JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 05 Майи 2023 10:44

Ба ҳам меоварӣ Эрону Тӯрону Хуросонро

Муаллиф:

 (Паёми шодбошии маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи шарқшинос, андешаманд ва рӯшангари миллӣ Устод Зафари Мирзоён)

     Номи донишманди фарзона, шарқшинос ва рӯшангари муосири миллӣ устод Зафари Мирзоён солҳост, вирди забони шахсиятҳои матраҳи муҳитҳои адабию маданӣ ва намояндагони барҷастаи ҳавзаҳои фикрию пажӯҳишии ватанист. Устод Мирзоён бидуни вақфа ва интизории подошу мукофоте умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи миллию ҳувиятӣ карда,  то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Заҳмату талошҳои бардавоми илмӣ-эҷодӣ ва ҷуръату ҷасорати фавқулодаи миллӣ устод Мирзоёнро миёни доираҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва адабию мадании минтақа соҳибэҳтиром кардааст.

    Махсусан, аз тариқи  арзёбии ҳадафмандонаи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла: мушаххасоти таърихи аҷдодӣ; шинохти мероси адабию фалсафӣ; барқарориву таҳкими хотираи таърихӣ; ташхиси мушкилоти қавмӣ; бозбинии уқдаҳои ахлоқию равонӣ; таҳқиқи буҳронҳои ҳувиятӣ; муаррифии чеҳраҳои таъсиргузори бумӣ; арзишгузории мероси гаронмояи адабию таърихӣ; дарки ҳассосиятҳои замонӣ; раванди миллатсозию ҳувиятпарастӣ ва таблиғи густардаи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ устод Мирзоён дар садри ҷадвали худогоҳию хештаншиносии миллӣ қарор дорад. Ташаббус ва ибтикороти устод Мирзоён дар заминаи шинохти “Шоҳнома” ва арзишҳои шоҳномаӣ ба унвони пружаи бузургу калидии миллӣ сазовори таҳсину офарин аст. Маҳз дар заминаи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” устод Мирзоён мактаби фирдавсипажӯҳию шоҳномашиносии минтақавиро таъсис дода, китобу рисолаҳои зиёде ба табъ расонидааст, ки ҳамагӣ ба шинохту муаррифии шаҳкитоби аҷдодӣ иртибот доранд. Дигар ин ки устод солҳои тулонӣ дар минтақаи Кӯлоб маҳфили вежаеро ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ихтисос дода, дар доираи маҳфил ҳазорон алоқамандони мероси гаронмояи ниёконро аз ҳисоби насли наврасу ҷавони минтақа ҷамъ намуда, дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллию марзбумӣ тарбия карда, ба майдони илму адабу фарҳанги миллӣ ҳидоят фармудааст. Ин аст, ки шогирдони мактаби адабӣ ва илмию фарҳангии Зафари Мирзоён дар гӯшаву канори ватани азизамон машғулу масруфи хидмат ба миллату меҳананд. Ба ин маъно, устод соҳиби мактаби бузурги шоҳномашиносию фирдавсипажӯҳии минтақавист.

    Гузашта аз ин, мухтасоти омӯзишию таҳқиқие назири таҷдиди назар ба арзишҳои гузашта (дар мисоли осори тасаввуфӣ ва мероси адабию ахлоқии асримиёнагӣ) ва мунсифона матраҳ намудани масъалаҳои миллию фаромиллӣ устод Зафари Мирзоёнро минҳайси шахсияти худвежаи миллӣ дар миқёси доираҳои илмию фаннӣ ва адабию мадании ҷумҳурӣ муаррифӣ кардааст. Илова бар ин, устод Зафари Мирзоён, ҳанӯз аз овони ҷавонӣ миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо ба унвони меъёри зиндагии адабӣ, фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва эҷодӣ пазируфта, сарнавишти хешро ба Миллат ва Меҳан тавъам дониста, то ба имрӯз дар ин масир устуворона гом бармедорад.

