JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 27 Декабри 2022 05:18

Ҳувийяти миллӣ - беҳтарин гузинаи рушду осудагӣ

Муаллиф: Меҳр Собириён

 (бардоштҳое дар заминаи китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд”-и шарқшиноси муосири миллӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов)

 Сатҳи тафаккур ва вусъати ҷаҳонбинии аъзои як ҷомеа сарнавишти онро рақам мезананд. Ҳар кишваре муҳити фарҳангӣ ва идеологии ба худ хосро дорад, ки шаҳрвандони онро тарбия намуда, ба рафтору кирдори онҳо таъсир мегузорад. Ин муҳити фарҳангиву идеологӣ дар асоси ҳувийяти мардуми як кишвар ба миён омада нигаҳдорӣ мешавад. Агар ин ҳувийят миллӣ бошад ва дар сатҳи кишвар мардумро бо ҳам пайваст намояд, мамлакат муваффақ мешавад. Ва баръакc, агар ҳувийяти пойинтаре аксари мардумро ба худ ҷалб карда бошад, фоҷеаҳо ногузир мегарданд ва кишвар ақибмонда хоҳад шуд. Ба ибораи дигар, ҳувийяти миллӣ омили сулҳу субот ва рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳар давлат мебошад. Ҳувийятҳои пойинтар аз он, ба монанди ҳувийяти маҳаллӣ ва мазҳабӣ омили танишзо ва заъфи мамлакат буда метавонанд. Далели ин гуфтаҳоро мо дар таҷрибаи кишвари ба мо дӯсти Ҳиндустон дида метавонем.

  Дар асри гузашта ин кишвар таҷрибаҳои сахти таърихиро аз сар гузаронида, бо фоҷеаҳои бузурге мувоҷеҳ гардидааст. Ҷузъиёте аз ҳаводису воқеаҳоро метавон аз китоби тозанашри шарқшиноси муосири тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов зери унвони “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” (-Душанбе: ЭР-граф, 2022. – 272 с.) дарёфт, ки дар он иттиҳоду ҳамбастагии мардуми Ҳиндустон дар давраи боло будани ҳувийяти миллӣ ва бадбиниву қатлу куштори ҳамдигар дар замони авҷ гирифтани ҳувийяти динӣ хеле моҳирона инъикос карда шудаанд.

  Дар китоби мазкур авзои сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию мадании Ҳиндустон дар оғози асри бистум тасвир шудааст, ки дар он давра мардуми ин кишвар дар асоси ҳувийяти миллӣ бо ҳам мутаҳид буданд ва якҷоя бар зидди мустамликадорони англис мубориза мебурданд. Ин муборизаи мардуми Ҳинд бар зидди истисморгарон қаҳрамонҳои зиёде дошт. Қаҳрамонии адибу рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон маълум буд, чунки дар бораи онҳо зиёд навиштаанд. Вале қаҳрамонии мардуми оддӣ, ки аз корномаҳои қишрҳои пешрави ҷомеа ҳеҷ камӣ надошт, дар китобҳои таърих  камтар тасвир меёфтанд. Аммо дар асарҳои бадеӣ чунин қиссаҳо бештар дида мешаванд, ки дар китоби мавриди назари мо оварда шудаанд. Махсусан, кушта шудани чор бонуи ҳиндӣ, ки дуи онҳо мусалмон, як ҳинду ва яки дигар  сикҳ буданд, ҷараёни муборизаи якҷояи намояндагони мазҳабҳои гуногунро бар зидди душмани ягона ва барои ояндаи муштарак ба намоиш мегузорад. Тафсилоти ин ҳодисаи мудҳиш дар саҳифаи 108-и китоб оварда шудааст: “... дар мисоли қаҳрамонии чор зан, ки ду нафарашон мусалмон (Бегим ва Зайнаб), як нафар аз қавми сикҳҳо (Шамкор) ва як нафар ҳинду (Паро) мебошанд. Дар соати комендантӣ, ки пас аз фоҷеаи Боғи Ҷалианвала (10-уми апрели 1919) ҷорӣ карда буданд, онҳоро сарбози англис нигоҳ дошта маҷбур мекунад, ки ба парчами давлати империяи Британия таъзим кунанд ва чанд масофае ба зону зада роҳ раванд, вагарна ба қатл мерасанд. Занҳо ғурури миллиро нигоҳ дошта сар намефароранд ва аз сар фаровардан маргро афзалтар мешуморанд ва дар натиҷа ҳамаашон паронида мешаванд.” Ин ҳодиса дар замоне рух медиҳад, ки мардуми Ҳиндустон ҳувийяти миллии худро боло гузошта, дар якҷоягӣ бар зидди мустамликадорон мубориза мебурданд. Мутаассифона, баъди ду даҳсола ҳувийяти динӣ боло мегирад ва ин мардум дар асоси он ба ҷони ҳам дармеафтанд. Дар саҳифаи 121-уми ҳамин китоб фоҷеаи кушта шудани аҳли оилаи Зайнаб оварда шудааст. Модари Зайнаб, ки дар дами марг аст, шикоят мекунад, ки чаро оилае, ки аъзои он барои озодии Ҳиндустон ҷонбозӣ кардаанд, ин қадар бераҳмона нобуд карда мешавад.

  Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯз бархурдҳои бераҳмона бар пояи бадбиниҳои мазҳабӣ зиёд ба мушоҳида мерасанд. Ин мушкил дар Ҳиндустон низ пурра бартараф нашудааст. Дар кишварҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки Тоҷикистони мо аз ҷумлаи онҳост. Адибони Ҳиндустон ин хатарро мушоҳида карда, асарҳои худро дар ин мавзуъ, бо мақсади огоҳ кардани халқи худ офаридаанд. Онҳо тасвирҳои гуногунро аз ин фоҷеа меоваранд ва нишон медиҳанд, ки оқибати бадбиниҳои динӣ ба нафъи ҳеҷ кас нест. Агар бархурдҳои мазҳабӣ сурат гирад, бар зарару зиёни ҳам динҳо аст ва ҳам диндорон. Чунки дар ин муноқишаҳо, пеш аз ҳама, диндорон кушта мешаванд. Баъдан бераҳмиҳои бавуҷудомада ҳар як инсони солимақлро аз чунин дину мазҳаб дур месозанд. Ба ин маънӣ, муҳаққиқ Ҳабибулло Раҷабов таъкид мекунад: “Адиб (Миҳир Мукҳопадҳай) гуфтанист, ки инсоне, ки бо муҳаббат худои худро сохтааст ва аз ӯ марҳамате дар шакли ҳимояи оҷизон интизор асту онро намебинад, аз чунин эътиқод доштани худ пушаймон аст”(ниг.: Раҷабов Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. -Душанбе: ЭР-граф, 2022. С. 48).

  Дар воқеъ “бадбинии динӣ яке аз маризҳои марговар аст, ки ба ҳама паҳлуҳои зиндагии ҳар як фарди ҷудогона ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеа таъсир мерасонад”( ниг.: Раҷабов Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. -Душанбе: ЭР-граф, 2022. С. 15). Аз ин иллат гурӯҳҳои манфиатҳоҳ ҳамеша истифода мебурданд ва ҳоло ҳам мебаранд. “Мардумони дигарро дучори бадбахтиҳо кардану аз он манфиат гирифтан дар асри XXI аз ҷониби онҳое, ки ин корро аз гузаштагонашон ҳамчун мерос гирифтанд, боз бештар шуда истодааст”(С. 114). Мутаассифона, “ҳоло дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр моҳирона ва пардапӯшона амал кардани хориҷиёни манфиатҷӯ мешоҳида мешавад” (С.179). Албатта, ҳамаи гуноҳро бар сари ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ бор кардан хатост. Онҳо ба мисли гурги ҷангал танҳо ҷомеаҳои заифро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Вақте бадбиниҳои динӣ-мазҳабӣ дар як ҷомеа ба миён меоянд, он ҷомеа заиф мегардад ва бо хатарҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад.

