JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Феврали 2023 05:10

Хуррам он кас, к-ӯ накуном аз ҷаҳон хоҳад гузашт

Муаллиф:

(Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, устод Асрори Раҳмонфар)

   Субҳи барвақти 14 – уми феврали соли ҷорӣ хабари даргузашти бармаҳали шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, Асрори Раҳмонфарро шунида сахт андуҳгин шудем. Устод Раҳмонфар, ки бо тахаллуси Сосонӣ шеъру таронаҳои зиёде ба нашр расондааст, солҳои дарозест дар ҷабҳаи илму адабиёти миллӣ заҳмат кашида, то ба дараҷаи як муҳаққиқ ва шоири баркамол расидааст. Дар баробари  омӯзишу таҳқиқ Устод Раҳмонфар умре ба шеър ва адабиёт сару кор дошт ва ҳамчун муҳаққиқу шоири варзида миёни доираҳои илмию адабии ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Асосгузори маҳфили “Ҷаҳони андеша” устод Комил Бекзода, ки бо марҳум ифтихори дӯстию ошноӣ дошт, ёддоштеро дар робита бо ин шахсияти фарҳехтаи миллӣ доимо ба забон меоварад, ки мазмунан чунин аст: аёми донишҷӯӣ, тибқи муқаррароти замонӣ, донишҷӯёнро ба маъракаи пунбағундорӣ ба водии Ҳисор ҷалб кардаанд.

  Устод Комил Бекзода ҳамроҳи Устод Асрори Раҳмонфар онҷо бо ҳам ошно мешаванд ва фориғ аз кор ва замони истироҳат, ки шабонгоҳӣ иттифоқ меафтод, атрофи шеъру адабиёт суҳбатҳои ҷолибе мекарданд. Иттифоқан, Устод Бекзода мавзуи китоби файласуфи вуҷудӣ Ҷон Пол Сатр “Адабиёт чист?” – ро ба миён мегузорад ва масъалаи бозгардони онро ба самъи ҳозирин мерасонад. Устод Асрор, ки он замон ҷавони зираку пӯё буд, фавран суроғаи китобро аз Бекзода пурсон мешавад. Аз рӯйи нақли устод Бекзода, устод Асрор таксӣ кироя мекунад ва аз ҳуҷраи – иҷораи Бекзода маводи мазкурро оварда, шабонгоҳӣ ба тарҷума ва баргардони он машғул мешавад. Мунтаҳо, китоби Ҷон Пол Сатр “Адабиёт чист?” дар баргардонии устод Асрори Раҳмонфар дар маҷаллаи маъруфи адабии замон “Садои Шарқ” мунташир мегардад. Ҳисси масъулият ва ковишу ҷустуҷӯгарии устод Асрор ба дараҷае будааст, ки китоби заруриеро дар мисоли асари маъруфи Ҷон Пол Сатр “Адабиёт чист?” дар айёми донишҷӯӣ бо шӯру шавқи миллию таҳқиқӣ баргардон ва нашр мекунад.

   Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”  даргузашти ин муҳаққиқу донишманд ва шоири варзидаи миллиро талафоти гарони шеъру адабиёти тоҷик унвон мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба тамоми хешу пайвандон, ёрону рафиқон ва кулли алоқамандони ин шоир ва муҳаққиқи миллӣ эҳтироман таслият арз медоранд.

   Ёдаш ба хайр ва хотирааш гиромӣ бод!

 Бо арзи таслияти том Маҳфили «Ҷаҳони андеша»,

ш. Душанбе, 14.02.2023

Хондан 1628 маротиба