JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 10 Феврали 2023 12:29

Поягузори астрономияи метеорӣ дар Тоҷикистон

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Астрономия (аз мафҳумҳои юнонии «astron» - ситора ва «nomos» - қонун) яке аз аввалин илмҳои табиатшиносӣ буда, вобаста ба талаботи амалии инсон, дар асоси мушоҳидаҳои ситораҳо, ивазшавии шабу рӯз ва фаслҳои сол пайдо шудааст. Таърихи илм дар ин соҳа маълумоти фаровоне дошта, дар замонҳои қадим давлатҳои Ғарби атиқа (Бобул, Афина, Искандария, Рим), Шарқи бостон (Миср, Ҳинд, Вавилон) ва Чини қадим дар замони салтанаи илмию фарҳангии худ марказҳои асосии ситорашиносӣ ҳисобида мешуданд.

  Илми нуҷум баъд аз сукунати тӯлонӣ ба Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна кӯчида, дар байни тоҷику форсҳо ва миллатҳои дигари минтақа ба қуллаҳои инкишофи худ расид ва ба густариш ёфтани фазои азхудкунии қонунҳои табиатшиносӣ боис гардид. Вале ин шукӯҳу шаҳомат ва кашфиёти илмии нуҷумӣ дер напоид, чунки баъд аз муддате арабҳои биёбонгард ба ин сарзамин ҳамла оварда, тамоми илму фарҳанг ва тамаддуни халқияти онро муқобили дини ислому аҳодиси пайғамбар хонда, решакан карданд. Бо вуҷуди ин қадар қатлу куштори олимону ба догмаҳои исломӣ гирифтани илм аз ҷониби арабҳо дар давоми асрҳои VIII-X мунаҷҷимони тоҷику форс барои ба арсаи илм овардани астрономияи пешқадами Шарқ басо хизматҳои арзишмандеро ба сомон расониданд. Кашфи қонунҳои табиатшиносӣ ва равнақи онҳо дар ин замон ба олимон – Муҳаммад ал-Хоразмӣ (780-850), Аҳмади Фарғонӣ (798-861), Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048), Абӯалӣ Ибни Сино (980-1037), Умари Хайём (1048-1131), Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (940-1000), Насириддини Тӯсӣ (1201-1274) ва мутафаккирони дигар, ки шукӯҳу шаҳоматашон то имрӯз омада расидааст, тааллуқ доштанд.

Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки миллати тоҷик аз таърих дорои анъана ва суннатҳои зеҳнии ба худ хос буда, ин амали накӯи ниёконамонро олимони имрӯзи кишвар низ идома мебахшанд. Яке аз чунин афроде, ки дар рушди илми на танҳо Тоҷикистон, балки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳонӣ хизмати шоиста кардааст, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Ҷамъияти шоҳии астрономии Британия, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, лауреати Ҷоизаи АМИ Тоҷикистон ба номи Султон Умаров ва барандаи Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович мебошад. Дар воқеъ ҳаёти ин шахси соҳибилм ва маърифатпарвар барои ҳар як як фарди ҷавон ибратбахш буда, бархурдор будан саҳифаҳои рангини зиндагии он боиси ифтихор ва сарфарозӣ хоҳад буд.

Муаллими гиромӣ ва астрономи номвар Бобоҷонов П.Б. 15 октябри соли 1930 дар шаҳри бостонии Истаравшан дида ба олами ҳастӣ кушода, аз овони наврасӣ ба илму дониш ва дабистон шавқу рағбати беандоза пайдо намуд. Волидони меҳрубонаш, ки худ инсонҳои соҳибфарҳанг буданд, аз хурдсолӣ истеъдод ва қобилияти беандозаи фарзанди хешро ҳис карданд ва то ҷое тавонист ба кӯшишу талошҳои ӯ кумак расонанд. Ин буд, ки Пӯлоди ташнаи илму дониш баъд аз хатми мактаби миёна роҳ ба сӯи Хуҷанди бостониро пеш гирифту ҳуҷҷатҳояшро ба Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғ. Ғафуров) супорида, касби муаллим-физикро пеша кард. Ин ҷавони зираку хушзеҳн дар ин донишгоҳ донишҳои илмӣ ва зарурии касби пешанамудаашро ба пуррагӣ азхуд намуда, дар тамоми маҳфилҳои илмию корҳои ҷамъиятӣ фаъолияти назаррас дошт. Ин ҷавони донишманд ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ барои касби ояндаи худ аз байни соҳаҳои физика, астрономияро интихоб кард. Мавсуф барои ҳалли ду масъалаи бузург - а) ба сомон расонидан ва идома додани корҳои нотамоми аҷдоди тоҷикон дар бахши нуҷум ва б) кашфи асрори бешумори кайҳони нопайдоканор маҳз астрономияро интихоб намуд. Ҳамин тавр, П.Б. Бобоҷонов донишгоҳи номбурдаро соли 1949 сарбаландона ба поён расонид.

