JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 15 Ноябри 2021 05:42

Дар роҳи таҳқиқ ва эҷод (паёми шодбошии Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи Нурмуҳаммад  Сафарзода)

Муаллиф:

    15 ноябр муҳаққиқ ва адабиётшиноси варзида Нурмуҳаммад  Сафарзода  (Нурмуҳаммад Одинаев) зодрӯз доранд. Ин шахсияти илмӣ ва эҷодӣ солиёни тӯлонӣ дар самти пажӯҳишу таҳқиқ ва маорифи миллӣ заҳмат кашида, дар таҳияву нашри мероси адабӣ, таълифи матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ саҳми сазовор мегузорад. Устод Нурмуҳаммад Сафарзода ба унвони шахсияти миллӣ дар самти арҷгузории забони давлатӣ ва бузургдошти фарҳангу адаби тоҷикӣ  пайваста ҷаҳду талош мекунад. Мавсуф хидмат ба халқу меҳанро аз тариқи ташаккул ва тавсеа додани ҳувияти миллӣ, ки аз омӯзишу гиромидошти забони давлатӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ сарчашма мегирад, амри зарурӣ ҳисобида, дар ин ҷода ифтихормандона гом бармедорад. Ба ин манзур, ӯ ҳанӯз солҳо қабл дар ҳамдастӣ бо пажӯҳишгарони маъруфи миллӣ дар таҳияву тадвини маҷмӯаҳои илмӣ-таҳқиқии марбута  саҳми муносиб гузоштааст (дар ин замина ниг.: Забони тољикї дар мабнои мубоҳисаҳо. Душанбе: Ирфон, 2007). Аз ин ҷост, ки Нурмуҳаммад  Сафарзода ҳамчун муҳаққиқи миллӣ рисолати худро, қабл аз ҳама, дар ҳимояти забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронмояи аҷдодӣ арзёбӣ мекунад.

   Нурмуҳаммад  Сафарзода ҳамчун муҳаққиқ ба мавзӯъ ва матолиби  бахшҳои  илми адабиётшиносӣ  -– таърихи адабиёти тоҷик, нақди адабӣ, назарияи адабиёт, равобити адабӣ, поэтикаи классикӣ ва шеъри муосири форсии тоҷикӣ таваҷҷуҳ намуда, дар ин замина монография ва мақолоти ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ  таълиф кардааст. Як вежагии мунҳасир ба фарди Нурмуҳаммад Сафарзода ин аст, ки ӯ ба масоили адабӣ, аз ҷумла шеъри классикию муосири тоҷикӣ аз зовияҳои гуногун бархӯрд мекунад ва зимни таҳқиқу пажӯҳиш замина ва авомили иҷтимоию равонии зуҳуру бурузи осори манзумро ошкор месозад, ки аз дидгоҳи фарох, ҷаҳонбинии васеъ ва мавқеияти илмию ихтисосии муҳаққиқ дарак медиҳад. Гузашта аз ин, ба масоили муҳими илмию иҷтимоӣ, минҷумла адабиёти маорифпарварӣ, симои маорифпарварони миллӣ, бахусус, Аҳмади Дониш ва устод Айнӣ  мароқ зоҳир намуда, бо такя ба сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва мадорики илмӣ-таҳқиқӣ матолиби ҷолибе интишор додааст (барои намуна, муроҷеа шавад ба матолиби илмӣ ва илмӣ-оммавии зайл: Одинаев Нурмуҳаммад. Сарчашма ва сабақҳои  таърихии ҳаракати маорифпарварии тоҷик. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (10), 2018. –С.88-100; Одинаев Нурмуҳаммад. Заминаҳои асосии таҳаввули забони тоҷикӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3 (11), 2018. -С.107-122; Одинаев Нурмуҳаммад. Сафаре ба Панҷи ором (сафарнигошт). //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №4 (22), 2020. -С.206-216; Одинаев Нурмуҳаммад.  Донишманди пӯё ва муҳаққиқи ҷӯё. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3 (21), 2020. -С.204-210; Одинаев Нурмуҳаммад. Муҳаққиқи миллӣ дар қаламрави шеъри форсии тоҷикӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (24), 2021. -С.158-173). Ҳамчунин  устод  Нурмуҳаммад  солҳост, ки дар робита бо шинохти шахсиятҳои бузурги адабиёти миллӣ ва мушаххасоти шеъри муосири тоҷикӣ пажӯҳишҳо анҷом дода,  вазъи назм ва чеҳраҳои номовари шеъри  имрӯзи тоҷикро дар қолаби мусоҳибаҳои матбуотӣ рӯйи чоп овардааст, ки ин кори андак нест (барои намуна таваҷҷух шавад ба суҳбати ихтисосии Н. Одинаев ва Зебуннисо Холназарова бо устоди шеъри муосири тоҷикӣ Бозор Собир: Шеър дар ҳалқам бимирам (Мусоҳибаи матбуотӣ бо шоири шаҳир устод Бозор Собир). //Миллат №43 аз ноябри соли 2013).

