JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 18 Апрели 2023 03:20

Давлати дунявӣ-демократӣ ва пуштибонии пайвастаи фардӣ

Муаллиф: Меҳр Собириён

(бардоштҳо дар заминаи китоби доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Суҳроб Шарифов “Равандҳои сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон”, дар остонаи 60-умин солгарди зодрӯзи муаллиф)

  Ҳар як давлат дар баробари сиёсатмадорони қавиву хирадманд ва афсару аскарони далеру неруманд ба донишмандони фоъолу меҳанпараст ниёз дорад. Чунин донишмандон ҳамеша дар пайи беҳтар кардани сохтори давлат ва дар заминаи он беҳтар сохтани вазъи амниятиву иқтисодии шаҳрвандони он ҳастанд. Низоми давлатдорӣ хеле мураккаб аз он аст, ки як шаҳрванди оддӣ тасаввур мекунад. Ҳамарӯза дар он ҳазорон тасмимгирӣ ба миён меояд, ки бо дараҷаи гуногун ба давлат ва зиндагии ҳар як шаҳрванд таъсири худро мегузоранд. Агар ин тасмимгириҳо дар асоси илм ва аз тариқи машварат бо олимони соҳа гирифта шаванд, ба эҳтимоли зиёд таъсиргузориҳо мусбӣ хоҳанд буд. Ва албатта, баръакс, агар дар раванди идораи давлат ва тасмимгириҳои ҳаррӯза назари коршиносон ба инобат гирифта нашавад, таъсири тасмимгириҳо бетаъсир ва ё камтаъсир шуда, батадриҷ ҷомеаро ба бунбаст гирифтор мекунанд. Ин аст, ки нақши олимону сиёсатмадорони фаъолу худшинос дар раванди сохтмон ва тақвияти давлатдории миллии мо низ аз аҳамияти бузург бархурдор аст ва мебояд аз ин ҳам зиёдтар шавад.

  Дар остонаи 60-умин солгарди зодрӯзи донишманди саршиноси тоҷик, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ равоншод Суҳроб Шарифов китоби ӯро зери унвони “Равандҳои сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон” варақ задем. Ин китоб фарогири маҷмуаи мақолаҳои муаллиф буда, соли 2011 мунташир шуда, аз 376 саҳифа иборат аст. Дар он тақрибан 69 мақолаи муаллиф, ки аз соли 1998 то соли 2011 дар матбуоти кишвар мунташир гаштаанд, гирдоварӣ шудаанд. Мавзуъҳои асосии ин матолиб интихоботу ҳизбҳои сиёсӣ, давлатдории миллӣ, равандҳои сиёсии минтавиву ҷаҳонӣ, гурӯҳҳои ифротии даҳшатафкан ва вокуниш дар баробари туҳмату иштибоҳоти рӯзноманигорону сиёсатмадорони хориҷӣ нисбати Тоҷикистон мебошанд. Маълум аст, ки муаллиф аз равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар огоҳии комил дорад ва фаъолона дар сохтмони давлатдории навини тоҷикон иштирок мекунад. Ба ибораи дигар, Суҳроб Шарифов аз ҷумлаи ҳамон донишмандони тоҷики фаъолу меҳанпараст мебошад.

 Муаллифи китоби мазкур дар масъалаи интихоботҳову фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ назароти худро пайваста рӯйи қоғаз оварда, дар расонаҳо мушнташир кардааст. Маълум аст, ки вай ба давлати миллии демократии мо бовару эътимод дорад. Дар баробари ошкор кардани камбудиҳои ҷойдошта ҳамеша  роҳҳали онҳоро пешниҳод мекунад ва ба ояндаи давлатдории тоҷикон назари хушбинона дорад. Дар остонаи ҳар як маъракаи сиёсӣ таҳлилу ташхисҳои илмии худро ба интихобкунандагон пешкаш мекунад ва аҳолии кишварро аз равандҳои сиёсӣ дар кишвар огоҳ месозад. Пас аз ин маъракаҳо низ натиҷагирии илмӣ карда, назароти худро иброз медорад. Яъне, мавсуф ҳамеша дар баробари равандҳои сиёсӣ дар кишвар фаъол будааст.

  Масъалаи муаррифӣ кардани давлату миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамеша мавриди назари муаллиф будааст. Дар чандин мақолаҳо дида мешавад, ки муаллиф бо забони русӣ миллати моро муаррифии дуруст карда, дар баробари таҳоҷуми афроди муғриз истодагарӣ мекунад. Чи дар матолиби илмии худ ва чи дар матолиби вокунишӣ Суҳроб Шаприфов ҳамеша иттиҳомоти бегонагонро рад карда, дар баробари онҳо чеҳраи воқеии миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Ин ҳам дар вақту соате, ки миллати мо ба чунин пуштибонӣ эҳтиёҷ доштааст. Яъне ҳамон рӯзҳое, ки мавриди туҳмату буҳтони афроди муайян қарор мегирад.

