривақтӣ аст, онро амалӣ месозад”. Ин сухани бузургманишона аз яке аз гуфтаҳои донишманди маъруфи олмонӣ, намояндаи фалсафаи классикии немис, инчунин фалсафаи романтизм Гегел гирифта шудааст. Ҳарчанд ин ақидаи Гегел аз нигоҳи мо гуфтаи идеалистӣ аст, аммо аз ҷониби дигар хислати инсони асилу донишманди қавиирода ва садоқатпешаро аз нигоҳи фалсафӣ каму беш ташреҳ додааст. Ва ин хислати муҳим пеш аз ҳама муайян карда тавонистани вазифаи зарурӣ ва ҳамзамон иҷрои саривақтии он ва эҳсоси ҳисси баланди масъулият мебошад. Маҳз ин гуна хислатро Гегел “рӯҳи эҷодкор” номидааст, ки барҳақ басо ҳам дуруст аст.

    Дар ҳамин равия, бо боварӣ гуфта метавонем, ки манзури ин нуктаҳои илмиро мо дар афкору осор ва чеҳраи мубаррои донишманди мумтоз, олими соҳибхирад, профессори шинохта, устоди устодони забони англисӣ, олими шинохта, омӯзгори маъруф ва инсони нексиришт, устоди азизу арҷманд Парвона ҶАМШЕД ба хубӣ ва ҳамеша ҳувайдост, ки бемуболиға онро мо дар мисоли кору фаъолияти  пурмаҳсул ва ҳамзамон дар рафтору кирдори мавсуф бараъло дида ва ҳамзамон ба хубӣ эҳсос ҳам карда метавонем.

    Устод Парвона Ҷамшед 80-сол қабл аз ин дар арафаи фарорасии Наврӯзи оламафрӯз дар оилаи марди заҳматқарину барзгар ва наҷибзода чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Рӯзи 20-уми марти соли 1943 дар даврае, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ  идома дошт ва соли сеюми ин ҷанги хонумонсӯз идома мекард, сокини рустои зебоманзари Тангии ноҳияи Шуғнон, амаки Ҷамшедро ҷеғи мурғи саҳар аз хоби нозаш бедор кард. Он рӯз  ин марди накӯном аз ноҳияи Шуғнон ба шаҳри Хоруғ барои хариди маводи ғизоӣ ҷиҳати таҷлили ҷашни наврӯзӣ шитобида буд.Чунки дар ноҳияи мазкур мардуми диёои бостонӣ ҷашни  Наврӯзро ба истилоҳи “Хидирайём” (иди бузург ё калон) дар давоми се рӯз таҷлил менамоянд. Ҳатто ривояте ҳаст, ки ҳангоме, ки  аз равзанаи хона офтоб рост ба болои шоҳсутуни хона меафтад, мегӯянд, ки офтоб дар  “мард” афтид, яъне офтоб неру гирифт ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯз оғоз мегардад.

    Чун аз маркази вилоят шаҳри Хоруғ ба зодгоҳаш баргашт ногаҳон дар роҳи деҳаи ҳамсоя рафиқони наздикаш ӯро муборак шавад, шоҳписаракат муборак шавад  “Шогун баҳор муборак!”  бошад гӯён табрик карданд. Аммо мусофири роҳгузар ба онҳо инчунин “Ба рӯйи Шумо ҳам муборак!” гуфта троҳашро идома доданӣ шуд. Ӯ он вақт пойи пиёда  ва бо тай кардани роҳи дуру дарози деҳа хеле хаста гардидаву дар китфаш маводи ғизоӣ дошт, хост ки шитоб намояд. Аммо ду нафар рафиқони наздикаш аз деҳаи ҳамсоя нохост аз пеши роҳаш баромадаву ба ӯ монеа гардида, ҷавонмарди чусту чолокро аз роҳаш боз доштанӣ шуданд ва хостанд, ки нахустин шуда ин муждаи некро ба ӯ расонанду “кило ғуз-ғӯз” (яъне килвор - халтаи чормағз) гуфта, туҳфаи наврӯзиашонро аз рафиқи шафиқашон Ҷамшед талаб мекарданд.

