JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 08 Январи 2022 18:52

Файласуфӣ ва рӯшангарӣ чунин бояд! (Паёми табрикӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва рӯшангари миллӣ Устод Комил Бекзода)

Муаллиф:

   Файласуф ва рӯшангари муосири миллӣ  устод  Комил Бекзода 9 январи соли 2022 ба фархундасинни 77 мерасанд. Устод умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурӯъ намуда, устод  Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни фосилаю таваққуф идома медиҳад.

  Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонӣ ва паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ-таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст ва бо тамоми масъулият метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст. Хатти марказии осори таҳқиқӣ ва фалсафии устод Комил Бекзода (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба: Саҳифаҳо аз таърихи озодандешӣ (дар ҳаммуаллифӣ бо Мирбобо Мирраҳимов). - Душанбе: Дониш, 1987. - 36 с.; Паёмбарони фарҳанги мо. Ҷилди аввал. - Душанбе: Нодир, 2000. - 124 с.; Гурез аз Хайём. - Душанбе: Нодир, 2002. - 136 с.; Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи марг бо зиндагӣ. // Шоҳроҳи Ваҳдат. - Душанбе, 2001 (дар шаш шумора); Аз таърихи худшиносии тоҷикон. - Душанбе: Дониш, 2006. - 149 с.; Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. - Душанбе: Дониш, 2012. - 433 с.; Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ. Душанбе: ҶСК “Чопхонаи Дониш”, 2015. 651 с.; Шуубия: диссиденты средневекового ислама. Душанбе: “Издательство Дониш”, 2017. 395 с.; Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон). –Душанбе:  МН «Дониш», 2019. -199 с.) рӯйи меҳвари озодандешӣ ва ҳувиятсозии миллӣ чарх мезанад. Ҳамчунин, мақолоти зиёди устод, ки дар рӯзномаву маҷаллоти замони Шӯравӣ ва матбуоти даврии давлатӣ ва мустақили замони  истиқлол  мунташир гардиданд, ба муҳимтарин масоили фалсафӣ, мафкуравӣ, озодию истиқлоли зеҳнию равонии миллӣ ихтисос ёфтаанд (барои намуна таваҷҷуҳ шавад ба ду матлаби ахирии илмӣ-фаласафии устод: Бекзода Комил. Худшиносии миллӣ дар фарҳанги пешазисломии халқҳои ориёитабор. //ИмрӯзNews, №34 (2254), 15 марти соли 2021. –С.V; Бекзода Комил. Идеологияи миллӣ: вазъи имрӯза ва дурнамои он. //Минбари халқ, №44 (1338), 3 ноябри соли 2021. –С.14).

    Устодро мардум ва доираҳои фарҳангӣ ҳанӯз аз замони шӯравӣ ба унвони «файласуфи озодандеши тоҷик» мешиносанд. Забон ва услуби нигориш, гузориш ва суҳбати  устод равон, равшан, салис ва орӣ аз таоруфу такаллуф буда, аз овони ҷавонӣ то имрӯз доир ба муҳимтарин масъалаҳои илмӣ, иҷтимоӣ, динӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, равонӣ, инсоншиносӣ, табиатшиносӣ, биологӣ ва амсоли инҳо дар доираи фаҳми мардум озодона, бидуни суханбозӣ, лафзпардозӣ, худнамоӣ, ки солҳои сол махсуси як гурӯҳ интеллигенсияи ватанӣ гаштааст, гуфтугӯ мекунад. Устод дар майдони баҳси илмӣ ва фалсафӣ аз тариқи методу усулҳои таҳқиқу нигориши урупоӣ ҷилва мекунад, ки ин махсуси қалам ва сабки сухани ӯст. Устод дилхоҳ матолиби мавриди баҳсро дар доираи одоби илмӣ, бо сабки фасеҳу равони забони миллӣ дар сатҳи урупоӣ ба риштаи таҳлил, таҳқиқ, таҷзия, муқоиса, хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ мекашад, ки ин навъи таҳқиқу нигориш дар муҳити илмии ватанӣ камназир аст. Илова бар ин, устод дар омӯзиш, таҳлил ва нақди осору орои фалосифаи башарӣ дасти тамом дошта, дар муаррифии бузургтарин чеҳраҳои фалсафаи ҷаҳонӣ дар матбуоти даврӣ саҳми асосӣ гирифтааст.

  Масъалаи зиндагӣ ва марги инсонӣ дар коргоҳи илмӣ ва эҷодии устод Бекзода ба унвони масъалаи асосии фалсафӣ солҳост, ки мавриди пажӯҳиш ва таҳқиқ қарор мегирад. Ба сухани дигар, масъалаи маргу нестӣ ба сифати масъалаи ҷавҳарӣ дар фалсафаи устод Комил Бекзода пайваста пайгирӣ мешавад ва онро, бо назардошти вазъи омӯзишӣ ва такмилу густариш ёфтани доираи иттилооту мутолиот, аз дидгоҳҳои гуногун таҳқиқу бозбинӣ  мекунад.

