JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Ҳар нафари соҳибзавқ чун аз рӯзгори сипаринамуда ва фаъолияти устодон ва олимони соҳаи маориф ва илми тоҷик огоҳӣ пайдо мекунад, барояш равзанае ба дунёи нав боз мегардад. Зеро аз гузашта то ба имрӯз олимон ва устодон на танҳо ба таҳқиқу нигоштаҳои худ дар рушди забону адаб ва фарҳангу маърифати миллӣ саҳм гузоштаанд, балки бо роҳи тайнамудаи эҷодӣ, рӯзгор ва зиндагиномаи хеш дар дилу дидаи мардуми сарбаланду фарҳангдӯст ҷой гирифтаанд. Воқеан он устоде, ки толибилмро ба худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихор аз забону адабиёт ва фарҳанги миллии форсии тоҷикӣ ҳидоят менамояд хирадманду соҳибмаърифати замони хеш мегардад. Муҳаққиқи…
«Мой главный наставник в жизни – мой Президент Эмомали Рахмон. Я горд тем, что являюсь воспитанником его дальновидной политической и дипломатической школы. И с великой честью, я готов служить моему Отечеству» - говорил Шарипов Сухроб Ибронович. Под таким девизом С.И.Шарипов прожил свою пусть короткую, но славную и достойную жизнь. С уходом из жизни С.И. Шарипова, республика и общественность страны потеряла яркого самобытного человека, выступающего в защиту национальных интересов республики, за свободу слова и демократию. Многие едины во мнении, что с его уходом, в коридорах власти так и не появилась достойная замена. Он верой и правдой,…
16 апрели соли ҷорӣ фарзанди барȳманди тоҷик, сиёсатмадори варзида Шукурҷон Зуҳуров зодрȳз доранд. Аз фурсат истифода карда, устоди гиромиро бо ин ҷашни мавлудашон табрику муборакбод мегȳям. Ба он кас умри дарозу бобаракат, тансиҳатӣ ва бурдбориҳо таманно дорам. Соҳибҷашнро тамоми халқи тоҷик мешиносанд, зеро умри бобаракати хешро сирф дар роҳи хизмат ба халқу Ватан сарф кардаанд. Дар тȳли фаъолияти хизматӣ – давлатии худ, ки беш аз 40 солро дарбар мегирад, устод тавонистанд аз муҳандис – заминсози оддӣ то ба сатҳи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасанд.
(Сухане чанд аз фаъолияти ҳунарии эҳёгари сурудҳои бостонию мардумӣ Абдулло Султон) Хирад, дониш ва ҳунар аз аҳди қадим то имрӯз фазлу ҳикмате мебошанд, ки маҳз тавассути онҳо қадру манзалати инсон дар ҷомеа мавриди эътироф ва ситоиш қарор мегирад. Агар ба рӯзгори ибратомӯз, хидматҳои анҷомдода ва пайроҳаи тайкардаи бузургони илму адаб ва фарҳангу ҳунари тоҷик дар айёми гузашта назар афканем, мебинем, ки онҳо бо доштани дониши амиқ, хиради расо ва ҳунари воло соҳиби фазлу фаросат гардида, мардум аз онҳо ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд. Ва ҳар вақте сухан аз боби ашхоси донишманд, хирадманд ва ҳунармард меравад,…