  Дигар вижагии китоби мазкур дар он аст, ки муаллиф дар чандин мақолаи худ воқеъаҳои солҳои ҷанги нангини шаҳрвандиро тасвир карда, насли навро огоҳ месозад, то ки хатою иштибоҳоти гузаштагонро дигар ҳаргиз такрор накунанд. Нагузоранд, ки кадом як гурӯҳи манфиатҷӯ аз бовару эътиқоди мардум суъистифода карда, ҷомеаи моро дубора ба ҷангу хунрезӣ кашонад. Дар баробари ин, муҳаққиқ, сиёсатшинос ва коршиноси муваффақи масоили сиёсӣ Суҳроб Шарифов аз заҳматҳои ҳукумати навтаъсис дар солҳои 1993-1997 ёдовар шуда, раванди гуфтушунидҳои сулҳро дар чил моҳи он давра, яъне аз аввали соли 1994 то моҳи июни соли 1997,  “марафони сулҳ” номидааст. Дар саҳифаи 229-и китоби мазкур басароҳат таъкид мешавад, дар ин чил моҳ корҳои бузурге анҷом дода шудаанд, ки натиҷаи он сулҳу оромӣ дар ҳар як хонадон буд. Дар солҳои баъдӣ ҳамеша кӯшиш кардааст, ки дар раванди сохтмони давлати демокративу дунявии тоҷикон бо ҳукумати мамлакат ҳамроҳ бошад, то сулҳу оромии бадастомада барои ҳамеша пойдор нигаҳ дошта шавад.

  Муаассифона, солҳо пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди мазҳабишавӣ ва бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо суръат пайдо кард. Дар баробари ин, Суҳроб Шарифов ба раванди номатлуб ва оқибатҳои мудҳиши он бетараф нест. Моҳи апрели соли 2011 -- замоне ки минтақа аз ба истилоҳ “баҳори араб” ба ваҷд омада, гоҳо аз низомҳои давлатдориву бонкдории исломӣ садо баланд мешуд, Суҳроб Шарифов мақолае зери унвони “Тоҷикистон набояд давлати теократӣ бошад” мунташир кард (нигаред ба саҳифаи 334-и китоби мазкур). Дар ин мақола муаллиф аз раванди мазҳабишавии ҷомеаи мо изҳори нигаронӣ карда, аз хатарҳои ин раванд ва фаъол шудани руҳониёни манфиатталаби дорои ҷаҳонбини маҳдуди динӣ сухан рондааст. Ӯ иддаоҳои ҷонибдорони давлати динӣ-клерикалиро рад карда, дар панҷ банд натиҷаҳои мусиботи клерикалӣ шудани давлати моро рӯйи қоғаз овардааст. Албатта, баъди чанд соли мунташир шудани ин огоҳиҳо ДИИШ пайдо шуд ва мо дар амал дидем, ки ҳушдорҳои муаллиф дуруст будаанд. Яъне, нигаронии муаллиф асоснок ва ҳушдорҳои вай саривақтӣ будаанд. Ҳамин даъвоҳои иваз кардани сохтори дунявии давлати мо дар соли 1998 низ ба миён омада буд. Он замон низ Суҳроб Шарифов садо баланд карда, низоми давлатдории дунявии моро ҳимоя карда, онро ягона роҳи оромсозӣ ва ҳифзи Тоҷикистон номида буд (нигаред ба саҳифаи 13-и китоб).

  Аз нашри китоби “Равандҳои сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон”-и Суҳроб Шарифов 12 сол сипарӣ шудааст,  аммо он аҳамияти худро гум накардааст. Агар мақолаҳои бахшида ба маъракаҳои сиёсӣ дар ин китоб танҳо барои таърихшиносон аҳамият дошта бошанд, мақолаҳои дигари он, ки ба муаррифии давлату миллати тоҷик бахшида шуда, дар онҳо муаллиф аз сохтори дунявиву демократии давлати мо пуштибонӣ кардааст, барои доираи васеи хонандагон имрӯз ҳам аҳамият доранд. Хоҳишмандон метавонанд аз он истифода кунанд ва бо раванди давлатсозии миллати мо дар 20 соли аввали истиқлол ошноии бештар пайдо намоянд (шакли электронии китоби номбурдаро метавон аз сомонаи ravshanfikr.tj пайдо кард). Гузашта аз ин, зиндагиву фаъолияти сиёсиву илмии доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Суҳроб Шарифов барои ҷавонон намунаи ибрат буда метавонад. Умре дар талоши илму маърифат ва бо истифода аз он иштироки фаъолона дар раванди давлатсозии тоҷикон мебояд ҳадафи асосии ҳар як ҷавони бономусу меҳанпарасти тоҷикистонӣ бошад. Мо дар якҷоягӣ метавонем ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакатро амалӣ сохта, меҳани худро ба дараҷаи баланди рушду пешрафт расонем.

  1. Афсус, ки сиёсатмадор ва донишманди саршиноси тоҷик Суҳроб Шарифов дар авҷи камолоти зеҳнию эҷодии худ моро тарк кард. Ӯ метавонист хизматҳои зиёдтаре ба миллату давлати мо кунад. Имрӯз 18 апрели соли 2023, аҳли оила ва дӯстон 60-солагии ӯро ҷашн мегиранд. Бигзор, орзуҳои неки ин донишманди миллӣ ҳар чи зудтар амалӣ шаванд ва миллати мо бо доштани як давлати демократии пешрафта машҳури ҷаҳон гардад. Ёдашон ба хайр ва хотироташ гиромӣ бод!

Меҳр Собириён

Хондан 2070 маротиба