JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 11 Ноябри 2021 02:50

Рӯзи навоварист! (паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин  Шарифзода)

Муаллиф:

  Мо, аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша” имсол -- таърихи 11 ноябрро  ба унвони  “Рӯзи навоварӣ” таҷлил мекунем. Ин навъ санасазӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти  ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд,  довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ  исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.

  Исомиддин  Шарифзода дар баробари таълиму тадриси насли ҷавон (ӯ солҳост ба сифати мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар самти омӯзгорӣ умрфарсоӣ мекунад), ба фаъолияти илмию эҷодӣ машғул шуда, тавассути ибтикороту ташаббусоти шахсӣ ва инфиродӣ бо таҳаввулоти иҷтимоию фарҳангӣ ва илмию ихтисосӣ ҳамқадам аст. Мавсуф рисолати фикрӣ, ихтисосӣ ва мадании худро дар раҳонидани мардум аз қайдубандҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фикрию идеологӣ дида, дар ин масир ҳадафмандона гом бармедорад.

  Исомиддин ҳанӯз аз ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба ҷараёни рӯшангарии миллӣ пайваста, то имрӯз дар ростои шинохти мероси куҳанбунёди миллӣ, арзёбии илмию ихтисосии осори мутафаккирони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таблиғи дастовардҳои илмии башарӣ саъю талоши фаровон меварзад. Чанд соли ахир таълифот, мутолибот, мусоҳибот ва гузоришоти ҷолиби илмӣ, ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Исомиддин Шарифзода дар ВАО-и ватанӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардаанд. Дар чанд соли ахир силсилаи мақола ва мутолиботи илмӣ ва илмӣ-оммавии Шарифзода, ки ба муҳимтарин масоили фикрӣ, ҳувиятӣ, ақидатӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва миллӣ ихтисос ёфтаанд, сафаҳоти матбуоти даврии мустақили ҷумҳуриро рангин сохтаанд (таваҷҷуҳ шавад ба силсиламатолиби илмӣ-оммавии зайл: Шарифзода И. Хурофот. //Ҷумҳурият, № 213 (23816), 13 ноябри соли 2019. –С.3; Шарифзода И. Аз тавсеаи хурофот то бархӯрдҳои шадид. //Ҷумҳурият, № 43, 27.02. 2020. –С.2; Шарифзода И. Баҳсе дар ахлоқ ва дин. //ИмрӯзNews, №107(2106), 25.06.2020. –С.V1; Шарифзода И. Инқилобро киҳо ба вуҷуд меоранд? (қисми 1). //ИмрӯзNews, №114 (2123), 09.07.2020. –С.V1; Шарифзода И. Инқилобро киҳо ба вуҷуд меоранд? (қисми 2). //ИмрӯзNews, №115 (2124), 13.07.2020. –С.V; Шарифзода И. Низоми сиёсии динӣ ва озодии инсон. //ИмрӯзNews, № 126 (2125), 04.08.2020. –С.V; Шарифзода И. Дар Ғарб фановарӣ месозанд, дар Шарқ чӣ? //Ҷумҳурият, №152-153 (24008), ҷумъа, 14 августи соли 2020. –С.1; Шарифзода И. Дар Ғарб фановарӣ месозанд, дар Шарқ чӣ? //ИмрӯзNews, №137 (2136), 12.08.2020. –С.V1; Шарифзода И. Исломи сиёсӣ ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсии инсон. //ИмрӯзNews, №136 (2135), 18.08.2020. –С.V1; Шарифзода И. Нодонӣ, ҷаҳл, таассуб. //ИмрӯзNews, № 127 (2126), 05.09.2020. –С.V11; Шарифзода И. Ҳокимияти динсолор ё расмикунонии хурофазадагӣ. //Адабиёт ва санъат, № 47(2070), 19 ноябри соли 2020. –С.14; Шарифзода И. Тахаюл ва тафаккур ё баҳси хурофот бо илм. // ИмрӯзNews, №198 (2199), 27.11.2020. –С.V1- V111; Шарифзода И. Фарди хурофазада маҳсули ҷомеаи хурофотист. //Самак №1 (478), ҷумъа, 1 январи  соли 2021. -С.6; Шарифзода И. Мазҳабзадагӣ дар бозиҳои геосиёсӣ. //ИмрӯзNews, №3 (2223), 13.01.2021. –С.V;  Шарифзода И. Ҳокимияти теократӣ муқобили мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар меистад. //Ҷумҳурият, № 11 (24118), душанбе, 18 январи соли 2021. –С.1; Шарифзода И. Хурофот ва ё ҳалли хаёлии мушкил. //Самак №4 (481), чоршанбе, 20 январи  соли 2021. -С.5; Шарифзода И. Хирадгароӣ шеваи асосии хурофазудоӣ. //ИмрӯзNews, №21 (2241), 19.02.2021. –С.V1- V11; Шарифзода И. Хурофот ва ё ҳалли хаёлии мушкил. //ИмрӯзNews, №5 (2225), 19.02.2021. –С.V1- V111; Шарифзода И. Хирадсолорӣ ва дунявият. //Ҷумҳурият №60-61 (24168), 29 марти соли 2021. -С.7; Шарифзода И. Таассуб мардумонро ба нобудӣ мекашонад. //Самак №29 (507), чоршанбе, 14 июли  соли 2021. -С.7; Исомиддин Шарифзода. Ваҳдати миллӣ – омили асосии рушди кишвар. //ИмрӯзNews, №92 (2312), 22.07.2021. –С. 1V-V; Шарифзода И. Исломи сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №4 (22), 2020. -С.82-97; Шарифзода И. Хирадгароӣ – шеваи асосии хурофазудоӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (23), 2021. -С.42-53; Шарифзода И. Нақши зан дар бунёди тамаддуни башар (назаре иҷмолӣ). //Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат. /Маводи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. 27 феврали соли 2021 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. –Душанбе: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 2021. –С.68-73). Зимнан, ин навъ мутолиботи илмӣ-оммавӣ дар шаклгирии тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии фалсафии насли ҷавон ва умуман, ҷомеаи тоҷик нақши калидӣ доранд.