    Бо рафиқонаш хайрухуш карда, боз роҳашро идома доданӣ шуд, ки аммо ҳарду ӯро нагузоштанд ва гуфтанд, ки Ҷамшед ба мо чӣ савғотӣ медиҳӣ ё ин ки як зиёфат ба гарданат бор мекунем гӯён садди роҳаш гардиданд...

    Хайр майлаш бародарони азиз, агар барои ҷашни Наврӯз бошад ман розӣ. Аммо боз барои чӣ ман ба шумоён зиёфат ташкил намоям, гуфт Ҷамшеду зуд кӯлборашро ба пушташ гузошта, роҳашро боз ба сӯйи зодгоҳаш деҳаи Тангии  диёри домани гардун ва Боми Ҷаҳон ҷойгиршуда идома доданӣ шуд.

    Ҷамшед, ҷӯра шодиёна деҳ, ту имрӯз соҳиби нахустписар гардидӣ, самимона табрик мекунем, гуфтанд рафиқонаш. Аз шунидани ин хабари деринтизор ва хуш, сокини музофоти Тангӣ, амаки Ҷамшед хело шоду масрур гардидаву чи тавр ба манзилаш расиданашро надониста монд.

    Дар хонаи амаки Ҷамшед аллакай ҳамаи ёру дӯстон ва дигар хешу ақрабо ва ҳаққу ҳамсояҳо барои муборакбодии тифли навзоду фархундапайки баҳорӣ омаду рафт мекарданд... Рӯзи дигар соҳибхона ҷашни Наврӯзу зодрӯзи писарашро якҷоя ташкил карду ҳамон рафиқони нахустмуждаи соҳиби писар гардиданаш ба ӯ расонидаро низ ба маросими номгузорӣ даъват намуд. Онҳо низ зуд расида омаданду якеаш гуфт, ки Ҷамшед ба писарат чӣ ном мегузорӣ? Дигаре мегуфт, ки биёед ба ин тифли неққадам ва зодаи Наврӯзу фасли баҳор Наврӯзшоҳ ё Хуршедшоҳ ном мегузорем гуфтанду боз таклифҳои зиёде ба миён гузоштанд. Азбаски амаки Ҷамшед, ки худ марди китобхону соҳибмаърифат буд, рости гап ба пешниҳоди ягон нафар аз рафиқону пайвандонаш розӣ нашуду ба писараш Парвон ном гузошт....

     Боз ҳамон ду рафиқи меҳмонаш аз деҳаи ҳамсоя муқобил баромада, пурсиданд, ки чаро Парвон? Ҷамшед бошад гуфт, ки Парвон номи писари як рафиқи афғонам аст. Барои ҳамин ман писарамро Парвон ном гузоштам, ки ӯ худро ҷӯяду ёбаду олиму одами баркамол шавад ва ба миллату давлатамон, ки аз ҷанг халос шавад, хизмат намояд гуфту меҳмононро гусел намуд.

    Парвони наврас дар хурдсолӣ бачаи зираку чолок ва дорои зеҳни зиёд буд. Чун 7-сола шуд, ӯро падараш ба мактаби ибтидоии рақами 20-и деҳаи Тангии ноҳияи Шуғнон барои таҳсил фиристод. Соли 1960 дар давраи гулгулшукуфии Ҳукумати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ номбурда мактаби миёнаи зодгоҳашро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонд.

     Ҳамин тариқ, тавре медонем зиндагии ҳар як инсон пуршебу фароз будаву ҳамзамон марҳалаҳои нонавиштаи худро дорад. Ҳатто дар табиат низ ҳар як заррае ба сӯйи ҷамол ва камоли худ дар ҳаракат аст. Ба қавле:

Зи кӯшиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид,

Ба ҳар чиз хоҳӣ ки моҳӣ расид.

