Саршор зи ҳикмат асту огоҳи ҷаҳон,
Дар маърифат аст соҳибназар Нозими Нур.
Оре, рӯбоии мазкур аз эҷодиёти шоири файласуф Исомуддин Шарифзода комилан бозгӯйи шахсият ва мунҳариф ба фарди донишманди фарҳехта, ҷомеашиноси дақиқназар, фарҳангшиноси жарфнигар ва омӯзгори варзидаи тоҷик Нозим Нурзода аст. Зиёда аз ин, устод Нозим Нурзода инсони хоксору одӣ, шахсияти соҳибхираду соҳибназар ва марди миллатдӯсту меҳанпарасте аст, ки гуфтору кирдор ва донишу хирад дар ӯ ба ҳам тавъам таҷассум ёфтаанд. Дар баробари ин, устод Нозим Нурзода шоири зарбардаст, ки шеъри ӯ даъват ба огоҳӣ, бедорӣ, худшиносӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, зиндагимеҳварӣ ва таҷассумгари воқеии ҷаҳонбинии илмию фалсафаи ҳаёт мебошад.
Ҳар шахсе бо устод Нозим Нурзода шиносоӣ дорад: навиштаҳои ӯро мутолиа кардааст, суханрониҳояшро тариқи садою симо гӯш кардаву тамошо намудааст, аз ӯ таълим гирифтааст, маърӯзаҳояшро шунидааст ва умуман, дар бораи шахсият, дониш, хирад ва андешаю ҷаҳонибинии ӯ маълумоте пайдо намудааст, бидуни муболиғаю зиёдаравӣ, ин донишманди фарҳехтаро ба унвони як адабиётшинос, ҷомеашинос, фарҳангшинос ва муҳаққиқу мунаққиди андешаманду шахсияти рӯшанфикр арзёбӣ менамояд.
Зеро устод Нозим Нурзода бо доштани дониши васеъ муносибати баланди инсониро доро буда, ҳамчун муҳаққиқ ва пажӯҳишгар бениҳоят сахткӯш ва ҳамеша пӯёву ҷӯё мебошад. Ҳамчун роҳбар, яъне солҳои тӯлонӣ мудирии кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи устод Турсунзодар ба уҳда дошт ва аз соли 2017 ин ҷониб сарвари яке аз сохторҳои илмию тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ҳеҷ гоҳ худро аз ҳамкорон боло намедонад ва бо ҳама муносибати самимонаи инсонӣ дорад. Ҳатто бисёре аз супоришу дархостҳоеро, ки ба муассиса ворид мешаванд, чун мебинад, ҳамкорон саргарми фаъолияту эҷоданд, ба хотири халалдор накардани раванди кор ва парешон насохтани андешаронии кормандон, онро худ саривақт иҷро менамояд. Барои устод Нозим Нурзода иҷро кардани супориш ё посух гардонидан ба дархосте на ба хотири сиёҳ кардани коғази сапеде аст, балки онро бо овардани далоили муътамади пажӯҳишӣ, нишон додани сарчашмаҳои дақиқи таҳқиқотӣ ва овардани иқтибос аз маъхазҳои илмӣ комилу мушаххас мегардонад. Маҳз бо назардошти ин нукта муҳаққиқи пуркори адабиёти заҳниятсозию осори миллатсозӣ ва шоири меҳансарои тоҷик Назрӣ Асадзода дар бораи устод Нозим Нурзода фармудааст:
Автоматосо кунад иҷро ба зеҳни чобукаш
Дарзамон ҳар гуна кори оҷилеро Нурзод.
Фориғ аз кор бошад, устод Нозим Нурзода ҳамчун дӯст ҳамеша барои дастгирию кумак омода ва бисёр ҳам садоқатпеша аст. Дар ғаму шодии дӯстону ҳамкорон чун «гӯшту нохун» ҳамсафу ҳамроз буда, дар тамоми хайру шарри онон наздиктар аз наздикон аст. Ва маҳз ҳамин хислатҳои накӯи устод омили обрӯи рӯзафзуни ӯ дар назди дӯстону ҳамкорон гардидааст.