  Як бахши муҳимми зиндагии эҷодии Нурмуҳаммад Сафарзода тамрин дар заминаи насри адабӣ-бадеист. Ӯ амалияи кори филологӣ ва таҳқиқиро дар таълифи ҳикояҳои ҷолиби ҳаётӣ талаққӣ мекунад ва дар ин замина ҳикоёти зиёде дар ҳафтаномаҳои соҳавӣ, минҷумла ҳафтавори овозадори “Адабиёт ва санъат” ба табъ мерасонад. Ҳарчанд ки муаллиф иқдомоти хешро дар самти таълифи ҳикояҳо ҳаваскорона арзёбӣ мекунад, дар офаридани образҳо, персонажҳо ва қаҳрамонон, типпикунонӣ, сужасозӣ, низоъу конфликтсозӣ, гиреҳкушоӣ ва соири мушаххасоти кори эҷодӣ муваффақ аст. Дигар ин ки солҳо сари мавзӯот ва ҳаводиси муҳимми таърихӣ, мушкилоти ахлоқию равонӣ ва масолили миллӣ тамаркуз намуда, бар мабнои мушоҳидоти рӯзмарра тарҳи ҳикоёти ҷолибу хонданиро мерезад ва бо даст додани фурсати муносиб қаламӣ мекунад. Аз ҳама муҳим, Сафарзода роҷеъ ба мушкилот ва уқдаҳои ҷиддии маҳаллӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, ақидатӣ ва ойинӣ, ки дар қолиби стереотипҳо зуҳур карда, ҷомеаро ба вопасгаройӣ ва ақибмондагӣ савқ медиҳанд, ҳамеша тааммулу андеша мекунад ва таассурот, бардошт, диду боздид ва мушоҳидаҳои рӯзмарраашро дар шакли ҳикояҳо рӯйи коғаз меоварад. Ин аст, ки чандин ҳикояҳои Сафарзода дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла дар ҳафтаномаи соҳавии “Адабиёт ва санъат” нашр гардидаанд. Ахиран маҷмӯаи ҳикоёти Сафарзода таҳти унвони “Афсонаи нигоҳ” (ниг.: Сафарзода, Нурмуҳаммад. Афсонаи нигоҳ (ҳикояҳо). –Душанбе, 2021. -120 с.) чоп шуд, ки фарогири мавзӯоти ҷиддии иҷтимоӣ ва ахлоқист. Ба ин тартиб, Нурмуҳаммад аз тариқи насри бадеӣ -- ҳикоянависӣ мехоҳад мушкилоти зеҳнӣ, равонӣ ва иҷтимоиро, ки билохира сабаби мусибат ва бадбахтиҳои мардум мегарданд, бозгӯ созад ва ҷомеаро ба расидагии саривақтӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта водорад. Ҳадафи Нурмуҳаммад аз баррасӣ ва матраҳ кардани мавзӯоти доғи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ошкор намудани камбуду навоқиси фикрӣ, ойинӣ, суннатӣ, ақидатӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии мо, ки аз ҳар ҷиҳат боиси аз масири рушду тараққӣ бозмондани ҷомеа гардида, роҳро барои зуҳуру нуфузи буҳронҳои амиқи равонию мафкуравӣ ҳамвор месозанд, мебошад. Аз тарафи дигар, тавассути композитсияи бадеӣ -- сужасозӣ, образофаринӣ, гиреҳкушоӣ ва конфликтбандӣ муаллифи ҳикоёт ҷомеаро ба ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ахлоқӣ, ойинӣ, суннатӣ, анъанавӣ ва мазҳабӣ водор месозад ва аз ин тариқ  рисолати худро ҳамчун адиб ва нависанда иҷро менамояд. Дар ин замина ҳикояи ахирии вай бо номи “Қурбонии тақдир” дар дасти чоп аст, ки қолибҳои шахшуда ё стереотипҳои иҷтимоиро аз забони қаҳрамонон интиқод мекунад.

  Устод Нурмуҳаммад  дар роҳи пурмашаққати омӯзишу таҳқиқ бурдборона заҳмат мекашад ва  рӯз ба рӯз, ҳафта ба ҳафта ва сол ба сол таҷрибаи бештари илмӣ  ва фикрӣ касб менамояд. Мавсуф 15 ноябр ба синни камолоти эҷодӣ ва фикрӣ расидааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, маҳфили “Ҷаҳони андеша” зодрӯзи  пажӯҳишгари муосири миллӣ, устод Нурмуҳаммад  Сафарзодаро шодбош гуфта, дар зиндагии хусусӣ ва илмию эҷодиаш барору комёбиҳои беназир таманно мекунад.

 

      Зодрӯз муборак, Нурмуҳаммад  Сафарзодаи азиз!

 

        Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

      15 ноябри соли 2021

Илму хираду фазлу ҳунар ёри ту бошад

(ба муносибати зодрӯзи Нурмуҳаммад Сафарзода)

 

Шеъру сухану нақду адаб кори ту бошад,

Илму хираду фазлу ҳунар ёри ту бошад.

Чун шеършиносӣ, дили одам бишиносӣ,

Ин асли яқин зубдаи афкори ту бошад.

Дарёфтӣ бо ҷаҳду ҷадал мартабаи илм,

Ин манзалати илм сазовори ту бошад.

Меъёри сухансанҷӣ бувад ҷавҳари маънӣ,

Маънӣ на араз, ҷавҳари меъёри ту бошад.

Бигшой забону бигӯ аз лафзу маъонӣ,

Сад маънии тоза, ки ба гуфтори ту бошад.

Аз ҷабри аду ҳеҷ маяндеш, ки имрӯз

Ин ҷамъ ҳама ёри вафодори ту бошад.

Андар раҳи таҳқиқу сафарқофилаи умр

Неруи қалам қофиласолори ту бошад.

Бо эҳтиром

Нозим Нурзода

15.11.2018, панҷшанбе, соати 16:15

 

Хондан 866 маротиба