JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 08 Январи 2022 16:28

Саҳми ҷаҳонии Берунӣ

Муаллиф: Номвар ҚУРБОНОВ

  Таърих гувоҳ аст ва делелҳои муътамаду раднопазире шаҳодат медиҳанд, ки донишмандону мутафаккирони аз Хуросону Мовароуннаҳр бархоста, намояндагони миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷиканд. Зеро он қаламраве, ки ақвоми эронӣ умр ба сар мебурданд (имрӯз бархе аз он минтақаҳо дар дасти намояндагони ин халқҳост), аз замонҳои қадим яке аз гаҳвораҳои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, эҷодиёту офаридаҳои донишмандони ин ақвом дурахшонтарин саҳифаи таърихи илму фарҳанги башарро ташкил медиҳад.

  Ин бузургӣ, шукӯҳу шаҳомати ҷаҳонӣ на дар заминаи хушку холӣ, балки дар асоси таҷрибаву заҳматҳои бисёрасраи фарзонагони миллати тоҷик ба вуҷуд омада, рушду инкишоф ёфтааст. Аз ин ҷост, ки фарзонагони ин миллати сарбаланд, чун Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Пури Сино, Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ, Абулвафо Бузҷонӣ, Абдуллоҳи Марвазӣ, Абӯнаср Мансур, Абӯмашҳар Балхӣ, Ҷобир Ҳайён, Абӯлҳасани Табарӣ, Абӯмансури Азҳарӣ, Абӯмансури Қамарӣ, Абӯбакр Караҷӣ, Абӯҳасан Насавӣ, Асируддини Самарқандӣ, Салоҳиддин Маҳмуд, Ҷамшеди Кошонӣ, Алии Қӯшчӣ ва садҳои дигар фарҳанги донишпажӯҳишию хирадмеҳварии аҷдоди хешро идома дода, ба мисли ситорагони тобнок шоҳроҳи илми ҷаҳониро равшан намуданд.

Яке аз далоили равшани танҳо ва танҳо фарзонагони ақвоми эронӣ (тоҷик) будани ин алломаву нобиғаҳо он аст, ки вақте сухан сари наҳзати илму фарҳанги асрҳои миёна меравад, ҳар нафари огоҳ яку якбора номи чанде аз онҳоро ба забон меорад. Бар хилофи ин, он миллатҳое, ки бархе аз онҳоро соҳиб шудаанд, танҳо аз ҳамон нафари соҳибикардаашон ном мебаранд, ки ҳузури ин абаршахсият дар таъриху фарҳанги эшон «тароша аз бом»-ро мемонад. Аввалан, замоне, ки ин ҳаракатро олимону донишмандони форсу тоҷик рӯйи кор оварданд ва илму фарҳанги хешро пас аз ғасби араб эҳё намуданд ва инкишоф доданд, аз он халқу миллатҳо на ном буду на нишон. Сониян, агар ин нафарон, воқеан ҳам намояндаи миллати эшон бошад, пас, ҳадди ақал чанд нафари дигарро номбар намоянд, то ба мантиқ дуруст бигирад.

Вақте ин ва боз садҳо далели раднопазир намояндаи ақвоми тоҷик будани ин алломаҳову нобиғаҳоро собит менамояд, зӯр зада таърихи дурӯғин сохтан ва бузургони ин миллати соҳибтамаддунро намояндаи миллати хеш ҳисобидан, зери шӯълаи офтоб болои як чизе навиштанро монад. Чунки ҳар нафари огоҳ ва ҳар касе аз мантиқ каме бархӯрдор аст, хуб медонанд, ки аз халқе чунин нобиғаро ба башар додааст, дар тӯли беш аз ҳазор сол танҳо як нафар зуҳур кардан аз ақлу мантиқ берун аст. Ин нафар воқеан ҳам намояндаи он халқ ё миллат бошад, ҳадди ақал пас аз 200-300 сол боз нафаре чун ин донишмандону мутафаккирон ба арсаи илму дониш қадам мениҳод. Мутаассифона, аз замони ин бузургон то ба имрӯз касе аз ин миллатҳо зуҳур накардааст.

