JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чанд сол пештар ман Қурбоналӣ Партоевро чандон хуб намешинохтам. Ӯ дар барномаҳои телевизионӣ дар масъалаҳои кишоварзӣ суханронӣ мекард, вале намедонистам, ки доктори илмҳои кишоварзӣ мебошад. Чӣ шуду чӣ монд, ки камина ба китоби "Фарзонагони Раштонзамин" муҳаррири масъул шудам. Муаллиф ва мурратиби китоби мазкур Муллоҷон Амирбеков дар асараш аз олимони ин минтақа танҳо академикҳо ва докторҳои илмро ворид намуда буд. Мутаассифона, Қурбоналӣ Партоев ва чанд нафари дигар, ки доктори илм буданд, аз китоб берун монда буданд.
Бародари гиромӣ, Нуриддин Шаҳобиддин! Мелоди Шумо, барои ҷамъи дӯстон ба унвони мелоди озодандешии миллӣ талаққӣ мешавад. Муҳимтар аз ҳама, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як…
Файласуф, рӯшанфикр ва рӯшангари муосири миллӣ устод Комил Бекзода 9 январ зодрӯз доранд. Устод Бекзода умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад.
 (бардоштҳое дар заминаи китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд”-и шарқшиноси муосири миллӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов) Сатҳи тафаккур ва вусъати ҷаҳонбинии аъзои як ҷомеа сарнавишти онро рақам мезананд. Ҳар кишваре муҳити фарҳангӣ ва идеологии ба худ хосро дорад, ки шаҳрвандони онро тарбия намуда, ба рафтору кирдори онҳо таъсир мегузорад. Ин муҳити фарҳангиву идеологӣ дар асоси ҳувийяти мардуми як кишвар ба миён омада нигаҳдорӣ мешавад. Агар ин ҳувийят миллӣ бошад ва дар сатҳи кишвар мардумро бо ҳам пайваст намояд, мамлакат муваффақ мешавад. Ва баръакc, агар ҳувийяти пойинтаре аксари мардумро ба худ ҷалб карда…