JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 21 Феврали 2023 16:56

Фалак фарзонагонро куштанат чист?! (Ёде аз мақомхони беҳамто ва беҳтарин сарояндаи сурудҳои классикӣ Олим Бобоев)

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Суруду мусиқӣ аз бомдоди таърих то имрӯз аз ҷузъҳои ҳаёти маънавии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, таркиби ҷудонопазири фарҳанги миллӣ мебошад. Зеро дар ҳар давру замон хунёгарону мутрибон дар суруду таронаҳои худ эҳсосу ормонҳои волои миллию мардумиро тараннум намуда, ба дилҳо шодиву нишот мебахшиданд, дилҳоро ба зиндагӣ гарм мекарданд ва баҳри рушди фарҳанги миллӣ хидмати мондагоре анҷом медоданд. Мушкилоти зиндагӣ, ошӯбҳои замон ва бадтар аз ҳама хурофоту таассуби диндорону эътиқодмандон натавонист мардумро аз суруду мусиқӣ дур намояд. Дар ҳар аср ҳофизону мутрибоне падид меомаданд, ки бо овози хуш, навои дилхурӯш ва ҳунари волои хеш суннатҳои мусиқии тоҷикро идома дода, ба рушду пешрафти ҳунари мардум мусоидат мекарданд.

  Яке аз ҳунармандоне, ки бо ифтихору ғурури тоҷикона суруд мехонд, ҳамеша аз қудумаш саҳнаеву маҳфиле мешукуфт, садои марғуладораш ғиреву садои кафкӯбии мухлисонро бар меангехт ва оҳангҳои марғубаш мунтазам фазоро пур мекарданд, овозхони шуҳратёр, мақомхони беҳамто, беҳтарин сарояндаи сурудҳои классикӣ, барандаи чандин ҷоизаҳои Ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои Шарқ», Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Олим Бобоев ё Олими Искандарӣ ба шумор меравад. Олим Бобоев аз ҷумлаи он ҳофизоне буд, ки сабки сароиши хосса дошт, суруду таронаҳоро бо меҳр ва умқи дил мехонд, садои бисёр ҳам қавиаш дар гулӯ печу тоб хӯрда, замири ташнаи дилбохтагони шашмақом ва суруду таронаҳои классикии тоҷикро шодоб менамуд. Зеро ӯ шеърҳо ё пораҳои назмии баландмазмун интихоб мекарду ба оҳанг медаровард ва суруду таронаҳоро бехато, нишонрас месароид.

  Олими Искандарӣ дар солҳои 80-уми асри пор бо овози нодиру қавӣ ва ширадору дилнавозаш дар радифи устодони санъати мақомсароӣ қарор гирифт ва бо шарофати истеъдоди баланди овозхониаш, чун Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Нерё Аминов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Абдумаҷид Ҳомидов, Фариза Саъдуллоева, Нӯъмон Тоштемиров, Абдуназар Ҳасанов, Турсун Ӯлмасов, Нисон Шоулов, Яъқуб Бободӯстов, Авнер Аминов, Уриэл Толмасов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев дар ин ҷода пайроҳаи ҳунарии хешро бунёд гузошт, дар роҳи таҳкиму густариши шоҳкории мусиқии ҷовидонаи ҷаҳонӣ – «Шашмақом» хидматҳои мондагоре анҷомид ва дар девори кохи муҳташами ин хориқаи нотакрори мусиқии суннатии тоҷик номашро бо хатҳои зарҳалин абадан сабт намуд.

  Олими Искандарӣ 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри бостонии Панҷакент, дар хонаводаи сароянда ва оҳангсози маъруф, ҳунарманди соҳибистеъдоду соҳибмактаби ҳавзаи иҷроии Самарқанд Искандари Савтӣ ё Искандари Танбӯрӣ (1911-1989) дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Ин аст, ки ӯ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ вориди арсаи паҳновари санъату мусиқӣ гардид. Дилбохтагӣ ба санъату мусиқӣ Олими ҷавонро пас аз хатми дабистон ба даргоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи номи Мирзо Турсунзода овард. Ҳунару истеъдоди баланди Олимро ба эътибор гирифта, ӯро пас аз фароварди донишкада барои кор ба ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват карданд.