  Устод Бекзода ҷиҳати таҳкиму тақвият ёфтани раванди озодандешии миллӣ ва ҷаҳонбинии фалсафӣ дар байни насли ҷавони ҷомеаи тоҷик  тобистони соли 2019 китоби худро таҳти унвони  “Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон)” ба табъ расонд. Китоб (ниг.: Бекзода Комил. Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон). –Душанбе:  МН «Дониш», 2019. -199 с.)  аз мавзӯоти ҷолиб таркиб ёфта, мундариҷаи зайлро дар бар гирифтааст: Шиноснома (-С.4-6), Оғози мулоқот (-С.7), Панҷ гуфтор (-С.7-61), Мусоҳибаи якум (–С.62-65), Номаи аввалин ба Ҷамшед (-С.66-76),  Нома аз шаҳри Қоҳира (-С.77-81), Нома аз кишвари Канада (-С.82-87). Гузашта аз ин,  китоб ба ду забон – забонҳои тоҷикӣ (-С.4-87) ва русӣ (-С.90-171) таълиф гардида, қисмати охири китобро бахши сарчашмаҳо (155 номгӯ сарчашмаи зарурӣ), феҳристи муҳимтарин китобҳо дар мавзӯи равшанфикрӣ (84 номгӯ), албом ва мусаввараҳои бузургтарин шахсиятҳои илму маърифати ҷаҳонӣ (-С.85-94) ташкил медиҳанд. Устод  Бекзода дар ин китоб кӯшидааст, ки насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро ба асли масъала – дарёфти огоҳӣ, дониш, маърифат, хирад  ва ба ин васила дунбол кардани ҳадафҳои наҷиби инсонӣ, ки реша дар фарҳангу фалсафаи миллӣ доранд, мутаваҷҷеҳ созад. Насли ҷавон, ки иқтидори баланди ҷисмӣ-физиологӣ дорад, бояд ба илму дониш такя намуда, мушкилоти рӯзафзуни рӯзгор ва зиндагиро мустақилона (бидуни ҳидояту кумакҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ) ҳаллу фасл намояд. Аз ҷумла, решаи тамоми мушкилот маргу мурдани инсонҳост ва ҳалли илмию фаннӣ(ихтисосӣ)-и ин сармушкил дар асри бисту як тавассути ба кор андохтани барномаҳои махсуси илмӣ-лабораторӣ имконпазир аст. Ин нуктаро муаллифи китоб аз оғоз то анҷоми китоб дунбалагирӣ мекунад ва аз сарҳадди зиндагии маҷозию афсонавӣ (ки адёну мазоҳиб барои инсон ва ҷомеаҳо сохтаанд) ба марзи ҳаёти воқеӣ-реалӣ (ки дар таҳқиқотҳои муосири олимони ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд) по гузоштани ҷомеаи инсонӣ ва бахусус, насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро хостор аст. Дарвоқеъ, як файласуф ва рӯшангар тайи умри хеш ҳамин қабил корҳоро анҷом медиҳад ва аз тариқи интишори мудавоми матолиби ҷолиби илмӣ-фалсафӣ ва оммавӣ саъю талош меварзад, ки ҷомеа ва бахусус, насли ҷавонро аз қайдубанди ҷаҳолату хурофот бираҳонад. Дар фазо ва муҳитҳои мо, ки, мутаассифона, ду даҳсолаи ахир хурофоту таассуби динию мазҳабӣ пайи по дуруст кардааст, ҳузури фаъоли файласуфону рӯшангароне назири Комил Бекзода зарурат доранд, то ин ки эътидоли фикрию равонӣ дар сатҳи иҷтимоӣ барқарор гардад.

  Мо дар симои устод файласуфи воқеӣ, инсони шариф, наҷиб, рӯшангар, инсонсолор, хирадпарастро мебинем. Маҳз аз тавонмандиҳои  фикрию фалсафӣ ва илмию ихтисосии чунин файласуфону равшанфикрон ҷомеаи миллӣ  ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнии миллат мегардад. Устод Комил Бекзода, новобаста ба солмандӣ пайи кору эҷод аст ва вақту фурсати зиндагии шахсию инфиродиашро сарфи таҳқиқу пажӯҳиши муҳимтарин масоили фалсафӣ, ки ба бедории фикрӣ ва рушди ҷомеаи маданӣ мусоидат менамоянд, мекунанд. Аз фурсат истифода карда, ба устод дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, шӯхтабъиву болидарӯҳӣ, ҷуръату ҷасорати мудавоми илмию эҷодиро таманно дорем.

       Зодрӯз фархунда бод, устоди арҷманд!

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе

 

 Монандаи ӯ надида фарзонатаре

(ба ифтихори зодрӯзи устод Комил Бекзода)

 

Рӯида зи хоки деҳи Взбай саҳаре,

Тифле ба мисоли дурру марҷон – гуҳаре,

Номаш биниҳода Комил, ӯ як нафаре

Шуд марди тамому фозилу номваре,

То ин ки диҳад ба олам аз худ хабаре,

То ин ки диҳад дарахти умраш самаре,

То ин ки гузорад ҳама аз худ асаре,

Як умр фаро гирифт илму ҳунаре,

Монандаи ӯ надида фарзонатаре,

Бас худнигаре,

Соҳибназаре!

 

Меҳре, ки барояд аз дили содаи мо,

Ҳарфе, ки занад забони бикшодаи мо,

Ҳар як сухани ба лутф омодаи мо,

Ҳар як қадами ба сидқ бинҳодаи мо,

Боло шудани рӯҳи тагуфтодаи мо,

Завқе, ки бубахшад ин майю бодаи мо,

Шаҳбайти суруду шеъру сарводаи мо,

Аз файзи ҳузури туст Бекзодаи мо,

Ай пири ҷаҳони хориқулодаи мо,

Ҳамҷодаи мо,

Озодаи мо!

Бо эҳтиром, Нозим Нурзода

6 январи соли 2022, панҷшанбе, соати 22:50 шаб

 

Хондан 1024 маротиба