Баъд аз хатми донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар аспирантура, машғул гардидан ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва огоҳ шудан асрори кайҳони беҳудуд Пӯлоди дилбохтаи илму дониш роҳ ба сӯйи яке аз марказҳои илмии ҷаҳонӣ - Институти давлатии астрономияи ба номи П.К. Штернберг (Москва) пеш гирифт. Ӯ давоми солҳои 1951-1954 дар ин боргоҳи илму тадқиқот пайи омӯзиш ва пажӯҳиш машғул гардида, қадамҳои нахустин ва устувори худро ба даричаи дунёи беканори илм маҳз аз ҳамин пажӯҳишгоҳ гузошт. Соли 1954 пас аз хатми аспирантура ба пойтахти меҳанаш - Душанбе баргашта, фаъолиятро дар Расадхонаи астрономии Сталинобод (ин муассиса соли 1932 бо номи Расадхонаи астрономии Тоҷикистон бунёд гардида, дар солҳои 1948-1958 Расадхонаи астрономии Сталинобод унвон дошт) оғоз намуд. Бобоҷонов П.Б. дар давоми фаъолияти чорсолаи худ дар расадхонаи мазкур ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардида, бо як қатор астрофизикони дигар, ба монанди Астапович И.С., Сесевич В.П., Соловев А.В., Доброволский О.В., Натансона С.Г., Мохнача Д.О. ва Маркова А.В. масъалаи таъсиси Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Маҳз ҳамин хизматҳои эшон буд, ки бо Қарори КМ Ҳизби Коммунистӣ ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон аз 17.01.1958, №7 Институти астрофизикаи АИ ҶТ бунёд ёфта, пас аз як соли таъсис устод П.Б. Бобоҷоновро ба вазифаи директор таъин намуданд.

Меҳнатҳои ҳалол ва дилбохтагӣ ба касбу кори пешанамуда устодро то ба дараҷаи директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (ду маротиба) расонид ва он кас солҳои 1959-1971 ва 1992-2002 ин вазифаро бар уҳда дошта, аз соли 2003 то ҳол директори фахрии Институти астрофизика ва мушовири Раёсати АИ ҶТ мебошад. Дар даврони роҳбарии пажӯҳишгоҳ, роҳбарияти вақти Академияи илмҳо қобилияти кордонӣ ва меҳнатдӯстии П. Бобоҷоновро ба инобат гирифта, ҳангоми кӯчонидани Расадхонаи астрономии Душанбе ба шаҳри Ҳисор ӯро ҳамзамон роҳбари сохтмон тайин карданд ва сохтмон аз соли 1963 то соли 1967 идома ёфт. Меҳнатҳои созандаю бунёдкоронаи устодро дар рафти сохтмони Расадхонаи астрономии Ҳисор ва кушодашавии озмоишгоҳҳои нави пажӯҳишгоҳ ба инобат гирифта, пас аз анҷоми сохтмон ӯро ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) таъин карданд. Устоди арҷманд ва олими тавоно давоми солҳои 1971-1982 дар ин вазифа фаъолият намуда, дар кушодашавии як қатор ихтисосҳои нави замонавӣ ва кӯчонидани бархе факултетҳои ДМТ ба Шаҳраки донишҷӯён нақши назаррас бозидааст.

Ситорашиноси шуҳратёр ва ходими намоёни давлатӣ П.Бобоҷонов пас аз адои вазифаи ректории ДМТ боз ба корҳои илмӣ-академӣ баргашта, фаъолияти худро дар вазифаҳои узви Раёсати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1980-1989), ноиби президенти Академияи илмҳо (1986-1989), директори Институти астрофизика ва мудири лабораторияи метеорҳои ҳамин пажӯҳишгоҳ идома додааст.

Фаъолияти илмии академик П.Б. Бобоҷонов асосан ба астрономияи метеорҳо бахшида шудааст. Устод зимни тадқиқотҳои бисёрсолаи худ мадори беш аз 400 метеорро муайян карда, зиёда аз 20 селҳои метеорӣ - ассотсиатсияҳои навро кашф намудаанд. Фаъолияти илмии академик П.Б. Бобоҷонов ба астрономияи метеорҳо бахшида шудаанд. Ӯ сохтор ва воридшавии селҳои метеорӣ ва хосиятҳои паҳншавии мадори ҷисмҳои метеориро дар фазои байнисайёравӣ омӯхтааст. Дар собиқ ИҶШС устод нахустин шуда, дар як вақт ҳам аксбардорӣ ва ҳам радиолокатсияи мушоҳидаи метеорҳо ва қабатҳои болоии атмофераро дар амал татбиқ намуд.