Ҳарчанд, пас аз заволи сулолаҳои Саффориёну Тоҳириён ва Сомониёну Ғӯриён то асри ХХ зимоми давлатдорӣ дар дасти миллати тоҷик набуд, вале наҳзати илму дониш ва фарҳангу маърифати он то ба имрӯз масири муайяне дорад. Бо вуҷуди ҳама пастию баландӣ, дар ҳама давру замон машъалафрӯзон ва аламбардорони илму хирад ва фарҳангу маърифати Хуросону Мовароуннаҳр фарзонагони миллати тоҷик буданд.

Яке аз саромадони илм ва дурахшонтарин ситораи илми башар Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ мебошад, ки 14 шаҳривари соли 352 хуршедӣ (баробар ба 6 сентябри соли 973) ба дунё омадааст. Аз падару модар дар айёми тифлӣ бенасиб монда бошад ҳам, маълумоти ибтидоиро дар муҳити наздикон касб кардааст. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абунасри Мансур шогирди Абулвафои Бузҷонӣ омӯхт.

Яке аз устодони дигар аллома Берунӣ Ибни Ироқ буд, ки нисбат ба пешрафти илмии ӯ хеле ғамхорӣ мекард ва аз лиҳози моддӣ дастгирӣ менамуд. Берунӣ дар синни 21-22-солагӣ ба ҷустуҷӯи мустақилона дар соҳаи илми ҳайъат (ситорашиносӣ) пардохта, кусуфи (гирифти) офтобро мушоҳида кард ва барои расадбандии ситораҳо ба ихтирои устурлоб шурӯъ намуд.

Вазъи солҳои 90-и асри X дар Осиёи Марказӣ дар натиҷаи ба сари ҳокимият омадани Қарахониён дар Хоразм тағйир ёфт ва Берунӣ маҷбур шуд, ки зодгоҳашро тарк кунад. Ҳокимият дар Хоразм ба дасти Маъмун ва ҳукумати ашрофи маҳаллӣ ба дасти ашрофи бегона гузашт. Берунӣ ба Рай омад ва дар он ҷо бо яке аз нобиғаҳои дигари тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ (940-1000) мулоқот намуд ва шогирди ӯ гардид. Дар ин шаҳр ба мутолиаи асарҳои мутафаккири бузурги тоҷик Абубакри Розӣ пардохта, аз рӯйи ҳусни таваҷҷуҳ ба навиштаҳои Розӣ, рӯйихати осори ӯро тартиб дод.

Сипас, ба Гургон омад ва ҳангоми ҳанӯз дар ватан буданаш бо Пури Сино ба мукотибаи илмӣ пардохт. Ду абармарди айём роҷеъ ба масоили офоқу анфус, кайҳону замин, масоили физикавиву фалсафӣ назарҳои худро мубодила намуданд. Берунӣ нуктаҳои заъфи фалсафаи Арастуро ёдрас мешуд ва Пури Сино аз он дифоъ менамуд. Бо вуҷуди қаробати афкору андешаи ин ду бузурги майдони илм, ақидаҳояшон дар масъалаи шинохти олам аз ҳам фарқ доштанд. Берунӣ ба масоли амалӣ шавқи бештар дошт ва Пури Сино ба масоили назариявӣ машғул буд.

Берунӣ дар ин давра дар Гургон асари машҳури худ «Осор-ул-боқия»-ро бо забони модариаш — форсии тоҷикӣ эҷод намуд. Маҳз дар ҳамин давра, ӯ боз аз чор асари дигари худ, ки дар овони ҷавонӣ навишта шуда буданд, маълумот медиҳад, мутаассифона, ин асарҳо то ба рӯзгори мо омада нарасидаанд ва танҳо чанд порча аз онҳо дар таркиби дигар асарҳо боқӣ мондаанд. Аз онҳо ду асар оид ба нуҷум, саввум оид ба ҳаводиси табиӣ (табиатшиносӣ) ва санъат буда, асари чаҳорум «Таърихи ҳаракати сафедҷомагон ва қарматҳо» ном доштааст, ки ба масоили таърихи сиёсӣ бахшида шуда будааст.

Соли 1004 Беруниро дубора ба Хоразм даъват намуданд ва дар ин ҷо ҳавзаи илмие бо иштироки уламои машҳури замон, ба мисли Ибни Ироқ, Пури Сино, Абусаҳли Масеҳӣ ва дигарон таъсис ёфт. Дар ин марказ Берунӣ ва ҳамкасбони ӯ ба мушоҳида ва тадқиқи масоили нуҷум ва дигар улуми табиатшиносӣ пардохта, дар баробари дигар кашфиёт аввалин бор назарияи ҳаракати Офтобро пешниҳод намуданд.

