JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 24 Ноябри 2021 09:12

Симои Мирзо Турсунзода дар маҷмӯаи «фарҳанги мардуми диёри Турсунзода»  

Муаллиф: Фаридун ИСМОИЛОВ

   Ҳамон гуна ки ба аҳли илму адаб маълум аст, устод Мирзо Турсунзода яке аз чеҳраҳои дурахшон, шахсияти маъруфу машҳур буда, бо ҳунарҳои шоириву нависандагӣ дар адабиёти муосири тоҷик маъруф гардидааст. Чеҳраи ӯ дар майдони адабиёти мо ҳамеша ҳамчун ахгари дурахшон намоён шуда меистад. Ӯро чун вассофи сулҳу дӯстӣ ва қаҳрамони Тоҷикистон эътироф кардаанд. Ба сухани дигар, Мирзо Турсунзода як шахсияти воқеии дорои ғурури баланди миллӣ буда, ифтихори тоҷикон ва пайвандгари фарҳангу адаби миллати мо бо кишварҳои дигар ба шумор меравад. Зеро ӯ бо ҳунару кордониаш тавонист солиёни зиёд ҳамчун намояндаи тоҷикон дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият намояд. Маҳз хираду заковат ва хислатҳои наҷибу инсондӯстонаи ӯ буд, ки то ин замон номи некаш ҳамеша вирди забони хосу ом қарор мегирад. Симои намоён ва маъруфияти ӯ на танҳо дар кишвари мо, балки дар аксари мамолики дунё шинохта шудааст. Маҳз аз ин ҷиҳат таваҷҷӯҳи халқ нисбат ба шахсият ва кору фаъолияти ин шоири мардумӣ ҷалб мешавад ва ҳамзамон дар байни халқ нақлу ҳикоят, ёддошту хотираҳои зиёде то ба имрӯз дар бораи ӯ гуфта мешаванд. Аз ин рӯ, дар ин нигошта саъй шуд то доир ба бозтоби чеҳраи ин адиби бузург ва шахсияти таърихӣ дар намунаҳои осори шифоҳӣ, бахусус, дар нақлу хотироти мардумӣ, ки дар маҷмӯаи «Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода» ҷамъ омадаанд, ибрози андеша шавад. Бояд зикр намуд, ки дар бораи Турсунзода ва фолклор, таъсирпазирии эҷодиёти Мирзо Турсунзода аз осори шифоҳӣ ва умуман, дар хусуси алоқамандии эҷодиёти шифоҳии халқ бо асарҳои адиб пажӯҳишгарон В.Асрорӣ, Ю.Бобоев, А.Сайфуллоев, А.Сӯфизода ва Р.Раҳмонӣ як чанд мақолаву асарҳо таълиф намудаанд.

  Маҷмӯаи фолклории «Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода» яке аз асарҳои хуби хонданист, ки дар он урфу одатҳои мардуми зодгоҳи Мирзо Турсунзода ба таври густурда ҷамъоварӣ ва нашр шудааст. Ин маҷмӯа фарогири намунаҳои осори шифоҳӣ ва фарҳанги суннатии мардуми закитабъи навоҳии Шаҳринаву Турсунзода буда, дар он бори нахуст матнҳои гирдовардаи фолклоршиносони тоҷик дарҷ шудаанд. Махсусан, намунаҳои рубоиву суруд, зарбулмасалу мақол, нақлу ривоятҳо ва тасвири ҷашну маросимҳои ин диёр ҷолибу судманд ва пур аз панду андарз буда, барои хонандагон маълумоти тозаи бадеӣ ва таърихӣ медиҳанд. Маҷмӯа бо кӯшиш, гирдоварӣ ва тадвини  фолклоршиносон – Рӯзии Аҳмад ва Дилшод Раҳимов зери таҳрири Ҳикмат Раҳмат соли 2012 ба нашр расидааст. Ин маҷмӯаи пурарзиш ба ҷашни садумин солгарди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Мураттибони маҷмӯа барои ҷамъоварии маводи асар заҳмати зиёд кашидаанд. Хидмати бузурги эшон дар он аст, ки онҳо бо гӯяндагони мардумӣ мустақиман вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо ороста, тавассути лавозимоти аксбардорӣ ва наворбардорӣ маводи заруриро сабт намудаанд.