  Маҳз «Ганҷина» барои ҳунарманди ҷавону соҳибистеъдод дари иқбол ва роҳи эҷозро боз намуд. Зеро Олим Бобоев солҳои фаъолият дар ин даргоҳ аз ситораи дурахшон ва уқоби баландпарвози фарҳангу санъати тоҷик устод Зафар Нозим на танҳо нозукиҳои мусиқӣ, балки ҷавонмардию тоҷикдӯстӣ омӯхт. Бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи устод Зафар Нозим консерти муштараки ду нафар навсафари олами эҷод ва навниҳоли гулбоғи мусиқӣ Олими Искандарӣ ва Субҳони Саид баргузор гардид. Дар ин барномаи консертӣ, ки шоири маҳбуб ва лирики маъруф устод Лоиқ Шералӣ ҳузур доштааст, пас аз анҷоми консерт ба назди Олим Бобоев рафта, дасташро дар китфи ӯ мегузорад ва мегӯянд: «Халқи тоҷик аз ту барин фарзанди фарзонаи худ, ки Офаридгор овози қавию гувороро арзонӣ доштааст, бояд ифтихор намояд. Ман Искандар Бобоевро мешиносам, овози ханҷарадори падаратонро шунида, мафтуни садояш гардида будам. Сабки хосси овозхонии худро доштанд ва суруди «Асири зулф»-ро хеле самимона эҷод карда буданд… То он ҷое мушоҳида кардам, овози ту ба садои падарат хеле шабоҳат дорад. Услуби овозхониат дар асоси сабки сарояндагии падарат созмон ёфтааст…».

  Пас аз чанд соли фаъолият дар ансамбли «Ганҷина» Олим Бобоев ба зодгоҳаш баргашта, аввал роҳбари бадеии хонаи маданият буд ва муддате чанд ба ҳайси директори Театри халқии шаҳри Панҷакент фаъолият намуд ва сипас, мудирии бахши фарҳанги шаҳрро ба зимма дошт. Баъд аз адои рисолати роҳбарӣ дар чанде аз муассисаҳои фарҳангии шаҳри Панҷакент омӯзгориро пеша намуда, дар Мактаби мусиқии шаҳр ба хонандагон дарси рубоб ва пианино медод. Дар ҳар вазифае кору фаъолият мекард, пайваста пайи эҷод буд ва суруду оҳангҳои нав меофарид, зеро ҷустуҷӯгар буду такрорро дӯст намедошт. Хислатҳои ҷавонмардӣ, сабку услуби нотакрор ва маҳорати баланди сурудани таронаҳои классикӣ Олим Бобоевро беш аз дигарон миёни ихлосмандон ва дӯстдорони таронаҳои ноб машҳур карда буд.

  Дӯстдорону ҳаводорони санъати мусиқии классикӣ бештар сурудҳои «Модар», «Саҳаргоҳон», «Дӯст медорам туро», «Фалак», «Гар намедонистамат», «Навбаҳор», «Гули ман», «Шаби маҳтоб», «Кӯдаки ҷон», «Ишқи ман», «Куҷо рафтӣ ҷавониам», «Асири зулфи ту», «Худо ёрат», «Як рӯз дар ҷаҳони дил», «Дареғо аз миён рафтӣ», «Фарёд зи умри гузарон», «Рӯдакӣ», «Навои искандарӣ», «Ту осмони манӣ», «Дар ин анҷуман даро», «Гули хандон», «Нишона», «Раҳ дар дил аст», «Ёрон», «Дарси вафо», «Васли ҷонон»-и Олим Бобоевро меписанданд ва воқеан ҳам таронаҳои зикриномрафта аз ин ҳофизи мумтоз ва овозхони ормонӣ ёдгорианду дар хазинаи тиллоии санъати тоҷик ҷойгоҳи махсус доранд.

  Оре, чун каломи барҳақи Лоиқи маҳбубу маъруф Олим Бобоев ин ҳунару маҳорати волои хешро аз падари бузургвораш Искандари Савтӣ, ки аз шогирдони Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936) ва идомадиҳандагони сабки иҷроии ҳавзаи ҳунарии Самарқанд маҳсуб мешавад, ба мерос гирифтааст. Тавъам ба ин, навҷӯиву навгӯйиҳои ин овозхони асилу нотакрор асосан аз табиати инсонии ӯ, ки шахси шӯридадилу ошиқ ва бениёз буд, сарчашма мегирифтанд. Шӯру қиёми Олими ҳунарманд ба воситаи суруду навоҳояш аз умқи дил берун омада, ҳазорон қалбро тасхир мекарданд ва дар ҳазорон дили дигар менишастанд. Аз ин ҷо бармалост, ки Олим Бобоев ранҷбари ҳунар буд ва аввалан сурудеро интихоб намуда, то ба нуқтаи олияш нарасонад, назди мардум, ҳатто дар кӯчактарин маҳфилҳо намехонд. Вай нисбат ба худ, истеъдод ва ҳунари сарояндагӣ сахтгир буд.

  Дар байни овозхонони тоҷик пайдо шудани ҳунарманди нотакроре ба мисли Олим Бобоев дар рушди «Шашмақом» такони ҷиддӣ бахшид. Овози дилнишинаш овезаи гӯшҳои дӯстдорони мусиқӣ гардид, зеро бо таронаҳояш барои сомеъон дари ҷаҳони нави ишқу муҳаббат, орзуву умед ва покию вафодориро боз месохт. Сурудҳои халқию классикиро дар як поя замзама менамуд. Садояш чунон марғуладору неруманд буд, ки бидуни балангӯяк низ суруд мехонд ва шунавандагону мухлисонро ба ваҷд меовард:

Фалак, фарзонагонро куштанат чист?

Ҳама якдонагонро куштанат чист?

Ту худ девона кардӣ оқилонро,

Пас он девонагонро куштанат чист?

  Бархе аз хислатҳои сутуданию ҳамидаи инсонии Олим Бобоев ва чанде аз ҷанбаҳои фаъолияти ҳунарию эҷодии ин ҳофизи нотакрорро як гурӯҳ рӯзноманигорону пажӯҳишгарон дар мақолаҳои хеш (С.Абудулло. Озода ман, ки аз ҳама олам буридаам…: Ёде аз шодравон ҳунарманди асил, шашмақомсарой Олимҷон Бобоев // Рӯшаноии сухан. - Душанбе, 2015. - С.154-168; С.Холиқ. Оҳанги хаёл: Сатре чанд аз рӯзгори Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев // Адабиёт ва санъат, 2009. - 11 июн; Ш.Ҳақназар. Хунёгар: Ёде аз фаъолияти ҳунарманди ансамбли «Шашмақом» шодравон Олим Бобоев // Адабиёт ва санъат, 2014. - 6 феврал) инъикос намудаанд. Ҳамчунин, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ин сарояндаи камназир бо роҳбарию мушовирии рӯзноманигори соҳибному андешаманд Хуршеди Атовулло Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии «Марги ғурур»-ро низ ба навор гирифтааст. Дар ин филм андешаи ҳунармандону овозхонони машҳур, коршиносон, пайвандон ва наздикон нисбат ба Олими Искандарӣ ва инчунин, мусоҳибаҳои нодири ин ҳофизи забардаст гирдоварӣ карда шудаанд.

