(бардоштҳое дар заминаи китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд”-и шарқшиноси муосири миллӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов) Сатҳи тафаккур ва вусъати ҷаҳонбинии аъзои як ҷомеа сарнавишти онро рақам мезананд. Ҳар кишваре муҳити фарҳангӣ ва идеологии ба худ хосро дорад, ки шаҳрвандони онро тарбия намуда, ба рафтору кирдори онҳо таъсир мегузорад. Ин муҳити фарҳангиву идеологӣ дар асоси ҳувийяти мардуми як кишвар ба миён омада нигаҳдорӣ мешавад. Агар ин ҳувийят миллӣ бошад ва дар сатҳи кишвар мардумро бо ҳам пайваст намояд, мамлакат муваффақ мешавад. Ва баръакc, агар ҳувийяти пойинтаре аксари мардумро ба худ ҷалб карда…