JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 10 Декабри 2021 11:32

Устод Зиё Абдуллло ва зиёгарии миллӣ (номаи шодбошӣ дар ҳошияи зодрӯзи устод Зиё Абдулло)

Муаллиф:

     10 декабр зодрӯзи шоири файласуф ва мутафаккиру рӯшангари миллӣ устод Зиё Абдулло мебошад. Ҳанӯз аз нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми садаи бист устод Зиё Абдулло тавасути матолиби ҷолиби манзуму мансур ба фазои адабию мадании ватанӣ ворид гардида, миёни аҳли илму адабу фарҳанги бумӣ ва ҷомеаи тоҷикӣ маҳбубият пайдо намуд. Устод Зиё Абдулло аз ибтидои фаъолияти адабию маданӣ ба муҳтавои мафҳуми зиёигарӣ ва рӯшангарӣ, ки ба исм ва номи ӯ пайвандӣ доранд, пай бурд ва умри азизи хешро сарфи хидмати маънавӣ ба мардум ва ҷомеаи тоҷик кард.  Замоне ки ба ном зиёиёни миллию ватанӣ сари манофеи шахсию гурӯҳӣ тамаркуз мекарданд (нимаи дуюми солҳои ҳаштоду ибтидои навадуми садаи бист, ҳамчунин замони ҷанги шаҳрвандӣ ва марҳилаи баъдиҷангӣ дар назар аст), устод Зиё Абдулло минҳайси мутафаккир ва рӯшангари тоҷик сари масоили умдаи ҳувиятию миллӣ меандешид, сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқиро муруру метолеа мекард, ба умқи хотираи таърихӣ фурӯ мерафт, дар дарёи фалсафаи миллию ҷаҳонӣ ғаввосӣ меварзид, он чиро ки меомӯхту дармеёфт, дар мизони ақлу мантиқи зинда месанҷид, мероси фарҳангу маънавиёти тоҷикиро аз ғалбери интиқодӣ мегузаронд, дар заминаи бурду бохти тамаддуни бумӣ тамрини фикрию эҷодӣ анҷом медод ва билохира ҳосили мутолеоту бардошту мушоҳидоташро дар қолиби манзуму мансур рӯйи сафаҳоти матбуоти даврии вақт мерехт. Аз ҳама муҳим, устод ҳанӯз аз бомдоди фаъолияти адабӣ мутолиботи ҷиддии миллиро, ки реша дар устураву бовардоштҳои бостонии аҷдодӣ доранд, матраҳ менамуд ва халқу миллатро ба сӯйи хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ ҳидоят мекард. Ин буд, ки аҳли илму адаби замон, бемуҳобо, ӯро мутафаккир ва шоири файласуфи миллӣ меномиданд.

     Устод Зиё Абдулло аз нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми асри гузашта аз муҳити музофотӣ канда шуда, ба фазои шаҳрӣ мепайвандад ва маҳорату истеъдодашро дар идороти бонуфузи шӯравӣ -- Рӯзномаи маъруфи вақти  “Комсомоли Тоҷикистон” (1976-1977),  Маҷаллаи бонуфузи “Садои Шарқ” (1977-1983), Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1983-1991) сайқал медиҳад. Чакидаҳои хомаи устод аз солҳои ҳафтодуми садаи бист дар матбуоти даврии шӯравӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъии “Шоир” (Мадрас, 1982), “Литературная газета” (Маскав, 1984), “Истоки” (Маскав, 1986), “Сузирия” (Киев, 1987) ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инглисӣ, олмонӣ, булғорӣ, чехӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Устод Зиё аз ҷумлаи адибони пуртаъсири муосири тоҷик ба шумор меравад, ки дар ҳамоишу нишаст, семинар-машваратҳо ва маҳофили адабии замон фаъолона ширкат варзида, таҷрибаи эҷодию ҳунарӣ ва ҳирфаӣ андӯхтааст. Аз ҷумла, дар Ҳамоиши адибони ҷавони шӯравӣ (Лвов, 1984), Машварати адибони ҷавони шӯравӣ (Маскав), Ҳамоиши адибони ҷавони мамлакатҳои сотсиалистӣ (Душанбе, 1986 ва Маскав, 1988) иштирок ва суханронӣ кардааст. Ҳосили дидору вохӯриҳо ва ширкату суханрониҳои фаъолонаи устод дар чорабиниҳои сатҳи баланд боиси он гардидааст, ки соли 1988 нашриёти маъруфи “Молодая гвардия” маҷмӯаи ашъори ӯро таҳти унвони “Единою болью” ба табъ расонидааст. Ҳамчунин устод дар тарҷумаи осори илмӣ-публитсистӣ ва ашъори шоирони хориҷӣ қувваозмоӣ карда, ашъори Р. Бёрнс, В. Маяковский, П. Неруда, А. Нетто, Момансоно, В. Коротич, Е. Евтушенко, Д. Сэдэв, китоби шоири русизабони белорус Юрий Сапожков “Нуқтаи бебозгашт”, пйесаи “Суқрот ва…”-и Э. Радзинский, рисолаи Бобоҷон Ғафуров ва Николай Прохоров “Тоҷикон ва талошҳои таърихии онон барои озодии Ватан” (ҳамроҳи И. Қосимзода)-ро тарҷума ва нашр кардааст.

