JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 09 Январи 2023 08:55

Файласуфе озода ва фарзона (Паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва рӯшангари миллӣ Устод Комил Бекзода)

Муаллиф:

    Файласуф, рӯшанфикр ва рӯшангари муосири миллӣ  устод  Комил Бекзода 9 январ зодрӯз доранд. Устод Бекзода умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод  Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад.

  Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонӣ ва паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ-таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст ва бо тамоми масъулият метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст. Хатти марказии осори таҳқиқӣ ва фалсафии устод Комил Бекзода (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба: Саҳифаҳо аз таърихи озодандешӣ (дар ҳаммуаллифӣ бо Мирбобо Мирраҳимов). - Душанбе: Дониш, 1987. - 36 с.; Паёмбарони фарҳанги мо. Ҷилди аввал. - Душанбе: Нодир, 2000. - 124 с.; Гурез аз Хайём. - Душанбе: Нодир, 2002. - 136 с.; Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи марг бо зиндагӣ. // Шоҳроҳи Ваҳдат. - Душанбе, 2001 (дар шаш шумора); Аз таърихи худшиносии тоҷикон. - Душанбе: Дониш, 2006. - 149 с.; Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. - Душанбе: Дониш, 2012. - 433 с.; Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ. Душанбе: ҶСК “Чопхонаи Дониш”, 2015. 651 с.; Шуубия: диссиденты средневекового ислама. Душанбе: “Издательство Дониш”, 2017. 395 с.; Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон). –Душанбе:  МН «Дониш», 2019. -199 с.) рӯйи меҳвари озодандешӣ ва ҳувиятсозии миллӣ чарх мезанад. Ҳамчунин, мақолоти зиёди устод, ки дар рӯзномаву маҷаллоти замони Шӯравӣ ва матбуоти даврии давлатӣ ва мустақили замони  истиқлол  мунташир гардиданд, ба муҳимтарин масоили фалсафӣ, мафкуравӣ, озодию истиқлоли зеҳнию равонии миллӣ ихтисос ёфтаанд (барои намуна таваҷҷуҳ шавад ба ду матлаби ахирии илмӣ-фаласафии устод: Бекзода Комил. Худшиносии миллӣ дар фарҳанги пешазисломии халқҳои ориёитабор. //ИмрӯзNews, №34 (2254), 15 марти соли 2021. –С.V; Бекзода Комил. Идеологияи миллӣ: вазъи имрӯза ва дурнамои он. //Минбари халқ, №44 (1338), 3 ноябри соли 2021. –С.14).

  Устодро мардум ва доираҳои фарҳангӣ ҳанӯз аз замони шуравӣ ба унвони “файласуфи озодандеш” мешиносанд. Забон ва услуби нигориш, гузориш ва суҳбати  устод равон, равшан, салис ва орӣ аз таоруфу такаллуф буда, аз овони ҷавонӣ то имрӯз доир ба муҳимтарин масъалаҳои илмӣ, иҷтимоӣ, динӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, равонӣ, инсоншиносӣ, табиатшиносӣ, биологӣ ва амсоли инҳо дар доираи фаҳми мардум озодона, бидуни суханбозӣ, лафзпардозӣ, худнамоӣ, ки солҳои сол махсуси як гурӯҳ интеллигенсияи ватанӣ гаштааст, гуфтугӯ мекунад. Устод дар майдони баҳси илмӣ ва фалсафӣ аз тариқи методу усулҳои таҳқиқу нигориши урупоӣ ҷилва мекунад, ки ин махсуси қалам ва сабки сухани ӯст. Устод дилхоҳ матолиби мавриди баҳсро дар доираи одоби илмӣ, бо сабки фасеҳу равони забони миллӣ дар сатҳи урупоӣ ба риштаи таҳлил, таҳқиқ, таҷзия, муқоиса, хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ мекашад, ки ин навъи таҳқиқу нигориш дар муҳити илмии ватанӣ камназир аст. Илова бар ин, устод дар омӯзиш, таҳлил ва нақди осору орои фалосифаи башарӣ дасти тамом дошта, дар муаррифии бузургтарин чеҳраҳои фалсафаи ҷаҳонӣ дар матбуоти даврӣ саҳми асосӣ гирифтааст.