  Маврид ба зикр аст, ки Олим Бобоев дар баробари ҳунарманди забардасту овозхони бемисл будан, шахсияти миллатдӯсту меҳанппараст низ буд. Ӯ меҳани хешро аз сидқ дӯст медошт, мардуми тоҷикро хеле дӯст медошт, аз тоҷик буданаш ифтихор дошт ва ҳамеша оҳангҳои «Шашмақом»-ро тоҷикона мехонд, нолаҳои мусиқии мақомро тоҷикона иҷро мекард. Ин ромишгари бомаҳорату соҳибистеъдод зимни сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои Австрия, Фаронса, Олмон, Россия, Эрон ва даҳҳо мамлакати дигар фарҳангу санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, намунаи олии фарҳангдӯстию миллатдӯстии мардуми тоҷикро собит кардааст. Фарзи мисол, ҳангоми ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии этникӣ, ки дар Ҷумҳурии Фаронса (Париж) баргузор гардид, Олим Бобоев овози қавиашро ба гӯши ҷаҳониён расонид ва истеъдоди баландашро дигарбора собит намуд. Ин аст, ки пас аз итмоми ҷашнвора бо дархости мусиқидонони фаронсавӣ Олими Искандарӣ тӯли се моҳ дар Фаронса монд ва якҷо бо ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои мухталифи ин кишвар дар маъруфтарин мактаби олии мусиқии Аврупо – Консерваторияи олии мусиқӣ ва рақси шаҳри Париж аз «Шашмақом» ва мусиқии мардумии тоҷик дарс дод.

  Дар соли 2006 бошад, Олими Искандарӣ бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва назди худ нақша гузошт, ки ҳамаи гӯшаҳои «Шашмақом»-ро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва сабт намояд. Зеро ин мақомсарои забардаст аз шеваи иҷрои ин асари классикии мусиқии аҷдодӣ дар кишвар қонеъ набуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш «Шашмақом» метавонад, ба мусиқии ирфонӣ ё классикии Ғарб дасту панҷа нарм кунад. Олим Бобоев, ки соҳиби овози вижаи сатҳи операвӣ буд, дар бораи мусиқии суннатии тоҷик мегӯяд: «мусиқии «Шашмақом» ба сари худ мушкиле надорад, вале овозхонҳое, ки мехоҳанд, ин ҳунари бостониро пеша кунанд, бо мушкил рӯбарӯянд. Аз як сӯ риояи ҳамаи нозукиҳои ин мусиқӣ сангин аст ва аз сӯи дигар шунидани он омодагии махсуси шунавандаро тақозо мекунад».

  Ҳамин тавр, хидматҳои беназири Олим Бобоев дар масири рушду пешрафти санъату ҳунари тоҷик, махсусан шоҳкории классикии мусиқии аҷдодӣ – «Шашмақом» ба унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардида, ҳамчунин, дар чандин фестивалу озмунҳои хориҷӣ мусиқии тоҷикро муаррифӣ намуда, бо ҷоизаҳои фестивали «Зарбҳои шарқ» (Австрия, 1988), «Таронаҳои халқҳои ҷаҳон» (Тунис, 1991), «Таронаҳои Шарқ» (Ӯзбекистон, 1998), фестивали мусиқии Шарқ (Фаронса, 1999), «ЭКСПО Олмон – 2000» сарфароз гардонида шудааст.

  Агар умр бақо мекард, мақомхони забардаст, овозхони хушсадо, донандаи хуби нозукиҳои «Шашмақом» ва беҳтарин сарояндаи сурудҳои классикӣ Олим Бобоев ба синни 65-солагӣ қадам мениҳод. Аммо дареғо, ки Олими Искандарӣ дар айни авҷи камолоти эҷодӣ, 8 феврали соли 2012 дар синни 54-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Зеро ин овозхони саршинос тайи чанд соли охири умраш аз дарди ҷигар ранҷ мекашид ва пизишкон иллати марги ӯро низ бемории ҷигар гуфтаанд. Он чӣ аз таронаҳои Олим Бобоев дар бойгониҳо боқӣ мондаанд, гӯяндаи маҳорати волои сарояндагии ӯянд ва садояш бар само рафту номаш ҷовидона гардид:

Сабри бисёр бубояд падари пири фалакро,

То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд.

 

Номвар ҚУРБОН,

пажӯҳишгар

Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам», №6 (626), 21.02.2023, саҳ.6.

 

Хондан 2231 маротиба