Маҷмӯа аз сарсухан, шаш бахш ва хотироти дӯстону дӯстдорони Мирзо Турсунзода ва ҳамчунин рӯйхати гӯяндаҳо иборат мебошад. Муҳимтар аз ҳама, дар ин асар  бозтоби чеҳра, шахсият, хислату рафтор, ҳунару истеъдоди Мирзо Турсунзода дар намунаҳои эҷодиёти гуфтории мардум зикр гардидааст. Дар бораи Турсунзода хотироту нақлҳои зиёде ҷамъоварӣ ва дарҷ гардидаанд, ки халқ дар ин осор шинохт, арҷгузорӣ ва муҳаббати худро нисбат ба шоири дӯстдоштааш нишон медиҳад.

Дар сарсухани китоб мураттибон роҷеъ ба сохтор ва бандубасти асар ва инчунин масоили фарогири он сухан гуфтаанд. Аз таърихи гузаштаи дури ин диёри зебоманзар ва шоиру нависандагон, машшоқону санъаткорони зодгоҳи Турсунзода андешаҳои ҷолиб баён намудаанд. Ба гуфтаи худи Турсунзода мардуми Қаратоғ ва водии Ҳисори Шодмон табиатан шоир будаанд. Аз ин замин шоирони зиёде баромадаанд, ки номи неки онҳо дар авроқи таърих бо хатҳои зарин навишта шудааст. Ба унвони мисол метавон худи устод Мирзо Турсунзодаро зикр намуд, ки асарҳои мондагор ва шахсияти ӯ ҳамеша дар хотироти мардум боқӣ мемонад.

Бахши сеюми маҷмӯа «Асарҳои насрии шифоҳӣ» номгузорӣ шудааст, ки барои шинохти Мирзо Турсунзода аз назари мардум хеле аҳаммияти муҳим дорад. Зеро дар ин бахш як силсила нақлҳо дар бораи Мирзо Турсунзода оварда шудааст ва ин осор шахсияту хислатҳои наҷиби  шоирро муаррифӣ менамоянд. Дар ин бахш чаҳор то матни нақлҳои шифоҳӣ зикр шудааст, ки аксари онҳо мазмуни ҳаҷвӣ доранд ва аз лиҳози баёни андеша ба латифаҳои мардумӣ монанд мебошанд. Ҷолиби диққат аст, ки халқ симо, хислат, рафтору кирдор ва амалиёти дигари шоири дӯстдоштаи худ – Мирзо Турсунзодаро дар як қатор нақлҳои эҷодкардаи худ ба таври воқеӣ бозгӯӣ менамояд. Аз мазмуни ин осори мардумӣ ҳазлу мутоиба ва ҳозирҷавобии ду шоири бузург – Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода бармеояд. Чунончи, дар нақли «Устодро мешиносӣ» муколамаи Боқӣ Раҳимзода бо як сокини қаратоғӣ дар бораи шинохти Мирзо Турсунзода сухан меравад. Сӯҳбати онҳо дар як лаҳзаи кӯтоҳ ба поён мерасад, вале дар охир шоир Боқӣ Раҳимзода ба тариқи ҳазл мегӯяд, ки шумо шоири дар китоб дидаи худро ҳоло дар даруни лой мебинед. Пас аз ин, ҳозирин ба аҳволи Турсунзода ва суханони Боқӣ Раҳимзода бо завқ механданд.

Дар ин нақли воқеӣ, ки гӯянда ба чашми сар дидаи худро ҳикоя мекунад, як шӯхии шоиронаву дӯстонаи ду шоири ба ҳам қарин мушоҳида мешавад. Чунончи: «Як бор Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода Қаратоғ омаданд, баҳоррӯя буд. Ҳаво борид, ҳама ҷо лой шуд. Мо аз мактаб омасодем, ман, ҳар ду апем, амем, хайр, як даҳта талаба-да. Амем як одат доштан, ки раҳораҳ китоб хонда мерафтанд. Боқӣ Раҳимзода ба амем нигоҳ карда гуфтанд, ки духтарҷон, ту Мирзо Турсунзодая мешиносӣ? Ҳа, гуфтанд амем, ваё аз Қаратоғ. Сураташон дар китоб ҳаст. Агар дар китоб дида бошӣ, биё, акнун дар даруни лой бин,-гуфтанд Боқӣ. Ҳама хандиданд [3, 99].

