JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Апрели 2023 18:17

Оинае дар даст, оинае дар дил...

Муаллиф:
Ҳунарманди маъруф Убайдулло Раҷабов замоне ба рўйи саҳна омад, ки аксари гуфтаҳову диданиҳо, насиҳатҳову супоришҳо ба қолаб табдил ёфта буданд. Ва ӯ – ин шахсияти тавонои фарҳанг қолабшикан шуд. Қолабшикании Убайдулло Раҷабов дар он буд, ки ӯ тавонист танҳо худаш, бо истифодаи жанри миниатюра таваҷҷуҳи хандаомези мардумро ба сӯи дардҳои ҷомеа равон созад. Яъне мақсади хандонидани мардум на танҳо баҳри ханда, балки бо мақсади нишон додани ҳадафи иҷтимоӣ, тамасхур задан ба объекти ханда гардид.
Панҷшанбе, 16 Марти 2023 17:35

Преданное науке

Муаллиф:
 Люди изучают истории наук, а история науки это и есть история жизни и деятельности конкретных людей, закладывавший фундамент большого дома под названием «наука». Сегодня научная стройка развивается очень быстро. В науку приходит все больше и больше молодых людей, расширяется ее фронт, все дальше и дальше в нашей жизни распространяется влияние ее достижений. Поэтому мы должны знать историю науки: историю идей и историю людей.
Суруду мусиқӣ аз бомдоди таърих то имрӯз аз ҷузъҳои ҳаёти маънавии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, таркиби ҷудонопазири фарҳанги миллӣ мебошад. Зеро дар ҳар давру замон хунёгарону мутрибон дар суруду таронаҳои худ эҳсосу ормонҳои волои миллию мардумиро тараннум намуда, ба дилҳо шодиву нишот мебахшиданд, дилҳоро ба зиндагӣ гарм мекарданд ва баҳри рушди фарҳанги миллӣ хидмати мондагоре анҷом медоданд. Мушкилоти зиндагӣ, ошӯбҳои замон ва бадтар аз ҳама хурофоту таассуби диндорону эътиқодмандон натавонист мардумро аз суруду мусиқӣ дур намояд. Дар ҳар аср ҳофизону мутрибоне падид меомаданд, ки бо овози хуш, навои дилхурӯш ва ҳунари волои хеш суннатҳои мусиқии…
 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода) Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал ҷашни мелод доранд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри…