JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 10 Январи 2022 08:53

Дар пайи иҷрои рисолати фалсафӣ ва рӯшангарӣ (Паёми шодбошӣ)

Муаллиф:

 Файласуф ва рӯшангари миллӣ Нуриддин Шаҳобиддин,

          Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати рӯшангарии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ ва илмӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

       Афзун бар ин, Шумо аз ҷумлаи аввалин шахсиятҳои миллие маҳсуб меёбед, ки дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи Грайсфалди Олмон таҳсил намуда, рисолаи доктор(Phd)-ро дар мавзӯи “Зардушти таърихӣ ва Зартушти Ничше” ба забони олмонӣ сарбаландона дифоъ намуда, дараҷаи илмии дуктури фалсафаро дарёфт кардаед. Баъдан, рисолаи илмӣ-ихтисосии мазкурро мутобиқ ба фазою муҳити миллӣ ва бо тавзеҳу иловаҳо ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор додед (ниг.: Шаҳобиддинов Н. Нитше ва Зардушти таърихӣ (Тарҳрезии бунёдҳои фарҳанги навин). -Душанбе: Дониш, 2015). Ин рисола бо забони фасеҳу равшани фалсафӣ ва илмии тоҷикӣ таълиф гардида, то имрӯз дар ҳавзаҳои илмӣ ба унвони пажӯҳиши бунёдии фалсафӣ дар робита бо ду шахсияти тавонои фарҳанги шарқию ғарбӣ пазируфта шудааст.

        Дарвоқеъ, таҳқиқоти илмие, ки Шумо дар Олмон дар робита бо шахсияти паёмбари миллӣ Зардушт ва таъсири андешаю афкори ӯ ба симоҳои дараҷаи аввали фалсафаи урупоӣ, минҷумла Нитше анҷом додаед, кори илмии аллома Иқболи Лоҳурӣ (манзур рисолаи илмии “Сайри фалсафа дар Эрон” аст)-ро, ки ибтидои садаи бист анҷом дода буд, ба хотир меоварад. Гузашта аз ин, назарот ва матолиби ҷиддии фалсафии Шумо дар ду монографияи ахирӣ (таваҷҷуҳ шавад ба монографияҳои илмии: Шаҳобуддинов  Нуриддин.  Дар  сапедадами  озодандешӣ. Душанбе, 2018; Шаҳобуддинов  Нуриддин.  Метафизикаи Ибни Сино. Душанбе, 2020. 252 саҳ.) инъикос ёфтаанд, ки аз густурдагии андеша, фарохии дид ва мавқеъгириҳои вежаи миллӣ ва фалсафии Шумо дар қиболи мушкилоти фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, эҷодӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ дарак медиҳад. Сабки хоси эҷодӣ-таълифӣ тарзи навиштори Шуморо аз соири эҷодкорону файласуфон ва муҳаққиқону донишмандони миллию ватанӣ мутамоиз месозад ва воқеан, ин навъ нигориш тарзи мунҳасир ба фарди Шумост. Аз тарафи дигар, мурур ва мутолеаи китобу рисола ва матолиби фалсафии Шумо ҷаҳони фикрӣ ва биниши фалсафии насли ҷавони донишгоҳиро бою ғанӣ мегардонад.

       Мусалламан, дар даҳсолаи ахир майдони изҳори назарҳо, дидгоҳу мавқеъгириҳо ва баҳсу мунозираҳо атрофи мушкилот ва масъалаҳои гуногун аз матбуоти даврӣ ба сатҳи шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ кӯчидааст ва  Шумо миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо андеша ва дидгоҳи вежаи фалсафию миллӣ шинохта шуда, сари масоили муҳим ва калидӣ изҳори назароти ҷолиб ироа медоред. Сари масоил ва мушкилоти ақидатӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва мафкуравӣ ҳамеша тамаркуз кардану ҷиҳати ҳалли уқдаву гиреҳҳо пешниҳодоти мушаххас ироа додан рисолати фалсафӣ ва рӯшангарии Шумост. Ба сухани дигар, Шумо тавассути фаъолиятҳои рӯзмарраи фикрию фалсафӣ, ки дар суҳбату гузоришҳои телерадиоӣ ва таълифоту нигоришоти илмию ихтисосиатон мунсаҷим мешаванд, рисолати фалсафӣ ва рӯшангариро дар ҷомеа сарбаландона иҷро мекунед. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷомеаи мадании миллӣ аз вуҷуд ва ҳузури фаъоли Шумо дар ҳавзаҳои илмӣ, фалсафӣ ва маданӣ ифтихор мекунад.

       Воқеан, Шумо ифтихори мо ёру дӯстон ва ифтихори миллату ватан ҳастед. Бо истифода аз фурсати мусоид зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиатон комёбиҳо таманно мекунем.

         Зодрӯз фархунда бод, Нуриддин Шаҳобуддини гиромӣ!

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

 

Хондан 998 маротиба