Дар нақли дигар, ки бо номи «Хеши Турсунзода» сабт шудааст, низ латифгуфторию ҳозирҷавобии Мирзо Турсунзода мушоҳида мешавад. Аз сабаби он ки Мирзо Турсунзода ҳам шоир ва ҳам инсони шӯхтабъу маъруф буд, бештар маъруфият ва ҳазлу мутоиботи ӯ дар нақлу ёддоштҳои халқӣ инъикос ёфтааст. Турсунзода ҳар вақте ки ба зодгоҳаш меомад, албатта, ҳамроҳи вай ё Боқӣ Раҳимзода ва ё ягон меҳмони хориҷӣ ташриф меоварданд. Бинобар ин дар хотироти мардум симои шоир, гуфтору кирдор ва чеҳраҳои маъруфи дигар, ки ҳамроҳи ӯ будаанд, нақш бастааст. Тавре ки аз иттилоъи нақли зер бармеояд: «Сари чанд вақт Турсунзода Қаратоғ меомаданд, Сурков қатӣ меомаданд, Боқӣ Раҳимзода қатӣ меомаданд, бо чанд шоири дигар қатӣ меомаданд. Дар таги чинор одамон ҷо мекарданд, кат меоростанд. Он вақт чойхонаи Лаби об набуд.

      Вақте ки Турсунзода омада буданд, як хешашон – Бердӣ табараша барои тезкунӣ ба сари бозор оварда будааст. Ҳамон вақт-ба Турсунзодаю Сурков рӯ ба рӯ мешаванд. Бердӣ ба Турсунзода такрор ба такрор мегӯд, ки шумо хеши ман, чаро хонаи ман намеред? Баъд Сурков мепурсад, ки что он гаварит? Турсунзода мегӯн, ки вай хеши ман, мегӯяд, ки чаро то ҳамин ҷа мебиёеду хонаи ман намеред? Агар наравед, ман худама ба ҳамин табар зада мекушам»  [3, 99].

Нақли «Дар бораи Турсунзода» перомуни шиносоии мардум дар бораи ӯ ва бузургии шоир ҳамчун «раиси нависандагони ҷаҳон» маълумот медиҳад. Гӯяндаи нақл бо ифтихор худро аз авлоди Турсунзода мепиндорад. Ӯ қайд менамояд, ки Турсунзодаро хуб мешиносад ва дар маъракаҳои эшон ширкат иштирок кардааст. Дар идомаи сӯҳбат мегӯяд, ки Турсунзода бисёр одами бузург, раиси нависандагони тамоми ҷаҳон буданд. Ҳамин тариқ, аз ин нақл тасвири нависандагиву маъруфияти ҷаҳонии устод Мирзо Турсунзода бармеояд.

Ҳикояи «Дар назди духтур» низ яке аз нақлҳои ҳаҷвии бахшида ба Турсунзода мебошад, ки дар он масъалаи ба назди табиб рафтани шоир бо дӯсташ Боқӣ Раҳимзода баён ёфтааст. Вале дар ин ҷо сӯҳбати Боқӣ Раҳимзода бо духтур авҷи ба охир расидани матнро нишон медиҳад. Бо шӯхӣ ва ҳозирҷавобии Боқӣ Раҳимзода матни нақл ба мисли латифаҳои халқӣ поён меёбад: «Мирзо Турсунзода ҳамроҳи Боқӣ Раҳимзода дӯстони бисёр наздик буданд. Як вақт ҳар дуяшон ба назди духтур мераванд. Духтур аввал Турсунзодаро мебинаду маслиҳату дорую даво мефармод. Баъд духтур аз Раҳимзода мепурсад, ки шумо чӣ касал доред? Боқӣ Раҳимзода ба Турсунзода нишон дода мегӯяд: «Ман ҳам аз касалии ҳамин кас»  [3, 100].

Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки дар ин нақлҳо халқ муҳаббату ихлос, самимият ва андешаҳои некро дар хусуси Мирзо Турсунзода ба таври воқеъбинона баён намудааст. Дар ин осори мардумӣ ҳамеша ва дар ҳама ҷо номи шоир ба некӣ ва чеҳрааш ба хубӣ ёд мешавад.