Ҳамзамон, ин олими маъруф экспедитсияи экватории астрономии Шӯравиро ташкил ва сарварӣ намуд, ки он давоми солҳои 1968-1970 дар нимҷазираи Сомали (Африқо) гузаронида шуда буд. Дар рафти корҳои экспедитсионӣ ба олимони Шӯравӣ муяссар гардид, ки даври тағйирёбии дрейфи селҳои метеориро дар экватор муайян намоянд. Илова бар ин, онҳо оид ба қонунмандии ҳаракати қабатҳои болоии атмосфера дар минтақаи экватор маълумотҳои таҷрибавиро ба даст оварданд.  

Устоди арҷманд дар баробари корҳои илмию тадқиқотӣ ва навиштани мақолаю китобҳои илмӣ, инчунин ба корҳои ихтироотӣ даст зада, дар давоми фаъолияти худ 18 кашфиёт намудааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи академик П.Бобоҷонов дастгоҳ ва усулҳои коркард барои тадқиқи ҳодисаҳои физикии ба парвози ҷисмҳои метеорӣ дар атмосфера мушоиаткунанда сохта ва ба истифода дода шуданд. Ин усулҳои пешниҳоднамудаи академик П.Бобоҷонов дар мувофиқат бо барномаҳои байналхалқии тадқиқи бузургиҳои физикии қабатҳои болоии атмосфера дар минтақаҳои метеорӣ, дар натиҷаи аксбардорӣ ва радиолокатсионии мушоҳидаи метеорҳо дар солҳои 1957-1959 татбиқ гардиданд. 

Академик П.Бобоҷонов барои саҳми арзишмандаш дар соҳаи илму техника, таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани кадрҳои соҳибунвон ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1979), Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.У. Умаров (2003), Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» - ИДМ дар бахши илм ва маориф (2010), ордени «Парчами Сурхи Мехнат» ва 2 ордени «Нишони фахрӣ» ва дигар медалҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.

Саҳми ситорашиноси номвари тоҷик П.Бобоҷонов дар рушди астрономияи ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, ба хотири хизматҳои бузургаш астероиди (сайёраи хурди) №7164 ба шарафи исми ӯ «Babadzhanov» номгузорӣ шудааст. Астероиди Бобоҷонов ҳамчун объекти осмонии «1984 ЕТ» аз тарафи астрономи амрикоӣ Эдвард Боуэлл (зод. 1943) 6 марти соли 1984 ба қайд гирифта шудааст. Ӯ астероиди кашнамудаашро чун нишонаи эҳтиром ба шарафи астрофизики тоҷик ва президенти Комиссияи XXII Ҷамъияти байналмилалии астрономҳо Бобоҷонов ном гузоштааст. Масофаи наздиктарин ва дуртарини астероид аз Офтоб таносубан 2,0144 в.а. ва 2,7910 в.а., даври гардиши он дар атрофи Офтоб 1360,33 шабонарӯз (3,72 сол) ва қадри мутлақаш 13m,5 мебошад.

Инчунин, саҳми бесобиқаи устод П.Б. Бобоҷоновро дар инкишофи астрономия ба эътибор гирифта, ӯро соли 1994 ба узвияти Ҷамъияти шоҳии астрономии Британияи Кабир пазируфтанд, ки яке аз ифтихороти мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳамин тавр, устоди маҳбуб, астрофизики маъруф, ходими давлатӣ ва инсони хирадманд П.Б. Бобоҷонов даврони пирӣ меронад ва ҳарчанд қуввату тавонаш барои идомаи корҳои илмию тақиқотӣ ва навиштани мақолаю китобҳо намондааст, вале ин марди донишвар бо нерӯю руҳияи шикастнопазир ҳанӯз ҳам тарки даргоҳи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаро накарда, баҳри пешрафти меҳани маҳбубаш заҳмат мекашад ва ҳамеша ҷавононро барои ободию шукуфоии кишвар ва анҷом пазируфтани корҳои нотамоми олимони пешин ҳидоят менамояд. Дар ин росто ба муаллими арҷманд, қувваю тавони дучанд, саломатии бардавом, умри хизрона ва оромию осудагии ҳаётро таманно дорем, зеро:

Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Афсӯсу дареғо, ки ин Академики маъруф ва олими забардаст дар синни 93 - солагӣ аз олам даргузашт. 

 

Номвар ҚУРБОН

номзади илмҳои техникӣ

Бознашр: Поягузори астрономияи метеорӣ // Рӯзномаи «Омӯзгор», №42 (12 266), 15.10.2020. - С.14.

Номвар Қурбон (Қурбонов Номвар Бойназарович). Дурахши ахтарони илм (Бахши аввал). - Душанбе: «Дониш», 2022. - 279 с.

Хондан 1654 маротиба