Бидуни муболиға, шахсият ва фаъолияти пажӯҳишию эҷодии устод Нозим Нурзодаро ҳамеша бо суханони баландмазмуне тавсиф намоем ҳам, боз кам аст. Зеро Мавлоно Балхӣ комилан дуруст фармудааст, ки:
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯд ҷав зи ҷав.
Ба ин маъност, ки устод Нозим Нурзода дар оилаи марди ростқавлу поквиҷдон, инсони донишманду маърифатпарвар, омӯзгори асилу фидоӣ ва яке аз машъалафрӯзони илму маорифи дар манотиқи дурдасти кишвар Пирмуҳаммад Нуров чашм ба олами ҳастӣ кушодаву ба воя расидааст. Муҳити хонаводагӣ, ки шахсиятҳои соҳибхираду соҳибназар ва муҳити деҳа, ки аз тоҷикони фарҳангпарвару арҷгузор ба таъриху тамаддуни ниёкон мебошанд, дар пешрафт ва ташаккули шахсияти устод Нозим Нурзода нақши мусбат гузошанд. Ва аз ин ҷост, ки устод пас аз хатми дабистони деҳа, роҳ сӯйи пойтахти кишвар, дақиқан ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пеш гирифт. Чун муҳити оилаву деҳа ӯро дар рӯҳияи баланди худогоҳию худшиносӣ, миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва гиромӣ доштани илму фарҳанги ниёкон тарбия намуда буд, дар донишгоҳ низ бо чанде аз дӯстону ҳамсабақон, чун Ҳафиз Холиқзода, Нуриддин Шаҳобуддин, Ҷамшеди Азимпур, Дилшод Раҳимӣ ва дигарон маҳфили адабию фалсафиеро роҳандозӣ намуданд.
Сипас, аъзои ин маҳфил ба маҳфили фалсафӣ-фарҳангии «Ҷаҳони андеша», ки бо роҳбарии файласуфи миллӣ Комил Бекзода дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амал мекард, иртиботи қавӣ барқарор намуда, қисми аъзами онҳо, ба монанди Ҳафиз Холиқзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Нуриддин Шаҳобуддин, Нозим Нурзода, Усмон Камолиён, Исомуддин Шарифзода, Ҷамшеди Азимпур, Дилшод Раҳимӣ, Виркани Музаффарпур, Нусратулло Зокирзода, Убайдуллои Раҳмат, Шодӣ Атоӣ, файласуфону ҷомеашиносону фарҳангшиносони баркамол ба воя расиданд.
Дар ин миён устод Нозим Нурзода низ бо дониши фароху мутолиаи фаровон, таҳлилҳои амиқу муқоисаҳои дақиқ ва ҷаҳонбинии илмию огоҳии баланд, донишманди ҳамафанни улуми гуманитарӣ мебошад. На танҳо дар маҳфилҳои болозикр, балки дар тамоми нишасту маҳфилҳо, семинару конфронсҳо ва барномаҳои телевизионию раидоӣ устод Нозим Нурзода нутқи бурро, андешаронии мантиқӣ, суханрониии нишонрас, нуктаҳои муҳимми ҷамъбастӣ ва аз ҳама муҳим, хулосаҳои хешро бо шеъре ё порчаи назмие аз эҷодиёташ иброз менамояд. Маҳфилороӣ, равшанзамирӣ ва суҳбатҳои ҷаззобу дилнишини устодро шоири бедору муҳаққиқи пуркори тоҷик Назрӣ Асадзода чунин қаламдод кардааст:
Маҳфили мо равшан аст аз нури рӯи Нурзод,
Каъбаи равшанзамирон аст кӯи Нурзод.
Рӯзу шаб дар маҳфили ӯ Ҷоми Ҷам дар гардиш аст,
Бодаи дерина бошад дар сабӯи Нурзод.