Дар қисмати «Хотироти дӯстону дӯстдорони Турсунзода дар бораи ӯ» мураттибони китоб сездаҳ матни хотироту ёддоштҳои халқиро дарҷ намудаанд. Ҳар яке аз ин матнҳои шифоҳӣ дар бораи масоили гуногуни ҳаёту эҷодиёт, хулқу атвор, рафтору кирдор, дӯстиву бародарӣ ва соири дигари мавзӯъҳои марбут ба Мирзо Турсунзодаро фаро мегиранд. Ҳамаи ин матнҳо аз тарафи мухлисон ва дӯстдорони шоир гуфта шудаанд. Ба вижа гӯяндагони ин осори халқӣ ҳамдиёрону пайвандони худи шоир мебошанд, ки ёддошту хотираҳои худро нисбат ба гиромидошту арҷгузории ӯ изҳор намудаанд. Дар матнҳои «Ҳамеша бо Ватан», «Вохӯрии фаромӯшнашаванда», «Рақсидани устод», «Ёди устод», «Мирзо Турсунзода шахси заминӣ буд», «Ҳиндуҳо устодро дӯст медоштанд», «Аз дарёи Қаратоғ гузаштани Турсунзода», «Гарданфарозӣ», «Ёде аз айёми ҷавонӣ» ва «Забони ширини устод» мавзӯъҳои мухталифи алоқаманд бо рӯзгори шоири мардумӣ – Мирзо Турсунзода баён шудааст. Ҳамаи ин хотироти дӯстону пайвандон аз ҳунару истеъдод, одамгариву инсондӯстӣ, муносибату рафтор ва паҳлуҳои дигари шахсияту рӯзгори шоир дарак медиҳанд. Яке аз ҷанбаи хеле муҳимми илми фолклоршиносӣ дар он аст, ки дар аксари матнҳои осори шифоҳӣ ҳақиқати ҳол, воқеаҳо ва масъалаҳои дигари инъикосшаванда ба шакли табиӣ ва содабаён тасвир мешавад. Ҳамон гуна ки аз нақлу хотироти мардумӣ дар бораи устод Мирзо Турсунзода бармеояд, қариб тамоми паҳлуҳои гуногуни симову сувар, рафтору гуфтор ва хираду ҳунарҳои ӯ аз тарафи халқ воқеӣ тасвир ёфтааст.

Дар матни «Ҳиндуҳо устодро дӯст медоштанд» гӯянда Баҳрулло Абдуллоеви 82-сола ёдрас мешавад, ки чеҳраи зебову инсонияти баланд доштани Мирзо Турсунзода барои мардуми ҳинд ошно аст ва эшон ҳар гоҳе, ки номи Тоҷикистонро шуниданд, албатта, симои Турсунзода пеши назари онҳо ҷилвагар мешудааст. Симо ва шахсияти ин шоири бузурги тоҷик то дараҷае писанди мардуми ҳинд будааст, ки ҳамеша аз ӯ ёд мекардаанд. Тавре ки аз матни хотиравии зайл бармеояд: «Моҳи ноябри соли 1975-ум ман ба Ҳиндустон сафар карда будам. Дар ин сафар моро як зани рус аз шаҳри Ленинград ва як зани ҳинду ҳамчун тарҷумон ҳамроҳӣ мекарданд. Дар шаҳрҳои гуногуни ин давлати бузург аксари ҳиндуҳо бо шунидани тоҷику Тоҷикистон номи Мирзо Турсунзодаро мегирифтанд ва бо ифтихор аз ӯ сухан мегуфтанд.

Тӯли 24 рӯзе, ки ман он ҷо қарор доштам, ҳиндуҳо аз ман саломатӣ ва ҳолу аҳволи Турсунзодаро мепурсиданд ва хоҳиш мекарданд, ки саломи гарму ҷӯшони онҳоро ба Мирзо Турсунзода расонам. Мутаассифона, пас аз бозгашт ба Ватан дидор бо Мирзо Турсунзода бароям муяссар нагардид. Аз ин рӯ, то ҳол афсӯс мехӯрам, ки саломи мардуми ҳиндро ба ӯ расонида натавонистам…»  [3, 161-162].

Дар хулоса гӯянда афсӯс мехӯрад, ки дидори рӯйи Турсунзода ба ӯ муяссар нагаштааст ва саломи гарму самимии мардуми Ҳинд ба вай нарасонида мондааст. Дӯстдорони Мирзо Турсунзода дар ҳар гуна матолибе, хотироте ё нақлу ёддоште самимияти худро нисбат ба ӯ изҳор менамоянд. Албатта, ин нишонаи муҳаббату дӯстӣ ва якдилии мардумро бо адиб нишон медиҳад.