  Таърих гувоҳ аст, ки бераҳмтарин ва шадидтарин бархурдҳо маҳз дар асоси бадбиниҳои динӣ ба миён омадаанд. Бархурдҳои динӣ дар Ҳиндустони солҳои чилуми асри гузашта низ аз чунин ваҳшигариҳо орӣ набуд. Дирӯз медидем, ки мардуми Ҳиндустон бо ҳамбастагии зиёде зидди душман мубориза мебарад. “...ҳеҷ бадбиние, каҷфаҳмие, нафрате ва мисли ин иллатҳо байни сикҳҳову ҳиндувону мусалмонҳо ва ё қавмҳои дигари Ҳиндустон дида намешавад”(С. 152). Вале дере нагузашта баръакси он шуд ва намояндагони динҳои гуногун бо як бадбинии шадид нисбати ҳамдигар ба ҷони ҳам дарафтоданд. Дар ин замина муҳаққиқ Ҳабибулло Раҷабов менависад: “Воқеаҳои соли 1947 нишон медиҳанд, ки чун на як-ду инсони ҷудогона, балки садҳо ҳазор одамон гирифтори ҷаҳолат мешаванд, ниҳоят мушкил аст, ки онҳо аз гирдоби ин гуна иллат берун кашида шаванд”(С.. 161).

  “Азбаски бархурдҳои шадиди мусалмонҳо ва ҳиндувон идома меёфт, ҳеҷ касро дар ҳеҷ ҷой оромӣ набуд. Куштору сухтору тороҷгариву таҷовуз дар пояи бадбинии динӣ ба дараҷаи аъло расида буд”(С. 85). “Гумон меравад, ки ин одамон як умр бо ҳам душмани ашаддӣ будаанд, раҳму шавқат надоранд, инсон буданашонро фаромӯш кардаанд”(С. 27). Адиб Кришан Чандар дар ҳикояи “Амритсар” чунин саҳанаро манзур месозад: “Бегоҳӣ вақте дар перрони вокзали роҳи оҳан чароғҳо равшан шуданд, он ҷо ду қатора – яке аз Ҳиндустони озод ва дигаре аз Покистони озод омада қарор гирифтанд. Қаторае, ки аз Покистон омад, ҳиндуҳо ва мусалмонҳоро оварда буд. Қаторае, ки аз Ҳиндустон омад, танҳо мусалмонҳоро. Дар ҳар қатора тақрибан се чор ҳазор одамон буданд. Лекин миёни ин шаш ҳашт ҳазор одам ба зӯр ду ҳазор одами зинда буду халос. Ҷасадҳо сарбурида ва сарҳо дар найзаҳо берун аз тирезаҳои қатора. Дар қатораи Покистонӣ бо ҳарфҳои калону равшан ба забони урду чунин навишта буданд: “Куштанро аз Покистон омӯзед!”. Дар қатораи ҳиндустонӣ бошад бо забони ҳиндӣ ин навишта ба назар мерасид: “Аз Ҳиндустон қасосгириро омӯзед!”(С. 111). Чунин воқеаҳои даҳшатовар дар китоби мавриди назари мо хеле зиёд оварда шудаанд. Дар онҳо дида мешавад, ки дар оташи бархурдҳои динӣ кӯдакон, занон, пиронсолон ва умуман ҳама месӯхт. Дар ин гирудор инсоният фаромӯш шуда буд.

  Нависанда ва сенариянависи Ҳиндустон Хоҷа Аҳмад Аббос, муаллифи филмномаи машҳури “Оворагард”,  дар ҳикояи “Хандаи пеш аз марг” аз забони қаҳрамони қисса, ки хотираи худро фаромӯш карда буд ва ба кадом дин тааллуқ доштанашро намедонист, чунин меоварад: “Ҳамин тариқ, ман аз қароргоҳ ба қароргоҳи дигар мерафтам. Барои гурезаҳои ҳинду ва гурезаҳои мусалмон қароргоҳҳои алоҳида буданд, вале, умуман, барои инсон ягон қароргоҳе пайдо нашуд”(С. 83).