Гарат пойдорист дар корҳо,

Шавад саҳл пеши ту душворҳо.

    Парвона Ҷамшед ҳамчун уқоби зодаи кӯҳҳои баланд соле, ки нахустин маротиба инсони рӯйи олам Юрий Алексеевич Гагарин ба кайҳон парвоз карда буд, роҳ ба сӯйи пойтахт пеш гирифт. Бе ҳеҷ як дудилагиву шиносбозӣ, ба қавле бе воситаи  ягон амаку тағо, яъне  бе “через” ба факултети забонҳои хориҷӣ, шуъбаи забони англисии Институти давлатии педагогии  шаҳри Душанбе ба номи Тарас Григоревич Шевченко бо дили пур ҳуҷҷатҳояшро супоридаву довталаби  зодаи кӯҳистони Бадахшон - ки онро Боми Ҷаҳон  низ меноманд, бо сарбаландӣ аз имтиҳони устодони сахтгиру серталабу заҳматқарин пирӯз гардид. Ҳамин тавр, ин падида аввалин муваффақияте ба ҳисоб мерафт, он сол дар сарнавишти ин ҷавони ташнаи илму маърифат ва довталаби бе раҳнамову бидуну тағо, ба ғайр аз Худо....

      Тавре дар урфият бузургонамон хуб фармудаанд:         

Солҳо бояд, ки  санги аслӣ з-офтоб,

Лаъл гардад дар Бадахшон ё Яман.

Ё ки худ ҳар як кӯдаке аз рӯйи завқ,

Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.

  Ҳангоме, ки донишҷӯйи соли дуюм шуд, нохост рӯзе аз рӯзҳо ӯро аз партаи донишҷӯйӣ  соли 1961 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват карданду ӯ ҳамин тариқ, расо 1460 шабонарӯз дар хизмати ҳарбӣ қарор дошту соли 1965 ба зодгоҳаш баргашта, боз таҳсили худро дар донишкада идома бахшида ва соли 1968 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардид.

  Соли 1968 баъд аз хатми донишкадаи мазкур фаъолияти худро дар кафедраи фонетика ва лексикаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Тарас Григоревич Шевченко ба кор шуруъ кард. Аз соли 1969 вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои таълимро ба зимма дошт. Соли 1972 ба аспирантураи Институти забоншиносии бахши Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, ки дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт – Петербург) воқеъ гардида буд, ба таҳсил пардохт. Соли 1974 рисолаи номзадиашро дар шуъбаи ленинградии Институти забоншиносии Академияи илмҳои  ИҶШС бомуваффақият ҳимоя намуд.

   Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ аз соли 1974 то соли 1980 ба ҳайси декани факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ва дар як вақт аз соли 1974 то соли 1992 вазифаи мудири кафедраи типологияи забоншиносии донишкадаи мазкурро ба зимма дошт.

  Соли 1986 рисолаи докториашро дар шаҳри Москва, дар Институти забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ бо сарбаландӣ дифоъ карда, соли 1987 унвони профессориро сазовор гардид.

   Аз соли 1988 то соли 1991 котиби ҳизбии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко интихоб шуда, дар як вақт мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумии донишгоҳиро ба зимма дошт.

  Лозим ба тазаккур аст, ки устод Парвона Ҷамшед солҳои 1991-1995 бо даъвати дӯстонаш ҳамчун профессори Донишгоҳи бонуфузи СОАС-и Лондон -SchooL of oriental  and African Studies иҷрои вазифа кард. Инчунин номбурда дар Донишгоҳи USLA дар шаҳри Лос – Анҷелос маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз таъриху тамаддуни ориёӣ хондааст. Натиҷааш он шуд, ки ин олими шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар асоси ҷустуҷӯйҳои зиёд ва инчунин маводи ҷамъовардаи худ, ниҳоятан  соли 2000-ум ду китоби арзишмандро таҳти унвонҳои “Аз Пешдодиён то Сомониён” ва инчунин “Аз Сомониён то замони ҳозира”-ро ба забонҳои гуногуни дунё интишор намуд. Бо назардошти ин гуна хизматҳои бузургаш дар рушди илму маорифи тоҷик ва хориҷи кишвар ва ҳамзамон муаррифии ориёинажодон дар арсаи ҷаҳон бо Ҷоизаи Бунёди  Фарҳанги Манучеҳрӣ сарфароз гардид, ки боиси ифтихор аст.