    Устод Зафари Мирзоён, бо он ки масъулияту масруфиёти зиёди корию идорӣ доштаву дорад, ба таҳқиқу пажӯҳиш ва ташкили маҳфилу нишастҳои адабӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва эҷодӣ машғул шуда, ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳию маърифат ва ҳувияти миллӣ дар муҳити Кӯлоби бостонӣ саъю талоши фаровон варзидааст ва то имрӯз коргоҳи эҷодии устод ҳамчунон фаъол буда,  дар хидмати ихлосмандони шеъру адаб ва фалсафаву фарҳанги миллӣ қарор дорад.

    Дар зимн, устод Зафари Мирзоён он чи ки дар тӯли зиндагӣ, албатта, аз тариқи мутолеаи бардавоми мероси гаронмояи миллию башарӣ омӯхтаву шинохтааст, ба шогирдону ихлосмандони адабиёту фарҳанги миллӣ бедареғ ҳадя намуда, бад-ин васила ҷаҳони фаҳмишу биниши насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикро сифатан тағйир медиҳад. Устод муаллифи рисолаву китоб ва гузоришу матолиби мутааддиди ҷолибу ҷиддии илмӣ ва илмӣ- оммавӣ мебошад, ки ҳамагӣ ба масоили умдаи миллӣ ихтисос ёфтаанд ва дар боло бурдани сатҳи бедории фикрии ҷомеаи тоҷик ҳамчун манобеи муътамад хидмат мекунанд. Мавсуф як умри азиз бо руҳи хастагинопазири миллӣ ва бар мабнои устураву ривоятҳо, достону қиссаҳо, ашъору манзумаҳо ва китобу рисолаҳои арзишманди аҷдодӣ пайваста талош мекунад, ки миллати мо ҳофизаи таърихиашро, ки боиси ғуруру ифтихор будааст, барқарор намуда, бо такя ба мероси гаронмояи гузашта аз буҳронҳои амиқи ҳувиятӣ бадар омада, ба масири рушду шукуфоӣ ворид гардад. Ибтикороти устод Мирзоён дар заминаи муаррифии шоистаю боистаи миллат ва арзишҳои мондагори миллӣ аз сӯйи фаъолони маданӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамсадоӣ пайдо мекунанд. 

    Воқеан, устод Зафари Мирзоён улгӯ, символ ва ифтихори миллати мост. Мо дар симои устод Зафари Мирзоён андешаманд, миллатшинос ва рӯшангари матраҳи миллиеро мебинем, ки ба ҳассосиятҳои замонӣ ва буҳронҳои рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири миллатсозӣ, дунёмадорӣ ва давлатсолории миллӣ бардамона қаракат мекунад. Маҳз аз тавонмандиҳои  фикрию эҷодии чунин  рӯшангарони миллӣ ҷомеаи тоҷик  ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихороти миллӣ мегардад.         

    Зиҳӣ, шахсиятҳои матраҳи миллие назири устод Зафари Мирзоён, ки умрро сарфи хидмат ба меҳану миллат карда ва мекунанд! Зиҳӣ, модарони тоҷике, ки мисли устод Зафари Мирзоён фарзанд ба дунё меоваранд ва ба миллат ғурур ифтихор мебахшанд!

 Воқеан:

            Тавони хомаат ҷуръат бубахшад руҳи Хатлонро,

            Мадори Суғду Фалғар, Вахшу Раштону Бадахшонро,

            Барафзояд талоши мавҷи дарёи Зарафшонро,

            Навои кӯҳсоронро!

 

            Бидонӣ сафҳа-сафҳа қисса-таърихи ниёконро,

            Кушоӣ рози пирӯзӣ-шикасти қавми гурдонро,

            Ва қисмат-сарнавишти зубдаи Сому Наримонро,

            Мақоми Золу Дастонро!

 

            Чу Афридун шикастӣ шохаи Заҳҳоки моронро,

            Дигаргун мекунӣ роҳу масири чархи гардонро,

           Ба ҳам меоварӣ Эрону Тӯрону Хуросонро,

Ба гӯши мардуми дунё расонӣ ҳарфи виҷдонро,

            Садои Тоҷикистонро!

       

               Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, устод Зафари Мирзоён!

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 5 майи соли 2023

 

Хондан 1956 маротиба