  Ҳамин тариқ, бадбиниҳои динӣ боиси ба душман табдил ёфтани намояндагони як миллат шуда буд. Ҳарчанд,  “дар Панҷоб се дин ва як дил, як либос, як забон ва як хел таронаҳо буд. Дар Панҷоб ҳамаи шароитҳо барои таъминоти умумияти фарҳанг, қаламрав ва миллат вуҷуд дошт”(С. 110), лекин ҳувийяти динии мардум дар солҳои чилуми асри гузашта боло гирифта буд ва ин кишвар ба ду давлати алоҳида тақсим шуд, ки дар раванди он садҳо ҳазор инсон кушта шуданд. Китоби мазкур барои пешгирӣ кардани чунин бадбиниҳои динӣ, ки оқибат ба бархурдҳои шадид сабаб мегарданд ва аз он ҳама зарар мебинанд, аҳамияти калон дорад. Ҳам муаллиф ва ҳам адибони интихобкардаи ӯ дар сатҳи миллӣ андеша карда, хатарҳоро эҳсос мекунанд ва дар андешаи пешгирӣ кардани онҳо мебошанд.

  Маълум аст, ки интихоби ин мавзуъ аз ҷониби муаллифи китоб тасодуфӣ нест. То ба Сурияву Ироқ рафтани ҷавонони зиёд аз кишвари мо ва дар он ҷо бераҳмона ба одамкушӣ даст задани онҳо ҳеҷ як инсонро бетараф гузошта наметавонист. Бо назардошти ин хатарҳо, огоҳӣ додан ба мардум аз оқибатҳои бадбинию ихтилофоти мазҳабӣ, дар мисоли бархурдҳои динӣ дар Ҳиндустон хеле зарур мебошад. Дар воқеъ, устод Ҳабибулло Раҷабов аз уҳдаи ин кор баромада, тавонистанд нишон диҳанд, ки чӣ тавр бадбиниҳои динӣ як ҷомеаро заиф месозанд. Ин заифӣ ҷомеаро осебпазир мегардонад. Агар авзоъ муташанниҷ ва то ба ҳадди  бархурдҳои воқеӣ бирасад, раҳму шафқат ва инсонгарӣ аз байн меравад ва дар ин ҷараён ҳама қишрҳои ҷомеа ба мусибат гирифтор мешаванд. Бархурдҳои динӣ-мазҳабӣ дар ҳеҷ давру замоне пирӯз надоранд. Аз онҳо ҳама зарар мебинад. Танҳо гурӯҳҳои манфиатхоҳи хориҷӣ аз онҳо барҳарабардорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, хондани ин китоб (манзур китоби: Раҷабов Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. -Душанбе: ЭР-граф, 2022. -272 с.) ба ҳама тавсия карда мешавад. Махсусан, олимону нависандагон ва рӯзноманигорон метавонанд аз далелҳои овардашудаи муаллиф-муҳаққиқ истифода карда, паёми ин китобро ба ҳамагон расонанд.

  Муаллифи китоб, албатта, масъалаи ҳувийяти миллиро ба таври алоҳида баррасӣ намекунад. Вале вазъияти Ҳиндустонро дар 4 даҳсолаи аввали садаи бистум тасвир менамояд, ки дар он мардуми Ҳиндустон бар зидди мустамликадорони англис мубориза мебаранд. Ин муборизаҳо дар асоси ҳувийяти миллии мардуми ин кишвар сурат мегиранд. Метавон дид, ки дар ин давра намояндагони ҳама дину мазҳабҳои Ҳиндустон бо ҳам меҳру муҳаббат дошта, ҳамчун ҳиндустонӣ барои озодии меҳан ҷонбозӣ мекунанд. Илова бар ин, қаҳрамонҳои зиёдеро метавон дид, ки дар замони бархурдҳои динӣ низ ҳувийяти миллии худро аз даст надодаанд ва кӯшиш мекунанд, ба намояндагони ҳамаи динҳо, ки дар ҳоли парешонӣ буданд, баробар дасти ёрӣ дароз намоянд. Барои чунин инсонҳо, инсон будану ҳиндустонӣ будани одам аҳамият дорад. Мусалмонеро мебинед, ки ба ҳинду дасти ёрӣ дароз мекунад ва ӯро аз марг наҷот медиҳад. Ҳиндуеро мебинед, ки ҷони худро дар хатар монда мусалмонро аз марг наҷот медиҳад. Бадбахтона, онҳое ки ҳувийяти диниро боло гузошта, зери таъсири бадбиниҳои мазҳабӣ мондаанд, баръакси ин корҳоро мекарданд. Намояндагони дигар динҳоро мекуштанд, молу сарваташонро медуздиданд, хонаҳояшонро оташ мезаданд ва зану духтаронашонро асир мегирифтанд. Бо дидани ҳамин ҷаҳолатҳо муаллифи китоб ба хулоса меояд, ки “задухӯрдҳои мазҳабӣ ифодагари дараҷаи олии ҷаҳолат аст”(С.78).

