JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
30 сентябр дар силсилаи таҷлилоти ҷашну маросимоти ҷаҳонӣ ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шинохта шудааст ва дар қаламрави Тоҷикистон ҳам мардум, доираҳои адабию фарҳангӣ ва ҳавзаҳои илмию ҳунарӣ аз ин Рӯз таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз доираҳои адабӣ, қишрҳои фарҳангӣ, ҳафзаҳои илмӣ ва муҳитҳои донишгоҳӣ гирди ҳам меоянд ва атрофи шахсият, андеша, дидгоҳ, мавқеият ва мероси Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суҳбатҳои ҷолиби адабию ихтисосӣ ва мубоҳисоти илмию фаннӣ сурат мегирад. Дар феҳристи баррасиҳои мавзӯие, ки дар партави Рӯзи Мавлоно ҳамасола матраҳ мегардад, масъалаи нигариш ва дидгоҳҳои фалсафии Ҷалолуддини Балхӣ низ ҷой дорад. Ба сухани…
Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, доираву ҳавзаҳои гуногуни адабию фарҳангиро ба ҳам меоварад. Муҳимтар аз ҳама, ба таври густурда таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзи устод Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Ин аст, ки дар силсилаи таҷлилоти ҷашнӣ ва арҷгузории шахсиятҳои матраҳи миллӣ Рӯзи қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Рӯзи устод Рӯдакӣ, рӯзи тамаддуни шеърӣ ва ҳикмати назмист, ба кулли ҳамватанони азиз муборак бошад. Баъдан,…
 Донишманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод Файзи Олӣ! Устод Файзи Олии гиромӣ, Шумо аз зумраи чеҳраҳои маъруфи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишри фаъолони мадании миллӣ маҳсуб меёбед, ки аз нимаи дувуми солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, то имрӯз дар фазо ва муҳитҳои сиёсию мадании ҷумҳурӣ фаъолед.
Энрико Фермӣ – физикдони барҷастаи итолёӣ буда, дар рушди илми садаи XX ҷои махсусро ишғол менамояд: нубуғи бисёрфаннии ӯ – истеъдоди нодир (нотакрор) дар замони мо, ба вай имконият фароҳам овард, ки корҳои бузургро дар соҳаҳои физикаи ҳаста, энергетикаи атомӣ, физики нейтрон, омори квантӣ, физикаи металлҳо амалӣ сохта, дар пешрафти физикаи назариявӣ ва физикаи таҷрибавии муосир ҳиссаи бузург гузошта бошад. Э. Фермӣ 29 сентябри соли 1901 дар оилаи оддии итолёӣ таваллуд ёфтааст. Дар оилаи онҳо боз ду нафар фарзанд, хоҳар ва бародараш Ҷулио, ки хеле бо ҳам меҳрубон буданд, зиндагӣ мекарданд. Додарон дар аёми бачагӣ…