   Аз ин ҷост, ки солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ танҳо ду нафар донишмандони тоҷик, академики маъруф Акбар Турсон ва профессори шинохта  Парвона Ҷамшед ба хориҷа даъват шуданд, ки то дар донишгоҳ ва марказҳои илмию фарҳангии иёлоти мухталифи ИМА, аз он ҷумла дар шаҳрҳои бонуфузи олам аз қабили Чикаго, Сиетл, Лос-Анҷелос, Хюстон, Вашингтон ва Нию Йорк доир ба таъриху тамаддуни пурғановат ва эҳёи миллии тоҷикон суханронӣ намоянд. Ва инҳо ҳарду фарзандони фарзонаи миллат вазифаи пурмасъулияташонро бомуваффақият анҷом доданд, ки маҳз ба ин васила доираи васеи  зиёиёни хориҷӣ бо расму ойин ва тамаддуни тоҷикон аз наздик огоҳ гаштанд ва ҳатто мутаҳайир низ гардиданд.

  Мусаллам аст, ки пас аз он ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ниёз ба муаррифии забон ва фарҳанги ҳазорсолаи тоҷик барои аҳли башар ба вуҷуд омада буд. Пас метавон хулоса намуд, ки профессор Парвона Ҷамшед дар Тоҷикистон мактаби илмии  омӯзишу пажӯҳиши қиёсиву сохтории забонҳои русиву тоҷикӣ ва инчунин англисиро пойдору устувор намуда, хусусан ин ҷанбаи илмиро бо фаъолияти омӯзгорӣ, таълифи барнома ва васоити таълимӣ ривоҷу равнақ медиҳад.

  Мавсуф баъди бозгашт ба Ватани аҷдодӣ инчунин солҳои 1995-1998 мудири кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва ҷонишини директори Институти гуманитарии филиали Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ кор кард. Аз соли 1996 мудири кафедраи типологияи забоншиносӣ ва забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев ва солҳои 2003-2005 вазифаи ректори Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз соли 1996 инҷониб профессор ва аз соли 2005 то соли 2013 мудири кафедраи забони англисӣ ва забоншиносии типологии Донишгоҳи славянии Россия- Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст. Дар як вақт ба ҳайси ҳамкор, инчунин профессори кафедраи назария ва типологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ буд.                                  

  Дар тӯли фаъолияти илмию педагогиаш 48 монография, бештар аз 10 китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёнаро таҳия ва нашр кардааст. Ду ҷилди “Фарҳанги забони англисӣ-тоҷикӣ” ва “Фарҳанги забони тоҷикӣ-англисӣ”-ро (бо ҳамммуаллифии Толиб Шарифи Розӣ) ва инчунин  “Фарҳанги тоҷикӣ ба англисӣ” (соли 2021) , ки фарогири беш аз 60 ҳазор калима ва ибораҳои маъмули забони адабии муосири тоҷик буда,  онро дастраси хонандагон гардонидааст, ки бешак ин иқдоми наҷиби мавсуф дар мабнои густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва донишафзоии толибилмони забони англисӣ  хидмати босазоеро ба сомон мерасонад. Инчунин мавсуф муаллифи 5 китоби илмӣ - оммавӣ оид ба масоили забон, таърих ва адабиёт ва инчунин китоби “Фарҳанги ориёии бостон аз дирӯз то имрӯз” маҳсуб меёбад.

