JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Таърихи тамаддуни ҳар як миллат бо фарҳангу суннат ва чеҳраҳои тобони хеш зинда аст ва ин чеҳраҳо ҳувияту фарҳанги суннатӣ-миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва тамаддуну рушди миллатро барои насли имрӯзаву баъдина ҳифз намудаанд. Бузургону донишмандони машҳури миллати тоҷик ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Абуабдуллои Рудакӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абуяқуби Сиҷистонӣ, Носири Хусрав, Саноии Ғазнавӣ, Насириддуни Тусӣ, Фаридаддуни Аттор, Ҷалолуддини Давонӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Аҳлии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Ҳаким Сафо ва дигарон бо осори гаронбаҳои илмӣ-тиббӣ, илмӣ-кайҳонӣ (астрологӣ), фалсафӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ-тасаввуфӣ, иҷтимоӣ-табиӣ,…
 Файласуф ва рӯшангари миллӣ Нуриддин Шаҳобиддин, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати рӯшангарии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ ва илмӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.
Файласуф ва рӯшангари муосири миллӣ устод Комил Бекзода 9 январи соли 2022 ба фархундасинни 77 мерасанд. Устод умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурӯъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни фосилаю таваққуф идома медиҳад.
Шанбе, 08 Январи 2022 16:28

Саҳми ҷаҳонии Берунӣ

Муаллиф:
Таърих гувоҳ аст ва делелҳои муътамаду раднопазире шаҳодат медиҳанд, ки донишмандону мутафаккирони аз Хуросону Мовароуннаҳр бархоста, намояндагони миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷиканд. Зеро он қаламраве, ки ақвоми эронӣ умр ба сар мебурданд (имрӯз бархе аз он минтақаҳо дар дасти намояндагони ин халқҳост), аз замонҳои қадим яке аз гаҳвораҳои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, эҷодиёту офаридаҳои донишмандони ин ақвом дурахшонтарин саҳифаи таърихи илму фарҳанги башарро ташкил медиҳад.