JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Апрели 2023 18:17

Оинае дар даст, оинае дар дил...

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ

  Ҳунарманди маъруф Убайдулло Раҷабов замоне ба рўйи саҳна омад, ки аксари гуфтаҳову диданиҳо, насиҳатҳову супоришҳо ба қолаб табдил ёфта буданд. Ва ӯ – ин шахсияти тавонои фарҳанг қолабшикан шуд.

  Қолабшикании Убайдулло Раҷабов дар он буд, ки ӯ тавонист танҳо худаш, бо истифодаи жанри миниатюра таваҷҷуҳи хандаомези мардумро ба сӯи дардҳои ҷомеа равон созад. Яъне мақсади хандонидани мардум на танҳо баҳри ханда, балки бо мақсади нишон додани ҳадафи иҷтимоӣ, тамасхур задан ба объекти ханда гардид.

 Чӣ аз ҷиҳати ҳунари саҳнавӣ ва чӣ аз ҷиҳати ҷасорати шахсиву интеллектуалӣ - ин кори осон набуд.                                                                                                                                                                 

  Ин гуна ҷасорату ҳунарро он солҳо дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ танҳо Аркадий Райкин соҳиб гардида буд.

  Гурзи хандаву теғи истеҳзо гоҳ ба сари мансабпарасти «телефон ба даст» мезаду гоҳ ба пешонии олими ношуд, ё худ мудири ферма. Дар саҳна бошад, барқосо симоҳои манфури раиси моли мардумхӯр ва ҳанноти бозори сиёҳ ҳамдигарро иваз менамуданд. Таъсири ин зарбаҳо на танҳо завқу шуури тамошобинро бедор мекард, балки ҷамъиятро водор месохтанд, ки ба муборизаи зидди норасоиҳо бархезанд. Ӯ гӯё ба дасти ҷамъият оина медод: бинед, андеша намоед, хулоса бароред!

   Ў тавонист чашми сару чашми дили тамошобинро ба мушоҳидаи оинаи ибрат майлгардон намояд ва ин буд, ки театри Оина ба вуҷуд омад.

  Барҳақ ӯ шахсест, ки хандаҳояш пурмаънӣ ва маъниҳояш пурханда ба шумор мераванд. Гоҳе ки ҷиддӣ сухан меронад, киштии ҳазл ноаён рӯи маҷрои сухан шиновар мешавад ва баръакс, аснои ҳазлу шӯхиаш ҳамоно девори маънӣ побарҷо қарор дорад..

  Ҳамин тавр оинае дар дасту оинае дар дил ӯ дар роҳи обод сохтани олами маънавии миллаташ далерона ва устуворона қадам мезанад. Дар сари ин роҳ, дар печу тобҳои душвори он ҳар чизеро, ки монеъи ҳаракат мегашт, Убайдулло бо кинаву адоват не, балки бо табассуми некандешона, бо назокату оромӣ барканор месозад.

  Дар оғоза давраи Истиқлолият ӯ Таҷассумгари тантанаҳо шуд!

  Ҳанӯз баҳори соли 1994, дар рӯзҳое, ки тамоми ҷисму ҷони азияткашидаи миллати тоҷик пас аз даргириҳои шаҳрвандӣ муҳтоҷи марҳаме буд, дар пойтахти мамлакатамон бо роҳбариву коргардонии Убайдулло Раҷабов тантанаҳои наврӯзӣ баргузор гардиданд.

  Худи замон тақозо менамуд, ки дилҳои мардум зи ғусса тиҳӣ шаванд, рӯҳи пуриқтидори миллати китобдору китобшинос зи нав эҳё гардад ва    баҳори нав рамзи оғози давраи нави таърихи тоҷикон бошад. Ҳамаи ин маъниҳоро дар тантанаи идона таҷассум намудан коре буд басо душвор ва заҳматталаб.

  Он рӯзҳо гуфтан мумкин аст, ки нигоҳи ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва аҳли башар ҷониби пойтахти тоҷикон равон шуда буд ва мардум интизори нидои тоза буданд. Убайдулло Раҷабов дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи санъаткорони ҷумҳурӣ тавонист ин нидои ҷонофаринро ба самъу ба дили миллат ворид созад.

  Бо истифода аз образҳои Борбаду Рустам ва дигар қаҳрамонони Фирдавсӣ, бо ифшои қудрати сухану сеҳри мусиқӣ тантанаҳои наврӯзии соли 1994 ба мардум илҳоми тоза ва рӯҳбаландии хос бахшиданд.

  Эҳсоси шаъну шукӯҳи Ватани соҳибистиқлол, дарки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар баробари такдири ин сарзамин, манфиатҳои умумро боло донистан - ҳамин буд маъниҳои асосии ин ҷашн, ки воқеан оғози силсилаи тантанаҳои умумимиллии кишвар шуданд.

  Убайдулло Раҷабов мусиқиро хеле хуб медонад, дарк мекунад ва чӣ тавре ки мебинем, аз сеҳри ҳунари мусиқӣ дар намоишҳояш хеле моҳирона истифода мебарад. Ин ҳам беҳуда нест, зеро ӯ аз овони ҷавонӣ пайваста дар омӯхтани мусиқӣ шуғл меварзид, дар ҷустуҷуи он қарор дошт, ки «фалакхониро» бо чи услуби тоза назди ҳунаристонҳо барқарор намояд.

  Ҳанӯз соли 1990 барномаи тозаеро бо унвони «Савти фалак» офарид ва бо ҳамин, гуфтан мумкин аст, дар эҳёи ин- жанри асили мусиқии тоҷикон икдоми нахустин ба амал овард.

  Убайдулло Раҷабов шахсест, ки дар аснои хандаҳояш хеле ҷиддӣ метобад, вале ҳангоми ҷиддӣ сухан ронданаш доим табассум мекунад. Виқоре надорад, зоҳирпарастиро ҷонибдор нест, фақат маънӣ тарғиб менамояду маънӣ талаб мекунад.

  Маънии ҳастӣ, маънии ватандорӣ, маъниву мақсади табассуми оддии инсон, ки худаш назди фалак лаҳзае баҳри маънишиносӣ қарор дорад. Шояд ҳамин аст, хушбахтии ҳунарманд, зеро ӯро баҳри ривояти маънӣ офаридаанд.

  Оина - рамзи покӣ ва таҷаллии ҳақиқат аст. Убайдулло Раҷабов тамоми  умри хешро дар  он сарф намуд,  ки рӯи ин оинаро ғуборе олуда нагардонад ва ҳар нафари ҷомеа тавонад хешро дақиқу рӯшан бишиносад.

  Ӯро оинае дар даст буд ва оинае дар дил ...

  Оинаи мову шумо.

Аслиддин Низомӣ,

доктори илмҳои санъатшиносӣ

 

Хондан 1959 маротиба