Хотираи неку ҳикматноки дигар бо унвони «Гарданфарозӣ» сабт шудааст, ки дар он маълумоти муфид аз дӯстону ҳунармандони халқӣ, ки бо Турсунзода ошноӣ доштаанд, гуфта мешавад. Гӯяндаи матн Калонов Садриддин, аз танбӯрнавозон ва машшоқони Шаҳринав будааст. Ба матни ин хотира таваҷҷӯҳ шавад: «Боре устод Мирзо Турсунзода ҳангоми дидорбинии хешу таборон дар Шаҳринав бо танбӯрии мумтоз ва овозхони чирадаст Мулло Абдуҷаббор ҳамсӯҳбат мешаванд. Мулло Абдуҷаббор, ки аз устод Турсунзода се сол бузургтар буданд, аз овони ҷавонӣ бо ҳам дӯстӣ доштаанд ва ҳамдигарро хеле эҳтиром мекарданд.

Дар як сӯҳбат онҳо аз ҳунари волои танбӯрнавозӣ ва аҳли дониш будани Тағоймуроди танбӯрӣтағои Мулло Абдуҷаббор ёд мекунанд. Хизмати ин шахс ҷиҳати ба камол расонидани ҷиянаш ва ба адабиёту фарҳанги пурғановати тоҷик рӯй овардани як зумра адибону танбӯрнавозони қаратоғӣ назаррас будааст. Ӯ бо шогирдонаш, на ин ки ҳунари танбӯрнавозӣ ва машшоқиро меомӯзонидааст, балки ба онҳо шеъразбаркунӣ ва маънидоди шеърро талқин менамудааст.

Мирзо Турсунзода ҳангоми сӯҳбати вопасини хеш бо Мулло Абдуҷаббор, тибқи иттилои шодравон падари бузургворам Калонов Абдусалом, дар Қаратоғ бо шунидани як байте, ки Мулло Абдуҷаббор дар рафти сӯҳбат доир ба фазилати хоксориву ҳавобаландӣ гуфтаанд, хеле шод мешаванд. Он байт чунин аст:

Макун гарданфарозӣ, то насозад даҳр помолат,

Ки най охир зи ҷурми саркашиҳо бурё гардад»  [3, 163-164].   

Маълум мешавад, ки масъалаи фарогирии мавзӯъ дар ин хотира гуногун ифода ёфта, дар оғоз аз дидорбинии хешу таборон аз тарафи Мирзо Турсунзода сухан равад, вале дар идома маълумоти хуб оид ба Тағоймуроди танбӯрӣ дода шудааст. Ба таъбири гӯяндаи матн Мирзо Турсунзода дар вопасин дидори худ бо пайвандон ва бахусус бо Мулло Абдуҷаббор аз як байте, ки доир ба фазилатҳои инсони заминӣ гуфта шудааст, шод мешавад ва ғизои маънавӣ мегирад.

Ҳамин тавр, дар маҷмуъ метавон бардошт намуд, ки симои Мирзо Турсунзода ҳам дар намунаҳои осори шифоҳӣ ва ҳам дар адабиёти хаттӣ мусбату маъруф тасвир шудааст. Бештари ин матнҳо ба воқеияти ҳаёту рӯзгори шоир бахшида шудаанд ва то имрӯз дар байни мардум намунаи онҳо аз даҳон ба даҳон гузашта, қаринаҳои нав пайдо менамоянд.

Фаридун ИСМОИЛОВ

ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

  Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (26), 2021

Адабиёт

  1. Асадулло Сӯфизода. Турсунзода ва фолклор (маҷмӯаи мақолаҳо). - Душанбе: Сино, 2011. 131 саҳ.
  2. Равшан Раҳмонӣ. Мирзо Турсунзода ва фолклор / Мирзо Турсунзода ва масоили назарии фарҳанги навини тоҷикон (маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 100-солагии зодрӯзи М.Турсунзода). Душанбе: - ҶДММ «Констраст», 2011, саҳ 279-287.
  3. Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода. Гирдоварӣ ва тадвини Рӯзии Аҳмад ва Дилшод Раҳимов. – Душанбе: ҶДММ «Позитив Сервис», 2012, 172 саҳ.
Хондан 1033 маротиба