Мафҳумҳои миллат, меҳан, дӯстӣ, таърих, фарҳанг, ҷомеа, фалсафа, илм, ҷаҳонбинии илмӣ, огоҳӣ, бедорӣ ва амсоли инҳоро на танҳо андешаву калом метавон пайдо намуд, балки тамоми навиштаҳои устод Нозим Нурзода бар асоси ин вожаҳо эҷод гардидаанд. Кулли эҷодиёти ҳам назмӣ ва ҳам насрии устод Нозим Нурзода муҳимтарин ҷанбаҳои таблиғи илму дониш, ҷаҳонбинии илмӣ, дӯстдории меҳану миллат, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи хеш, ҳамдилию ҳамзистии инсонҳо ва ғайраро инъикос менамояд. Фарзи мисол, мақолаҳои илмию таҳлилии устод, ба монанди «Ҷаҳонбинии дунявӣ (мулоҳизоти иҷмолӣ)», «Дунёмадорӣ ва дурнамои давлатсозии миллӣ», «Наврӯзи Ҷамшедӣ минҳайси фарҳанги вежаи миллӣ», «Ҷашни Сада – худшиносӣ ва ҳамбастии инсоният», «Замони Эҳёи асримиёнагии миллӣ ва зарурати имрӯзии эҳёӣ», «Забони давлатӣ ва бозсозии андешаи миллӣ»; навиштаяш оид ба зодрӯзи шахсиятҳои таърихӣ ва муосири миллат, аз ҷумла Куруши Кабир «Куруши Ҳахоманишӣ – чеҳраи истисноии сиёсат ва қудрати миллӣ», Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ «Устод Рӯдакӣ – нахустшоири файласуфи миллӣ», Мавлонои Балхӣ «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва рӯҳияи қолабшиканию исёнгарӣ», Садриддин Айнӣ «Устод Айнӣ дар масири мунавварфикрии миллӣ», Мирзо Турсунзода «Устод Турсунзода ва мо», Чиллахони Хол «Овозхоне ҳирфаӣ бо ҷуръату ғурури миллӣ»; гузоришҳояш аз конфронсу семинарҳо ва озмуну фестивалҳо, чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва паёми шахсияти миллӣ», «Масоили амният ва мудирияти марзӣ дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ», «Намоишномаҳои театрӣ ва бозшиносии манофеи миллӣ», «Зуҳури истеъдодҳои миллӣ дар заминаи барномарезиҳои озмунӣ», «Муҳтавиёти миллӣ дар намоишномаҳои театрӣ» ва бардошт аз сафарҳо ба шаҳру навоҳии мухатлифи кишвар, ба мондани минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва водии Зарафшони вилояти Суғд «Отифаи маҳаллӣ ҳамроҳ бо самимияти миллӣ» далели равшани гуфтаҳои боло мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки мақолаҳои болозикр ва дигар матлабҳои амсоли инҳо, ки аз ҷониби устод Нозим Нурзода таълиф ёфтаанд, на маводҳои хушку холӣ, навиштаҳои ҷашнӣ ё шиоргунаҳо мебошанд, балки тавассути ин навиштаҳо устод ба вазъи кунунии ин ё он самти фаъолият, дарку фаҳми мардум, ҷаҳонбинии одамон дар ҷомеаи имрӯзи тоҷик ва дурнамои онҳо ба унвони як пажӯҳишгари жарфнигару муҳаққиқи дақиқназар баҳои воқеӣ дода, андешаҳои пешниҳоди хешро мушаххасан баён кардааст.