  Ҳамин тавр, аслан гирем ин олими серкору пурмаҳсул бештар ба мавзуъҳои  илмӣ - таҳқиқотии марбут  ба пажӯҳиши таърихи бостон, забон, фарҳангу  тамаддун, мардумшиносӣ  ва инчунин  педагогика даст мезанад.

 Олими шинохта Парвона Ҷамшед то имрӯз беш аз 120 номзади илм ва 20 доктори илмро ҳамчун роҳбари кори илмиашон шуда онҳоро раҳнамоӣ кардааст, ки алъон эшон дар тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва академияҳо, чи дар сатҳи  ҷумҳурӣ ва чи  берун аз он кору фаъолият менамоянд.

  Бари мисол номзадҳои илм аз давлатҳои хориҷӣ 10 нафар, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷии Нигерия, Англия, Эрон, Қазоқистон ва Россия бо роҳбарии мавсуф рисолаҳои илмии худро  бомуваффақият дифоъ кардаанд.

  Фаъолияти ҷамъиятии ин олими серкору сертараддуд ҳамчун аъзои созмонҳо ва ассотсиатсияҳои мухталиф чунин аст: раиси Ассотсиатсияи муаллимони забони англисии ҷумҳурӣ, раиси Иттифоқи англисзабонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини раиси Раёсати Ҷамъияти «Пайванд», раиси Ҷамъияти дӯстдорони фарҳанги бостон, аъзои Бунёди забони тоҷикӣ,

   Инчунин айни замон номбурда ба ҳайси узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ-оммавии «Ирано-Славика» (Москва), «Забоншиносӣ» (Тоҷикистон), «Фарҳанг» (Тоҷикистон), «Вопросы английской филологии» (РТСУ), «Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ» (ҷонишини сармуҳаррир) кору фаъолият менамояд.

   Ба замми ин ҳамчун тарҷумони маъруфи кишвар китобҳои зеринро баргардонӣ ва тарҷума кардааст: Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (аз тоҷикӣ ба англисӣ); Эмомалӣ  Раҳмон «Нигоҳе ба тамаддуни ориёӣ» (аз тоҷикӣ ба англисӣ); Умарзода Н. «Ориёиҳо” 2 ҷилд (аз тоҷикӣ ба англисӣ); Бобоҷон  Ғафуров, “Тоҷикон” (аз тоҷикӣ ба англисӣ 2 ҷилд); “1000 ихтирооти мусулмонҳо” (аз забони англисӣ ба забони русӣ); «Наврӯзнома»-и Умари Хайём (аз тоҷикӣ ба англисӣ), Мери Бойс –“Эътиқод ва ойини Зардуштӣ”, Бред Гуч – “Секрет Румӣ” ва ҳоказои дигар мебошанд.

  Ҳамин тариқ, метавон гуфт ва инчунин хулоса намуд, ки профессори шинохтаи тоҷик Парвона Ҷамшед дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мактаби илмии  омӯзишу пажӯҳиши қиёсиву сохтории забонҳои русиву тоҷикӣ ва англисиро пойдору устувор намуда, ин ҷанбаи илмиро бо фаъолияти мондагори омӯзгорӣ, ҳамзамон таълифи барнома ва дигар васоити таълимӣ ба таври пайваста боз ҳам ривоҷу равнақ медиҳад.

  Бояд қайд кард, ки дар тӯли фаъолияти тӯлонӣ ва пурсамараш дар 120 симпозиум ва конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ дар давлатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Англия, Франсия, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Албания, Куба, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Сингапур, Ҷопон, Чин, Олмон, Испания, Португалия бо баромадҳои пурмуҳтавои худ борҳо суханронӣ карда, ҳамчун мубаллиғи фарҳангу тамаддуни тоҷикон маҳсуб меёбад. Устод ба масъалаҳои мубрами рушди илми педагогӣ ва ҳамзамон  амалӣ намудани неруи педагогӣ на танҳо назари нек, балки таваҷҷуҳи хосаи худро дорад.

