JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 13 Ноябри 2022 05:21

Машҳура, Меҳр - Олиҳаи ишқу отифат!

Муаллиф:
(Паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи муҳаққиқбонуи тоҷик Машҳура Вазирова) Имрӯз -- 13 ноябри соли 2022 муҳаққиқбонуи муосири тоҷик Машҳура Вазирова зодрӯз доранд. Ин бонуи илму фарҳанги тоҷик солҳои зиёд аст, ки дар риштаи илмҳои сиёсӣ пажӯҳиш мекунад ва бо ташаббусоту ибтикороти илмию амалии хеш уфуқҳои тозаеро дар ростои фалсафаи сиёсии миллӣ боз мекунад. Бону Машҳура Вазирова таҷрибаи кориро дар кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) оғоз карда, аз вазифаи лаборантӣ шуруъ карда, то ба вазифаҳои илмию раҳбарӣ дар идораҳои гуногун расидааст.
11 ноябрро мо, ҳамкорону дӯстони Исомиддин Шарифзода дар доираи маҳдуд ҳамасола чун Рӯзи рӯшангарию фарзонагӣ таҷлил мекунем. Ин навъ санасозӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.
Моҳи ноябр, воқеан, моҳи тантанаи мелоди Меҳр Собириён (8 ноябр), Ҳафиз Холиқзода (10 ноябр), Исомиддин Шарифзода (11 ноябр), Нурмуҳаммад Сафарзода (15 ноябр) ва соири шахсиятҳои матраҳ, саршинос ва барӯманди миллӣ мебошад. Дар силсилаи афроди саршиносу матраҳи миллӣ, ки солҳои дароз дар хидмати илму фарҳанг садоқатмандона қарор доранд, дӯсти гиромии мо Меҳр Собириён ҷойгоҳи вежа дорад. Меҳр Собириён ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ бо такя ба донишҳои замонавию таҷрибаи зиндагӣ талош варзидааст, ки воқеиёти рӯзгор ва миллатро бо чашми ақл бубинад ва доир ба мушкилоту муаммоҳои мавҷуда бар мабнои ақлу мантиқ доварӣ намояд.
Дӯсти донишманд, шахсият ва шоири отифӣ Сабур Носири гиромӣ! Имрӯз - 4 октябр мелод ва зодрӯзи Шумост. Агарчи доираи маҳфили “Ҷаҳони андеша” бо шахси Шумо аз наздик дертар ошно шудааст, аммо симои эҷодӣ ва илмиатон кайҳо барои ҳавзаҳои адабӣ ва илмии тоҷик кайҳо боз шинос аст. Зимнан, шахсияти чандбуъдӣ ҳастед ва фаъолияти чандсӯйӣ ва бисёрсамтаи Шумо боиси боло рафтани мақому манзалати адабӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва педагогиатон гардидааст: дар заминаи забону адаби форсӣ ихтисоси донишгоҳӣ гирифтед, дар мақомоти давлатӣ ба сифати мудир-менеҷер фаъолият кардед, дар мурофиаҳои додгоҳӣ дар симати тарҷумон ширкат варзидед, курсҳои бозомӯзӣ ва такмили…