Ҳамчунин, навиштаҳои устод Нозим Нурзода дар бораи фаъолияти шахсиятҳои огоҳу бедори миллӣ, ба монанди Куруши Кабир «Куруши Кабир ва таълиму тарбияти аҳди Ҳахоманишӣ», Яъқуби Лайси Саффорӣ «Яъқуби Лайс кӣ буд?», Ҳабибуллоҳи Калаконӣ «Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ва зарурати бозшиносии симоҳои миллӣ» саршор аз ғурури миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, гиромӣ доштани рӯҳи поки шермардони тоҷик, ҷонфидоӣ дар роҳи истиқлоли миллӣ ва ҳамчун масъулияти фарзандию инсонӣ пазируфтани ҳифзи таъмини аминияти меҳани маҳбубамон – Тоҷикистони орому осуда аз ҷониби кулли мардуми шарифи тоҷик мебошанд.
Гузашта аз ин, устод Нозим Нурзода вобаста масоили иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ ва адабию ҳунарӣ дар барномаҳои зиёди радоиву телевизионӣ суханронӣ намуда, алалхусус тариқи барномаи «Фарҳанги муосир»-и ТВ Сафина таҳти унвонҳои «Фалсафаи Наврӯз», «Наврӯз оини хушҳолӣ», «Ҷашнҳои мардумӣ – унсури асосии фарҳанги миллӣ, дар мисоли ҷашни Садда», «Ҷашни Ялдо ва иртиботи он ба соли нави мелодӣ», «Шоҳнома ва ҳувияти миллӣ», «Фалсафаи ватандорӣ», «Истиқлолият ҳамчун арзиши олии инсонӣ», «Консепсияҳои ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш», «Айнӣ ва мунавварфикрӣ», «Рӯшангарони миллӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ», «Устод Лоҳутӣ ва шеъри иҷтимоии тоҷик», «Турсунзода ва мо», «Шеъри иҷтимоии Лоиқ», «Ҷойгоҳи илм дар ҷомеаи муосир», «Илм ва амалигароӣ», «Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад», «Дунявият ҳамчун низоми зиндагӣ» «Фарҳанги миллӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ», «Мафҳуми фарҳанг ва ҷомеа», «Шеър ва мусиқӣ» ва ғайра барномаҳои басо ҷолиби илмӣ, маърифатӣ ва ҷолиберо пешкаши тамошобинону ҳаводорон гардонидааст. Воқеан ҳам барномаҳо дар сатҳи баланди илмӣ таҳия гардида, дар ҳамаи онҳо ва дигар барномаҳои садою симо устод Нозим Нурзода дар асоси мутлоиаи фаровон, далелҳои муътамад ва сарчашмаҳои дақиқ андешаҳои нобу фикрҳои бикри хешро баён менамоянд.
Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ҳарфи аввали устод Нозим Нурзода аз меҳану миллат аст ва дар меҳвари фаъолияти илмию эҷодии ин донишманди фарҳехта дӯстдории миллат, ҳифзи меҳан, арҷгузори ба таърихи гузаштаи хе шва эҳёи фарҳанги миллӣ қарор дорад ва бо тамоми маъно ин устоди бузурги шахсияти комилан миллӣ аст. Ба ин маъност, ки шоири файласуф ва омӯзгори ҷомеашинос Исомуддин Шарифзода дар бораи шахсияти миллӣ будани устод гуфтааст:
Ин марди Худо зи тухми Ҷам меояд,
Ба рағми ҳазор бешу кам меояд.
Саршор зи ҳикмату ба лаб шеъру сухан,
Аз пушти бузургони аҷам меояд.
Имрӯзҳо устод Нозим Нурзода ба синни муборак 50-солагӣ қадам мегузорад, аз ин рӯ, устоди гиромӣ, омӯзгори асил, муҳаққиқи пуркор ва роҳбари накӯкорро ба муносибати зодрӯзаш самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиаш комёбиҳоро таманно мекунанд. Бигзор доимо хушбахту саломат бошанд ва дар фазои илмии меҳани маҳбубамон парвозҳои аз ин ҳам баландтар дошта бошанд.
Нимасрагӣ фарруху фархунда бод, Устоди арҷманд!!!
Бо эҳтиром,
аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”
ш. Душанбе, 29 июли соли 2023