JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 12 Июни 2023 10:03

Шастсолагӣ фархундагист, бавижа барои олим

Муаллиф: Машраби Абдулло

 Имрӯз олими шинохта, таърихшиноси хушсалиқа ва ҳақиқатгуфтор Ғафуров Абдулло Мутиллоевич 60-сола мешавад. Номбурда яке аз номовартарин мутахассисони таърихи садаи XX дар Ховари Миёна муаррифӣ мешавад. Ба ибораи дигар, дар ин синну сол инсон андешаманд, камгуфтор ва мутаваҷҷеҳ ба кору пайкори набераҳо буда, кам ба худ эътибор медиҳад. Ҳеҷ кас гумон ҳам нахоҳад кард, ки номбурда аққалан лаҳзае дар ҳоли ҳассосият бо касе суҳбат кардааст.

  Фарде аз табори пешдодиён ва зеҳне пур аз хотираи таърихӣ ва теъдоди бузурги қаҳрамонҳо аз корномаи Ҳахоманишу Олӣ Сосону Кӯшониёну Ҳафтолиҳо, аз худогоҳии Рӯзбеҳу ибни Ровандӣ, Эроншаҳрӣ ва Розӣ, Бӯаливу Берунӣ, Шоҳ Носиру Хайёми Нишобурӣ, Фирдавсиву Дақиқӣ... Дар ҳеҷ сурат наметавон номи афроде, ки таърих офаридаанд, ин ҷо мутазаккир шуд, аммо Абдулло Ғафуров ҳамаи мушаххасоти таърихиро фарогир асту бо эътимод ба оянда менигарад. Гӯё муҳаққиқи таърихи муосир мебошад, аммо таърихро ба маънои илмиаш баррасӣ мекунад. Чун аз минбар дар ҳамоишҳо маърӯза менамояд, ҳеҷ кас ба гуфтаҳояш шак надоранд ва ҳеҷ кас намегӯяд, ки мавсуф мақоларо сатҳӣ навиштааст, ё ин ки маърӯзааш такрор аз гуфтаҳои дигарон аст. Не! Дар сабки Абдулло такрору дарюзагӣ ва донотарошӣ ва мутлақбаёнӣ роҳ наёфтаанд, вагарна ӯро низ дар баробари уламои расмии ҳисоботдиҳанда мавриди арзёбӣ қарор медодем.

 Пас хулоса чист? Ин ҳарфҳо аз хотири олим шудану одам боқӣ мондан аст ва ин вижагиро мо дар рафтору гуфтору кирдору пиндори Абдулло Ғафуров мушоҳида менамоем. Масалан, агар маърӯзаи олиме ба мо писанд наафтид, бо имову ишора дарак медиҳем, ки баррасиҳои илмиаш ба мо писанд нест, аммо Абдулло Ғафуровро боре надидем, ки изҳори норозӣ ё худ нигаронии худро нисбат ба таҳлилҳои илмии олиме изҳор карда бошад. Абдулло Ғафуров дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2013), Аъличии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016) мебошад.

  Вақте ки олим зимни баррасии мавзуъ меъёрро риоя накард ва ба суханпардозӣ дода шуд, Абдулло Ғафуров фақат толорро тарк мекунад. Дигар ҳеҷ! Аммо номбурда қариб ҳамаи анъанаҳое, ки дар замони Шуравӣ машҳур буданд, риоя мекунад ва яке аз чунин оин дар зодрӯз нишастан бо дӯстон аст. Бо дарназардошти рухдоди таърихӣ дар ҳаёти номбурда, яъне фарорасии 60-умин солгарди ҳаёт мавсуфро табрик мегӯем ва таманно дорем, ки ҳамеша муваффақ бошанд.

Машраби Абдулло

Хондан 1994 маротиба