JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
(Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, устод Асрори Раҳмонфар) Субҳи барвақти 14 – уми феврали соли ҷорӣ хабари даргузашти бармаҳали шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, Асрори Раҳмонфарро шунида сахт андуҳгин шудем. Устод Раҳмонфар, ки бо тахаллуси Сосонӣ шеъру таронаҳои зиёде ба нашр расондааст, солҳои дарозест дар ҷабҳаи илму адабиёти миллӣ заҳмат кашида, то ба дараҷаи як муҳаққиқ ва шоири баркамол расидааст. Дар баробари омӯзишу таҳқиқ Устод Раҳмонфар умре ба шеър ва адабиёт сару кор дошт ва ҳамчун муҳаққиқу шоири варзида миёни доираҳои илмию адабии ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Асосгузори…
Астрономия (аз мафҳумҳои юнонии «astron» - ситора ва «nomos» - қонун) яке аз аввалин илмҳои табиатшиносӣ буда, вобаста ба талаботи амалии инсон, дар асоси мушоҳидаҳои ситораҳо, ивазшавии шабу рӯз ва фаслҳои сол пайдо шудааст. Таърихи илм дар ин соҳа маълумоти фаровоне дошта, дар замонҳои қадим давлатҳои Ғарби атиқа (Бобул, Афина, Искандария, Рим), Шарқи бостон (Миср, Ҳинд, Вавилон) ва Чини қадим дар замони салтанаи илмию фарҳангии худ марказҳои асосии ситорашиносӣ ҳисобида мешуданд.
(Дар ҳузури ҳунарманди маҳбуби тоҷик, устод Чиллахони Хол) Бо ибтикору ташаббуси бевоситаи ходими давлатӣ ва ҷомеашиноси варзида Абдураҳмон Шерович Қурбонов шоми 20 ноябри соли ҷорӣ, бо мақсади ҳолу аҳвол гирифтан аз ҳунарманди маҳбуби тоҷик Чиллахони Хол озиму роҳии манзили эшон гаштем. Абдураҳмон Шерович бо акаи Чиллахон дӯстони қадимианд ва аз замони донишҷӯйӣ бо ҳам ошноӣ доранд. Мо ҳам бо акаи Чиллахон аз тариқи Абдураҳмон Шерович, ки аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи илмию мадании ҷумҳурист, шинос шудем. Ҳангоми кору фаъолият дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дақиқан солҳои 2008-2009, баъзан дар ҳуҷраи…
Чоршанбе, 08 Феврали 2023 05:30

Марги ту марг нест, ки маънои зиндагист!

Муаллиф:
 (Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти ҳунарманди маҳбуби миллӣ, хунёгари асили ватанӣ, устод Чиллахони Хол) Аъзои Маҳфили «Ҷаҳони андеша» аз марги бармаҳали овозхони маъруф ва ҳунарманди асили миллӣ, устод Чиллахони Хол сахт андӯҳгин шуда, ба хешу ақрабо, дӯстону пайвандон, ёрону рафиқон ва алоқамандону ихлосмандони ин шахсияти матраҳи хунёгарии ватанӣ самимона таслият арз мекунад.