Берунӣ ҳаракати ҷисмҳо ба сӯи маркази Заминро эътироф намудааст, ки он амалан фикри баъдан пешниҳодкардаи физикадони бузурги англис И. Нютон (асри XVIII) дар бораи қувваи ҷозибаи Замин ба хотир меорад. Ӯ тарафдори мавҷудияти оламҳои бисёр дар Коинот ё худ таълимот дар бораи касрати олам мебошад ва муътақид аст, ки ин оламҳо метавонанд дар шаклҳои дигар ва бо қонуниятҳои ба худ хос арзи вуҷуд дошта бошанд. Берунӣ дар масъалаи атомистика низ ақидаи мустақили худро дорад. Ӯ тақсимпазирии зарраҳои оламро эътироф карда, то ба беохир ва беинтиҳо тақсим шудани онҳоро рад мекунад, зеро он метавонад ба инкори ҳаракат оварда расонад. Вай барои исботи ботил будани тақсимшавии беохир мисоли ҳаракати Моҳу Офтобро меорад, ки ин «беохирӣ»-ро паси сар мекунанд ва яке аз дигаре пеш мегузарад. Берунӣ бисёр масъалаҳои физикию табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла, масъалаи ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ғайраро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Дар баробари рисолати ақлонии инсон Берунӣ дар масъалаи дин ва ахлоқ ба мақоми қалб таъкид мекунад, ки аз тариқи омехтани қувваи ақлонӣ бо қалб имони одамӣ дучанд мешавад. Аз ин рӯ, фалсафаи Беруниро метавон таълимоти натурфалсафӣ ва ратсионалистӣ номид. Дар баъзе мавридҳо дар ҷаҳонбинии ӯ, ба қавли муҳаққиқон, тобишҳои андешаи деистӣ зуҳур мекунад. Берунӣ ба зарурати ҳар гуна дин (зардуштия, яҳудия, масеҳият, ислом, ҳиндуӣ ва буддоӣ) барои оромиши равонии ҷомеа таъкид мекунад. Вале фолбинӣ ва муайян кардани асрори олам аз тариқи дину мазҳабу астрология ва усулҳои ғайриҳирфаии таҳқиқотро зери суол мегузорад. Зеро аҷдоди бузурги мо боварӣ доштанд, ки дар табиат ҳама чиз мувофиқи қонунҳои худи табиат вуҷуд дорад ва тағйир меёбад ва ин қонунҳоро танҳо бо кумаки хирад ва дониш дарк кардан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки асарҳои ба математика ва астрономия бахшидашудаи ӯ дар рушду пешрафти кулли башар, аз ҷумла барои кишоварзии обёришаванда ва мубодилаи савдо аҳамияти калони амалӣ доштанд.

Саҳми Берунӣ дар риёзиёт (арифметика, алгебра ва ғ.), инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид намудани назарияи ададҳои бутун (назарияи касрҳо) ва назарияи муносибатҳои бузургиҳои муттасил (ҳисоб кардани қимати адади π (пи) аз тариқи дарозии доира ва диаметри он ва ғ.), илми нуҷум (ситорашиносӣ)-усули мушоҳидаи кусуфи моҳ якбора аз ду нуқтаи замин, сохтани устурлоби мукаммалтар, таълимот дар бораи гардиши Замин дар гирди меҳвари худ ва эҳтимолияти гардиши он дар гирди Офтоб ба вуҷуд овардани заминаҳои зарурӣ барои назарияи Галилей ва Коперник дар бораи ҳаракати Замин ва офтобмарказият, кашфиёти зиёди илмӣ дар соҳаи ҷуғрофия-назарияи иқлимҳо, қабатҳои геологӣ (пастиву баландиҳо ва қабатҳои умқҳои замин) ва ғ., маълумоти муфид ва нодир дар бораи минералогия (ҷавоҳирот), маводи доруворӣ (фармакология) ва ғ. хеле бузург аст.

Нақши Берунӣ дар инкишофи илми алгебра (алҷабр) низ хеле бузург аст. Асари алоҳидаи Берунӣ оид ба алгебра ба дасти мо нарасидааст, вале масъалаҳои алгебравиро дар асарҳои дигари мутафаккир, аз ҷумла, дар «ҳафт суолу ҷавоб»-и китоби ба илми нуҷум бахшидаи ӯ пайдо кардан мумкин аст.