   Аз ин гузашта, барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” (ҳар ҳафта саҳари рӯзи шанбе ва такроран зуҳри сешанбе аз тариқи Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” пахш мешавад), ки И. Шарифзода масъул ва муҷрии он маҳсуб меёбад, минҳайси минбари баҳсу мунозироти илмию фалсафӣ ва муколимоти адабию фарҳангӣ миёни бинандагони ватанӣ маҳбубият пайдо кардааст. Масъул ва муҷрӣ И. Шарифзода дар доираи барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” бо ҳузури донишмандону пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ масоили муҳимми фалсафӣ, илмӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва фарҳангиро матраҳ мекунад ва ҷиҳати ҷалби ҷомеаи маданӣ ва фаъолони фарҳангӣ ба ин пружаи телевизионӣ  аз тамоми имконот истифода мебарад.  Кӯшишу иқдомоти шахсиятҳое назири Исомиддин Шарифзода аст, ки илму фалсафа ва фарҳанги миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ  нуфузи чашмгире доранд ва ҳанӯз дар банди таассубу хурофоти мазҳабӣ вогир нашудаанд.

   Дӯсти азизи мо марди чандбуъда аст. Бар иловаи омӯзгор, донишманд ва муҳаққиқи варзида будан, Шарифзода, ҳамчунин истеъдоди хуби шоирӣ дорад ва дар заминаи мутолеа ва ҳифзи ашъори бузургони назми классикию муосир тамрини шеър ҳам мекунад. Тайи зиёда аз як соли ахир намунаҳои ашъори Шарифзодаро, ки дар жанрҳои гуногуни адабӣ – аз ғазал шурӯъ карда, то қасидаю рубоию дубайтӣ ва шеъри нимоӣ иншо гардидаанд, аз тариқи саҳифаи фейсбукии муаллиф (манзур И.Шарифзода аст) мурур ва мутолеа мекунем. Мавсуф намунаҳои тамриноти манзуми хешро, ки дар имтидоди соли 2020 рӯйи коғаз омадаанд, ҷамъоварӣ намуда, дар маҷмӯае таҳти унвони “Оинаи вақт” (ниг.: Шарифзода, Исомиддин. Оинаи вақт (Маҷмӯаи ашъор). –Душанбе: Мулквар, 2021. -262 саҳ.) интишор дод. Шарифзода дар қолиби суннатӣ ва нимоӣ шеър суруда, дар баробари бозгӯйии эҳсосу авотифи инсонӣ, вуҷуду ҳастии инсониро дар бастагӣ бо ҳақиқати низоми кайҳонӣ мавзӯи меҳварӣ қарор дода, дар ин замина тасвирсозӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки танаввуи мавзӯӣ ва мундариҷавӣ маҷмӯаи ашъори Шарифзодаро хонданбоб мекунад.

    Воқеан, маҳфили  “Ҷаҳони андеша” аз ҳузур ва нуфузи чунин шахсияти ҳавзаи рӯшанфикрии миллӣ ифтихор мекунад. 

   Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, файласуф ва рӯшангарии миллӣ Исомиддин Шарифзода!

   Бо эҳтиром ва самимият,

   аъзои маҳфили  “Ҷаҳони андеша”

  11 ноябри соли 2021  

 

          Рӯзи навоварист!

(дар ҳошияи зодрӯзи дӯсти гиромӣ, шахсияти варзидаи фалсафӣ ва парвардаи мактаби рӯшанфикрии миллӣ Исомиддин Шарифзода)

 

          Эй дӯст, аз масири муҳаббат гузар кунӣ,

          Аз ҳоли зори аҳли вафо чашм тар кунӣ,

          Ин умр дар талоши худӣ пушти сар кунӣ,

          Бо нур шоми тираи миллат саҳар кунӣ,

          Такя ба илму ҳиммати аҳли назар кунӣ,

          Ханда бар иқтидори қазову қадар кунӣ,

          Ҷаҳлу хурофадовариро муштипар кунӣ,

          Шохи дарахти ҳикмати мо борвар кунӣ,

          Мафкурахушки аҷнабиро бесамар кунӣ,

          Бо азму фазлу назм адои ҳунар кунӣ,

          Дунё дигар кунӣ!

 

          Мавлуди ту мусодифи рӯзи хирадварист,

          Мавлуди ту баробари ин лафзи модарист,

          Мавлуди ту намои куҳанҳикмати дарист,

          Мавлуди ту, ки лаҳзаи атфи саросарист,

          Рӯзи саиди тантанаи меҳрпарварист,

          Рӯзи умед, рӯзи ризо, рӯзи боварист,

          Рӯзи шикасти зулмату банду ситамгарист,

          Рӯзи ғуруру қудрати озоди озарист,

          Рӯзи сухан ба минбари ҳар баҳсу доварист,

          Рӯзи дурахши чеҳраи Хуршеди Ховарист,

          Рӯзи навоварист!

 

         Бо эҳтиром,

         Нозим Нурзода

      11.11.2020, чаҳоршанбе, соати 17:20

Хондан 915 маротиба