  Ҳама гуна пажӯҳиш ҳадафи муайянеро пайрирӣ мекунад ва ба ҳалли ягон мушкили ҷомеа равона  шудааст. Пажӯҳишҳои адабиётшиносӣ низ ҳамин ҳадафу мушкилотро бояд дар назар дошта бошанд. Мутаассифона, баъзе аз мавзуъҳои тадиқиқотии адабиётшиносону шарқшиносони мо ба зиндагии мардум ва мушкилоти ҷомеа хеле кам рабт доранд. Онҳо адабиётро барои адабиёт пажӯҳиш мекунанд ва танҳо бар мабнои вежагиҳои ҳунарию санъатӣ таҳқиқот анҷом медиҳанд. Вале китоби профессор Ҳабибулло Раҷабов “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” чунин камбудиҳоро надорад. Ин китоб мушкили муайянеро пайгирӣ мекунад ва ҳадафи он пешгирӣ кардани бадбиниҳои динӣ-мазҳабӣ мебошад. Муаллиф бо масъулиятшиносӣ дар назди меҳани хеш  ҷомеаро осебшиносӣ мекунад ва хатароти бархоста аз ифротгароии диниро ҷиддӣ дарёфта, ба мухотабони худ огоҳӣ медиҳад. Огоҳ мекунад, ки бадбиниҳои динӣ-мазҳабӣ метавонанд ҷомеаро бо фоҷеаҳои вазнин гирифтор кунанд. Далелҳоро аз таҷрибаи талхи солҳои чилуми асри гузаштаи Ҳиндустон меоварад. Нишон медиҳад, ки чунин бадбиниҳо ба ҳеҷ кас ё ба ҳеҷ дине манфиат намеоваранд. Аз он ҳама зарар хоҳанд дид.

  Хулоса, китоби профессор Ҳабибулло Раҷабов зери унвони “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” як китоби хонданӣ буда, дар ҳалли мушкилоти ифротишавии ҷомеа ва коҳиш додани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ нақши худро гузошта метавонад. Хондани он ба ҳамаи онҳое, ки дар баробари мушкилоти ҷомеа бетараф нестанд, тавсия дода мешавад. Умедворем, чунин асарҳои ҳадафнок ва нигаронидашуда ба мушкилоти муайян зиёд мегарданд ва мардуми мо илоҷи воқеаҳои нохушро пеш аз вуқуъ пайдо мекунанд. Таъсири чунин китобҳо дар густариши ҷаҳонбинии аҳолӣ хеле зиёд аст. Васеъ шудани ҷаҳонбинӣ дарки аҳамияти ҳувийяти миллиро зиёд мекунад ва чуноне ки дар асари мазкур ба мушоҳида мерасад, боло будани ҳувийяти миллӣ дар ҷомеа ҳамбастагиро дар дохили кишвар зиёд карда, заминаи рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам меоварад. Ба ибораи дигар, ҳувийяти миллӣ  беҳтарин гузинаи рушду осудагӣ ва рифоҳу шоитагӣ мебошад.

Меҳр Собириён

Хондан 464 маротиба