Берунӣ дар таърихи илм ҳамчун асосгузори соҳаи нави илм оид ба андозагирии релеф ва сатҳи замин — геодезия эътироф шудааст. Дар соҳаи маъданшиносӣ олим аввалин шуда вазни хоси ҷисмҳо ва моеъҳоро тавассути дастгоҳи сохтаи худ чен кард ва дар асоси он таснифи маъданҳоро пешниҳод кард, назарияи пайдоиши онҳо ва иттилооти парагенетикиро таҳия намуд.

Берунӣ дар худи асари аввалини “Хронологияи халқҳои қадим” ҳамаи системаҳои тақвими дар замони худ маълумро, ки аз ҷониби халқҳои гуногуни ҷаҳон истифода мешуданд, ҷамъоварӣ ва тавсиф кард. Асосҳои астрономии ин тадқиқотро бошад “Китоби тафсири принсипҳои асосии астрономия” ва дигар асарҳои илмӣ нишон додааст.

Ҳамчунин, аллома дар асари дигар худ “Ҳинд” тавсифи муфассали ҳаёт, фарҳанг ва илми мардуми ин кишвар, аркони динию фалсафии онҳоро шарҳ додааст. Системаи транскрипсияи пешниҳодкардаи Берунӣ дар асоси графикаи арабӣ аз бисёр ҷиҳатҳо системаи муосири интиқоли калимаҳои ҳиндиро ба забони урду пешбинӣ мекард.

Дар асари «Китоб-ус-сайдана» (“Фармакогнозия”) ин мутафаккири бузург беш аз 1000 доруворӣ, 150 гиёҳҳои маъмул ва беш аз сад ҳайвонотро ба тафсил баён кардааст. Ҳамзамон, донишманд бо ҷамъоварии маълумот бо забонҳои арабӣ, юнонӣ ва ғайра доир ба 4 000 намуди рӯстанӣ, ҳайвон, маъдан ва моддаҳои аз онҳо истеҳсолшаванда, маълумот гирд овардааст, ки дар рушди соҳаи дорусозӣ заминаи бунёдӣ гузоштаанд.

Ҳамин тариқ, ба андешаи муҳаққиқон ва мутафаккирон, Берунӣ бузургтарин олим ва файласуфи табиатшиносии амалӣ (эксперименталӣ, озмунӣ, таҷрибавӣ) дар асрҳои миёна ба шумор меравад. Ӯ ба тарзи тафаккуре, ки баъдан дар давраи нави Аврупо ба таври васеъ интишор ёфта, дар инкишофи улуми табиатшиносӣ ва технологияи саноатии Аврупо саҳми ҳалкунанда гузошта буд, таъсири боризе расондааст.

Бинобар ин, Беруниро ба таври қонунӣ метавон ғалабаи илм дар Шарқи асрҳои миёна номид. Зеро яке кимёшиносони барҷасата, муаррихи илм ва муаллифи асари сеҷилда ва панҷкитобаи машҳур — «Муқаддима дар таърихи илм » («Introduction to the History of Science» (4236 саҳифа) Ҷорҷ Сартон (1884-1956) вобаста ба саҳми бузургу хизматҳои мондагорашон ҳар як асрро ба номи яке аз олимони ҷаҳоншумул номгузорӣ мекунад ва асри 11-ро «асри Берунӣ» меноманд. Ин таърихнигори белгиягитабори амрикоӣ дар бораи алломаи бузург Берунӣ чунин гуфтааст: “Таърихи астрономия ва математика, астрология ва ҷуғрофия, антропология ва этнография, бостоншиносӣ ва фалсафа, ботаника ва минералогия бидуни номи бузурги ӯ (Берунӣ) ятим монданд”.

Ҳамин тариқ, асарҳои илмии ҷовидонаи Берунӣ дар рушди афкори илмии ҷаҳонӣ бебаҳоянд. Бузургии ӯ, ҳамчун яке аз донишмандони энсиклопедии асрҳои миёна, дар мероси бебаҳо, саҳми ӯ дар рушди бисёр илмҳои на танҳо он давра, балки ҳазорсолаҳои минбаъда низ инъикос ёфтааст.

Номвар ҚУРБОНОВ,

номзади илмҳои техникӣ

Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/tarih/sahmi-jahonii-beruny/ 

Хондан 907 маротиба