  Расо 55 сол аст, ки марди хирад ва соҳибмаърифат, профессор, доктори илмҳои филологӣ, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия, Корманди шоистаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи маориф ва илми тоҷик ба таври пайваста ва ҳоло ҳам монда нашуда, ҳамчун машъалафрӯзи ҷомеа баҳри рушди илму фарҳанги миллӣ шоиставу боиста заҳмат мекашад.

  Камина устодро аз солҳои донишҷӯйиам, яъне аз оғози солҳои 90-уми асри ХХ хуб мешиносам, мақолаҳояшонро низ пайваста мутолиа менамоям, аз суҳбатҳои ҳакимонаву бебаҳояшон борҳо баҳраманд ҳам гардидаам. Дӯстии мо бо ин марди шариф, олими пуркор, омӯзгору забондони асил, шахси бофарҳангу Ватандӯст, шахсияти хоксору серкор дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) боз ҳам мустаҳкамтар гардид. Баъдан дар чандин конфронсу ҳамоишҳои бонуфузи илмӣ бо устод бо ҳам будему аз суҳбатҳои муфидашон зиёд баҳраманд гардидаем. Муаллим ҳамеша ба серкории худ нигоҳ накарда, инчунин вақт ёфтаву ҳар нигоштаи шахсан каминаро тавассути саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ мехонанд ва афкору андешаҳои судмандашонро ҳамчун олим ва муаллиму хонандаи одӣ баъзан вақт бароям афкорашонро ба таври ошкоро ироа менамоянд.

  Устод Парвона Ҷамшед дар баробари инсони шариф ва олими пуркор будан,  ҳамзамон як марди сабуру хоксоре низ ҳастанд. Мудом мебинем, ки дар ҷодаи илм ҳам бо сабру таҳаммул ва омӯзиши пайвастаи худ ва ҳоло ҳам ба ҳайси корманди масъули кафедраи забони англисии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  хаста нашудаву кору фаъолият менамоянд.

  Хулласи калом, перомуни кору пайкори ин марди шариф, инсони соҳибхирад, олими асил метавон саҳифаҳои зиёде сиёҳ кард. Рӯзи 20-уми марти имсол, устод 80-умин баҳори умри пурбаракаташонро дар халқаи нури чашмҳо ва ёру дӯстонашон мутантан таҷлил менамоянд, ки қариб нисфашро дар роҳи илму маорифи кишвари соҳибиқболамон сарф кардаанд.

  Аммо дар ин чанд сатр наметавон тамоми паҳлӯҳои кору фаъолияти ибратомӯзи ин марди наҷибро бозгӯйӣ намуд, ки  қаҳрамони мо бо ин ҳама меҳрномаҳои самимию нигоштанҳо арзандаанд. Ба устоди азиз дар кору пайкорашон пеш аз ҳама умри дароз ва беҳтарин хушбахтию саодатмандӣ ва дар ҷодаи илму инчунин  дар тарбияи мутахассисони  арзандаи соҳаи илми тоҷик чун ҳамеша муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.

    Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки солҳои зиёд бо соҳибҷашн дар Ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон “Пайванд” кору фаъолияти густурда кардааст, ба хусус ин байтро ба мавсуф раво дидааст:

Мову ту меҳнаткаши кӯйи дилем,

Давлати мо шӯри беамсоли дил.

Бо тамоми ҷашнҳои рӯзгор,

Зинда бодо ҷашни истиқлоли дил.

    Устоди азиз, Парвона Ҷамшед зодрӯзи Шумо пайки баҳору Наврӯзи оламафрӯз ҳам ҳаст. Пайки олами сарсабзиҳо ва хуррамиҳои рӯзгор. Зодрӯз мубораку фархунда бод ва тимсоли қуллаҳои осмонбӯси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша сарбаланду накӯном  ва шоду хуррам бошед!

 Мухбирҷон КЕНҶАЕВ

                                                                                          журналист, узви ИЖТ

Хондан 1868 маротиба