JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Файласуф, рӯшанфикр ва рӯшангари муосири миллӣ устод Комил Бекзода 9 январ зодрӯз доранд. Устод Бекзода умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад.
 (бардоштҳое дар заминаи китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд”-и шарқшиноси муосири миллӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов) Сатҳи тафаккур ва вусъати ҷаҳонбинии аъзои як ҷомеа сарнавишти онро рақам мезананд. Ҳар кишваре муҳити фарҳангӣ ва идеологии ба худ хосро дорад, ки шаҳрвандони онро тарбия намуда, ба рафтору кирдори онҳо таъсир мегузорад. Ин муҳити фарҳангиву идеологӣ дар асоси ҳувийяти мардуми як кишвар ба миён омада нигаҳдорӣ мешавад. Агар ин ҳувийят миллӣ бошад ва дар сатҳи кишвар мардумро бо ҳам пайваст намояд, мамлакат муваффақ мешавад. Ва баръакc, агар ҳувийяти пойинтаре аксари мардумро ба худ ҷалб карда…
15 ноябр муҳаққиқ ва адабиётшиноси варзида Нурмуҳаммад Сафарзода (Нурмуҳаммад Одинаев) зодрӯз доранд. Ин шахсияти илмӣ ва эҷодӣ солиёни тӯлонӣ дар самти пажӯҳишу таҳқиқ ва маорифи миллӣ заҳмат кашида, дар таҳияву нашри мероси адабӣ, таълифи матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ саҳми сазовор мегузорад. Устод Нурмуҳаммад Сафарзода ба унвони шахсияти миллӣ дар самти арҷгузории забони давлатӣ ва бузургдошти фарҳангу адаби тоҷикӣ пайваста ҷаҳду талош мекунад. Мавсуф хидмат ба халқу меҳанро аз тариқи ташаккул ва тавсеа додани ҳувияти миллӣ, ки аз омӯзишу гиромидошти забони давлатӣ ва мероси…
 Жизнь и творческий путь Устода Мухтар Ашрафи во многих своих этапах, простых и сложных, взлетах и недоразумений, как бы всецело олицетворяет историю становления и развития музыкальной культуры Узбекистана и Таджикистана в двадцатом столетии. К нашему счастью, так получилось, что всю свою жизнь он был также связан крепкими творческими и дружескими узами и с Таджикистаном.