Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – мутафаккир ва шоири барҷаста дар таърихи афкори дунёи Шарқ як шахсияти нотакрор буда, дар илму фарҳанги мардуми форсу тоҷик, махсусан, фалсафаву ахлоқ, иҷтимоъ ва ирфон саҳми арзанда гузоштааст. Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ, мутахаллис ба Мавлавӣ дар соли 604 ҳ.қ. дар шаҳри Балх, ки яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанги он замон буд, дар хонаводаи аҳли илму адаб ба дунё омадааст.[1] Ӯ баъдан ба Мавлонои Румӣ ва Мавлонои Балхӣ шуҳрат пайдо мекунад, ки ӯро Мавлоно ва Мавлавӣ низ ном бурдаанд.