  Масъалаи зиндагӣ ва марги инсонӣ дар коргоҳи илмӣ ва эҷодии устод Бекзода ба унвони масъалаи асосии фалсафӣ солҳост, ки мавриди пажӯҳиш ва таҳқиқ қарор мегирад. Ба сухани дигар, масъалаи маргу нестӣ ба сифати масъалаи ҷавҳарӣ дар фалсафаи устод Комил Бекзода пайваста пайгирӣ мешавад ва онро, бо назардошти вазъи омӯзишӣ ва такмилу густариш ёфтани доираи иттилооту мутолиот, аз дидгоҳҳои гуногун таҳқиқу бозбинӣ  мекунад.

  Дар воқеъ, як файласуф, рӯшанфикру рӯшангар тайи умри хеш ҳамин қабил корҳоро анҷом медиҳад ва аз тариқи интишори мудавоми матолиби ҷолиби илмӣ-фалсафӣ ва оммавӣ саъю талош меварзад, ки ҷомеа ва бахусус, насли ҷавонро аз қайдубанди ҷаҳолату хурофот бираҳонад. Дар фазо ва муҳитҳои мо, ки, мутаассифона, ду даҳсолаи ахир хурофоту таассуби динию мазҳабӣ пайи по дуруст кардааст, ҳузури фаъоли файласуфону рӯшанфикрону рӯшангароне назири Комил Бекзода зарурат доранд, то ин ки эътидоли фикрию равонӣ дар сатҳи иҷтимоӣ ҳифзу нигаҳдорӣ гардад.

  Устод Комил Бекзода файласуфу рӯшанфикр ва рӯшангари миллӣ, аст. Маҳз аз тавонмандиҳои  фикрию фалсафӣ ва илмию ихтисосии чунин файласуфону равшанфикрон ҷомеаи тоҷик  ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнии миллат мегардад. Устод Комил Бекзода, новобаста ба солмандӣ пайи кору эҷод аст ва вақту фурсати зиндагии шахсию инфиродиашро сарфи таҳқиқу пажӯҳиши муҳимтарин масоили фалсафӣ, ки ба бедории фикрӣ ва рушди ҷомеаи маданӣ мусоидат менамоянд, мекунанд. Аз фурсат истифода карда, ба устод дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, шӯхтабъиву болидарӯҳӣ, ҷуръату ҷасорати мудавоми илмию эҷодиро таманно дорем.

       Зодрӯз фархунда ва хуҷаста бод, файласуф, равшанфикр ва рӯшангари миллӣ, Устод Комил Бекзода!

 

         Бо арзи эҳтирому самимият,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 9 январи 2023

 Монандаи ӯ надида фарзонатаре

(Ба ифтихори зодрӯзи устод Комил Бекзода)

 

Рӯйида зи хоки деҳи Вузбай саҳаре,

Тифле ба мисоли дурру марҷон – гуҳаре,

Номаш биниҳода Комил, ӯ як нафаре

Шуд марди тамому фозилу номваре,

То ин ки диҳад ба олам аз худ хабаре,

То ин ки диҳад дарахти умраш самаре,

То ин ки гузорад ҳама аз худ асаре,

Як умр фаро гирифт илму ҳунаре,

Монандаи ӯ надида фарзонатаре,

Як худнигаре,

Соҳибназаре!

 

Меҳре, ки барояд аз дили содаи мо,

Ҳарфе, ки занад забони бикшодаи мо,

Ҳар як сухани ба лутф омодаи мо,

Ҳар як қадами ба сидқ бинҳодаи мо,

Боло шудани рӯҳи тагуфтодаи мо,

Завқе, ки бубахшад ин майю бодаи мо,

Шаҳбайти суруду шеъру сарводаи мо,

Аз файзи ҳузури туст Бекзодаи мо,

Ай пири ҷаҳони хориқулодаи мо,

Ҳамҷодаи мо,

Озодаи мо!

 

Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

6 январи соли 2022

Хондан 908 маротиба