       Устод дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ кори эҷодӣ ва рӯзноманигориро тарк накарда, дар  Рӯзномаи “Ҷумҳурият” (1991-2007) ва шурӯъ аз соли 2007 солҳои дароз ба ҳайси корманди нашриёти “Адиб” фаъолият кардааст. Гулчини ашъору достонҳояш дар маҷмӯаҳои “Кафи хок” (1982), “Дарё” (1985), “Фурӯғ” (1990), “Лоластон” (2003), “Лонаи урёни арвоҳ” (романи манзум, 2003), “Бодгиреҳ” (2006) ва “Ҷоми Симурғ” (2008) ба чоп расидаанд. Достони “Коргар”-и ӯ ба забони русӣ тарҷума ва дар алоҳидагӣ (1989) чоп шудааст. Устод Зиё Абдулло дар достонсаройӣ ва ҳамосагӯйӣ дасти тамом дорад ва бар мабнои асотири куҳани аҷдодӣ, воқеиёти таърихӣ ва ҳақиқати зиндагӣ достонофарӣ мекунад. Ӯ муаллифи ҳафт достони устуравӣ-таърихӣ-фалсафӣ, аз ҷумла  “Коргар” (1979-1984), “Фариштаҳои орзу” (1983-1988), “Дар ҳошияи мухаммаси „Зери теғ“-и Мушфиқӣ” (1984-1989), “Лоластон” (1996), “Таҷовузи нур” (1997), “Аноҳиди пиндор” (2002) ва “Гули нур” (2011) мебошад. Устод Зиё Абдулло аз тариқи офаридани достонҳои устуравӣ, таърихӣ ва фалсафӣ мехоҳад миллатро ба асли ҳувиятиаш бозгардонад ва зеҳниёти мардуми худбохтаро, ки бар асари таҳоҷумоти мудавоми сиёсию мафкуравӣ ва  ақидатӣ мағшуш гардидааст, тағйир бидиҳад. Ҳадафи тағйир додани зеҳниёти мардумӣ, раҳонидани ҷомеа аз бандубасти фикрию ақидатӣ, тақвияти раванди озодандешии миллӣ ва саранҷом пирӯзӣ бар хушкандешии мазҳабиро устод Зиё Абдулло умрест, ки дунбол мекунад ва ба нармӣ (на ба сахтӣ) ин навъ барномарезиҳоро пиёда месозад. 

     Устод Зиё рисолати адабӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ, илмӣ, маданӣ ва иҷтимоиашро дар раҳоии миллат аз гирдоби хушкандешӣ ва пайвастан ба илму маорифи миллию башарӣ арзёбӣ мекунад. Бо хабарнигорону журналистон сари масоили ҳассос ва доғи мафкуравӣ ва ақидатӣ бидуни тарсу ҳарос ва бо ҷуръату ҷасорати хосса мусоҳибаҳои ихтисосӣ доир мекунад, ки ин корро на ҳар як зиёии фаъол ва рӯшангари баҷуръат анҷом дода метавонад (барои намуна таваҷҷуҳ шавад ба мусоҳибаҳо ва матлаби зайл: “Зиё Абдулло: Зиёӣ ва муллои акдарсадӣ”. Суҳбати ошкоро бо Зиё Абдулло – ниг.: https://pressa.tj/literature_tj/ziyo-abdullo-ziyo-va-mulloi-yakdarsad-s-bati-oshkoro-bo-ziyo-abdullo/; Зиё Абдулло: Чалламуллоӣ ҳанӯз шинохти аслии дин нест – ниг.: cccp.tj›…farhang/item…shinohti-asli-din-nest.html; “Ал-аъробу ашадду куфран ван нифоқан” ва ё маърифатхори кӯҳан бархост боз! – ниг.: саҳифаи фейсбукии Зиё Абдулло). Ба ин тартиб, силсиламақолаҳои илмӣ оммавӣ ва фалсафии устод, чи дар сатҳи матбуоти даврии ватанӣ ва чи дар сатҳи расонаҳову фазои маҷозӣ баҳсу мунозираҳои ҷиддиро дар пай доштааст. Чаҳордаҳ суҳбати иҷтимоӣ-илмиаш бо чордаҳ олими намоёни ҷумҳурӣ сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидаанд. Устод хеле инсони доно, хоксор, заминӣ ва отифӣ аст. Бо он ки хушкандешону мутаассибон муғризона зиёд интиқодаш мекунанду бебаркаш тамғаву муҳрҳои кофиру бединро мезанандаш, заррае парво надорад ва ранҷу озурдагии фардиро бо бузургворӣ мутаҳаммил мешавад. Чун рисолат ва миссияи худро дар раҳоӣ аз манҷалоби таассубу хурофот ва ҷаҳолат мебинад, ҳароина мекӯшад, ки мардум ва махсусан, интеллигенсияи ватанию миллиро ба омӯзишу баррасии масоили бунёдӣ фаро хонад ва ба ташхису рафъи мушкилоту иштибоҳот вомедорад. Ин аст иҷрои рисолат ва миссияи таърихӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ! Аз чунин шахсиятҳо ибрат бояд гирифт!

       Воқеан, маҳфили “Ҷаҳони андеша” аз вуҷуду ҳузури мутафаккироне ҳамчунинӣ дар фазои адабӣ, фикрӣ ва мадании ҷумҳурӣ ифтихор мекунад. Ҳарчанд ки аз зодрӯзи устод Зиё Абдулло як моҳ сипарӣ шудааст (расман зодрӯзи устод 10 ноябр сабт шудааст), аҳли маҳфили  “Ҷаҳони андеша”, ки устод борҳо дар ҷаласоти он ширкат ва суханронӣ кардааст, фурсатро муғтанам шумурда, зодрӯзи устодро шодбош гуфта, барояш тандурустӣ, табъи болида, рӯҳияи созанда, умри дароз ва муваффақияту комёбиҳои илмию эҷодӣ таманно мекунад.

     Зиҳӣ, устод бо неруву тавони фикрию эҷодӣ ва ҳувияти муқаввои миллӣ!        

 

   Бо эхтиром ва самимият,

   маҳфили  “Ҷаҳони андеша”

  10 декабри соли 2021

Хондан 826 маротиба